Зери мафҳуми сохти гурӯҳи хурд,
сохт ва хусусиятҳои мавҷудаи му-
носибатҳои байниҳамдигарии аъзо-
ёни он дар назар дошта мешавад.
Дар навбати худ сохт ва муносибатҳои байниҳам-
дигарии аъзоёни гурӯҳ бо мафҳумҳои зерин тавсиф дода
мешаванд: композитсия, роҳҳои алоқабарқароркунӣ, тар-
киб ва тақсими нақшҳо, намудҳои вазифаҳои гурӯҳ, сар-
варӣ ва муносибатҳои шахсӣ.
Композитсия – ин ҳайати гурӯҳи хурд мебошад, ки
аз рӯи тавсифдиҳандаҳои фардию психологии аъзоёни он
муайян карда мешавад. Агар аъзоёни гурӯҳ вобаста ба
хусусиятҳои психологиашон ба ҳамдигар монанд бошанд,
ин гуна гурӯҳ аз рӯи композитсияаш яктаркиба (гомогенӣ)
номида мешавад; агар аъзоёни гурӯҳ вобаста ба хусуси-
ятҳои психологиашон аз ҳамдигар фарқ кунанд, ин гуна
гурӯҳ аз рӯи композитсияаш гуногунтаркиба (гетерогенӣ)
маҳсуб меёбад.
Вобаста ба яктаркиба ё гуногунтаркиба будани
гурӯҳ композитсияи онро аз рӯи хусусияти дилхоҳи пси-
хологӣ баҳо додан мумкин аст. Дар воқеъ, ин гуна
баҳодиҳӣ одатан аз рӯи хусусиятҳои психологии барои
муттаҳидии гурӯҳ, барои байни аъзоёни гурӯҳ барпо
намудани муносибатҳои хуби шахсӣ ва корӣ, барои ба-
ланд бардоштани маҳсулнокии фаъолияти корӣ ва ғ.
муҳим амалӣ карда мешавад. Ҳолати ба композитсия
наздик, мувофиқат ё номувофиқии психологии гурӯҳ ба
шумор меравад.
Мувофиқати психологӣ хоси гурӯҳеро мебошад, ки
аъзоёни он бо зудӣ бо ҳамдигар унс гирифта, дар ҳалли
масъалаҳои гуногун бо осонӣ бо ҳам забон меёбанд, муд-
дати тӯлонӣ бе ихтилоф аҳлона кору фаъолият менамо-
янд. Аз нигоҳи психологӣ гурӯҳҳои яктаркиба аз рӯи ком-
позитсияашон нисбат ба гурӯҳҳои гуногунтаркиба бештар
бо ҳам мувофиқанд.
Роҳҳои алоқабарқароркунӣ гуфта робитаҳои бай-
нишахсии аъзоёни
гурӯҳро меноманд, ки тавассути онҳо маълумотҳои
гуногун байни ҳамдигар раду бадал карда мешавад. Миё-
ни сохти гуногуни роҳҳои алоқабарқароркунӣ робитаҳои
типикии аз нуқтаи назари амалия ва назарияи фаъолияти
гурӯҳҳои хурд ҷолибро ҷудо кардан мумкин аст.
Дар нақшаи 3 ду сохти асосии роҳҳои алока-
барқароркунӣ: А мар казонидшуда, Б марказо нидана-
шуда дар се шакл тасвир карда шудааст. Сохти марказо-
нидашуда бо он тавсиф дода мешавад, ки дар он ахбор
байни аъзоёни гурӯҳ тавассути яке аз онҳо паҳн карда ме-
шавад. Сохти роҳи ғайримарказонидашуда бошад, мар-
кази ягонаи хабарпаҳнкунӣ надорад.
