Сохтори сиёсии давлати Точикистонро Сарқонуни (Конститутсия) он муайян менамояд. Конститутсияи Чумхурии Точикистон 6-ноябри соли 1994 бо рохи раъйпурсии умумихалқи қабул гардидааст, ки мувофики он Точикистон давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона мебошад.
Дар Точикистон шакли идораи президенти амал мекунад. Президенти 4,умҳурии Точикистон сарвари давлат ва ҳокимияти ичроия (хукумат) аст.
Президенти кишвар пеш аз ҳама сарвари давлат ва намояндаи он дар арсаи байналмиллали буда, вазоратҳо ва хукуматҳои давлатиро бо ризояти парламент таъсис ва барҳам медиҳад. Сарвазир ва дигар аъзоёни хукуматро таъмин ва озод мекунад ва фармонҳоро барои тасдиқ ба Мачлиси Оли пешниҳод менамояд.
Президент дастгохи ичроияи Президентро таъсис медиҳад. Раисони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳоро таъин ва озод мекунад. Бо ризояти Маҷлиси Оли прокурори генерали ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунанд. Ба тадбики сиёсати хоричи роҳбари мекунад, шаҳрвандонро ба чоизаҳои давлати, нишонҳо ва унвонҳои ифтихори сарфароз мегардонад, дар бораи вазъи кишвар масъалаҳоеро, ки заруру мухим мешуморад ба баррасии Мачлиси Оли пешниҳод менамояд.
Дар асоси сарқонун Президенти сарвари давлат ва хукумат буда, тамоми ҳокимияти ичроияро бо розигии Мачлиси Оли таъмин менамояд. Президент Сарфармондехи Олии Қувваҳои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мебошад.
Дар сурати вайрон кардани Сарконун, савгандшикани, содир кардани хиёнат ба давлат бо назардошти хулосаи Суди конститутсиони бо тарафдории аз се ду хиссаи шумораи аъзоёни Мачлиси Милли дахолатпазирии Президентро бекор карда метавонад.
Бо кӯшиши зиёди Ҳукумат, кувваҳои солимфикр ва ватанпарвари дохили, кӯмаку дастгирии кувваҳои байналхалки ва давлатҳои ҳамсоя 27-июни соли 1997 сулҳ дар Точикистон пойдор гардид.
Имрӯз Чумхурии Точикистон дар фазои осоишта барои сохтмони давлати хукукбунёд ва демократи дилпурона мубориза бурда истодааст.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …