Главная / Илм / Шахс, фард ва фардият

Шахс, фард ва фардият

Шахс фарди бошуур буда, ҳамчун
субъекти муносибатҳои иҷтимоӣ, ба-
рандаи сифатҳои арзишноки иҷтимоӣ

Мо одатан дар радиф бо шахс мафҳумҳои одам, фард
ва фардият низ мавриди истифода қарор медиҳем. Ин ма-
фҳумҳо хусусиятҳои худро доро бошанд ҳам, дар бароба-
ри инба ҳамдигар алоқаи зич доранд.

Одам мафҳуми нисбатан умумию ҷамъбасткунанда –
мавҷудест, ки дараҷаи олии инкишофи ҳаёт, маҳсули ра-
вандҳои ҷамъиятӣ – меҳнатӣ, ваҳдати ногусастании маб-
даҳои табиӣ ва иҷтимоиро таҷассум менамояд, аммо ҳар
як одам ҳамчун барандаи арзишҳои иҷтимоӣ – авлодӣ,
мавҷуди такрорнашавандаи табиӣ – фард мебошад.

Фард – ин одами мушаххас ҳамчун намояндаи авло-
ди Иото 8ар^еп8, барандаи заминаҳои (нишонаҳои қоби-
лият, истеъдод, лаёқат) инкишофи одамист. Ин тарзи тав-
сифдиҳӣ шаҳодати он аст, ки мавҷудият ба насли одам
мансуб буда, дар мафҳуми фард таҷассум меёбад. Зери
мафҳуми фард навзод ё калонсол, мутафаккир ё ноқису-
лақл, намояндаи ягон қабилаи дар зинаи ваҳшоният қарор
дошта ё сокини бомаърифати ягон мамлакати та-
раққикарда дар назар дошта мешавад. Фарзанди инсон
ҳамчун фард ба дунё меояд ва аз ҳамин давра ба системаи
таърихан ташаккулёфтаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ
шудан мегирад.

Мафҳуми «шахс» нисбат ба мафҳуми «одам» дида,
мафҳуми нисбатан маҳдудтар мебошад. Вай категорияи
ҷамъиятию таърихӣ ба шумор рафта, сифати иҷтимоиеро
мефаҳмонад, ки фард онро дар ҷараёни муошират ва
фаъолияти предметӣ ба даст овардааст. Ҳарчанд шахс
сифати махсуси иҷтимоии фард бошад ҳам, «фард» ва
«шахс» бо ҳам монанд нестанд.

Шахс ҳамчун ходими инкишофи ҷамъиятӣ, фарди
бошуурест, ки дар ҷамъият нақшеро мебозад ва соҳиби
мавқеи муайян мешавад. Нақш – ин функсияи иҷтимоии
шахс аст. Масалан, нақши волидайн аз тарбияи фарзанд
иборат аст ва ғайра. Мавқеи шахсро системаи муноси-
батҳои ӯ бо шароитҳои моддии ҳаёт, ба ҷамъияту одамон,
ба худ, ба вазифаҳои ҷамъиятию меҳнатии худ ва ғайра
ташкил медиҳанд.

Чуноне ки мафҳумҳои «фард» ва «шахс» бо ҳам мо-
нанд нестанд, шахс ва фардият низ дар навбати худ ягона-
гиро ташкил медиҳанд, вале бо ҳам айниятдор нестанд.
Хусусиятҳои фардиятӣ дар сурати иштироки шахс дар си-
стемаи муносибатҳои байнишахсӣ ошкор мегарданд.
Фардият – ин хусусиятҳои такрорнопазири одами мушах-
хас ё худ, хосиятҳои табиӣ ва дар ҷомеа бадастовардаи ӯ
мебошад. Яъне, фардият аслияти шахсро ифода мекунад, ё
худ ягон хусусияти бартаридоштаи шахсро мегӯянд, ки
ӯро аз атрофиён фарқ мекунонад.

Дар мафҳуми шахс маҷмӯи сифатҳои аз лиҳози иҷти-
моӣ аҳамиятноки одам мақоми аввалро ишғол менамояд.
Моҳияти иҷтимоии одам дар робитаи ӯ бо ҷомеа шакл ги-
рифта, зоҳир мегардад. Ҳар як ҷомеа намунаи ба худ хоси
шахсро муқаррар карда, типҳои асосии психологии одам-
ро муайян менамояд.

Шахс дорои сохти мураккаб мебошад. Дараҷаи олию
пешбарандаи сохти психологии ӯро доираи маром ва та-
лаботҳо, равия ва муносибатҳои ӯ ба ҷомеа, ба ашхоси
ҷудогона ва ба ӯҳдадориҳои иҷтимоии худи ӯ ташкил
медиҳанд.