Сохти марказонидашуда дар навбати худ ба се сох-
ти аз ҳамдигар фарқкунанда тақсим мешавад: а) рӯ ба рӯ,
б) радиалӣ ва в) иерархӣ. Сохти рӯ ба рӯ бо он фарқ меку-
над, ки ҳатто аъзоёни дар шафати ҳамдигар буда ҳам им-
конияти бо якдигар муошират карданро надоранд ва ин
амалро онҳо танҳо тавассути як нафар, масалан, роҳбар ё
сарвар анҷом дода метавонанд. Дар сохти радиалии
алоқабарқароркунӣ низ ахборот тавассути як нафар паҳн
мешавад ва фарқият дар он аст, ки аъзоёни гурӯҳ ба ҳам-
дигар маълумот дода истода, ҳамдигарро метавонанд
набинанд ё нашиносанд. Сохти иерархии алоқабарқарор-
кунӣ бо он фарқ мекунад, ки дар он ахборот ё аз боло ба
поён, ё аз поён ба боло зина ба зина нақл карда мешавад.
Масалан, агар аъзои гурӯҳи зинаи 1 роҳбар ё сарвар
бошаду дар зинаи 2 ҷонишин ё ёрдамчии ӯ истад, он гоҳ
аъзоёни боқимондаи дар зинаи 3 ҷойгиршуда бо роҳбар
танҳо тавассути ҷонишин ё ёрдамчии ӯ робита карда ме-
тавонанд.
Сохти марказониданашудаи усулҳои
алоқабарқароркунӣ низ се шаклро доранд: а) занҷиравӣ,
б) давравӣ, в) пурра. Шакли занҷирӣ бо он тавсиф дода
мешавад, ки дар он ахборот танҳо ба як самт аз як нафар
ба нафари дигар дода мешавад. Дар айни ҳол маълумоти
нақл намудаи шахс такроран ба худи ӯ барнамегардад.
Дар шакли давравӣ бар хилофи шакли занҷирӣ маълумот
ба таври даврӣ нақл шуда, ба худи ҳамон як аъзо чандин
маротиба баргашта метавонад. Ниҳоят, шакли пурра бо
он фарқ мекунад, ки дар он аъзоёни гурӯҳ ба ҳамдигар
озодона маълумот дода метавонанд.
Нақши шахс дар гурӯҳ ё нақши умумии гурӯҳҳо
гуфта, он чизеро меноманд, ки аъзои гурӯҳ дар ҷараёни
фаъолияти якҷоя бояд онро иҷро намояд. Нақшҳо вобаста
ба шумораи аъзоёни гурӯҳ, хусусият ва шартҳои иҷрои
фаъолият гуногун мешаванд. Нақшҳо байни аъзоёни
гурӯҳ тарзе тақсим карда мешаванд, ки гурӯҳ дар якҷоягӣ
аз ӯҳдаи иҷрои супориши ба дӯш доштааш барояд. Ҳар як
аъзо бояд нақши худро хуб донад ва дар бораи нақши ди-
гарон маълумоти кофӣ дошта бошад. Нақшҳо байни аъзо-
ёни гурӯҳ зимни ихтиёрӣ, ба таври қарори қабулкардаи
гурӯҳ ё бо тавсияи роҳбар тақсим карда мешавад. Ҳамин
тариқ, гурӯҳҳои гуногун аз ҳамдигар на танҳо аз рӯи шу-
мораашон, балки аз рӯи тақсимоти нақшҳо низ фарқ ме-
кунанд.
Масъалаҳои ҳал менамудаи гурӯҳҳо низ, гуногун
мешаванд. Намудҳои зерини масъалаҳоро аз ҳам фарқ ме-
кунанд: тақсимшаванда, тақсимнашаванда, дизъюнктивӣ,
конъюнктивӣ.
Масъалаҳои тақсимшаванда гуфта, масъалаҳоеро
меноманд, ки байни аъзоёни гурӯҳ тақсим кардани он им-
конпазир аст ва ҳар як аъзои гурӯҳ имконияти мустақило-
на, ба ҳам таъсирнарасонда ҳал намудани онро дорад. Ин
гуна масъалаҳо одатан ба гурӯҳҳои коактивӣ хос мебо-
шад. Масъалаҳои тақсимнашавандаро бошад байни аъзо-
ёни гурӯҳ тақсим кардан ғайриимкон аст. Онро бояд
ҳамаи аъзоёни гурӯҳ дар якҷоягӣ бо иҷрои нақшҳои ҷудо-
гона ва боҳамтаъсирасонанда ҳаллу фасл намоянд.
