Главная / Илм / Сиёсати давлатии илмӣ – техникӣ ва технологияҳои пешқадам

Сиёсати давлатии илмӣ – техникӣ ва технологияҳои пешқадам

Дар замони ҳозира масъалаи муайян намудани афзалиятҳои илмӣ- техникӣ ва сиёсати инноватсионӣ на танҳо мамолики бузургтарини аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон (ба монанди Руссия, Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Япония, Хитой), инчунин онҳоеро низ ба ҳаяҷон меоварад, ки бо сабаби маҳдудияти имкониятҳои захиравӣ танҳо дар самтҳои алоҳидаи пешрафти технологӣ мавқеи пешсафро ишғол менамоянд (инҳо, аз ҷумла, Исроил, Финляндия, Тайван, Гонконг). Афзоиши баланди мароқ ба масъалаи афзалиятҳо дар солҳои охир инчунин бо қадам ниҳодани инсоният ба ҳазорсолаи нав алоқаманд аст. Ин кӯшиши давлат ва бахши хусусиро оид ба хулосабандӣ намудани роҳи тайкарда ва ҷустуҷӯи стратегияи рушд дар оянда ҳавасманд менамояд.

Муносибатҳои асосӣ ба коркарди афзалиятҳои сиёсати илмӣ дар мамлакатҳои муттараққии саноатӣ дар асарҳои иқтисоддони Федератсияи Россия ботафсир баён карда шудаанд.

Муайян кардани афзалиятҳои миллии рушди илмӣ-техникӣ дар як сатҳ масъалаи ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам илмӣ ҳисоб меёбад. Бинобар ин ҳайратовар нест, ки дар ҳаллу фасли он аксар вақт доираҳои васеи ҷамъиятчигӣ, ки манфиатҳои гуногунтарин гурӯҳҳои иҷтимоӣ, бизнеси калон, соҳибкорони хурд, олимон, ҳарбиён, хизматчиёни давлатӣ ва ғайраро баён мегиранд, нақши фаъол мебозанд.

Дар ҷамъбаст, афзалиятҳои муқаррар кардашаванда аксар вақт муросое мебошанд, ки дар ин ва ё он дараҷа орзуи бисёр тарафҳои ба тақсимоти захираҳои маҳдуди буҷавӣ ҳавасмандро ба модди назар мегиранд.

Аз нуқтаи назари сиёсатмадорон тақсимоти маблағҳои буҷавӣ ин, бешубҳа, масъалаи сиёсӣ, самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ-ин самтҳои ба мақсадҳои муқарраркардашудаи миллии рушди дараҷаи баландтарин ҷавобгӯянда мебошад. Ба ин қобил мақсадро дар дилхоҳ мамлакат, бешубҳа, мустаҳкам кардани қобилияти мудофиавӣ, таъмини фаъолияти самараноки иқтисодиёт, дар бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ нигоҳ доштани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таъминоти захиравӣ ва захирасарфанамоӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити атроф ва ғайра мансуб дониста мешаванд.

Агар кӯшиши ҷудо кардани самтҳои тадқиқоти ва коркардҳои илмии ба мақсадҳои мазкур мутобиқ ба ҷо оварда шавад, он гоҳ ба ин маҷмӯи васеи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ бунёдӣ, ҷустуҷӯӣ ва амалӣ ворид мегардад. Барои дар ҳаҷми пурра ташкил кардани онҳо воқеан иқтисоди пурқувватро доштан зарур аст. Аммо, маълум аст, ки масъалаҳои ҷудо кардани афзалият маҳз бо набудани захираҳои зарурӣ ва маҳдуд будани ҳаҷми маблағҳои буҷавӣ ҳам алоқаманданд.

Доираи сарбастае пайдо мегардад, ки раҳо шудан аз он танҳо дар натиҷаи муқаррар гардидани афзалиятҳо дар байни мақсадҳои миллии аз ҳама афзалиятноктарин имконпазир мегардад (агар ин умуман имконпазир бошад). Дар ҳар ҳолат, ин интихоби сиёсӣ бо ҳамаи норасогӣ маҳдудиятҳои ба он хос хоҳад буд.

Интихоби самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ инчунин тибқи мақсаднокии иқтисодии онҳо имконпазир аст.

Агар маҳаки афзоиши истеъмолот ба ҳар як нафар аҳолӣ бар асос гирифта шавад он гоҳ мо пеш аз ҳама бо масъалаи интихоби фосилаи вақтии мутобиқ дучор мегардем.

