Главная / Илм / Сохти идораи Маъмури-Сиёси.

Сохти идораи Маъмури-Сиёси.

То охири солҳои 60-уми асри XIX дар худуди Бухорои Шарки якчанд ҳокимияти феодалии мустакилу ниммустакил вучуд дошт, ки бо мурури замон ба табиати аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуданд. Ба онҳо ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон аз чумла Ҳисор, Кулоб, Қабодиён, Қабодиён. Қаротегину Давоз дохил мешуданд. Ҳокимият дар ин мулкҳо ба таври мероси баякдигар мегузашт. Ҳокимияти идоракуни воситаи асосии истисмор ва пахш намудани муборизаҳои меҳнаткашон ба шумор мерафт. Баъди ҳамроҳ ва ё истило шудани ин ноҳияҳо бо ҳайати идораи маъмурии онҳо дигаргуниҳо дохил карда шуданд, тамоми аморат ба бекигариҳо тақсим шуда буд. Дар минтақаҳои ҳозираи Чанубу Шарки ва Марказии Точикисн чунин бекигариҳо вучуд дошт: Ҳисор, Қуронтеппа, Қабодиён, Кулоб, Балчувон. Қаротегину Дарвоз. Акнун баъди истило намудани ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикисон аморати Бухоро дар чашми мардуми мусулмон Осиёи Миёна давлати ба обру мешуморид, чунки заминҳои зиёде аз ҷумла аз Ҳисор-3000 кв.верст, аз Кулоб-475,0 кв.верст аз Қаротеғин- 9800 кв.верст аз Дарвоз16875 кв.верст замин ба даст овард.
Дар солҳои баъд аз истилоҳ намудани кисмати Бухорои Шарки аҳолии Бухоро ба 2 млн.500 ҳазор расида буд. Аз ин микдор 250 ҳазорашро аҳолии шаҳр ташкил медод.
Бекигариҳои истилошуда аз чумла Кулоб бо 25 ҳазор. Қуронтеппа ба 4 ҳазор, Дарвоз бо 3 ҳазор ва Қабодиёнро бо 1 ҳазор нафар аҳолиашон ба ҳайати аморат дохил шуда буданд. Якчанд маҳаллаҳои алоҳидаи аҳолинишин вучуд доштанд, ки дар ҳайёти икиодии Бухорои Шарки накши муайянро бозиданд. Ба ин маҳаллаҳо Душанбе бо 28 ҳазор хона ва Регар бо 7 ҳазор хона дохил мешуданд.
Шаҳрҳои Бухорои Шарки на фақат аз шаҳрҳои Осиёи Миёна, балки аз шаҳрҳои қисмати гарбии Бухоро фарқ мекарданд. Онҳо аз марказҳои савдои ва роҳҳои алою савдои хеле дур чой гирифта буданд. Бо иктисодиёти кафомондаи худ ин шаҳру навоҳи дар ҳаёти мардуми ин ҷойҳо наш на он кадар бузургро бозиданд. Шаҳрҳои ин нохияҳо аз кишлоқу деҳаҳо фақат бо он фарк мекарданд, ки дар шаҳрҳо намояндагони амир бо сардори бек, намояндагони савдо, заминдори калон, руҳониҳо, косибон ва як кисми деҳқонон зиндаги мекарданд. Дар як қатор шарҳҳо кушунҳои амир ҷой гирифта буданд. Намояндагони табақаи болоии тамоми Бухорои Шарки аз ҷихати иҷтимои ба якдигар монанди доштанд.
Аз ҳама амали баланд дар ин ноҳияҳо бек ба шумор мерафт. Бек намояндаи табақаи калони феодалон ба ҳисоб шуд.
Бек аз болои ҳукумат бекигари назорат мебарад ва дар зери итоати ӯ вазифаҳои бисёр ва амалдорони зиёде буданд. Бек тамоми ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ дошта, шахсоне, ки ба ягон амал соҳиб мешуданд танҳо бо ризогии худ бек ва аз мансаб озод кардани онҳо низ бо ризоиёти бек сурат мегирифт. Баъд аз бек дар ҷои дуюм, ёрдамчии бек, Эсаулбоши ё худ “денанбеги” меистод. Вазифаи асосиидевонбеги пеш аз ҳама мардум ҷамъ овардани закот ва андозҳо буд. у якчанд котибу арбоб ва ясаул дар хизмати худ нигоҳ медошт.