Масъалаҳои мазкур бештар дар гурӯҳҳои интерактивӣ ди-
да мешаванд.
Дизъюнктивӣ – ин масъалаҳое мебошанд, ки агар аз
ҳамаи аъзоёни гурӯҳ ақаллан як нафар онро ҳал намояд,
вай аз ҷониби тамоми гурӯҳ ҳал кардашуда ҳисобида ме-
шавад. Конъюнктивӣ – ин масъалаҳое мебошанд, ки дар
сурати аз ҷониби ҳамаи аъзоёни гурӯҳ ҳал накардан, вай
ҳалношуда ҳисобида мешавад. Агар аксарият ҳал намоян-
ду як нафар аз ӯҳдаи ҳалли он набарояд, масъала ҳално-
шуда ҳисобида мешавад.
Гурӯҳҳои хурдро аз рӯи характер ва усули сарварӣ
ва аз рӯи муносибати сарвар бо аъзоёни гурӯҳ, аз ҳам-
дигар фарқ мекунанд. Масалан, гурӯҳҳое мавҷуданд, ки
дар онҳо фақат як нафар шахси соҳибэҳтиром сарвари
комил аст; гурӯҳҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки онҳо ду
ва ё зиёда сарвар доранд. Муносибати байниҳамдигарии
ин сарварҳо аз ҳамкорию мувофиқат то ихтилофу ни-
зоъҳоро дар бар мегирад. Усули роҳбарии сарварҳо низ
гуногун шуда метавонад: авторитарӣ, демократӣ ва либе-
ралӣ. Худи сарварҳо низ вобаста ба хусусиятҳои фардии
худ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ карда метавонанд. «Сар-
варӣ ин равандест, ки дар рафти он шахси алоҳида ба ди-
гар аъзоёни гурӯҳ баҳри расидан ба мақсадҳои гурӯҳ,
кӯмак мерасонад».
Дар гурӯҳ муносибатҳои байнишахсӣ дар шаклҳои
зерин амалӣ мегардад: шахсӣ ва корӣ, расмӣ ва ғайрирас-
мӣ, координатсионӣ ва субординатсионӣ, ратсионалӣ ва
эмотсионалӣ. Гурӯҳҳои хурд вобаста ба сохт ва хусуси-
ятҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар баъзе гурӯҳҳо
муносибати шахсӣ, дар дигараш муносибати корӣ ва дар
сеюмаш муносибатим расмӣ ва ғ. бартарӣ дорад.
Ҳар як гурӯҳи хурд феноменологияи ба худ хосро
доро мебошад. Дар қатори он ҳодисаҳое, ки психологон
ҳангоми омӯзиши гурӯҳҳои хурд қайд кардаанд, ба мо-
нандӣ: сарварӣ, муносибатҳои байнишахсӣ, муташаккилӣ,
мувофиқати психологӣ ва ғ., ҳамчунин қоида ва меъёрҳои
умумигурӯҳӣ, қарор, мавқеи гурӯҳӣ, фишороварии гурӯҳӣ,
мухолифати гурӯҳӣ, муҳити психологӣ ва шароитҳои са-
марабахши фаъолияти гурӯҳиро аз ҳам фарқ мекунанд.
