Главная / Маданият ва санъат / Шинохтани мизоҷи одам аз рӯи хоб ва хоббинӣ!

Шинохтани мизоҷи одам аз рӯи хоб ва хоббинӣ!

Агар шумо хоб бинед пас маълум мешавад ки чигуна инсон ҳастед?

Аз рӯи хоб ва хоббинӣ далел ёфтан аз аломати мизоҷ хеле ҷолиби диққат буда онро ҳар кас ба осонӣ ба иҷро расонида метавонад. Далели аз хоб гирифтани мизоҷ ин пеш аз ҳама муайян кардани майли шахс ба хоб ва бедорӣ буда, миқдори хобро дар як шабонарӯз низ ба назар мегиранд. Илова ба ин, чӣ хел хоб кардани шахс, нагз хоб мекунад ё тез-тез бедор мешавад, далел шуда метавонад. Далел аз хоббинӣ, албатта он чиз аст, ки шахс дар хоб мебинад.

woman-g82cc04ef6_1920Ҳамин тавр шахс агар бо мушкилӣ ба хоб раваду, хобаш тез-тез парида истад, аз хоб ба осонӣ бедор шавад, хоби ночиз кунад ва дар хобаш оташ, офтоб ва ҳама гуна ашёҳои сӯзандаро бинад, мизоҷи шахс гарм аст. Баръакс ба осонй ба хоб раваду хобаш мустаҳкаму майл ба серхобӣ допгга бошад ва дар хобаш барфу жоларо бинад ва ё худро дар зери таъсири онҳо бинад, мизоҷи шахс сард аст.

Агар шахс ба душворӣ хобаду илова бар он бехобии . пирона кашад ва дар хобаш кӯҳӯ биёбонҳо ё ягон чизи сиёҳро бинад, ё худашро аз чизҳои болоӣ дар осеб бинад, мизоҷи шахс хушк аст. Баръакс, агар шахс серхоб бошаду тез хобаш барад, пинакаш ба осонӣ напарад ва дар хобаш обу борон ва ягон чизи кабуду осмониро бинад ё аз онҳо дар хобаш осебе бинад, мизоҷи шахс тар аст.

Агар шахс бехобӣ кашаду, хобаш ба мушкилӣ ояд, нағз хоб накунад ва дар хобаш оташу сӯхтор ё ягон чизи зардро бинад, аз онҳо осебе бинад ё ташнагӣ кашад, мизоҷи шахс гарму хушк аст. Баръакс, шахс хеле серхоб бошад, рӯзу шаб аз хоб сер нашавад, хобаш ба осонӣ ояду хестанаш хеле гарон бошад ва дар хобаш обу барфу хунукӣ ё ягон чизи сафедро бинад ё аз онҳо осебе бинад, мизоҷаш сарду тар аст.
Агар хобу бедориаш як дараҷа дар эътидол бошаду, лекин дар ҷои иқлимаш тар хоболуд шавад, бисёр хобаш парад ва дар хобаш хун ё ягон чизи сурхро бинад, мизоҷаш гарму тар аст. Баръакс, шахс камхоб бошаду тез бедор шавад, хобаш нағз набарад ва дар хобаш торикй, дуд, ягон чизи сиёҳро бинад ё аз онҳо осебе дида бошад, мизоҷаш сарду хушк аст.

Далел ва нишонаҳое, ки овардем маҳз ба ҳолати саломатии шахс далолат доранд. Дар ҳолати махсус ин аломату нишонаҳо далели беморӣ, яъне маризиҳои шахс мебошанд. Ва ҳам бояд донист, ки ба хоби шахс ҳамагуна омилҳои дохилӣ(ғизо, ҳолати рӯҳӣ, таъсироти ҳодисаҳои рӯзи гузашта ва ғ.) ва берунӣ(боду ҳаво ва ҳамагуна сабабҳои имконпазир) метавонанд таъсир донгга бошанд.

Боз як аломати хобкуниро вобаста ба мизоҷ, яъне фазо ва ҷойи равониро метавон қайд намуд, ки дар шахсони мизоҷашон устувор хеле сахт реша давондааст. Шахсони мизоҷашон сард, яъне флегматикҳо, меланхоликҳо,ақалияти занҳо ва шахсони мизоҷашон ба онҳо наздик дар фазо ва ҷойи махдуд(дар хонаи худашон ва хешовандони наздикашон) хобиданро дӯст медоранд. Барои шахсони мизоҷашон гарм, яъне холерикҳо, сангвиникҳо, ақалияти мардон ва шахсони мизоҷашон ба онҳо наздик бошад фазо ва ҷойи хоб фарқ надорад. Яъне барои онҳо хонаи ҳатто бегагон фарқ надорад. Бино ба гуфтаҳои болоӣ аввалиҳо ба хонаи хешони дур ва шиносонашон камтар ба меҳмонӣ мераванду, агар раванд ҳам тезтар ба хонаашон баргашта меоянд.

Ба дуввумиҳо меҳмонӣ рафтан, ҳатто ба хонаи хешони дур ва шиносонашон роҳат буда хоб карданро он ҷо авлотар медонанд. Бино ба гуфтаҳои болоӣ шахсони гурӯҳи аввалӣ ҳатто дар сафар, яъне дар меҳмонхонаҳо низ хобашон нағз намебарад ва аз ин рӯ азоби рӯҳӣ мекашанд. Мантиқи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки аввалиҳо аз рӯи қонуну қоидаҳои давра ва дувумиҳо бошанд аз рӯи хати рост зиндагӣ доранд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222