Главная / Илм / Шаҳри Макка дар Арабистон

Шаҳри Макка дар Арабистон

ШАҲРИ МАККА гаҳвораи ислом, низ аз ҳеҷ гуна сохтори сиёсии мувофиқ ба фаҳми имрӯзаи мо бархӯрдор набуд. Дар он асосан қабилаи Қурайш бартарӣ дошт. Ягона ташкилоти сиёсии қабила шӯрои шайхони қабила ба шумор мерафт, ки барои ҳаллу фасли ихтилофҳои байни қабилавию авлодӣ гоҳ-гоҳ дар маҳалле бо номи “Доруннадва” ҷамъ мешудаанд. Ин шӯро низ аксаран ҳукми машварати доштааст на қонунӣ ва қонунгузорӣ. Ин нуқта хело муҳим аст, чунки ҳамин вазъият баъдан сарнавишти дини навро аз бисёр ҷиҳат муъайн мекунад.

makka

Макка аз ҷумлаи шаҳрҳо ва ободиҳое буд, ки ҳанӯз дар замонҳои пеш аз кушода шудани роҳҳои обӣ, дар сари шоҳроҳҳои корвонгузар ба вуҷуд омаданд. Шояд дар ибтидо сабаби таваққуфи корвонҳо ва радду бадалшудани онҳо аз инҷо ҳамон чашмаи Замзам бошад, ки баъдан яке аз табаррукоти ислом гардид ва оҳиста-оҳиста дар атрофи он биноҳои шаҳр қомат афрохтанд. Аксари чунин шаҳрҳои миёнроҳи \транзит\ бо кушода шудани роҳҳои обӣ ва камаҳмият шудани роҳҳои корвонӣ хароб гардида, аз байн рафтанд. Танҳо баъзе ки имкони идомаи ҳаёт доштанд, боқӣ монданд. Дар ин шумор шаҳри Маккаро низ метавон ном бурд. Онро ҳанӯз Батлимус \Птолемей с. 150 м.\ бо номи Макораба \ муқаддасгоҳ\ ёд кардааст.\ 16: 87\

Таърихи бунёди Маккаро \ нахуст ҳамчун деҳа\ ба миёнаҳои асри V мелодӣ низ нисбат додаанд, ки хело шубҳанок аст.\ 26: 45\ Агар ривоятҳои мазҳабиро дар бораи бунёди Макка ба инобат гирем, тибқи он асосгузори шаҳри Макка Иброҳими Халилуллоҳ ва писараш Исмоил будаанд. Дар Қуръон Макка бо номҳои ” Макка”, ” Бакка”,”Уммул-қуро”, ” Баладул-амин” ёд шудааст. \ Нигар Қуръон (минбаъд Қ.) сураи ( минбаъд сур.), Оли Имрон-96-97\ ” Аввалин хонае, ки \ барои ибодати\ одамон бино шуд ҳамон хонаи Макка аст, ки дар он баракат ва ҳидояти оламиён аст. Дар он хона нишонаҳои равшан ҳувайдост, ки Мақоми Иброҳим аст, ҳар ки дар он ҷо дохил шавад, дар амон бошад.”

Имрӯз шахси таърихи будани Иброҳим ва замони зиндагии ӯ исбот шудааст.\ 31: 329-330\ Пас таърихи бунёди Макка ҳам хеле куҳан аз асри V мелодӣ мебошад. Таърихи ҳиҷрати Иброҳимро аз навоҳии Бобил, ба минтақаи ҷанубу ғарбии Ҷазиратул-Араб ҳудуди солҳои 1900 пеш аз мелод қабул шудааст. Пас бунёди Каъба тибқи ин ривоятҳо ҳудуди ҳазорсолаи дуюм \1900-1800 т. м.\ рост меояд. Ҳамин ақидаи моро муаллифи китоби “Хотам-ул-анбиё” Шайх Муҳаммад Абузуҳра низ қаблан баён кардааст.\ 11: 76\ Дар Макка аввал авлоди Исмоил ва қабилаи Ҷурҳум мезистаанд ва дар ҳудуди асри III мелодӣ онҳоро қабилаи Бани Ҳузоа танг карда идораи Маккаро ба дасти худ мегиранд. Ҳудуди солҳои 400-450 м. қабилаи Қурайш риёсати Маккаро соҳиб мешавад.

Муҳимтарин омили мисли дигар шаҳрҳои миёнроҳи хароб нагардидани шаҳри Макка, шояд ба шарофати дар он ҷойгир шудани бузургтарин маъбади бутпарастон хонаи Каъба бошад. Онро “бейтил”– «хонаи худо» мешумориданд. Каъба на танҳо маъбад, балки барои Макка, пеш аз ҳама, манбаи асосии иқтисодию молӣ буд. Дар баробари Каъба, дар канори он каме берун аз шаҳр, манбаи дигари ҳаётӣ, бозори Укоз ва чанд бозори дигар низ ҷойгир шуда буд, ки бадавиёни араб дар як вақт ҳангоми ҳаҷҷ ҳам зиёрати бутҳо- худоёни худ ва ҳам тиҷорат менамуданд. Аъроб моҳҳое, ки дар он ҳаҷҷ мекарданд, моҳҳои ҳаром (ашҳурул-ҳаром) ном дошт дар ин моҳҳо ҳаргуна низоъ ва ҷангҳои қабилавӣ ҳаром (мамнӯъ) эълон шуда буд. Ҳоҷиён ба минтақаи ҳарам (муқаддас)-и Макка бо либоси махсуси сафед иҳром бидуни аслиҳа ва дигар олоти ҷангӣ дохил мешуданд. Шаҳри Макка, чунон ки гуфтем, беобу дарахт ва барои зироату деҳқонӣ номувофиқ буд. Асоси маъошу зиндагии аҳолии онро тиҷорат ва даромаде, ки аз ҳоҷиёни хонаи Каъба мегирифтанд, ташкил мекард.

Дигар шаҳрҳои бузурги Арабистони марказию ғарбӣ, яке шаҳри Тайиф буд, ки дар ҳудуди сад километрии ҷанубу шарқии Макка ва дигаре Ясриб (Мадина) буд, ки дар 350 км. шимоли Макка қарор доштанд. Ин ду шаҳр дорои шароити беҳтари табии ва обу ҳавои ба зироат мувофиқ буданд. Баъзе сарватмандони Макка дар Тайиф боғҳову нахлистони худро доштанд. Аҳолии ин шаҳрҳо ҳанӯз иртиботи худро аз зиндагонии бадавӣ пурра наканда, ба чорводорӣ низ қисман машғул ва аксар дорои рамаҳои шутур ва гӯсфандон будаанд. Ҳамчунин, муносибатҳо ва қонунҳои нонавиштаи қабилавию авлодӣ, ки хоси бадавиён аст, бо вуҷуди шаҳрнишин буданашон дар байни онҳо амал мекард.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222