Меъёрҳои гурӯҳӣ гуфта, қоидаҳоеро меноманд, ки
онҳо асоси мавҷудияти гурӯҳро ташкил медиҳанд. Ин қо-
идаҳо паҳлӯҳои гуногуни сохт ва фаъолияти гурӯҳ: ҳайат
ва тақсимоти нақшҳо, рафтори сарвар, ва аъзоёни
боқимондаи гурӯҳ; муносибатҳои шахсӣ ва кории онҳоро
фаро гирифта метавонад. Одатан, дар гурӯҳҳои навташ-
кил ҳеҷ гуна меъёрҳои гурӯҳи вуҷуд надорад. Ин гуна
меъёрҳо дар баробари тараққиёти гурӯҳ пай дар пай гирд
омада устувор мешаванд. Дар гурӯҳҳои олитараққӣ, хусу-
сан коллектив, ин гуна меъёрҳо ҳатман мавҷуданд. Асоси
мавҷудият ва ба рафтори аъзоёни гурӯҳ таъсир расонида-
ни онҳо дар он зоҳир мешавад, ки аъзоёни гурӯҳ ин
меъёрҳоро қабул доранд ё надоранд ва дар муносибатҳои
байниҳамдигарӣ онро риоя мекунанд ё не. Он чизе, ки аз
ҷониби аксарият ё ҳама риоя карда мешавад, одатан ба
меъёри гурӯҳ мувофиқат мекунад; он чизе ки аксарият ё
ҳама онро рад мекунанд, ба меъёрҳои муайяннамудаи
гурӯҳ мувофиқат намекунад. Чун қоида, ҳамон нафаре
сарвари гурӯҳ мешавад, ки рафтори ӯ нисбат ба дигарон
доштаба меъёрҳои гурӯҳ бештар мувофиқат мекунад. Дар
баробари ин, худи сарвар агар дар гурӯҳи мазкур мавқеи
ифтихорӣ дошта бошад, ӯ меъёрҳои нави гурӯҳро тартиб
дода метавонад.
Меъёрҳои дохилигурӯҳӣ бо қарорҳои аз ҷониби
гурӯҳ қабулшаванда алоқаи зич дорад. Зери ин мафҳум
таъсири мусбат ё манфии ба ҳамдигар расонандаи аъзоёни
гурӯҳ дар назар дошта мешавад. Қарорҳои мусбат нишо-
наи дастгирӣ, эътирофнамоӣ, писандидан, боло бурдани
мавқеъ ва амалҳои дигар аст, ки нисбати шахси дахлдор
қабул карда мешавад. Қарорҳои манфӣ нишонаи эътироз,
паст задан, дастгирӣ накардан, дар
робита нашудан ва ғ. нисбати шахси дахлдор мебо-
шад.
Маҷмӯи қарорҳои дар гурӯҳ қабулшаванда бо
меъёрҳои ахлоқии он алоқаманд буда, пеш аз ҳама ба
шахсоне дахл дорад, ки бо амалу рафтори худ ин
меъёрҳоро ё дастгирӣ мекунанд ё ба он мухолифат мена-
моянд.
Мавқеъ гуфта, мақоми ишғолкардаи ин ё он аъзои
гурӯҳро меноманд. Айни замон на мақоми расмии ишғол-
кардаи ин ё он аъзои гурӯҳ, балки мақоми ғайрирасмии ӯ
дар сохти муносибатҳои шахсӣ, ғайрирасмӣ ё эмотсиона-
лии байниҳамдигарии дохилигурӯҳӣ дар назар дошта
шудааст. Ҳамин тариқ, шахс дар гурӯҳ ҳамон вақт мақоми
баландро соҳиб мешавад, ки агар ӯро ҳурмату эҳтиром ва
эътироф кунанд, дӯст доранд ва бо ӯ хушу гуворо муноси-
бат намоянд. Шахсе соҳиби мақоми паст мешавад, ки
соҳибэҳтиром нест, аз ҷониби аъзоёни гурӯҳ қадр карда
намешавад ва ӯро дӯст намедоранд. Одатан сарварон до-
рои мақоми аз ҳама баланданд, мақомҳои миёнаю поёнӣ
вобаста ба муносибат ва рафтори аъзоёни гурӯҳ байни
онҳо тақсим карда мешавад. Ҳар як аъзои гурӯҳ мақоми
хоси худро дорад, вале он доимӣ нест: бо мурури замон
тағйир ёфта, гоҳе баланд ва гоҳе паст мешавад.
Мақом ё мавқеи шахсро бо ёрии методҳои сотсио-
метрӣ муайян мекунанд. Бо ёрии тестҳои мазкур муноси-
бати байниҳамдигарии аъзоёни гурӯҳ, вазъӣ дохилии он
ва ғ. омӯхта мешавад.