Дар тӯли бисёр кӯтоҳи вақт аз хароҷоти гузаронидани тадқиқот ва коркардҳои илмӣ мумкин буд, ки тамоман даст кашида шавад ва маблағҳои сарфашуда аз ҷумла ба ниёзҳои иҷтимоӣ ё соҳаи истеҳсолӣ ягон намуди моли камёфт равона карда шавад. Аммо дар ояндаи басо дур чунин муносибат метавонад ба кӯчаи сарбаста бубарад-истеҳсолот ба даст овардан ва азхудкардани дастоварди илмӣ ва технологияи навро бас мекунад, афзоиши ҳосилнокии меҳнат боздошта мешавад, сифати маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ нисбат ба дараҷаи ҷаҳонӣ ба оқибмонӣ оғоз мекунад ва дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт, корхонаҳои ватанӣ аз тарафи рақибони хориҷӣ мунтазам аз бозор танг карда бароварда мешаванд.

Равандҳои инноватсионӣ дар рушди иқтисодӣ беш аз пеш мавқеи назаррасеро соҳиб мегарданд ва онҳо ба баланд бардоштани сифати рӯзгори шаҳрвандон, кӯтоҳ намудани қафомонӣ аз мамлакатҳои муттараққии ҷаҳон равона карда шудаанд. Зимнан вазифаи муҳими рушди инноватсионӣ афзун намудани истеҳсол ва дар бозори ҷаҳонӣ фурӯхтани маҳсулоти баландтехнологии рақобатпазир, ки аз ҳисоби таркиботи ақлонӣ ҳиссаи калони арзиши иловашударо дорост ба ҳисоб меравад.

Дар давлатҳои муттарақӣ тақрибан 80-95 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳиссаи донишҳои нави бар техника ва технологияҳо таҷассумёфта, усулҳои ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идоракунӣ, инчунин дар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ рост меояд.

Рушди инноватсионӣ ба ҷорӣ намудани мақсадноки омилҳои тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт оварда мерасонад ва коркарди стратегияи фаъолнамоии фаъолияти инноватсионӣи

субъектҳои иқтисодиро дар асоси соҳибкорӣ талаб мекунад. Соҳибкории инноватсионӣ ин фаъолияти субъектҳои мустақили хоҷагидорест, ки таваккали инноватсионӣро оид ба коркард (таҳия) азхудкунӣ, гузаронидан ва истифодаи навовариҳо ба худ мегирад ва аз фурӯши онҳо пайваста фоида ба даст меорад. Моҳияти таърифи мазкур ба инобат хели нави муносибатҳои иқтисодӣ, ташаккули навъи тафаккури инноватсионӣ, мунтазам болоравии ихтисосмандӣ, рушду камоли шахсияти инсон мебошанд.

Баҳогузориҳои Ташкилотҳои Созмони Миллали Муттаҳид нишон медиҳанд, ки дар сохтори боигарии миллии аксар мамолики ҷаҳон наздик 2 ё 3 ҳиссааш ба сармояи инсонӣ рост меояд. Дар замони ҳозира дар сохтори иҷтимоӣ ҷои асосиро мутахассисон – моликони ба коркард, азхудкунӣ, паҳнкунӣ ва истифодаи навовариҳои ба низомҳои мураккаби илмӣ-техникӣ ва иттилоотӣ-технологӣ хизмат расонида ишғол менамоянд.

Соҳибкорон намояндагони асосии иқтисоди бозаргонӣ ҳисоб меёбанд ва онҳо бо навъи инноватсионӣи фикрронӣ, ки ба мушовараиилмӣ-ташкилии омилҳои истеҳсолӣ бо мақсади истифодаи самараноки захираҳо ва бадастоварии даромади бештари соҳибкорӣ равона карда шудааст, фарқ мекунанд.

Бавуҷудоии соҳибкории инноватсионӣ ҳамзамон бо дигаргунсозиҳои инқилобии тамоми омилҳои истеҳсолот, шаклҳои ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идоракунӣ ҷараён мегирад, аз тарафи дигар, донишҳои илмӣ, иттилоот ба захираи мустақили истифодаи қулайи инноватсионӣ табдил меёбанд. Бинобар ин рушди соҳибкории инноватсионӣ ба худи объекти фаъолият бо назардошти он, ки корхонаҳо низоми алҳол мавҷудаи иттилооти аз миқёси истеҳсоли молу хизмати илмталаб бештар вобастагиро табдил медиҳанд, муносибати мувофиқро талаб менамояд. Ҳамин тавр бошад, пас дар рушди соҳибкории инноватсионӣ, дастгирии мақсадноки давлатии иштироккунандагони лоиҳаҳои инноватсионӣ дар заминаи бунёди фондҳои махсусгардонидашудаи инноватсионӣ, тараққиёти бахши хусусии хизматрасонӣ оид ба  суғуртакунонӣ, барномаҳои байниидории фаъолияти инноватсионӣ аҳамияти махсус дорад.