Амали дигаре, ки дар бекигари вуҷуд дошт “мирзои мунши” буд. Одатан ба ин вазифа одамони босавод ва ҳусни хати хуб дошта даъват карда мешуданд. Вай дар назди бек корҳои рубардоркуни ва навиштани ҳуҷҷатҳоро иҷро мекард.
Яке аз вазифаҳое, ки дар бекигари барои нигоҳ доштани тартибот вуҷуд дошт, ин “Миршаб” буд. “Миршаб” ба замми ин аз болои зиндон ва маҳбусони дар вай буда назорат мебурд.
“Мироб”- бошад доимо аз об назорат менамуд. Вай дар ихтиёри худ, якчанд ёрдамчиҳоро дошт. Аз ҷумла “амин”, ки хуҳаини як ҷуйбор буд, инчунин “арбоб”-назоратчи ва “аксақол”-таксимкунандаи об, “ҷуйбонҳо”-тозакунандагони ҷуйҳо ва мирзо . ки дар ихтиёри “мироб” буданд.
Мансаб “амин” бошад аз руи корҳои сохтмони назорат мекард, ки дар ихтиёри худ якчанд амин дошт.
“Пайгирчи”-чамъкунандаи закот аз савдо ва ҳайвоне, ки онҳоро барои фуруш ба бозор меоварданд ба хисоб мерафт.
Дар идора кардани хукумати маҳалли ҷои заруриро руҳониён мегирифтанд, ва корҳои махкмро дар ихтиёр доштанд. Чунин амалдорон дар бекигариҳои нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистон ба 3 кисм тақсим мешуданд:
.Ки-иҷроиши конунҳои шариатро назорат бурда, дар ихтиёри худ якчанд мулозим ва мирзо дошт.
.Муфти – донандаи конунҳои шариат, ки ба додани ривоят машғул буд.
Барои додани ривоят вай музд мегирифт. Дар ихтиёри муфти якчанд хизматгор ва се муҳаррир буд.
. Раис-сарукор доштан бо ҷинояткорон ва вайронкунандагони қонунҳои дини ислом,
вайронкунандагони савдо, назорат бурдан аз руи мактабҳо, тартиботи оилави ва ғ.р. Раис якчанд хизматгор дошта, ба воситаи онҳо ҷинояткоронро ҷазо медод. Мулозимону дуррадастон дар ихтиёри ӯ буданд.
Қози дар бекигариҳо аз тарафи амири Бухоро таъйин мегардид. у дорои маълумоти дини буда, дар айни замон бояд аз авлоди руҳони бошад.
Аз ин чо бар меояд, ки дар Бухорои Шарқи ягон амалдор ба таври интихоби озод ба сари мансаб намеомад. Ҳамаи мақсаду мароми амалдорону худи бек, танҳо бо рохи истисмори дехдонону камбағалон ба даст овардани фоидаи зиёд буд.
Чи хеле ки дар боло қайд намудем, баъд аз шудани аморати Бухоро аз тарафи Россия аморати Бухорои Шаркиро, ки дар ин минтақа якчанд мулкҳои феодалии нимустакил мавҷуд буд ба худ ҳамроҳ намуд. Баъд аз ин минтақа: хусусан ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Тикистонро истисло намуд, дар минтақаҳои асосии ин ҷо гарнизонҳои харбии худро ҷой гиронид. Мақсад аз ҷой гирондани гарнизонҳои ҳарбии дар ин ноҳияҳо, мустахкам кардани мавқеъи аморат дар худуди ин минтақа буд. “Соли 1871 дар Регар 400 нафар, дар Ҳисор-4000 нафар сарбоз ва 11 туп, дар Кулоб 3000 нафар сарбозу 4 туп ва дар Калъаи-Хумб соли 1878 қариб 5000 ҳазор сарбози амир чой гирифта буданд”.
Яке аз мулки калонтарини Бухорои Шарки ин мулки Ҳисор буд. Баъди истило шуданаш Ҳисор ба 7 бекигари- Бойсун, Шеробод, Дехнав, Юрги, Ҳисор, Кабодиён. Кургонтеппа тақсим карда шуд. Дар ҳамаи ин бекигариҳо аз чумла дар Ҳисор низ идоракуни дар асоси идораи умумибухороги ташкил ёфта буд.
Якуб-бек дар солҳои хукумронии худ дар Ҳисор ба дарачае ба боварии амир Музаффар даромада буд, ки Музаффар барои хамин ба ӯ имтиёзхои беандоза аз қабилӣ барорвардани хукми катлро дода буд.