Муташаккилии гурӯҳ – ин тавсифдиҳандаи муноси-
батҳои кории аъзоёни гурӯҳ, ӯҳдабароӣ, ба хусусияти
масъалаи муҳокимашаванда ва шароитҳои фаъолият му-
тобиқ шуда тавонистани онҳо мебошад. Гурӯҳ ҳамон вақт
муташаккил ҳисобида мешавад, ки агар супоришҳои ба
ӯҳда доштаи гурӯҳ байни аъзоёни он возеҳу равшан
тақсим шуда бошад, шахсони алоҳида бо маҳорати баланд
ба ҳамдигар кӯмак расонида тавонанд, дар вазъиятҳои
фавқулоддаи зарурӣ аз ӯҳдаи бо зудӣ иваз кардани
нақшҳои ҳамдигар бароянд ва самаранокии баланди
фаъолияти гурӯҳӣ таъмин карда шавад.
Фишороварии гурӯҳӣ гуфта, таъсиррасонии психо-
логии аъзоёни гурӯҳро ба аъзо ё аъзоёни алоҳида мено-
манд. Масалан, аксарияти аъзоёни гурӯҳ ҳалли ин ё он
масъаларо тарафдорӣ намуда, ақаллиятро маҷбур мена-
моянд, ки ин қарорро дастгирӣ намоянд. Аксарияти аъзо-
ёни гурӯҳ дар ин ё он вазъият ба қароре омада, ақалли-
ятро маҷбур менамоянд, то ки онҳо низ чунин рафтор ку-
нанд. Масъалаи фишороварии гурӯҳӣ бо ҳодисаи кон-
формизм алоқаманд мебошад.
Мухолифати гурӯҳӣ инъикоскунандаи ҳолате мебо-
шад, ки дар он фикру ақидаи аъзоёни гурӯҳ аз рӯи ин ё он
масъала куллан бо ҳам мувофиқ намеояд ва аъзоёни гурӯҳ
ба зергурӯҳҳое тақсим мешаванд, ки ҳар яки он андешаи
ба ақидаи зергурӯҳи дигар муқобилро пуштибонӣ мена-
мояд. Дар ин гуна ҳолат зергурӯҳи созишкунанда вуҷуд
дошта наметавонад, зеро вазъияти баамаломада касеро
бетараф намемонад.
Мафҳуми муҳити психологии гурӯҳ дар адабиётҳои
илмию адабӣ
хело зиёд истифоа шуда бошад ҳам, ба як маъно
таъриф дода нашудааст. Дар маҷмӯъ зери мафҳуми муҳи-
ти психологии гурӯҳ баъзе умумиятҳои психологии аъзоё-
ни гурӯҳ ва муносибатҳои онҳо фаҳмида мешавад. Муҳи-
ти психологӣ мусоид (солим) ва номусоид (носолим)-ро
фарқ мекунанд.
Муҳите, ки дар он аъзоёни гурӯҳ имконияти
ҳамаҷониба нишон додани худро доранд, муҳити мусоид
ва дар акси ҳол муҳити номусоид номида мешавад. Ҳан-
гоми мавҷудияти муносибатҳои хуби шахсию корӣ дар
гурӯҳ муҳити психологӣ ҳамчун муҳити солим ва дар ҳо-
лати баръакс, ҳамчун муҳити носолим арзёбӣ карда меша-
вад. Маълум аст, ки гурӯҳи дараҷаи тараққӣёташ олӣ –
коллектив дорои муҳити мусоиду солими психологӣ буда,
гурӯҳи тараққиёташ паст бошад, дорои муҳити номусоиду
носолим мебошад.
Бо вуҷуди ин, ҳангоми муайян кардани муҳити пси-
хологии гурӯҳ ва кушодани моҳияти он хусусан, ҳангоми
истифодаи методҳои муайяни омӯзиш маълум мешавад,
ки муаллифону тадқиқотчиён муҳити психологиро ба та-
ври гуногун шарҳу эзоҳ додаанд. Масалан, иқтисодчиён
ҳангоми омӯзиши муҳити психологии гурӯҳ ҳатман ба
ҷанбаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносон ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ,
ҷомеашиносон ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти умуми-
гурӯҳӣ эътибор додаанд. Дар навбати худ, психологон
ҳангоми тадқиқи муҳити психологии гурӯҳ ба меъёрҳои
дохилигурӯҳӣ – муносибатҳои байнишахсии аъзоёни
гурӯҳ такя намудаанд. Аз ин рӯ, айни замон таърифи яго-
наи мафҳуми муҳити психологӣ вуҷуд надорад.
