Ҳамаи қисматҳои идоракунандаи фаъолияти одам – протсессҳои маърифатӣ, иродавӣ ва
эмотсионалӣ дар ягонагии ногусастанӣ амал карда,
фаъолияти психикии одамро ташкил медиҳанд, ва дар ба-
робари ин хусусиятҳои психикии шахсро ифода менамо-
янд.
Қисматҳои таркибии шахсро ҷудо карда, онҳоро чун
маҷмӯи имкониятҳои психикию идоранамоии фард бар-
расӣ кардан зарур аст. Шахс сохти яклухту томи психи-
кист, ки унсурҳои алоҳидаи он дар робитаи қонунии дута-
рафа қарор доранд. Ҳамин тариқ, имкониятҳои табии
фард (типи фаъолияти олии асаб) мизоҷи ӯро, яъне ху-
сусиятҳои умумии ҷараёни психикиро муайян мекунанд.
Ин хусусиятҳо барои зуҳуроти дигар имкониятҳои
психикии фард-имкониятҳои маърифатӣ, эмотсионалӣ,
иродавӣ заминаи умумии психикӣ мебошанд. Имкони-
ятҳои психикӣ дар навбати худ бо равияи шахс, бо харак-
тер, яъне бо тарзҳои умумимутобиқшавандаи рафтори ӯ
алоқаманданд.
Ҳангоме ки мо ҳодисаҳои психикиро (протсессҳо, ҳо-
латҳо ва хусусиятҳои психикии шахс) ба таври умумӣ
тасниф мекунем, он гоҳ байни онҳо ба таври сунъӣ фарқи-
ят мегузорем ва онҳоро аз ҳам ҷудо менамоем. Вақте ки
мо доир ба сохти хусусиятҳои психикаи шахс ҳарф меза-
нем, мо ҳодисаҳои психикиро якҷоя намуда, шахсан
онҳоро муттаҳид менамоем.
Хусусиятҳои шахс – ин системаи динамикии имкони-
ятҳои функсионалии ӯ мебошанд. Хусусиятҳои психикӣ
бисёрҷанбаанд: онҳо дар системаи мухталифи муноси-
батҳои дутурафа ҳар хел зоҳир мешаванд. Хусусиятҳои
шахсро ҳамчун субъекти маърифат, фаъолияти меҳнатӣ ва
муошират ҷудо кардан мумкин аст.
Маҷмӯи хусусиятҳои психикӣ сохти психикии шахсро
ташкил медиҳад. Одам дар ҳаллу фасл кардани
масъалаҳои ҳаётӣ ба имкониятҳои психикии хеш такя ме-
кунад, аз тарзҳои худии муносибати байниҳамӣ бо муҳит
истифода мебарад ва тарзҳои фардии фаъолияти ҳаётиро
амалӣ мегардонад.
Маҷмӯи хусусиятҳои психикӣ шахсро ба вуҷуд
меоваранд. Ин хусусиятҳои психикии шахсро чун анъана
ба чор гурӯҳ тақсим мекунанд: 1) равия; 2) мизоҷ; 3)
қобилият; 4) характер.
Ҳамаи ин сифатҳои психикӣ сохти шахсро ташкил
медиҳад.