Сикхия яке аз динҳои миллии ҳинду ориёӣ ва яктопарастӣ буда дар асри XV м. ба вуҷуд омадааст. Он аввал ҳамчун як фирқаи ислоҳталаби ҳиндуия зуҳур карда, имрӯз ҳамчун дини алоҳида шинохта шудааст. Дини сикхия аз ҷавонтарин динҳои суннатӣ мебошад. Асосгузори он Нанак (1469-1538) аст. Ӯ аз аҳли Панҷоби Ҳиндустон аз оилаи тоҷири кашатри буд. Нанак дар ибтидо ба бисёре аз марказҳои динию мазҳабии Шарқи Наздик сафар карда, динҳои дигарро омӯхта буд.
Мувофиқи таълимоти Нанак Худои воҳид– Ҳаққ метавонад ба суратҳои гуногун, дар афкор ва эътиқодоти мухталиф зоҳир шавад. Худо дар саро– сари олами ҳастӣ ҳаст ва дар дили инсон ҷо дорад ва аз суханони ӯст, ки гуфта: «Худоро дар хориҷ аз дили худ ҷустуҷӯ накун, ӯ дар ҳама дилҳо мавҷуд аст ва ба василаи таълими муъаллим ба ӯ роҳ тавон ёфт». Вай ибодот ва маросимҳои зоҳирие, ки мӯъминони ҳинду ва мусалмон дар маъбадҳо ва масоҷид ба ҷо меоранд, қабул надорад ингуна маросимҳоро бе андеша ва фурӯ рафтан ба ёди Худо бефоида мешуморад.