Зери шарти маҳсулнокии фаъолияти умумигурӯҳӣ
тавсифи хусусияту ҳолатҳое фаҳмида мешавад, ки муваф-
фақиятнокии фаъолияти гурӯҳ аз он вобаста мебошад. Ба
ин сохт хусусиятҳои гурӯҳие, ки мо дар оғози ин параграф
дида баромадем: ҳаҷм, композитсия, усулҳои робитана-
моӣ, шаклҳои масъалаҳои гурӯҳӣ, сарварӣ ва муноси-
батҳои байнишахсӣ дохил мешавад. Вобаста ба он ки ма-
фҳуми гурӯҳ чиро ифода мекунад, дар кадом шароит
фаъолият дорад, чӣ гуна масъалаҳои мушаххасро ҳал ме-
намояд, шарту шароити маҳсулнокии он гуногун шуда ме-
тавонад. Дар асоси тадқиқотҳои гузаронидашуда, ме-
тодҳои зиёди омӯзиши амалии кор бо гурӯҳҳо тартиб дода
шудаанд, ки имкониятҳои боло бурдани маҳсулнокии
фаъолияти гурӯҳиро шарҳу эзоҳ медиҳанд. Инҳо брейнс-
торгминг, синектика ва методи психотерапияи гурӯҳӣ ме-
бошад.
Брейнсторминг гуфта, усули ташкил намудани кор-
бурди гурӯҳиеро меноманд, ки барои баланд бардоштани
маҳсулнокии фаъолияти гурӯҳӣ ва бартараф намудани
камбудиҳои халалрасонандаи бо мушкилиҳои муноси-
батҳои байнишахсӣ алоқаманд равона карда шудааст.
Ҳангоми истифодаи техникаи бренсторминг байни ҳар як
аъзои гурӯҳ иҷрои нақшҳои танқидгарон, судяҳо, мас-
лиҳатдиҳандагон, иҷрокунандагон ва ғайра возеҳу равшан
тақсим карда мешавад. Хар як аъзои гурӯҳ нақши худро
иҷро карда истода, ҳақ надорад, ки аз доираи фаъолияташ
берун барояд. Иҷрои нақшҳо аз рӯи нақшаи муайяни пе-
шакӣ тарҳрезишуда сурат гирифта, амалҳои паст задан,
таҳқир кардан ва ба иззати нафси ҳамдигар расидан
қатъиян манъ карда мешавад.
Техникаи синетикӣ гуфта, ташкили фаъолияти
якҷояи гурӯҳиеро меноманд, ки ҳайати он бомақсад ва
бошуурона аз шахсони хусусиятҳои фарқкунандаи психо-
логӣ дошта таркиб дода шудааст. Дар ҷараёни кор кӯшиш
карда мешавад, ки барои ҳалли масъалаи пешниҳодша-
ванда, иштирокчиёни он андешаҳои гуногунро иброз до-
ранд ва пуштибонӣ намоянд. Тахмин карда мешавад, ки
бо ин восита роҳи дурусти ҳалли масъаларо ёфтан осон-
тар мешавад.
Психотерапияи умумигурӣҳӣ гуфта, методеро мено-
манд, ки дар ҷараёни он психолог ё психотерапевт бо
гурӯҳи одамони ба ёрии ӯ эҳтиёҷманд кор мебарад. Дар
айни ҳол бо мақсади таъсиррасониҳои психотерапевтӣ
донишҳои аз омӯзиши гурӯҳҳои хурд бадастомада исти-
фода бурда мешавад.
Муаллифони аввалини табобати психотерапевтӣ
ҳамон тадқиқотчиёне ба шумор мераванд, ки аввалин
шуда ба омӯзиши протсессҳои психологии гурӯҳҳои хурд
даст заданд. Айни замон намудҳои гуногуни табобати
психотерапевтии гурӯҳӣ маъмуланд ва онҳо: Т-гурӯҳҳо,
гешталтгрӯҳҳо, гурӯҳи терапияи ҷисмонӣ, гурӯҳи тера-
пияи биховериалӣ, гурӯҳи терапияи санъат ва ғайра.