Сиёсати миллии давлати Шӯрави ба ҳамдигар наздик кардани миллатҳо ва ташакули халки ягонаи сотсиалисти равона карда шуда буд.
Мувофики идеологияи ҳизби асоси маданияти давлати Шӯравиро шаклан милли ва мазмунан сотсиалисти ташкил медиҳад. Дар амал ин маънои муттаҳид кардани халкхоро дошт. Дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шурави забони руси-забони давлати эълон карда шуд. Тамоми чаласаю чамъомадҳо ба забони руси мегузаштанд. Забони руси муошираи байни миллатҳо буд. Аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯчонидани халку миллатҳо чой дошт, ки дар натича тоторҳои Қрим, як қатор халкҳои Кафкази Шимоли, Трукҳои масҳетию олмониҳои ҳавзаи Волга аз сарзамини таърихии худ кӯчонида шуданд. Дар солҳои 60-70-ум аз Россия ба ҷумҳуриҳои милли кӯчидани мардуми Россия сар шуд. Дар натича миллионҳо аҳолии русзабон берун аз сарзамини таърихии худ зиндаги мекарданд, ки ин дар худи Россия боиси ҳоли (беаҳоли) мондани ҳазорҳо нуктаҳои аҳолинишини Россия гардиданд ва ин ба иқтисодиёту маънавиёт бетаъсир намонд.
Аҳолии шаҳрҳои Осиёи Миёна, аз он чумла Точикистон асосан аз ҳисоби мардуми русзабон меафзуд. Дар ин кор асосан роҳбарони ҷумҳури саҳмгузор буданд. Мутахассисони инженери-техники аз байни аҳолии маҳал намерасиданд. Ба чои тайёр кардани мутахассисони маҳали ба корхонаҳои саноатии навбунёд аз Россия мутахассион даъват намуда, бо хонаву чой таъмин карда мешуданд. Инчунин дар бисёр мавридҳо барои таҳсил ба мактабҳои олии шаҳрҳои маракази ба чои кадрҳои маҳали, чавонони русзабон фиристода мешуданд. Чавонҳои маҳали аксар бекор мемонданд.
Солҳои 80-ум дар асоси накшаи махсус ба шаҳру деҳоти Россия сокинони Осиёи Миёна кӯчонда мешуданд. Ин икдом барои омезиши миллатҳои гуногун нигаронида шуда буд. Гарчанде, ки теъдоди аҳолии русзабон дар Тоҷикистон сол то сол зиёд мешуд ин ба таносуби умумии аҳолии ҷумҳури таъсир расонда наметавонист. Таносуби миллатҳои таҳҷои меафзуд.
Ба мақсади амали гаштани идеологияи коммунисти дар бораи ягонагии халки Шӯрави дар солҳои 80-ум масъалаи муҳоҷир кардани аҳолии таҳҷоии ҷумҳуриҳои милли бардошта шуд.
Тамоми ин икдомҳо норозигии миллатҳоро ба вуҷуд оварданд. Воқеъаҳои охири солҳои 80-ум дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, Кавказ,
Молдавия, вилояти Мухтори Куҳистони Карабог, шаҳодати тезу тунд гардидани масъалаи милли мебошанд, ки чораҷуи фавриро талаб мекарданд.
Тоҷикистон, ки нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо орому осоишта буд, гоҳ-гоҳ аз худ дарак медод. Соли 1989 дар сарҳади ноҳияи Исфара бо Боткенти Кириистон дар масъалаи тақсимоти замин нохушиҳо рух доданд.
Дар қисме аз шаҳрҳои Чумҳурии мухтори крим, шаҳрҳои ҷудогонаи Узбекистон аввалин гирдиҳамои ва намоишҳо ба амал омаданд. Дар баъзе мавридҳо ҳукумат маҷбур шуд, ки талаби мардумро иҷро кунад. Масалан солҳои 1977-1978 дар ҷумҳуриҳои Кавказ, Гурчистон ва Арманистон барои мақоми давлати гирифтани забонҳои гурчи ва армани мубориза бурда шуд, ки талаби онҳо иҷро гардид.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …