Главная / Илм / СУННАТ ВА ҲАДИСҲО

СУННАТ ВА ҲАДИСҲО

Суннат (аз кал. арабй-“истанна”- нашр ва муқаррар кардани қоидаву қонун, ҳамчунин ба маънии анъана ва расму одоти гузаштагон)-яке аз сарчашмаҳои асосии мазҳабй ва ҳуқуқй (шаръи)-и мусалмонон буда, маънии истилоҳии он маҷмӯъи аҳком, қоидаву қонун, муқарраротест, ки дар асоси гуфтор, рафтору кирдор ва тарзи зиндагии Паёмбари ислом (с) вазъ шудаанд.

Дар ибтидо ҷомеаи исломй фақат як сарчашма ва манбаи динию ҳуқуқй Қуръонро дошт. Ҳамаи масоили пешомадаро дар асоси он ҳаллу фасл мекарданд. Вале дар баробари густариш ёфтани доманаи ҷуғрофиёвии ислом, дар асари фатҳу кишварҳои ҳамсоя ва дурдаст, байни солҳои 632-751 м., алалхусус кишварҳое, ки нисбат ба аъроб дорои тамаддуни пешрафта буданд ва бо пайдоиши масоили иҷтимоию сиёсй ва ҳуқуқие, ки пайдо кардани ҷавоб ба онҳо аз Қуръон мумкин набуд, зарурат ба сарчашмаи наве барои ҳалли онҳо ба миён омад. Дар асоси ҳамин заруратҳо сунна ташаккул меёбад.

hadis-kitobАрабҳо дар кишварҳои фатҳгардидаи Осиёи Хурд, Осиёи Марказй ва Африқои Шимолй бо ҷомеаҳои пешрафта, дорои муносибатҳои хеле мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании нисбатан қадим ва мутараққӣ дучор шуданд. Дар ин мамолик (махсусан дар Эрон, Сурия, Миср ва сарзаминҳои дигари собиқ зери ҳокимияти Руму Эрон) муносибатҳои заминдорӣ, кашоварзӣ, ҳаёти шаҳрӣ ва умуман қонуни молию иқтисодӣ ва ҳам ташкилоти давлатию сиёсӣ назар ба зиндагии соддаю бадавии аъроб беандоза мураккаб буданд. Хулоса, мусалмонон ба як қатор масъалаҳо ва талаботе дучор шуданд, ки ба онҳо аз Қуръон ҷавоби равшан пайдо кардан наметавонистанд. Ин аст, ки зарурат ба баррасии гуфтор ва рафтори Паёмбар (с), омӯзиши корномаи ӯ ба миён омад. Ҳамин тавр тадриҷан зарурати ҳукму қазовати ин ё он масъалаи назарӣ ё амалӣ дар асоси муқоиса ва муқобила бо кору амали Паёмбар (с) ва тариқаи ҳалли масоили шабеҳи он аз тарафи ӯ, яъне Суннати Расулуллоҳ ривоҷ пайдо мекунад. Суннаи мусалмонон дар заминаи ҳадисҳо вазъ ва ташаккул ёфтааст.

ДИС ( аз кал. арабӣ- ҳаддаса- ҳикоят ё нақл кардани ҳодиса ва ё воқеъае) яке аз сарчашмаҳои хаттии ислом аст. Дар маънии махсуси истилоҳи ҳадис ривоят ё ахбори нақлшуда оид ба гуфтор, рафтор ва амали Паёмбари ислом Муҳаммад (с) аст. Ҳадисҳо дорои мавзуъоти васеъ буда, аз онҳо аҳкоми мазҳабиӣ ибодатӣ, худошиносӣ, аҳкоми ҳуқуқӣ, нормаҳои маданию маишӣ ва муқаррароти ахлоқӣ ва тарзи зиндагиро метавон истинбот кард. Баъзан ин ё он нишондодҳо ва ё аҳкоми қуръонӣ низ дар асоси ҳадисҳо аниқ карда мешаванд. Ҳадисҳое ҳастанд, ки характери таърихӣ доранд ё соф масоили фиқҳиро фаро мегиранд. Ҳадисҳои таърихӣ дар бораи ҷузъиёти ҳаёту зиндагии Паёмбар (с), саҳобаҳо, ҳаводиси садри ислом, шароити нузули ин ё он оёти қуръонӣ маълумот медиҳанд. Яке аз муҳимтарин мавзӯъоти ҳадисҳои набавӣ масоили маънавию ахлоқи мебошанд. Метавон гуфт, дар онҳо беҳтарин дурдонаҳои маънавию ахлоқии инсоният аз забони Паёмбари ислом(с) баён шудаанд.