Остонакул бошад дар замони хукумронии худ дар Ҳисор низ ба имтиёзҳои номаҳдуд ноил гардида буд. Вай яке аз шахсҳои бойтарини аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дорои микдори зиёди тилло, якчанд галлаи асп ва рамаи гусфанд буд. Ҳамаи ин боигарию сарвати табақаи хукумрон аз хисоби мардуми захматкаши ин минтақа ба даст меомад.
Дар дигар бекигариҳои Бухорои Шарки аз чумла Кулоб, Балчувон, Қабодиён, Каротегин ва Дарвоз авҳол чунин буд.
Бекигарии Кулоб низ яке аз он нохияҳое мебошад, ки баъди истило шуданаш аз тарафи аморати Бухоро ба якчанд амалдориҳо тақсим карда шуд. Баъд аз истилои Кулоб, ин бекигари ба ду кими бекигарии Кулоб чунин аммалдориҳо мавчуд буд: Муъминобод, Кули, Сари Чашма, Гирди- Кургани-боло, Гирди Қургони поён, инчунин шохигариҳои Давлатобод, Танов, Кишти дараи поён, ва Кишти дараи боло, Саригар, Роги, Вари ва Дуоб.
Дар байни амлакдорону шохигариҳо обруи зиёдеро шоҳ сохиб буд. Шоҳ метавонист амлакдорҳоро аз бек харида гирад. Як қатор мулкҳои дигареро дар кисмати шарки
Кулоб харидорон ва пули зиёд дода баъд сохиби округ мешуд. Харидорон барои он ки харочоти сарф кардаи худро пушонад, ба гардани ин мардум андозаҳои зиёдеро бор мекарданд ва ягон шахс ин кори уро манъ карда
наметавонист.
Ғайр аз шоҳон харидорон боз ичоракорон вуд
доштанд, ки ягон округро ба мулати муайян ичора гирифта, он микдор пуле ки бек округро ба муҳлати бояд, ки дар тули муҳлати муайян бар гардонида ба бек месупорид. Ичоракор метавонист, ки рузи аввали ба ичора грифтани округ пулашро супорад. Агар ичоракор ин корро сари вакт мекард, хучаин ин округ ба шумор мерафт. То ба охир расидани вакти муайяншуда ичоракор тамоми андозҳои чорибударо ба манфиати худ меситонид. Фақат андозҳоро ичоракорон ду маротиба зиёд менамуданд.
Бекҳо дар бекигари чои истиқомати махсус надоштанд. Онҳо баъди ба ин мансаб ноил гардидан, дар тамоми ҳудуди бекигари гашту гузор намуда, дар як маҳала муҳлати зиёд истиқомат намекард. Чунин корро бек барои он мекард, ки мабодо байни беку халқ ягон зиддият сар занад. Бе омадани беки нав, амалдорони маҳалли мансабҳои худро аз даст медоданд ва бо илтимосу туҳфаҳои аз ҳад зиёд боз ба мансабашон соҳиб мешуданд. Беки нав омада, аз амалдорон барои оро додани хонаи туҳфаҳо талаб мекард. Амлакдорон бошанд аз ҳисоби орат намудани аҳоли ба бек туҳфаҳо меоварданд. Аз соли 1877 то соли 1905 дар Кулоб 19-то бек иваз шуданд. Аз тез-тез иваз шудани бекҳо аҳволи халк беҳ намегардид.
Яке аз марказҳои маъмурии дигар, бекигарии Қурғонтеппа буд. Баьд аз аморат дохил кардани Бухорои Шарки ҳокимияти Кулоб маҳдудкарда шуда, Куронтеппа вилояти мустакил гардид. Аз солхои 70-уми асри XIX то сарнагун шудани аморати Бухоро қаламрави вай бетагийр монда буд. Бекигарии Қургонтеппа аз амлакдории худи
Кургонтеппа, Сарой ва Чиликул иборат буд. Дар сари амлакдориҳо амлакдор меистод. Дар назди амлакдориҳо мирзоҳо, мироб ва дигар амлакдорон хизмат мекарданд. Асосан амлакдорон бо фармони бек таъйин мегардид.
