Главная / Илм / Таҷрибаи рушди фаъолияти инноватсионӣ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)

Таҷрибаи рушди фаъолияти инноватсионӣ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)

Ояндаи инноватсияи мушаххас на танҳо аз давраҳои он, инчунин аз дар кадом шакл қарор доштанаш низ (яъне ғояи илмӣ, ноу-хау, нақшаи ибтидоӣ ё ҷоришуда) вобаста аст. Барои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аксар вақт суръати кӯтоҳи даври инноватсионӣ ва алоқаи сусти байни давраҳои он хос аст. Аз рӯи баъзе баҳоҳо, танҳо бинобар монеъаҳои идорӣ, мӯҳлати таъсиси низомҳои нави технологӣ 3-5 маротиба тӯл мекашад.

Масалан, дар саноати кимёвии Россия дар ҳаҷми умумии истеҳсолот ҳиссаи маводу молҳои пешқадам нисбат ба кишварҳои тараққикарда 2-3 маротиба камтар мебошад. Вазни қиёсии ҳамаи маҳсулоте, ки бо технологияи кӯҳна истеҳсол мешаванд, 60%-ро ташкил медиҳад.

gen-stetter-innovation-1200x627-1200x627Ивазшавии раванди технологӣ пас аз ҳар 20-30 сол ба вуҷуд меояд, ҳол он ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ он дар ҳар 7-8 сол рӯй медиҳад. Дар саноати мошинсозӣ танҳо қариб 20%-и таҷҳизот дар сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ қарор дораду халос, 26%-и он бояд иваз карда шавад. Ин маълумотҳо бори дигар зарурияти тезонидани фаъолнокии инноватсиониро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт собит месозад ва мо низ бояд ба инноватсия рӯ оварем.

Минбаъд тибқи натиҷаҳои тадқиқот сабабҳоеро, ки аз рӯйи он тиҷорати хурду миёна барои иҷрои барномаҳои азими байналмилалӣ ба мисли ЭВРИКА ҷалб шудаанд, мисол меорем:

  • кам гардидани таваккалсозии молиявӣ (80%-и шахсоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд);
  • пайдо кардани шарики мувофиқи технологӣ (70%);
  • таъмини бозори зарурии фурӯш (30%);
  • баромад ба бозорҳои нав (31%).

Дар айни замон, ба таври баробар пастравии истеҳсолот ва беқурбшавии пул боздошта шуда, дар иқтисодиёт ба вуҷуд омадани баъзе мӯътадилиҳо ва ҷоннок гардидани фаъолнокгардии инноватсионӣ, хусусан дар соҳаи маҳсулоти ғизоӣ, мошин ва таҷҳизот, инчунин дар соҳаи саноати кимиёвӣ ва истеҳсолоти маснуъоти нассоҷӣ ва либосворӣ мушоҳида мешаванд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, миқдори муассисаҳои саноатии аз беруни Россия ба технологияи нав соҳибшуда дар соли 1997 дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти озуқа – 46 корхона, истеҳсоли мошину таҷҳизот – 29, дар соҳаи саноати кимиёвӣ -18,  дар соҳаи истеҳсоли маснуъоти нассоҷӣ ва либосворӣ – 10 корхонаро ташкил медиҳанд. Миқдори корхонаҳое, ки технологияи худро ба берун аз Россия баровардаанд, мутаасифона, чандон зиёд нест. Масалан, дар соҳаи истеҳсоли мошин ва тадҷҳизот-ҳамагӣ 3 корхонаро ташкил медиҳанд.

Вазни қиёсии корхонаҳое, ки дар ҷараёни технологӣ иштирок менамоянд, аз миқдори умумии корхонаҳои технологияи нав дарёфтнамуда, дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ 54,8%, истеҳсолоти коркарди чӯбу тахта ва коғазу селюлоз – 50%, дар саноати маъдани кӯҳӣ –     47,6%, дар истеҳсолоти маҳсулоти нассоҷӣ ва

либосворӣ – 38,8%, дар корхонаҳои ба соҳаи металлургӣ технологияи навро вогузорнамуда – 4,9% дар истеҳсолоти нассоҷӣ ва либосворӣ – 4,5%; дар саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ – 4,4% дар истеҳсолоти коркарди металл – 4,2%-ро ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки дар ин самтҳо ҷоннокшавии инноватсионӣ ба вуҷуд меояд.

Асосан, қисми зиёди соҳаҳои дар боло номбаршуда бо коркарди пурраи ашёи хом ва канданиҳои фоиданок машғул набуданд. Бо ин кор ширкатхои хориҷӣ машғул буданд, вале рақамҳо гувоҳи онанд, ки Россия ҳамчун кишвари дорои ашёи хом боқӣ нахоҳад монд.2

Бо дарёфти истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ, кишварҳои ИДМ бо мушкилиҳои ниҳоят мураккаб, яъне интиқолёбии (трансформатсияи) илмҳои моҳияти минтақавидошта ба илми ба ҳалли вазифаҳои дар назди давлатистода қодир, ҳамчун маҷмӯи хоҷагидории мустақил қарордошта, дучор гардидаанд. Пас, аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ як комплекси илмӣ-техникии миллии кишварҳои ИДМ-ро ба истиснои россиягӣ ва украинӣ наметавон ба радифи комплексҳои мустақил, ки дорои иқтидори зарурии зеҳнии дарбаргирандаи сатҳу вусъати тадқикотҳои илмӣ бошад, дохил намуд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо, ҳатто дар Россия сатҳи худтаъминкунии иқтисод бо ихтирооти илмӣ пас аз барҳамхӯрии Иттиҳод то 44% ва имкониятҳои кишвар дар таҳия ва ҷорӣ намудани техника ва технологияи нав – 50- 60% коҳиш ёфтааст. Табиист, ки дар дигар кишварҳои ИДМ ин ҳолат боз ҳам вазнинтар аст.

Маълум аст, ки ба таҳлили рушди илмӣ-техникии чунин кишварҳо, ба монанди Белоруссия, Қазоқистон ва Украина таваҷҷӯҳ зоҳир гардад. Зеро, маҳз ҳамин кишварҳо дар миёни кишварҳои ИДМ дорои иқтидорҳои нисбатан азими илмӣ-техникӣ мебошанд. Таҳлили ҳолат ва ояндаи рушди илм дар ин кишварҳо барои кишварҳои дигар баҳри барқарор ва рушди алоқаҳои илмӣ-техникӣ дар асоси муносибатҳои нави иқтисодӣ, инчунин баҳри муҳайё сохтани имконияти ташкили фазои ягонаи технологӣ зарур аст.

Дар Ҷумҳурии Белоруссия бо вуҷуди анҷом додани як қатор чорабиниҳои азим оид ба ташаккули илмӣ, дар нимаи дуюми солҳои 90-ум, муҷтамаи илмӣ-техникии миллӣ ба омилҳои ҷиддии харобкунанда дучор гардид. Сабабгори асосии чунин равандҳо кам гардидани ҳаҷми маблағгузории илмӣ- миллӣ, бӯҳрони тӯлонии иқтисодӣ гардиданд.

Дар давраи солҳои 1991-1998 Ҷумҳурии Белоруссия иштирокчии барномаҳои зиёди байналхалқӣ ва иттиҳодияҳо гардид, ки он ба рӯи кишвар имкониятҳои васеъро баҳри барқарорсозии ҳамкорӣ дар бунёди технологияи пешқадам, қабл аз ҳама, ба шарикони аврупоӣ боз намуд ва ин ба дарёфти захираҳои иловагии молиявӣ баҳри дастгирии соҳаи илмӣ-техникӣ мусоидат намуд. Масалан, олимони беллорусӣ дар 159 адад лоиҳаҳо барномаҳои байналмилалии ИНТАС иштирок намуданд, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо қариб 5 млн. евроро ташкил дод.

Бо дарёфти истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ Ҷумҳурии Қазоқистон бо мушкилии ниҳоят мураккаб-интиқолдиҳии илми собиқи минтақавӣ, ки қодир ба ҳалли вазифаҳои дар пеши кишвар қарордошта бошад, дучор гардид. Дар солҳои охир масъалаҳои муҳими рушди илмӣ- техникии кишвар мавриди баррасии тезу тунд қарор гирифт.

Бо назардошти аҳамияти ин масъалаҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар миёнаҳои соли 1999 Консепсияи фаъолияти инноватсионии Қазоқистон тартиб дода шуд, ки он марҳила ба марҳила расидан ба мақсадҳои дар пеш гузошташударо пешбинӣ менамояд. Дар марҳилаи аввал ташкили истеҳсолоти начандон калони ба содирот нигаронидашуда, ба нақша гирифта мешавад, ки дар заминаи чунин як ихтироъоти илмӣ-тадқиқотӣ ё озмоишию конструктории баҳри ҷорӣ намудани нақшаҳои пешбинигардида, бунёд мегардад. Лоиҳаҳои алоҳидаи ояндадори барномаи миёнамӯҳлат метавонанд, барномаи дарозмӯҳлатро ташкил диҳанд. Объектҳои инноватсиониҳо дар ин марҳила, яъне истеҳсолот ва соҳаҳои бузург ба ташаккули бозори худии фурӯш ва муайян намудани сиёсаташон дар бозори истеъмолӣ қодиранд. Тахмин меравад, ки барномаҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушд, ба таври баробарӣ ҷорӣ гашта ва якдигарро пурра хоҳанд кард.

Бояд эътироф намуд, ки рушди инноватсионӣ, амалан ташкил намудани соҳаи нави иқтисодиёт, ки барои содироти маҳсулот нигаронида шудааст, асосан аз ҳисоби имкониятҳои миллии худ имконпазир аст. Ҳамин тавр, аз тарафи олимони Донишгоҳи давлатии Қазоқистон оид ба иттилооти илмӣ-техникӣ бонки маълумотҳои «технологияҳои нав» ташкил карда шудааст. Дар он маълумот оид ба 800 ихтироъоти нави институтҳои қазоқистонӣ, лабораторияҳо ва олимони алоҳида ҷамъ оварда шудааст. 15%-и онҳо аз санҷишҳои озмоишию истеҳсолӣ гузашта, бо потентҳо ҳифз карда шуда, амалан барои истифода омодаанд.

Ба таври васеъ ҷоннокшавии фаъолиятҳои инноватсионии корхонаҳои қазоқистонӣ, ташкили инфрасохтори махсусро тақозо менамояд, ки шабакаи васеи ширкатҳои хурди инноватсионӣ, фондҳои мубтакирӣ, ширкатҳои консалтингӣ, марказҳои инноватсионию технологӣ, паркҳои техникӣ бояд қисме аз онҳо гарданд.

Ӯзбекистон дорои заминаи бойи ашёи хом ва моддӣ-техникӣ барои инкишофи саноати сабук (пахта, пилла, қарақӯл, пашм, нахи сунъӣ ва ғайра) мебошад. Барои фаъолияти самараноки саноати сабук дар ҷумҳурӣ ҳамаи зерсоҳаҳои ҳамдигарро такмилдиҳанда (25 зерсоҳа) муттамарказонида шудаанд. Дар низоми саноати сабуки Ӯзбекистон 250 корхонаи саноатӣ амал мекунад.

Бо назардошти мақсад, вазифаҳо ва самтҳо, принсипҳои фаъолияти инноватсионӣ, тарзҳои ташкили он, дарёфти иттилооти дахлдор муайян карда мешаванд. Аз ҷумла, онро метавон бо роҳи таҳқиқи аз тариқи интихоб гузаронидашуда (ба воситаи саволномаҳо), ташкили хазинаи маълумотҳо, сабти фаъолияти иннноватсиониҳо ва ихтироъоте, ки барои ҳар як муассисаи иннноватсионию сармоягузорӣ нигаронида шудааст, пайдо намуд. Ин имкон медиҳад, ки раванди иннноватсионӣ 35

дар шароити рушди муносибатҳои бозоргонӣ мавриди таҳлил ва ояндабинӣ қарор бигирад. Аз тарафи олимони Ӯзбекистон бо дастгирии хазинаи «Евросиё» аз ҳисоби маблағҳои пешниҳоднамудаи Оҷонсии рушди байналхалқии ИМА (и$АГО) аз рӯи саволномаҳо гузаронидани пурсишро дар 1500 муассисаи ҷумҳурӣ, ки бо тавлид ва азхудкунии техника ва технологияи нав машғул буданд, анҷом додаанд. 653 саволнома ба низом даровардашуда, пешниҳоди 357 ташкилот, аз ҷумла – 68 ташкилоти давлатӣ ва 289 – ғайридавлатӣ (корхонаҳои муштарак, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои хусусӣ) таҳлил карда шудаанд. Таҳлили 570 пешниҳодҳои инноватсионӣ ва 415 – сармоягузори нишон доранд, ки муассисаҳои илмӣ ва ширкатҳо, ки ба иннноватсионӣ машғуланд, дар аксар маврид ихтироъотро дар

соҳаи асбобсозӣ ва маводшиносӣ – 157, химия – 126, физика – 83, биология – 79 ва тиб – 56 ихтироъотро пешниҳод менамоянд. Дар миёнаи таклифҳои иннноватсионӣ қариб 160 равандҳои технологӣ ва хатҳо, аз ҷумла 23 – минитехнологӣ (технологияи хурд) мавҷуданд.

Бо мақсади ошкор сохтани мутобиқати тамоюлҳои рушди равандҳои иннноватсионӣ ба самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таҳлили таклифҳои иннноватсионӣ дар вобастагӣ ба соҳаҳои муҷтамаи комплекси хоҷагидорӣ сурат гирифтааст. Қисми зиёди таклифҳои иннноватсионӣ ба хоҷагии қишлоқ – 85 таклиф, энергетика, электроника ва тандурустӣ – 74 таклиф, мошинсозӣ – 73 таклиф, экология – 55 таклиф ва саноати хӯрокворӣ – 52 таклиф рост меояд.

Аз Иттиҳоди Шӯравӣ комплекси азими илмӣ-техникиро, ки аз рӯйи миқёс бо комплекси илмии баъзе аз кишварҳои рушдёфтаи саноатии аврупоӣ ҳамрадиф мебошанд. Мероси гирифтаи, Украина натавонистааст аз ин захираи стратегӣ истифода намояд. Украина ҳанӯз ҳам худро кишвари рушдёфтаи илмии дар ҳалли мушкилиҳои технологӣ зиёновар меҳисобад ва дар роҳи рушди мустақил қарор гирифта, соҳиби нишонаҳои баланди иқтидорҳои илмӣ-техникӣ (30%-и комплекси саноатию ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 20%-и 36

марказҳои илмӣ) гардид, ки бо шарофати онҳо вай дорои технологияи ба рақобат тобовар дар соҳаҳои ракетасозӣ, соҳаи аэрокайҳонӣ, киштисозӣ, биотехнология, истеҳсоли маводҳои нав ва дигар соҳаҳо гардид.

Аз тарафи дигар, коршиносон бештар аз 600 масъалаҳои илмӣ, ки дар ин кишвар дар радифи масъалаҳои фаъолияти созанда гузоштан мумкин аст, мавриди таҳлил қарор доранд. Маълум гардид, ки дар 60 масъала Украина дар ҷаҳон пешсаф аст. Аз рӯй бештар аз 200 масъалаи азими илмӣ Украина метавонад дар радифи кишварҳои хориҷӣ ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардад. Қариб 30%-и афзалиятҳои баррасишаванда, дорои самти бевоситаи технологӣ мебошанд. Таҳияи онҳо метавонад бунёди технологияи аслан нави дар бозори ҷаҳонӣ рақобаткунандаро таъмин намояд.

Дар айни замон, хусусияти хоси фаъолияти корхонаҳои украинӣ – ҷорисозӣ, афзалияти «маҳсулоти» хориҷӣ ё инноватсияҳои технологӣ нисбати ватанӣ ба ҳисоб меравад. Чунин таҷриба, бешубҳа, метавонад оқибатҳои манфӣ дошта бошад. Аввал ин ки боиси ихтисори сохтори илмии корпоративию истеҳсолӣ,

корпоративии корҳои тадқиқотӣ- илмӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мегардад. Дуюм, ин ки инноватсияҳое, ки ба Украина аз хориҷа ворид мегарданд, дорои даври кӯтоҳи мавҷудияташон ба рақобатнокиашон на танҳо дар бозори хориҷӣ, балки дар бозори дохилии Украина низ мусоидат намекунанд. Аз рӯи моҳият, ҷараёни воридшавии беназоратии технологияи хориҷӣ рушди муҷтамаи миллии иннноватсионӣ ва илмҳои амалиро боздошта, аз ихтироъоти хориҷӣ хатари вобастагии технологии саноати миллӣ ба вуҷуд меояд.