Шартҳои асосии бавуҷудоӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ ба намудҳои зерин ба назар мерасанд:

  1. таҳияи меъёрҳои нави танзим дар соҳаҳои илм, техника, технология ва фаъолияти инноватсионӣ мутобиқкунанда;
  2. дигаргунсозиҳои институтсионалии фаъолияти инноватсионӣ, ки ба бунёди сохторҳои инноватсионӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои инноватсионӣи афзалиятнок ва барпо намудани «биржаи инноватсияҳо» равона кардашуда;
  3. ба рӯйхатгирию аниқкунии бахшҳо, корхонаҳо ва соҳаҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо мақсади рушди иқтидори илмӣ. Зимнан ба рақобатпазирии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, сатҳи технология ва намудҳои асосии техника баҳо додан судбахш аст;
  4. мавҷудияти низоми миллии инноватсионӣи самаранок коркунандаи муассисаҳои хусусӣ ва давлатӣ ва корхонаҳои бахши илмӣ-техникии иқтисодиётро ҳавасмандгардонанда. Низоми милии инноватсионӣ, ҳамчун асоси тараққиёти соҳибкории инноватсионӣ, ба тараққӣ ва паҳншавии технологияҳои нав дар мамлакат шароит фароҳам меорад;
  5. муайян ва тасдиқ намудани самтҳои афзалиятноки соҳибкории инноватсионӣ ва технологияҳои муҳим барои корхонаҳои мамлакат;
  6. ба тафаккури умум ва санадҳои қонунгузорӣ ҷорӣнамудани мазмуни нави сармоя;
  7. тағйиротҳои ҷиддии сиёсати инноватсионӣ сохтори сармоягузориро бо назардошти мансубиёти онҳо ба равандҳои инноватсионӣ аз нав дидан, сармоягузории венчуриро тараққӣ додан, табдил додани корхонаҳо, ширкатҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, шӯъбаҳои конструкториро ба моликони самарабахши ҳавасманд ва қобили навовариҳоро татбиқкунанда;
  8. баланд бардоштани самаранокии амалӣ намудани сиёсати инноватсионӣ дар асоси фароҳамории шароити мусоиди тараққиёти молиявию қарзии фаъолияти инноватсионӣ;
  9. табдил додани инвеститсия ба сармояи инсонӣ, ба соҳаҳои асосии маблағгузориҳои дарозмӯҳлат, инчунин усулҳои нави баҳодиҳӣ бе таваккалҳои суғуртавӣ ва масъулият, истифодаи механизмҳои ҷалби маблағҳои шахсӣ, қарздиҳӣ ба донишҷӯён ва ғайраҳо талаб мекунад;
  10. ҳамгироии баробарҳуқуқ ва аксулманофеи илмӣ-техникӣ бо ҳарифон оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ ва иқтисодӣ.

Дар мавриди ҷомеа ба марҳилаи дониш, пойдоршавии роҳи инноватсионӣи тараққиёт ворид гардид, ба замоне, ки зеҳн иттилоот, донишҳо, малакаҳо, «ноу-хау» ҳамчун омилҳои муҳимтарини рушди баҳо дода мешаванд.

Аз нав сохторсозии инноватсионӣ сифатнокии бозсозии сохтории саноат ва ислоҳоти комплексии соҳаи илмӣ-техникиро талаб мекунад.

Дигаргунсозии институтсионалии фаъолияти инноватсионӣ, пеш аз ҳама, ба бунёди сохторҳои инноватсионае, ки лоиҳаҳои инноватсионӣро амаликунанда, яъне фароҳам овардани шароити мушаххас, барои иштироккунандагони бозори инноватсионӣ бояд равона карда шуда бошанд.

Дар марҳилаи мазкури рушди иқтисодӣ дар аксар корхонаҳо норасогии сармояи худӣ, барои амалӣ гардониданӣ лоиҳаҳои инноватсионӣ ба назар мерасад, механизми дастгирии давлатии чунин корхонаҳо бошад ҷой надорад.

Бинобар ин соҳибкории инноватсионӣ барои сармоягузори ватанӣ ва хориҷӣ ҳанӯз на он қадар ҷолиб боқӣ мемонад.

Дар марҳилаи мазкури рушди иқтисодӣ ҳамзамон бо дигаргунсозиҳои институтсионалӣ фаъолияти инноватсионӣ дар Тоҷикистон ҳал намудани масъалаи ба ҳам алоқаманди зерин зарур мебошад.

  1. Дар сатҳи давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва фаъолияти инноватсионӣ сиёсати самараноку ҳавасмандгардонидани қарздиҳӣ ва андозситонӣ ба амал бароварда шавад.
  2. Низоми бозории идоракунии фаъолияти инноватсионӣ дар мамалакат ташаккул дода шавад ва механизм ташаккули берун аз буҷавии фаъолияти инновасионӣ кор карда баромада шавад.

Ҳалли ин масъалаҳо таҳияи лоиҳаҳои афзалиятноки инноватсионӣ, муайян намудани соҳаҳо ва истеҳсолотӣ заминавӣ, ки муҳаррики тамоми иқтисодиёти мамалакат хоҳанд буд, ташаккули шароити ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ талаб менамояд. Ҳануз бозсозии сохтории саноат дар зинаҳои поёнӣ қарор дорад ва талаботҳои корхонаю ташкилотҳо ба маҳсулоти инноватсионӣ маҳдуданд. Барҳам додани ақибмондагии саноат, баланд бардоштани сатҳи илмӣ-техникии он танҳо тавассути гузаронидани иқтисодиёт ба роҳи инноватсионӣи тараққиёт ва ҳамзамон бунёд намудани шароит барои фаъолгардии инноватсионӣи корхонаҳо, ки дахлдори бунёдӣ ва амалиро дарбар мегиранд, ба амал тадбиқ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳо ва азхудкунии технологияҳои пешқадам имконпазир ҳоҳанд буд.

Манбаи муҳими рушди соҳибкории инноватсионӣ тайёр кардани муттахассисон барои фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ мебошад. Ҳалли ин масъалаи бунёди низомӣ бисёрзинагии тайёркунии муттахассисонро барои фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи илмӣ- техникӣ ва дар асоси мутобиқномаи амалиёти якҷояи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ташкил намудани такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи илмӣ-техникиро талаб менамояд.

Инчунин таҳияи консепсия ва коркарда баромадани асосҳои ҳуқуқии механизмҳои бунёди низоми бисёрзинагии тайёр кардани муттахассисон барои фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаҳои илмӣ- техникӣ ва саноатӣ талабкарда мешавад. Бунёд ва рушди низоми бисёрзинагии тайёркунии муттахассисон барои фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ, тайёр кардани нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои илмӣ, дастурҳои таълиӣ-методиро барои тайёркунӣ ва такмили ихтисоси муттахассисон оид ба масъалаҳои менеҷментӣ инноватсионӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ талаб менамояд.

Раванди инноватсионӣ бар фаъолияти инноватсионӣи ҷомеа асос меёбад ва зерсохтори лозимаи инноватсионӣро дар назар дорад. Унсури асосии зерсохтори инноватсионӣ ин сохтор кадрӣ, яъне муттахассисон барои фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва саноатӣ, мебошад.

Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣро дар шаклҳои маблағтаъминкунии барномаву лоиҳаҳои миллии инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва бунёд ва рушди субъектҳо зерсохтори фаъолияти инноватсионӣ, ҷойгиркунии дархости давлатӣ ба хариди маҳсулот дар натиҷаи фаъолияти инноватсионӣи истеҳсолкардашуда додани сабукиҳо ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ оид ба ситонидани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷаи давлатӣ ва ғайра ба амал баровардан мувофиқи мақсад мебошад.

Шарти муҳими иқтисодии рушди соҳибкории инноватсионӣ ин истифодаи низоми ҳавасманд гардонидани андозбандӣ, ки ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои субъектҳои соҳибкорӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани инноватсияҳо рӯй овардааст, мебошад. Истофодаи истеҳлоқи суръатноки қисми фаъоли фондҳои асосии истеҳсолӣ амалан гузаштест (сабукиест), ки бо камшавии ҳаҷми фоидаи андозбандишаванда дар натиҷаи афзоиши хароҷоти ба арзиши аслии маҳсулоти дохил кардашаванда алоқаманд мебошад. Азбаски чунин аст, пас ташаккули низоми нави истеҳлоқӣ ба талаботи қонунҳои иқтисодии хоҷагии бозаргонӣ ва ба механизми ҳавасмандгардонии соҳибкории инноватсионӣ мутобиқ хоҳад буд. Ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ бояд бо роҳи бунёди зерсохтори инноватсионӣ ва пурзӯркунии фаъолнокии инноватсионӣи субъектҳои соҳибкорӣ тараққӣ ёбад.

Ҳавасмандии асосии бавуҷудоӣ ва тараққии соҳибкории инноватсионӣ ташаккули зерсохтори давлатӣ мебошад. Азбаски чунин аст, пас давлат бунёди шабакаи марказҳои паҳнкунии инноватсияҳоро ва машварати ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ хизматрасонандаро ба ӯҳдаи худ мегирад. Аз дигар тараф, ташаккули соҳибкории инноватсионӣ мавҷудияти барномаи ояндагии рушди инноватсионӣи мамлакатро талаб намуда, вусъатёбии соҳаҳои мухталифи саноатро ҳавасманд мегардонад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222