Қабодиён бошад баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудани Бухоро Шарки аз Кулоб ҷудо карда шуд ва дар идораи вай дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Кабодиён аз қишлоқ ҳеҷ фарке надошт. Фақат ҳамин ки вай нисбатан васеъ буда, дорои бозор буд. Аз ҷиҳати ҳудуд аҳоли нисбати дигар бекигариҳои Бухорои Шарки хурд буд. Дар ин бекигари кози дар навбати худ раис ҳам ба шумор мерафт. Бекигарии кабодиён бад амолакдори ҷудо мешуд. Ин амлакдории Бишкент ва Бешчарбон буданд.
“Аз руи нишондоди руйхате, ки ба амир пешниҳод намуда, буданд, дар бекигарии Қабодиён як мирохур, як қароулбеги, се мирзобоши ва 15 амалдорони хурд вуҷуд дошт”.
Чи хеле ки дар боби гузашта зикр шуд, тирамоҳи соли 1877 кушунҳои амир таҳти фармондихии Худойназар-додхоҳ ба сарҳади ҳокимгарии Қаротегин дохил шуд. Ба шикаст хурдани ҳокимияти меросии Қаротегин дар ин ҷо бекигари таъсис ёфт. Якумин беке, ки дар ин ҷо ба кор сар кард, худи Худойназар-додхоҳ буд. Худойназар-додхоҳ бо фармони амир Музаффар дар Қаротегин бек таъин гадида буд.
Бекигарии Қаротегин ба 10 амлакдори тақсим шуда, дар навбати худ ин амлакдориҳо ба 34 мири ҳазора тақсим мешуданд.
Аз соли 1878 Дарвоз бошад ба аморат дохил карда шуда дар ин ҷо бекигари таъсис ёфт. Аз сабаби он ки Худойназар- додхоҳ беки Қаротегин дар ишол намудани Дарвоз роҳбари кушунҳои амири Бухоро буд, ӯро амир беки Дарвоз эълон намуд. валеХудойназа-додхоҳ дар ин ҷо дер ҳукумрони накард. Чунки тирамоҳи соли 1878 писари Худойназар барои ҷамъ намудани андози солона ба назди киргизҳо сохилҳои Амударё фиристоданд. Вай андози зиёде ҷамъ намуда, бо ин ғанимати зиёд ба Афгонистон гурехт. Гурехтани писари Худойназар-додхоҳ боиси аз мансаб дур гардидани падараш гардид ва ба ҷои у беки Дарвоз Абдураҳмон-Хочабек таъин гардид. Бекигарии Дарвоз ба 4 амлакдори Чилдара, Тавилдара, Вахеи Боло ва Сагирдашт тақсим мешуд. Вале баъдтар як қатор тадкикотчиён, аз ҷумла Лаптинов Н. ки таърихи пеш аз инкилобии Дарвозро омухта буд ба чунин хулоса омад. Дар ҳайати бекигарии Дарвоз амлакдориҳои Чилдара, Тавилдара, Далҷир, Сагирдашт, Ванҷ, Майдон, Қалъаи-Хумб, Шикай, Куф, Харангон ба ду кисмат дигар Язғулом ва Тангшив дохил мешуданд.
Усули идораи аморат, ки пеш аз истилои ҳукумати подшоҳи мавҷуд буд бе ҳеҷ гуна тагйирот давом карданд гирифт. Он идоракуние, ки дар аморат вуҷуд дошт акнун дар Бухорои Шарки чори гардида буданд. Аморати Бухоро аз 27 бекигари иборат буда, ба ҳар яке аз онҳо бек, кози раис ва муфтироҳбари мекарданд аз тарафи амир таъйин карда мешуд. Бек мебоист корҳои давлати, маъмури ва зироатиро идора мекард, раис аз тарафи аҳоли иҷро шудани фармоишоти дину шариатро назорат менамудва муфти ҳамчун донандаи қонунҳои шариат дурусти ё нодурустии ин ва ё он ҳодисаро фаҳмонда медод. Ҳамаи ин касон дар навбати аввал ва асосан манфиати доираҳои ҳукмрон ва фоидаҳои шахсии худро таъйин мекарданд. Бекҳо, ки ба воситаи амлокдорҳо ва дигар одамони худ корҳои замин ва молия, ҷамъ кардидани хироҷ, ва ғайраро идора менамуданд, аз аҳоли чи ситонда ва ба хазина чи супоридани онҳоро кассе тафтиш намекард.
Мингбоши, амин, оксакол ва арбобҳо. Ки ба сифати намояндаи ахоли таъин мешуданд, одатан ба кирдориҳаким ва беку амалдорони амир пайрави мекарданд. Ин ҳол боиси ривочи горатгари ва порахури гардида, ба иқтисодиёт зарбаи сахт ворид меоварад ва зиндагонии бе ин ҳам сахти аҳли меҳнатро ба дарачаи токатнопазири мерасонид.
Аморати Бухоро, Бухорои Шарқиро чун мустамликаи худ карор дода. Дар ин чо назар ба кисми ғарбии аморат тартиботи сахтеро чори намуд. Табақаҳои ашроф, сипоҳ ва нукарҳо, заминдорони калону руҳониён ва бойҳо ба такягоҳи аморат табдил ёфта буданд. Ба ин гурруҳои болонишини истисмор кунанда аз баҳодур то додхоҳ харгуна рутба ва мансабҳо дода мешуд. Мансабҳои олитар фақат ба сипоҳиёни дарбори амир бахшиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипоҳиён андози тамоми як деҳаро мебахшид. Чунин сипоҳиёне, ки дорои чунин мукофот мегардиданд онҳоро “танҳо”-дор меномиданд. Деҳқонони чунин деҳаҳо ба фоида танҳо кор мекарданд. Танҳо хур метавонист духтарони ин деҳаро фурушад, ба зани гирад, ҳавлиҳои деҳқононро кашида гирад ва ҳарчи ҳохад мекард, хариду фуруши мансабҳо боз ҳам аҳволи халки камбаалро бад мегардонид, солҳое, ки дар Қаротен хокимони амир Алмосбек (1886-1892) ва Муҳаммадмурод-парвоначи (18421904) ҳукумрони мекарданд, хариду фуруши мансабу вазифа ва унвону рутба қариб, ки ба расмият даромада буд. Барои нукари одди шудан 1200-3000 танга ришва додан лозим буд. Агар ин гуна нукар дар шаҳр ё калъае ба хизмати ҳарбии таъин мешуд, аз ҳар гуна андоз озод карда шуда, ғайр аз ин барои таъмини маош ба ихтиёраш ду “бунхоҷагии деҳқони дода мешуд. Агар нукар худаш замину боғу ҳавли дошта бошад, дар ин сурат ба вай “буна” дода намешуд, вале ягон андоз аз ӯ ситода намешуд”. Мансаби каравулбеки хеле киматтар 2=4 хазор танга меистод. Ба ихтиёри каравулбеки 4 “буна” дода мешуд. Қараулбеки, ки дар хизмати амир бошаду дар айни ҳол молу мулку замин дошта бошад, уҳдадор буд, ки ба фоида хазинаи амир ушр (даҳяки ҳосил) ва “амал”, яъне 21 танга хирочи заминро диҳад”.
Ҳамин тавр, тамоми мансабҳо аз чумла мансаби мирохур 3-5 ҳазор танга, ба ихтиёраш 4-10 “буна”, туксабо 510 ҳазор танга, ба ихтиёраш 100 “буна”, мансаби эшикогоши 6-15 ҳазор танга, ба ихтиёраш 150-200 “буна” фурухта мешуд.
Ниҳоят мансаби “бий”, ки онро худи амир медод (дигар мансабҳои аз ин поинро худи беки Қаротегин мефурухт ва азин хариду фуруш ҳатто амирро хабардор намекард) то 300 “буна” мегирифтанд, ки онҳоро истисмор карда, кусури харочоташонро мебароварданд.
Мансабу рутбаҳои дини низ дар ҳама ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Тикитон, ки ба хайати Бухорои Шарқи дохил мешуданд, фурухта мешуданд. “Ҳуқуқи додани мансабу унвони қозикалон, ду ноиби он ва раис ба амир таалуқ дошт ва дар ин бобат фақат амир ёрлик дода метавонист. Мансабҳои поёниро худи бек тақсим мекард. Ҳар касе, ки бештар пора медод, соҳиби ҳуқуқу имконияти бештаре мешуду тақдири садҳо деҳқонону косибонро ҳал мекард. Ҳангоми додани вазифа сифатҳои шахс, кобилияти вай мутлако ба назар гирифта намешуд. Дар ҳамаи дигар бекигариҳо вазъият чунин буд.
Албатта. Ин гуна тартибот ба маъмурони амир маъқул ва мувофиқи табъ буд. Онҳо дар хурдтарин мансаб истода, дар зарфи 2-3 сол сарвати зиёде чамъ мекарданд.
Ҳокимони вилоятҳо, алалхусус дар ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон дар орату таҳкири аҳоли ягон ҳадду канор надоштанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222