Барои шахс на танҳо мавқеъ, балки қобилияти ама-
лигардонии муносибатҳои ӯ низ муҳим аст. Ин аз дараҷаи
инкишофи имкониятҳои фаъолияти одам, маърифату ма-
лакаҳо, хусусиятҳои эмотсионалию-иродавӣ ва зеҳнии ӯ
вобаста мебошад.

Одам бо қобилиятҳо ва характери тайёр ба дунё
намеояд. Ин хосиятҳо дар тӯли зиндагӣ, аммо дар зами-
наҳои муайяни табиӣ ташаккул меёбанд. Асоси ирсии ор-
ганизми одам (генотип) хусусиятҳои анатомӣ-физиологии
ӯ, сифатҳои асосии системаи асаб, ҷараёни протсессҳои
асабиро муайян мекунад. Имкониятҳои инкишофи психо-
логии шахс дар сохти табиию биологии ӯ инъикос шуда-
анд.

Мавҷуди одамӣ ба туфайли омӯзиш ва азхудкунии
таҷрибаи наслҳои гузашта, ки дар донишҳо, анъанаҳо,
ашёи фарҳангӣ ва моддию маънавӣ таҳким ёфтаанд, ба
одам табдил меёбад. Ҷиҳатҳои табиии одамро ба моҳияти
иҷтимоии ӯ муқобил гузоштан дуруст нест, зеро онҳо на
танҳо маҳсули таҳаввули биологӣ, балки маҳсули таърих
низ мебошанд. Мабдаи биологии одамро ҳамчун
мавҷудияти ким-чи гуна паҳлӯи «ҳайвонӣ»-и ӯ набояд до-
нист. Кулли нишонаҳои қобилияту истеъдоди одам ода-
мианд, на ҳайвонӣ. Бояд қайд кард, ки ташаккули

одам чун шахс танҳо дар шароитҳои мушаххаси
иҷтимоӣ сурат мегирад.

Он чи ки дар назари аввал чун сифатҳои «табиӣ»-и
одам падидор мегарданд (масалан, хусусиятҳои характер),
дарвоқеъ таҳкими бахши талаботи иҷтимоии ба рафтори ӯ
алоқаманд ба шумор меравад .

Инкишофи шахс бо вусъатдиҳии доимии имкониятҳо
ва афзудани талаботи ӯ алоқаманд аст. Дараҷаи инки-
шофи шахс бо муносибатҳои ба ӯ хос муайян карда меша-
вад. Муносибатҳои шахс дар дараҷаи пасти инкишоф асо-
сан аз манфиатҳои амаливу «кӯтоҳназарона» вобаста ме-
бошанд. Дараҷаи баланд бо афзалияти арзишҳои аз
лиҳози ҷамъиятӣ барои ӯ аҳамиятнок тавсиф дода меша-
вад.

Ҳар як фард дар ҷомеа фаъолияти ҳаётии хешро ба
танзим дароварда, масъалаҳои мураккаби ҳаётиро ҳал ме-
кунад. Ҳамон як душвориҳо ва инчунин ба ҳам бархӯрди
манфиатҳо аз ҷониби одамон ба таври мухталиф барта-
раф карда мешаванд.

Ҳангоми ошкор намудани моҳияти шахс бояд ба он
эътибор дод, ки ӯ масъалаҳои ҳаётиро бо кадом тарз ҳал
менамояд ва кадом принсипҳои ибтидоии рафторро
сармашқи кори худ қарор медиҳад.

Шахс вобаста ба ворид шуданаш ба муносибатҳои
муайяни ҷамъиятӣ иштирокчии ғайрифаъоли ин муноси-
батҳо намебошад. Хусусияти дигари шахсро мустақили-
яти ӯ ташкил дода, ба ӯ имкон медиҳад, ки аз таъсири ҳар
гуна фармон – фармоии ҳокимият, ҳолатҳои номатлуби
иҷтимоӣ ва таъқибот озод бошаду худидоракуниашро аз
даст надиҳад.

Худмухтории шахс бо сифати олии психикаи ӯ –
маънавиёт робита дорад. Маънавиёт – ин зуҳуроти олии
моҳияти одам, пайравии ботинии ӯ ба арзишҳои ахлоқӣ ва
тобеият ба ғояҳои олии ҳастӣ мебошад.

Маънавиёти шахс дар фавқулшуури ӯ, дар талаботи
инкори қатъии ҳама гуна қабоҳату зиштиҳо, дар садоқати
фидокоронаи ӯ ба ормонҳои олӣ, дар дурӣ ҷӯстан аз май-
лу хоҳишҳои ношоиста ва фаъолии сохтаю бардурӯғи
иҷтимоӣ ифода меёбад. Аммо ҷомеа ҳар қадаре, ки сод-
датар бошад, ҳамон қадар тамоюли он ба баробаркунӣ
қавитар аст ва ҳамон қадар дар он одамоне зиёданд, ки ба
меъёрҳои иҷтимоӣ кӯр-кӯрона итоат мекунанд. Одаме, ки
аз рӯи шиорҳои қолабӣ ҳарф мезанад, дигар дар бораи
худсозии шахсии худ ғамхорӣ ҳам намекунад.