Маълум аст, ки дар таърихи ислом то мақоми сарчашмаи асосии ислом баъд аз Қуръонро касб кардани Сунна, ки дар заминаи ҳадисҳои паёмбар(с) ба вуҷуд омада, замони муайяне сипарӣ шуда аст. Дар сарчашмаҳои мӯътабари аҳли суннат омадааст, ки бо вуҷуди саъю кӯшиш ва шавқу ҳаваси беназири асҳоб ва ёрони Паёмбар(с) дар китобат ва ҳифзи сира ва суннати он ҳазрат, муддате дар замони хилофати Абӯбакр (р) ва Умар(р) ҷамъоварӣ ва нақли аҳодиси набавӣ маън карда шуда буд. Сабаби асосии маслиҳати сиёсӣ ва ақида бар кифояти Қуръон «Кафоно Китобулоҳ» буда аст. Ин ҳолат тақрибан як аср, то замоне, ки Умар ибни Абдулазиз (соли 99 ҳ.), ба хилофат расид идома дошт.

Дар заминаи зарурати гирдоварӣ ва шинохти воқеан ба Паёмбар (с) тааллуқ доштан ё надоштани ҳадисҳо и л м и ҳ ад и с ба вуҷуд омад. Азбаски ҳадисҳои ҷаълӣ (сохта) бисёр шуданд ва фарқ кардани ҳадисҳои воқеъӣ аз сохта хело мушкил гардида буд, илми ҳадисшиносӣ ба миён омад. Муҳаддисин ҳадисҳоро ба як чанд мартаба тақсим кардаанд ва боэътимоди онҳоро “с а ҳ е ҳ” номидаанд. Шарти саҳеҳ будани ҳадисҳо он аст, ки онҳо аз сарчашмаи мӯътабар: нақлкунандаи боэътимод аз аҳли хонавода, наздикон, саҳобаҳои Паёмбар (с)бошанд ва тамоми силсилаи нақлкунандагон низ шахсони маълум ва маъруф бояд бошанд. Зарурати шинохти шахсияти гӯяндагон, ноқилон, ровиёни ҳадис илми ” м а ъ р и ф а т и р и ҷ о л”- ро ба вуҷуд овард.

Ба ҷамъоварии ҳадисҳо шахсиятҳои маъруфи зиёде машғул шудаанд, ки онҳоро м у ҳ а д д и с меноманд. Маъруфтарин муҳаддисин ва китобҳо- маҷмӯъаҳои аҳодис инҳоянд:

1– Сардафтари муҳаддисони маърӯфи аҳли суннат ва ҷамоат Муҳаммад Исмоил Ҷаъфар-ал-Бухороӣ (810-870)буда, маҷмӯи аҳодиси гирдовардаи ӯро “ал- Ҷомеъус- саҳеҳ” ё мухтасар ” ас-Саҳеҳи Бухорӣ” меноманд.

Баландӣ ва бузургии мақоми Муҳаммад ибни Исмоил Ҷаъфарал Бухорӣ дар он аст, ки ӯ нахустин шуда, масъалаи шинохти ҳадисҳои саҳеҳ аз ҳадисҳои ҷаълиро ба миён гузошта, усулу равиши илми ҳадис ё ҳадисшиносӣ, маърифати риҷолро ва дигар талаботи ин илмро поярезӣ намуда. «Ҷомеъуссаҳеҳ» дар баробари саҳеҳӣ ва орӣ будан аз аҳодиси заъиф, аввалин маҷмӯаи ҳадисҳои мавзӯӣ ва дорои назму тартиби хос мебошад. Исмоили Бухорӣ дар маҷмӯъаи «Ҷомеъус-саҳеҳ» ҳамчун поягузори илми ҳадис усули интиқодиро ба кор гирифта, аз байни 600 ҳазор ҳадисе, ки дар он замон маъруф буд ва 200 ҳазор ҳадисе, ки худаш ҷамъоварӣ карда буд 7275­7397 ҳадисро ҳамчун ҳадисҳои саҳеҳ интихоб кардааст. Агар ҳадисҳои такроршударо ихтисор кунем “Саҳеҳи Бухорӣ” ҳамагӣ 2602 ҳадис дорад. Муҳаммад Исмоъили Бухорӣ барои ҷамъоварӣ ва шиносоии ин ҳадисҳо шонздаҳ сол заҳмат кашидааст.

Муҳимтарин афзалияти ин маҷмӯаи ҳадисҳо он аст, ки дар он бо усули мусаннаф, яъне аҳодис аз рӯи мавзӯҳо ба китобҳо ва ҳар китобе ба бобҳо табақабандӣ шудаанд. «Ҷомеъус-саҳеҳ» аз 98 китоб 3450 боб иборат аст. То замони ӯ ҷамъовари ҳадис ба тартиби «ал-муснад», яъне номи ноқилони он (риҷоли ҳадис) буд. Усули мусаннаф ба Бухорӣ имконият дод, ки ҳадисҳои мавзӯоти гуногунро аз ахлоқ, фиқҳӣ, таърихӣ то тибу беҳдоштӣ дар ин маҷмӯа ҷамоварӣ кунад.

«Саҳеҳи Бухорӣ» ба иттифоқи назари ҳамаи мусалмонон саҳеҳтарин китоб баъд аз Қуръони Карим аст ва ба хотири аҳмияте, ки дорад дар тули қарнҳои гузашта, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хоси уламою фуқаҳо қарор дошта, ба он зиёда аз сад шарҳу таълиқ ва ҳошия навишта шудааст.

  • Имом Абӯ ал-Ҳасан Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Қушайрии Нишопурӣ (817-875) мебошад, маҷмӯъаи ҳадисҳои ӯ бо номи “Саҳеҳи Муслим”( ё”ал ҶамеъулСаҳеҳ“) маъруф аст. Ҳамроҳ бо маҷмӯъаи Бухорӣ маҷмӯъаи номбурдаи Нишопуриро ” Саҳеҳайн “, яъне ду саҳеҳ меноманд. Миқдори ҳадисҳои “асСаҳеҳи Муслим”ро, баъзе 12000 бархе дигар 7275 ҳадис муъайян кардаанд. Ӯ ба 625 тан ноқилони ҳадис истинод, яъне муроҷиат ва аз қавли онҳо ҳадисҳо гирдоварӣ кардааст, ки Бухорӣ ба онҳо истинод накардааст.
  • Абӯ Довуд Сулаймон ибни Ашъоси Аздии Сиистонӣ (817-889) маҷмӯъаи ҳадисҳои ӯ бо номи “Суннани Абӯ Довуд” маъруф аст.”Суннан”и ӯ 4800 ҳадис дорад, ба қавли худаш онро аз миёни 500 000 ҳадис баргузидааст.
  • Ибни Моҷа Абдулло Муҳаммад ибни Язиди Қазвинӣ, маҷмӯи ҳадисҳои саҳеҳие бо номи Сунани ибн Моҷа” гирдоварӣ карда, ки 4000 ҳадис дорад.
  • Ҳофиз Абӯ Исо Муҳаммад ибни Исо аз Заҳҳок Тирмизӣ (208-279х.қ.), бо номи ” Ҷомеъи Тирмизӣ” (ё ал-“ҶомеъусСаҳеҳ“) маҷмӯъаи аҳодисе гирдоварӣ кардааст.
  • Абӯ Абдураҳмон Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алӣ Насоӣ (ваф.303), мебошад, ки маҷмӯъае бо номи “Сунани Насоӣ” аз ӯ боқист.

Инҳоянд мураттибон ва маҷмӯъаҳои шаш саҳеҳи (сиҳоҳуссита)-и аҳли суннат ва ҷамоъат. Ба ғайр аз ин боз ҳадисҳое аз тарафи равияи шиъаи исноашарӣ (дувоздаҳимома) дар “Ахбор» и онҳо ҷамъоварӣ шудаанд, ки он асосан чор маҷмӯъаи машҳур аст:

алКофӣ филусул валфурӯъ”и Шайх Муҳаммад ибни Яъқуб Қулайнии Вароминии Розӣ (ваф.328 ҳ.қ.),

Ман ло яҳзуруҳу алфақиҳ“-и Шайх Саддуқ Муҳаммад ибни Бобвейҳи Қумӣ ( ваф.381 ҳ.қ.),

“атТаҳзиб” ё “Таҳзибулаҳком”, ва “алИстибсор” ҳар ду аз шайхуттоифа Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ (ваф.460 ҳ.қ.) мебошад.

Чунон ки гуфтем ҳадисҳоро дар илми ҳадис табақабандӣ кардаанд, он маҷмӯъаҳое, ки ёд намудем, ҳадисҳои саҳеҳ буданд. Ба ғайр аз ин муҳаддисин боз ду навъ ҳадис ҳ а с а н ва з а ъ и фро таъйин намудаанд. Саҳеҳ он аст, ки санаду ноқилон ( шахсони нақлкунанда) боварибахш, муттасил ва маъруф бошанд. Ҳасан он аст, ки махраҷи он маълум бошад ва ровиёти он машҳур. Заъиф он аст, ки шароити саҳеҳ ва ҳасанро надорад. Ин аст мухтасар дар бораи Суннат ва илми ҳадис.

Илми ҳадис ва ҳадисшиносӣ низ яке аз дастовардҳои тамаддуни исломӣ буда, барои бой гардидани маъорифи ислом, рушди илми фиқҳ, ахлоқ ва илоҳиёт нақши муассир бозидааст. Донистани илми ҳадис барои уламои дин, фақеҳон ва онҳое, ки исломро дуруст шинохтан мехоҳанд ҳатмист. Дар асоси ҳадисҳо доираи суннати ислом муайян карда шудааст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222