Главная / Илм / Шуубия

Шуубия

Дар афкори сиёсй-чамъиятй давраи баъди истилои араб харакати Шуубия мақоли хоса дорад.
Кӯшиши истиклолиятхохонаи мардуми ғайриараб, пас аз 100 соли пирӯзии арабхо огоз гардид. Дар замони Сосониён, ба сабаби истисмор ва зулму ситам рухияи хавмии мардум қадре коста гардид. Аз ин сабаб мардуми кисми Ғарбии Эрон (нисбати ба ахолии Мовароуннахр ва Хуросон) дар давраи ҳуҷуми бегонагон (арабҳо) чандон муковимат нишон надоданд. Аммо баъди солҳо дар натиҷаи зулми арабҳо ҳаракати фарҳангии шуубия ҷараён ёфт. Ин ҳаракат бештар дар байни рушанфикрон паҳн гардид. Дар натиҷаи сарозер шудани муҳоҷирони араб ба сарзамини Эрон, Мовароуннаҳр ва Хуросон дар байни фарҳанги осибон (арабҳо) мардуми таҳҷои муковимат (рақобат) ба амал омад.
Арабҳо тамоми маваффакиятҳои ҷомеаи исломро ба худ нисбат дода, халкҳои айри арабро таҳкир мекарданд. Ҳаракати шуубия равиши навъан исломии баёни даъво ва хосиятҳои мардуми ғайриараб буд. Истилоҳи шуубй, бархоста аз як ояти Куръон аст, ки дар он бартариҷӯйии кавмиву нажоди маҳкум гашта, порсоиву илму маърифат чун меъёри наздик будан ба Худо эътироф шудааст. Ҳанӯз дар замони Уммавиён даъвоҳои шуубй сар зада, ки дар аввал дар ҳолати пинҳонкорй дошт.
Дастгоҳи хилофати Аббосй ҳам, ки нисбат ба арабҳо дида, маволй (мардуми ғайриараб) бештар таваққӯъ дошт, барои густариши ин ҳаракат мусоидат намуд. Дар ашъори баъзе аз намояндагони шуубия дар ибтидо баробарии Арабу Аҷам баён меёфт. Дар марҳилаҳои баъдй бошад арабҳо ва фарҳанги онҳо танкид карда шуда, баръакс забону фарҳанги мардуми Эронинажод ва таъриху тамаддуни он ситоиш карда мешуд.
Намояндаи барҷастаи ин ҳаракат Ибни Мукаффаъ, Ҳамиди Бахтакон, Саҳл ибни Мишпой, Аълони Шуубй, Абӯубайда, Башшор ибни Бурд, Мутаваккилй ва дигарон бо сурудани ашъор ва тарҷумаи осори тоисломй ба забони арабй афкори шуубияро дар миёни мардум паҳн мекарданд. Ин ҳаракат то асри XI давои карда, Фирдавсй ва Асадии Тӯсй низ намояндагони ин ҷараён мегарданд.
Ҳаракати Шуубия аломати худогоҳй ва ҳамбастагии мардумони эронинажод дар баробари арабҳо буд, ки минбаъд барои даъвоҳои сиёсиву кудратхоҳии сулолаҳои маҳаллй низ мусоидат кард.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222