Сохти гуломдорй, баъд аз ҷамъияти ибтидой, аввалин ҷамъияти синфй буда, асоси сиёсй-иҷтимоии онро моликияти хусусй ба ҳисоб меравад.
Дар Авесто оид ба масъалаи ташкили давлатҳои ибтидоии ғуломдорй маълумот дода мешавад. Ин давлатҳо аз ҳисоби муттаҳид шудани кабилаҳо пайдо шуда аз давлатҳое, ки дертар ташкил ёфтанд, фарк доштанд. Қисми асосии сокинон дар ҳолати сохти авлоди қарор доштанд.
Чамъияте, ки онро Авесто тасвир мекунад, чамъияти патриархалии чорводорону зироаткорон буда, дар он нобаробарии молй ҳукумфамо мебошад. Мувофики Авесто зинаи поении чамъият хона ҳамчун истиқоматгоҳи оила ва хочагии вай ба шумор меравад.Сардори оила катхудо иманопати мебошад.
Оилаҳои ба ҳам хешу наздик авлод (вис) ба ҳисоб рафта ба он фақат хешони падарй дохил мешуданд. Фарзандони хоҳар ба авлоди падари худ дохил мешуданд. Сардори авлод «виспати» номида шуда аз қабили муйсафедони обрӯманди авлод интихоб мешуд. Дар як вақт «виспати» қозй ва сардори деҳа ба шумор мерафт.
Иттиҳодияи авлодҳоро дар дохили қабила «занту» меномиданд.Дар ҳудуди қабилаҳо мачлиси ҳалқй ва шӯрои муйсафедон- «ҳанчамана» анчанҳо гузаронда мешуданд.
Байни қабилаҳо ва вилоятҳо иттиҳодҳо баста мешуд, ки онро даҳю ва сардори онҳоро даҳюпати мегуфтанд. Ҳокимияти даҳюпатиро шӯрои мӯйсафедон назорат мекард.
Дар яке аз кисмҳои Авесто-Меҳр яшт доир ба муттаҳидшави вилоятҳо ба дарачаи ташкилшавии давлат сухан меравад.
Дар баробари Авсето муаллифони юнонй оид ба се иттиҳодияи бузург, ҳамчун давлатҳои нахустини Осиёи
Миёна-Хоразм, Бохтар ва Сугд маълумот медиҳанд.
Дар нимаи асри VI п.м. давлати пурқувват таъсис ёфт, ки дар таърих ба номи империяи Ҳахоманишиён (550-331) маълум мебошад. Номи сулола аз номи саравлоди он Ҳохман ҳокими вилояти Форс гирифта шудааст.
Дорои I (522-486) барои мустаҳкам намудани пояҳои сиёсии давлат зарур донист, ки дар мамлакат ислоҳот гузароннад. Ислоҳот тамоми соҳаҳои маъмурй молиявиро дарбар мегирифт.
Империяи Ҳахоманишиниён ҳокомияти мутлақо
мутамарказонида шуда буд. Шоҳ ҳокимони мутлақ буд ва ҳукми ӯ қонунй ва тагйирнопазир буд. Дар назди шоҳ Шӯрои дарборй, аз 9-нафар иборат амал мекард, ки танҳо ҳуқуқи машваратй дошт.
Идораи маъмурй аз се девон, девони молия- хазинаи подшоҳ, девони додбарй (қозй, суд) ва девони артиш иборат буд. Сардори девонҳо аз тарафи шоҳ аз байни ашрофони форс таъин карда мешуданд.
Дар давлати Ҳахоманишиён мамлакат ба 20- сатрапия тақсим карда шуд. Аз болои фаъолияти сатракҳо идораи маъмурй-назоратй ва хадамоти махфй назорат мекард.Осиёи Миёна ба чор сотратя: Бохтар, Сугд, Хоразм ва Порт саккоиҳо -массаггтто тақсим мешуд. Ба ҳайати империя Ҳахоманишинҳо ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна раванди таравдиёти муносибатҳои гуломдориро дар ин сарзамин тезонид.
Баъд аз забткориҳои юнону- макдунй, давлати Порт вусъат гирифта, ин давлат аз соли 247 п.м.то соли 224-и милодй вучуд дошт, ки он дар барқароркунии истиклолияти сиёсй ва фарҳанги миллии мардумони эронинажод баъди истилои Искандари Макдунй саҳми калон гузоштааст. Давраи салтанати Порт-инкишофи минбаъдаи муносибатҳои гуломдори мебошад.
Дар дарбори шохи Порт ду Шӯро-шӯрои хешовандони наздики шоҳ ва шӯрои ашрофон ва мӯбадон амал мекард. Дар корҳои давлат, сардори сарбозони шоҳ-ҳазорапати мақоми хоса дошт. Дар ин давра дар Осиёи Миёна сохти табақавй чой дошт.Чамъият ба се табақа: озодагон
(ашрофон) чанговарон, кишоварзон ва хунармандон тақсим шуда буд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …