Психология дар замони муосир худро ҳамчун илми мутараққӣ муар-
рифӣ намудааст. Аз он соҳаҳои
бешумор ҷудо шуда, ҳар яке дар самти худ то андозае му-
стақилона тадқиқоти илмӣ мебарад. Суръати ташаккули
ин илм имконият додааст, ки тақрибан дар ҳар 4 – 5 сол
самт ё соҳаи нави он ба вуҷуд меояд. Ҳамаи инро ба назар
гирифта истода, месазад, ки на дар бораи психология
ҳамчун як илм, балки ҳамчун комплекси илмҳои психо-
логӣ сухан ронем.
Якчанд кӯшишҳои таснифоти соҳаҳои илмҳои психо-
логӣ мавҷуданд. Намояндаи муосири психологияи рус
Р.С. Немов тамоми соҳаҳои ин илмро ба соҳаҳои фунда-
менталӣ, амалӣ, умумӣ ва махсус ҷудо менамояд. Ба
ақидаи вай, соҳаҳои фундаменталӣ ё базавии психология
дар фаҳмиш ва шарҳ додани рафтори одамон новобаста аз
кӣ ва ба кадом фаъолият машғул буданашон аҳамияти бу-
зург доранд. Соҳаҳои амалӣ гуфта, ӯ соҳаҳоеро меномад,
ки дастовардҳои онҳо дар амалия истифода мешаванд.
Соҳаҳои умумӣ масъалаҳои барои тамоми соҳаҳо муҳим-
ро пайдо ва ҳал менамоянд ва соҳаҳои махсус бошанд
масъалаҳоеро баррасӣ мекунанд, ки ба омӯзиши як ё
гурӯҳи ҳодисаҳо равона гаштаанд.
Дар илми муосир таснифоти пешниҳоднамудаи пси-
хологи шинохтаи рус А.Р. Петровский низ васеъ дар ис-
тифода қарор дорад. Вай дар таснифоти соҳаҳои психоло-
гия се меъёри асосиро ба эътибор мегирад:
а) фаъолияти мушаххас;
б) инкишофи психика;
в) муносибати шахс ва ҷамъият.
Агар меъёри аввалро ба эътибор гирем, пас як қатор
соҳаҳоро ҷудо намудан мумкин аст, ки масъалаҳои психо-
логии намуди мушаххаси фаъолияти одамро меомӯзанд,
аз қабили: психологияи педагогӣ, психологияи тиббӣ,
психологияи ҳуқуқ, психологияи судӣ, психологияи ҳарбӣ,
психологияи муҳандисӣ ва меҳнат, психологияи варзиш ва
ғайра.
Агар ҳангоми таснифот ҷанбаҳои психологии та-
раққиёту инкишофро ба назар гирем, он гоҳ чунин соҳаҳо
ба миён меоянд: психологияи муқоисавӣ ё зоопсихология,
психологияи синнусолӣ.
Ҳангоми ба эътибор гирифтани ҷанбаҳои психоло-
гии муносибат ду шохаи соҳаҳоро фарқ намудан мумкин
аст: психологияи фард ва психологияи иҷтимоӣ.
Ба сифати соҳаи умумиятдиҳанда ва муттаҳидсо-
зандаи ин комплекси илмҳои психологӣ психологияи уму-
миро фарқ кардан мумкин аст.
Психологияи умумӣ маъалаҳои методологии
тадқиқоти психологӣ, таърихи психология, қонуниятҳои
умумии тараққиёту зуҳуроти психика ва масъалахои дига-
ри барои ҳамаи соҳаҳои психология умумиро мавриди
омӯзиш қарор медиҳад. Психологияи умумӣ ҳар як шакли
зуҳуроти психика: раванд, ҳолат, хусусият ва ҳар як зуҳу-
роти мушаххаси психологиро дар алоҳидагӣ ва дар
алоқамандӣ бо зуҳуроти дигари психологӣ меомӯзад.
Соҳаҳои дигари илми психологияро чунин тавсиф
намудан мумкин аст:
Психологияи педагогӣ. Он масъалаҳои психологии
раванди таълиму тарбияро дида мебарояд, психологияи
хонанда ва муаллимро омӯхта истода, усулҳои самара-
бахши пешниҳоди дарс ва роҳҳои беҳтарини азхуднамоии
онро тавсия медиҳад. Психологияи педагогӣ дар навбати
худ, аз зерсоҳаҳои психологияи таълим, психологияи тар-
бия, психологияи муаллим, психологияи корҳои таълимӣ-
тарбиявӣ бо кӯдакони аномалӣ таркиб ёфтааст.
Психологияи тиббӣ. Ин соҳа масъалаҳои муносибати
байни бемору табиб, муҳити психологии беморхона, пси-
хологияи корманди тиб ва беморони гуногунро омӯхта,
зерсоҳаҳои зеринро дар бар мегирад: нейропсихология ё
психофизиология, психофармакология, психотерапия,
психопрофилактика ва психогигиена.
Психологияи ҳуқуқ масъалаҳои психологии вобаста
ба амалигардии системаи ҳуқуқро мавриди баррасӣ қарор
медиҳад. Он аз зерсоҳаҳои психологияи судӣ, психологияи
криминалӣ ва психологияи пенитенсиарӣ ё психологияи
ислоҳоти меҳнатӣ иборат аст.
Психологияи ҳарбӣ рафтори одамро дар шароити
амалиёти ҷангӣ, масъалаҳои психологии хизмати ҳарбӣ,
муносибати байни аскарону афсарон, усулҳои психологии
ташвиқу тарғиб, аксулташвиқот, масъалаҳои психологии
идораи техникаи ҳарбӣ ва ғайраро меомӯзад.
Психологияи меҳнат ва муҳандисӣ хусусиятҳои пси-
хологии намудҳои мухталифи фаъолият, масъалаҳои ин-
тихоби тахассус, ҷобаҷогузории кадрҳо, муҳити психоло-
гии корхона, кор бо дастгоҳҳои гуногун, шароити кор ва
ғайраро дида мебарояд. Он бо соҳаҳои дигари психоло-
гия, ба монанди психологияи ташхиси меҳнат, психоло-
гияи маълумоти касбӣ – техникӣ, психологияи ташкили
илмии меҳнат ва психологияи ҳавонавардӣ алақаи зич до-
рад.
Психологияи варзиш хусусиятҳои психологии шахси-
ят ва фаъолияти варзишгарон, шароит ва воситаҳои пси-
хологии тайёрии онҳо, омилҳои психологии алоқаманд бо
ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзиширо
меомӯзад.
Психологияи савдо. Ин соҳа шароитҳои психологии
таъсири реклама, хусусиятҳои инфиродӣ ва синнусолии
эҳтиёҷот, омилҳои психологии хизматрасонӣ ба мизоҷон,
масъалаҳои психологии муд ва монанди инҳоро мавриди
баррасӣ қарор медиҳад.
Психологияи эҷодиёти илмӣ хусусиятҳои шахсияти
эҷодкор ё кашшоф, омилҳои ангезандаи фаъолии эҷодӣ,
нақши фаросат (интуитсия) дар амалинамоии кашфиёти
илмиро меомӯзад. Дар таркиби ин соҳа эвристикаро фарқ
мекунанд, ки вазифаи он аз омӯзиши қонуниятҳои ҷара-
ёнҳои эвристикии фаъолияти эҷодӣ ва коркарди методҳои
идоранамоии раванди эвристикӣ иборат аст.
Психологияи эҷодиёти бадеӣ масъалаҳои психологии
эҷодиётро дар соҳаҳои адабиёт ва санъат дида мебарояд.
Психологияи тарбияи ахлоқӣ. Ин соҳа низ бешубҳа
аҳамияти муҳимро соҳиб аст, вале айни ҳол нисбатан кам
омӯхта шудааст.
Психологияи синнусолӣ онтогенези ҷараёнҳои мухта-
лифи психикӣ ва хусусиятҳои психологии одами мута-
раққиро омӯхта истода, ба психологияи кӯдакон, психо-
логияи наврас, психологияи давраи ҷавонӣ, психологияи
давраи камолот ва геронтопсихология ҷудо мешавад.
Психологияи ташаккули аномалӣ ё психологияи мах-
сус аз чунин қисматҳо таркиб ёфтааст: патопсихология, ки
тамоюлҳоро дар инкишофи психикӣ меомӯзад; олигофре-
нопсихология, ки патологияи инкишофи психикии
алоқаманд бо ноқисиҳои модарзодии мағзро баррасӣ ме-
кунад; сурдопсихология, ки психологияи ташаккули кӯда-
кро ҳангоми ноқисиҳои узви шунавоӣ меомӯзад ва тифло-
психология, ки психологияи инкишофи сустбиноён ва
нобиноёнро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Психологияи муқоисавӣ ё зоопсихология соҳаи илми
психология мебошад, ки масъалаҳои вобаста ба намудҳои
филогенетикии ҳаёти психикиро баррасӣ намуда, психи-
каи ҳайвон ва одамро бо мақсади дарёфти қонуният ва
механизмҳои инкишофи таърихии психика муқоиса мена-
мояд.
Психологияи иҷтимоӣ зуҳуроти психикиеро
меомӯзад, ки дар ҷараёни ҳамкории одамон дар гурӯҳҳои
мухталифи муташаккилу номуташаккили иҷтимоӣ ба
вуҷуд меоянд. Ба сохтори психологияи иҷтимоӣ дар айни
замон се гурӯҳи масъалаҳо шомиланд: зуҳуроти иҷтимоӣ –
психологӣ дар гурӯҳҳои калон (макромуҳит); зуҳуроти
иҷтимоӣ – психологӣ дар гурӯҳҳои хурд (микромуҳит); ва
зуҳуроти иҷтимоӣ – психологии шахсияти одам (психоло-
гияи иҷтимоии шахсият).
Психологияи фардият зуҳуроти психикии ба фард
хосбударо меомӯзад.
Психологияи генетикӣ механизмҳои ирсии психика ва
рафтор, вобастагии онҳоро аз генотип дида мебарояд.
Психологияи тафриқавӣ фарқияти инфиродии ода-
мон, заминаҳои онҳо дар ҷараёни шаклгирӣ ва ғайраро
баррасӣ менамояд.
Психологияи менеҷмент ё психологияи идоракунӣ
масъалаҳои психологии идораи намудҳои мухталифи
фаъолияти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, психологияи роҳбарӣ ва
шахсияти роҳбар, инчунин психологияи муоширати кори-
ро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Қайд намудан лозим аст, ки психология дар тамоми
соҳаҳои худ предмети тадқиқотиашро ҳифз менамояд ва
бо вуҷуди сершоха будан ба мустақилияту ягонагиаш ха-
лале ворид намесозад.
Tags Психология
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …