Главная / Илм / Савдо.

Савдо.

Муносибатҳои молию пули дар арафаи аморат ҳамроҳ шудани Бухорои Шарки хело махдуд буданд. Фақат Ҳиссор ва Кабодиён марказҳои калони савдои ба ҳисоб мерафтанд, чунин назар ба дигар бекигариҳои Бухорои Шарки, Ҳиссору Қабодиён рохдои хуби алоқаи савдои доштанд. Дар бекигариҳои Қаротегину Дарвоз бошад, савдо нисбати суст ба назар мерасид. Бухорои Шарки аз кадимулайём бо тиллои худ шуҳрат дошт. Дар бозорҳои Фаргона Қаротегинро дидан мумкин буд. Асосан тиллоро дар Қаротегин аз сохилҳои дарёҳо ба даст меоварданд. Барои харидани тилло аз Ҳиндустони Кобул ба Қаротегин меомаданд.
Дар бекигарии Дарвозниз ба таври ибтидои ба истеҳсоли тило машгул буданд, ки дар натичаи мехнати зиёд миқдори ками тилло ба даст меоварданд.
Пеш аз истилохшуданашон дар ин нохияҳои муносибатҳои савдои ба таври на он кадар инкишоф ёфта вучуд доштанд, вале баъди аз тарафи аморати Бухоро истило шудани нохияҳои Чанубии Шарки ва Марказии Точикистон муносибатҳои пуллию моли каме бошад ҳам пеш рафт. На танҳо савдои дохили, балки садои хоричии Бухорои Шарки назаррас гардид. Маҳсулоти асосие, ки дар бекигариҳои нохияҳои Чнубу Шаркии ва Марказии Точикистон ба хорич, бароварда мешуд, асосан маҳсулоти буд. Дар катори маҳсулоти кишоварзи чорво низ ба фуруш бароварда мешуд.
Кулоб яке аз марказҳои савдои дар Бухорои Шарки ба шумор мерафт. Нисбат ба Куронтеппа ва Қабодиён саҳми он зиёдтар буд. “Дар ҳуди Кулоб ҳафтае ду маротиба бозор барпо мешуд, ки дар бозор тамоми намуди маҳсулот ба фуруш бароварда мушуд. Дар бозор ба ғайр аз маҳсулоти устохонаҳое, ки дар дохили бозор буданд, боз 50 дукони маҳсулоти мануфактури, 5 дукони савдогарони ҳинди, 5дукони маҳсулоти аз чуб тайёр карда шуда, ду се дукони фуруши маҳсулоти кулоли 5-6 дукони фуруши равган, мевачот, якчанд дукон барои фуруши маҳсулоти алладона аз кабили чав, гандум биринч, ва айраҳо вучуд дошт.
Дар маркази бекигарии Каротегин-Ғарм бозори серодам вучуд дошт. Назар ба дигар бозорҳо дар бозори Ғарм дуконҳо камтар буданд. Дар тамоми бекигарии Қаротегин танҳо як бозор мавчуд буд, ки нархҳои тахмини бозорро худи бозор таъин менамуд. Аз ҳамин чихат бозори Ғарм аз дигар бозорҳои ноҳияҳои Бухорои Шарки фарк мекард.
Дар бекигарии Дарвоз то охири солҳои 80-уми асри XIX бозор вучуд надошт. Фақат дар аввали соли 90-ум дар Калъаи қум бозрҳои ташкил шуданд. Дар бозорҳои Дарвоз айр аз маҳсулоти кишоварзи, боз якчанд намуди маҳсулоти истеҳсоли маҳали, махсусан маҳсулоти оҳанин ба фуруш бароварда мешуд.
Дар бозорҳои Бухорои Шаркии айр аз маҳсулоти истеҳсоли маҳали, аз хорич, аз чумла аз Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон молҳои худро ба фуруш меоварданд.
Ба пешрафт ва тараққии ноҳияҳои Чанубу Шарқ ва Марказии Точикистон пеш аз ҳама набудани роҳҳои алоқа сади роҳ мегардиданд. Аз сабаби набудани роҳҳои дуруст савдогарони ин ноҳияҳо кам ба беруни кишвар аз чумла ба Туркистон мебаромаданд. Чунин вазъи ногувори рохдо, ки пеш аз ҳама дурустии онҳо ба нафъи савдогарон аст, диққати хукумати Россия ва помешикону капиталистони Русҳо ба худ чалб менамуд. Хноми дуруст будани рохдо савдогарони рус имконият пайдо карда метаонистанд, ки ба дарунтари аморати Бухоро аз ҷумла Бухорои Шарқи сар дароранд. Охири асри XIX ва ибтидои асри XX давраи мустахкм гардидани муносибатҳо ва алоқаҳои тичоратии ҳамаи ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон бо Туркистон мебошад. Як қатор маҳсулоти заминдори ва чорводори акнун на фақат ба бозорҳои Бухорои Ғарби, балки ба Туркистон ҳам бурда мешуданд. Ба сохти идоракуни феодали, ки дар аморат вучуд нигоҳ накарда, муносибатҳои капиталисти оҳиста-охиста ба ноҳияҳои Бухорои Шарқи сар даровардан гирифтанд. Дар ин кор накши муҳимро сохтмони рохдо аз Фарона ба Помир, аз Самарқанд ба Термиз ва аз Термиз ба Чубеку Кулоб бозиданд.
Хамин тариқ охири асри XIX ва ибтидои асри XX иктисодиёти нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон баробар тараққи намекарданд. Амалдорони амири Бухоро намехостанд, ки русҳо берун аз марзи амораи Бухоро бароянд. Фақат шумораи ками русизабонҳо дар ибтидои acpu.XX ба бекигариҳои Курнтеппа, Кулоб ва Хиор омада дар пешбурди хочагии қишлоқ ба аҳолии маҳалли ёри расониданд. Ба баробари сар даровардани нишонаҳои капиталисти дар хочагии шлок, як дарача ба пешрафту инкишофи муборизаи оммаи меҳнаткашон ба муқобили сохти мавчудбуда дар ин нохияҳо кумак расонид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222