Стратегияи инноватсионӣ дар корхона: Ташкили идораи фаъолияти инноватсионӣ баҳодиҳии маҷмӯӣ ва омӯзиши инноватсионӣро пешбинӣ ва муайян мекунад. Пеш аз ҳама, фарқ карда тавонистани инноватсия аз тағйиротҳои ночиз дар маҳсулот ва равандҳои технологӣ (масалан тағйиротҳои эстетикӣ – ранг, шакл ва ғайра), мебошад. Тағйиротҳои ночизи зоҳирӣ ё техникӣ дар маҳсулот, ки истифодаи сохтории онро бетағйир гузошта, бо аломатҳою хусусиятҳояш арзиши маҳсулот, маводҳои таркибии ба он дохилшаванда, бо вусъат додани намудҳои маҳсулот аз ҳисоби азхудкунии истеҳсолоти пештар дар корхонаи мазкур тавлиднашаванда, вале аллакай дар бозори маҳсулот машҳур гардида, ки бо мақсади қонеъсозии талаботи ҷорӣ ва афзун намудани корхона сурат мегирад, зарур мебошад.
Дар адабиёти илмӣ вобаста ба аломатҳои технологӣ инноватсия ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
- инноватсияҳои маҳсулотӣ, онҳо истифодаи нав, маснуоти нимтайёри нав ва қисмҳои мукаммалкунандаи онҳо, дарёфти маҳсулоти усулан навро дар бар мегиранд;
- инноватсияҳои равандӣ, ки усулҳои нави ташкили истеҳсолот (технологияи нав)-ро ифода месозанд. Инноватсионӣҳои равандӣ метавонанд бо барпосозии сохторҳои нави ташкилӣ дар ҳайати корхона, ширкат алоқаманд бошанд.
Аз рӯи намудҳои пешниҳод барои бозор пешбинишаванда инноватсияҳороба хелҳои зерин тақсим менамоянд:
- барои соҳаҳои ҷаҳони нав;
- барои соҳаҳои кишвари нав;
- барои корхонаи мазкур (гурӯҳи корхонаҳо).
Аз рӯйи мавқеъ дар низом (дар корхона, дар ширкат) метавон инноватсияҳоро аз ҳамдигар ба таври зерин ҷудо намуд:
- инноватсияҳо дар роҳи воридшавӣ ба корхона (тағйирот дар интихоб ва истифода накардани ашё, мошинҳо ва таҷҳизот, иттилоот ва ғайра);
- инноватсияҳо дар роҳи хориҷшавӣ аз корхона (маснуот, хизматрасониҳо, технологияҳо, иттилоот ва ғайра);
- инноватсияҳои сохтори боҳамдигар алоқаманди соҳаҳои гуногуни корхона (идоравӣ, истеҳсолӣ, технологӣ).
Вобаста ба моҳияти тағйиротҳои воридшаванда инноватсияро базаминавӣ, куллӣ, беҳбудсозанда, дигаргунсозанда ҷудо мекунанд.
Гурӯҳбандии инноватсия бо назардошти соҳаи фаъолияти корхона хусусияти пурраи самти истифодаи онро шарҳ медиҳад.
Аз рӯи ин нишонаҳо инноватсияҳои зеринро аз ҳам ҷудо месозанд:
- технологӣ,
- истеҳсолӣ,
- тиҷоратӣ,
- иҷтимоӣ,
- соҳаи идоракунӣ.
Аз рӯи тарзи бавуҷудоии инноватсия онро метавон ба реактивӣ ва стратегӣ ҷудо намуд. Ба реактивӣ инноватсияҳое тааллуқ доранд, ки мавҷудияти корхонаро дар мубориза бо рақибон дар бозор таъмин менамояд. Инноватсияҳои стратегӣ – ин он навовариҳоест, ки мақсади дар оянда соҳиб шудан ба бартарӣ дар рақобатро дорад.
Ба ҳамин тариқ, гурӯҳбандии инноватсия аз рӯйи нишонаҳои дар боло овардашуда, таъсиси низоми татбиқи менеҷменти инноватсионӣро фароҳам меоварад.
Дар менеҷменти инноватсионӣ мавқеи марказӣ, асосӣ ба коркарди стратегияи инноватсионӣ ва тадбирҳое дода мешавад, ки барои амалӣ намудани он равона карда шудаанд. Таҳия ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот самти афзалиятноки стратегияи корхона мегардад, зеро ҳамаи самтҳои боқимондаи онро муайян менамояд.
Раванди татбиқи менеҷменти инноватсионӣ ба таври умумӣ масъалаҳои зеринро пешбинӣ менамояд,
- тартиб додани нақша ва барномаҳои фаъолияти инноватсионӣ;
- назорат ва ҷараёни таҳияи маҳсулоти нав ва дар амал ҷорисозии он;
- баррасии лоиҳаҳои бавуҷудовардаи маҳсулоти нав;
- пешбурди сиёсати ягонаи инноватсионӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият дар воҳидҳои истеҳсолӣ;
- таъмини барномаҳои фаъолияти инноватсионӣ бо захираҳои молиявӣ ва моддӣ;
- таъмини фаъолияти инноватсионӣ бо ҳайати шахсии кормандони соҳибихтисос;
- ташкили гурӯҳҳои мақсадноки муваққатӣ барои ҳалли маҷмӯи мушкилиҳои инноватсионӣ аз андеша то истеҳсоли гурӯҳии маҳсулот;
- ташкили мониторинги татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои фаъолияти инноватсионӣ.
Интихоби стратегия кафили муваффақиятноки фаъолияти иқтисодист. Корхона, агар самти тағйиротҳои вазъиятро пешбинӣ икарда натавонад ва ба онҳо мутобиқ нагардад, метавонад дучори бӯҳрон гардад. Интихоби стратегия – қисми муҳими таркибии даври менеҷменти инноватсионӣ ба шумор меравад. Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ барои роҳбарияти корхона доштани маҳсулоти хуб кофӣ нест. Вай бояд бодиққат пайдоиши технологияи навро назорат кунад ва ҷорӣ намудани онҳоро дар фаъолияти иқтисодии худ ба нақша гирад, то ин ки аз рақибонаш ақиб намонад.
Банақшагирии стратегӣ ду ҳадафи асосиро таъқиб мекунад. Аввал – тақсим ва истифодаи самараноки захираҳо. Ин ба ном «стратегияи дохилӣ» ба шумор меравад. Истифодаи захираҳои маҳдуд, ба мисли сармоя, технология, кормандон ба нақша гирифта мешавад. Ба ғайр аз ин, соҳаҳои навро интихоб намудани корхона, баромадан аз соҳаҳои ғайридилхоҳ, интихоби «портфели» самаранок аз тарафи корхона сурат мегирад. Дуюм – мутобиқшавӣ ба муҳити беруна. Дар ин маврид, барои таъмини мутобиқшавии самараноки ба тағйироти омилҳои беруна (тағйиротҳои иқтисодӣ, омилҳои сиёсӣ, ҳолати демократӣ, вазъияти экологӣ ва ғайра) вобастабуда вазифа гузошта мешавад.
Банақшагирии стратегӣ бо баргузории тадқиқотҳои сершумор, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо асос меёбад. Ин ба баҳодиҳии мунтаззами бозор имкон медиҳад. Дар айни замон, бояд дар назар дошт, ки дар шароити гузариш ба бозор, аксаран қисми таркибии стратегия тағйир меёбад. Бинобар ин, стратегия бояд ба тарзе таҳия гардад, ки дар сурати зарурат он бо дигараш иваз гардад, ё ин ки ба ҳолатҳои тағйирёбанда мутобиқ карда шавад.
Тартибу таҳияи стратегия аз ифодаи мақсади умумии корхона, ташкилот оғоз мегардад, ва он бояд ба ҳар як менеҷер, соҳибкор фаҳмо бошад. Мақсадгузорӣ дар алоқаи корхона бо муҳити берунӣ, бозор, истеъмолкунанда ва сатҳи талаботи инноватсионӣи он нақши муҳимеро мебозад.
Пас аз интихоби ҳадаф бояд ду ҷамбаро ба назар гирифт, муштарии корхона кист ва кадом талаботҳоро он метавонад қонеъ 80
созад. Пас аз муайян намудани ҳадафи умумии давраи дуюми банақшагирии иқтисодӣ сурат мегирад. Ҳамин тавр, пас аз муайян намудани ҳадафи умумӣ давраи дуюми банақшагирии иқтисодӣ, яъне мушаххас сохтани ҳадаф сурат мегирад. Дар айни замон, фарзан метавонанд ҳадафу мақсадҳои зерин муайян шаванд,
- Фоиданокӣ -масалан дар соли ҷорӣ ба он бояд ноил шуд, ки 8 млн. сомонӣ фоида ба даст ояд;
- Бозорҳо (ҳаҷми фурӯш, саҳми бозор, ҷорӣ кардан дар ҳолатҳои нав), масалан саҳми бозорро то 20%, ва ё ҳаҷми фурӯшро ба 40 ҳазор дона расонидан;
- Маҳсулнокӣ, масалан ба ҳисоби миёна коркарди як соати як коргар 8 воҳиди маҳсулот;
- Маҳсулот (ҳаҷми умумии истеҳсол, истеҳсоли моли нав ва ё аз истеҳсолот баровардани баъзе намудҳо ва ғайра);
- Захираҳои молиявӣ (ҳаҷм ва сохтори сармоя, таносуби сармояи худӣ ва заминӣ, ҳаҷми сармояи дар гардишбуда ва ғайра);
- Иқтидорҳои истеҳсолӣ, бино ва иншоот;
- Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию нақшакашӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав (нишондиҳандаҳои асосӣ, хусусиятҳои технологӣ, арзиш ва мӯҳлати ҷорисозӣ);
- Ташкилот – тағйирот дар сохтори ташкилӣ ва фаъолият, масалан, кушодани намояндагии корхона дар минтақаи муайян;
- Захираҳои инсонӣ (истифодаи онҳо, омӯзиш ва ғайра);
- Масъулияти иҷтимоӣ.
Банақшагирии стратегӣ ба ҳисобу китоб, баҳодиҳӣ ва таҳлили муҳити берунӣ ва дохилии корхона такя мекунад. Равандҳо ва тағйирот дар муҳити берунӣ ба миқёс ва самаранокии фаъолияти инноватсионӣи корхона таъсири ҳаётан муҳим мерасонанд. Омилҳои асосии бо муҳити берунӣ вобастабуда – иқтисодиёт, сиёсат, бозор, технология, рақобат мебошанд. Хусусан, рақобат омили муҳим ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, бояд рақибони асосиро ошкор намуда, мавқеи онҳо дар бозор (саҳми бозор, ҳаҷми фурӯш, мақсадҳо ва ғайра)-ро муайян намуд. Омӯзиши дақиқи тарафҳои қавӣ ва заифи рақибон ва муқоисаи натиҷаҳои онҳо бо нишондиҳандаҳои худ, дар хубтар андешидани стратегияи мубориза дар рақобат имконият медиҳанд.
Ба омилҳои саросарии муҳити беруна самтҳои иҷтимоию маъмурӣ ва экологӣ дохил мешаванд. Корхона инчунин бояд тағйиротро дар ҳолатҳои демографӣ, сатҳи таҳсилот ва ғайра ба инобат гирад. Таҳлили муҳити дохилӣ бо мақсади муайян намудани тарафҳои қавию заиф дар фаъолияти корхона, муайян сохтани вусъати минбаъдаи миқёси истеҳсолот ва мушаххас сохтани бозори рақобат гузаронида мешавад.
Стратегия нуқтаи ҳаракати тадқиқотҳои назариявӣ ва таҷрибавии корхонаҳо ба ҳисоб меравад. Корхонаҳо метавонанд бо он фарқ кунанд, ки то кадом андоза роҳбарони онҳо қарорҳои ҳалкунанда қабул мекунанд ва онҳо бо стратегияи истифодаи навоварӣ алоқа доранд. Агар менеҷерҳо кӯшишҳои татбиқи навовариҳоро дастгирӣ намоянд, эҳтимолияти он, ки дар корхона навигариҳо ҷорӣ хоҳанд шуд, меафзояд. Дар ташкили менеҷменти инноватсионӣ ва то чӣ андоза ба ҷараён дохил намудани қарори роҳбарияти болоӣ аҳамияти мақсадҳои стратегӣ ва молиявӣ боло меравад.
Дар шароити ҷаҳоншавӣ рушди менеҷменти инноватсионӣ барои рушди нишондиҳандаҳои сифатии корхона ва афзоиши истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ба рақобат тобовар дар бозор, ки аз ҳисоби имкониятҳои зеҳнӣ пурра мегарданд, нигаронида шудааст.
Хусусиятҳои хоси давраи кунунии рушди фаъолияти инноватсионӣ, дар бахшҳои бузурги бозор ташкили маҷмӯи ягонаи илмӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад, ки дар раванди воҳиди тадқиқот ва истеҳсолот муттаҳид сохта мешавад. Ин алоқаи наздики ҳамаи марҳилаҳои даври «илм – истеҳсолот»-ро пешбинӣ менамояд. Ташкили низоми яклухти илму истеҳсолоту фурӯш ба таври объективӣ дар таъмини рушди инноватсионӣ ва талаботи самти бозории корхона ифода меёбад. Таъмини рушди инноватсионӣ дар солҳои 80-уми асри ХХ ба он оварда расонид, ки дар сиёсати инноватсионӣи корхонаҳои азим тамоюли тағйири самти фаъолияти илмӣ-техникӣ ва истеҳсолию фурӯш ба вуҷуд омаданд. Он, пеш аз ҳама, бар кӯшиши афзоиши вазни қиёсии маснуоти нави бо илм вобастабудаи намудҳои маҳсулот ифода мегашт, ки фурӯшашон ба вусъати хизматрасониҳои дахлдори муҳандисӣ, машваратӣ ва ғайра мусоидат мекард. Аз тарафи дигар кӯшиши кам кардани хароҷоти истеҳсоли маҳсулоти анъанавӣ мушоҳида мешавад.
Таҷрибаи рушди иқтисодӣ нишон медиҳад, ки ин тамоюлот махсусан дар менеҷменти инноватсиоии соҳаи мошинсозии давлатҳои пешқадами ҷаҳон ба хубӣ зоҳир мегардад, онҳо кӯшишҳои худро барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти мураккаби технологӣ (техникаи радиоэлектронӣ, махсусан микропротсессорҳо, техникаи авиатсионию кайҳонӣ, таҷҳизоти энергетикӣ, воситаҳои автоматикӣ ва ғайра) равона намудаанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки аз ҳисоби монополизатсияи чунин маснуот боздеҳии фаврии сармояро таъмин намуда, пешдастиро дар бахшҳои муайяни бозори мошин ва таҷҳизот нигоҳ доранд. Дар як вақт онҳо мекӯшанд хароҷоти истеҳсолот дар соҳаҳои анъанавии мошинсозӣ бо мақсади баланд гардидани рақобатнокии онҳо, ҳарчӣ бештар камтар гардад.