Шахси эҷодкор аз ҳудуди муҳити бевоситаи иҷтимоӣ
берун рафта, худро дар пойгоҳи нисбатан фарохи иҷти-
моӣ ташаккул медиҳад. Сифатҳои шахс аз доираи муно-
сибатҳои амалӣ ва аз ворид будани ӯ ба соҳаҳои мухтали-
фи ҳаёти иҷтимоӣ вобастаанд.

Шахс имкониятҳои асосии тараққиёти ҷамъиятро
инъикос карда, ояндаи ҷомеаро пешбинӣ менамояд ва ме-
тавонад аз ҳолати ҳозираи он пеш гузарад. Рушди шахс-
ташаккули маҷмӯи сифатҳои мусбати иҷтимоии ӯ – зами-
наҳои муайяни ҷамъиятӣ, талаботи иҷтимоӣ, безараргар-
донии омилҳоеро тақозо мекунад, ки онҳо боиси бегона-
шавии ӯ мегарданд.

Дар ташаккули фард чун шахс ду раванд нақши
муҳим мебозанд: а) раванди ҳаммонандкунии шахс (дар
фард ташаккул ёфтани айниятдиҳии худ ба соири одамон
ва умуман ба ҷомеаи одамӣ); б) раванди персонализатсия
(аз ҷониби шахс дарк намудани зарурати пешниҳод кар-
дани шахсияти худ дар фаъолияти ҳаётии дигар одамон,
худифоданамоии шахсӣ дар умумияти иҷтимоӣ).

Шахс бо одамони дигар дар асоси «Манн – консеп-
сия», рефлексияи шахсӣ – тасаввуроти худ доир ба худ,
имкониятҳои хеш ва моҳияти худ дар таъсири дутарафа
мебошад. Рефлексияи шахсӣ ба «Ман»-и воқеӣ метавонад
мувофиқ ояд, ё метавонад мувофиқ наояд. Дараҷаҳои ба-
ланд ё пасти иддаоҳои шахсӣ метавонанд, боиси ни-
зоъҳои мухталифи дохилишахсӣ шаванд.

Роҳи ҳаётии шахс фазои иҷтимоии мушаххаси таъри-
хиро аз сар мегузаронад. Хусусиятҳои ба худ хоси шаро-
итҳои моддии истеҳсолот, соҳаи истеъмолӣ, муноси-
батҳои иҷтимоӣ тарзи ҳаёти одам, Хусусиятҳои гуно-
гунранги рафтор ва ниҳоят типи шахсро муайян месозад.

Ҳар як шахс дурнамои зиндагонии худ, яъне систе-
маи устувори тарзҳои тағйир додани вазъиятҳои ҳаётиро
дар заминаи арзишии хеш ташаккул медиҳад. Дурнамои
зиндагӣ – ин равияи умумии худсобитнамоии шахс мебо-
шад.

Дурнамои аз лиҳози иҷтимоӣ арзишманд – ин ху-
дифоданамоии ахлоқии шахс ва тарзи ҳаёти маънавии ӯро
муайян мекунад. Дар ин маврид фаъолияти ҳаётии шахс
бо сабабҳои муайяни воқейи бо мақсаду маромҳои ҷомеа
алоқаманд сурат мегирад. Шахс зиндагиро бо дасто-
вардҳои аз лиҳози иҷтимоӣ арзишманд оғоз менамояд.

Дар мавриди дурнамои зиндагӣ, тарҳрезии дасто-
вардҳои фард танҳо ба маънию масойили ҷорӣ итоат кар-
да, зиндагонии ӯ ба тарзи мукаммал сурат намегирад,
мазмуну мароми зиндагиаш паст рафта, талаботи рӯҳонӣ-
маънавии ӯ маҳдуд мегардад, дараҷаи иддаою талаботаш
паст мешавад.

Шахс бо маҷмӯи хусусиятҳои устувор – маҷмӯи ма-
ромҳо, мақсадҳо, манфиатҳо, қобилияти таъсиррасонии
дутарафа бо муҳит ва принсипҳои ахлоқии худидоракунии
рафтор тавсиф дода мешавад. Ин ҳама хусусиятҳои шахс
маҷмӯи омилҳои генетикӣ, ирсӣ ва иҷтимоӣ – мадании ӯ
мебошанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222