Дар айни замон, моҳияти стратегияи инноватсионӣ боиси таҳия ва татбиқи барномаҳо баҳри ташаккул додани пешсафони милли- инноватсионӣ ва технологӣ дар заминаи корхонаҳои азим, холдингҳо, истеҳсолоти баланди технологӣ мегарданд, ки ба рушди болоравии саноатию иқтисодӣ мусоидат мекунад. Барои ин дар сатҳи давлатӣ

маблағгузории афзалиятноки онҳо, кӯмакҳо ва менеҷменти замонавӣ, қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкорони инноватсионӣ ва ихтироъоти ояндадор, ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои батаъғйир гузошташаванда, имтиёзҳои андозӣ ва ғайра бояд таъмин карда шаванд.

Ташкили минтақаи озоди ба вуҷуд омадаистодаи навовариҳои илмӣ-техникиро метавон бо мавҷудияти омилҳои зерин ифода намуд:

  • бо самти дақиқи фаъолсозии соҳаи навигариҳои илмӣ-техникӣ, ки барои расонидани моликияти зеҳнӣ то ба сатҳи барои фурӯши он ба сифати мол дар бозори дохилию хориҷӣ дар намуди маҳсулоти тайёр ва дар шакли литсензия нигаронида шудааст, ки ба ташкили минтақаи фаъолияти созанда аз ташкилотҳои резидентии дар шаҳр ҷойгиршуда ва ба минтақаи дорои хусусияти фаъолияти иннноватсионӣ дошта, имкон медиҳад;
  • бо сохтори ташкилии минтақаи фаъолияти созанда, ба анҷомрасонии низомҳои омодасозии бозаргонӣ оид ба равандҳои иннноватсионӣ дар шаҳр, дар заминаи манфиатҳои тиҷоратии иштирокчиёни он, бо шартҳои ҷолиби, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ барои сармоягузорон, хусусан, сармоягузорони хориҷӣ имкон медиҳад;
  • дар низоми минтақаи фаъолисозанда истифодаи иқтидорҳои на чандон ба қадри кофӣ амалкунандаи истеҳсолии шаҳр ва инфрасохтори иҷтимоӣ, ки маблағгузориҳои чандон зиёди ибтидоиро талаб намекунад;
  • дар асоси таҳия ва ҷорӣ намудани низоми тадбирҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, тарҳӣ (конструксиявӣ) минтақаи фаъолсозанда, имконияти истифодаи манбаи нави воридшавии воситаҳои асъориро ба буҷа фароҳам меоварад;
  • дар чунин шароити минтақаи фаъолсозанда масъалаҳои иҷтимоии минтақаи оид ба боло бурдани шуғл, музди меҳнати олимон, мутахассисон, пеш аз ҳама, дар бахши буҷетии илм, бо шарофати иннноватсионӣ ба таври самаранок метавонанд ҳал гарданд.

Ҳадаф аз чунин минтақа – азхудкунии дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва дар асоси онҳо ташкил намудани истеҳсоли маҳсулоту технологияи нав, инчунин рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ бо роҳи ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ.

Одатан омодагӣ баҳри ташкили минтақа дар се самт амалӣ мегардад:

  1. Ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ;
  2. Таҳлили усулҳои асосноки техникию иқтисодии минтақа; нақшаҳои тиҷоратӣ аз рӯи лоиҳаҳои алоҳидаи инноватсионӣ;
  3. Ташкили ширкатҳои инноватсиониҳои маҳаллӣ, намояндаи минбаъдаи минтақа.

Ба ғайр аз ин, дастгирии ташкили сохтор, баҳри гузаронидани озмоишҳои мустақили ихтироъотии ба итмомрасида ва ташкили фаъолияти иннноватсионӣ аз рӯй фармоишоти беруна; кафолатҳои қарзии сармоягузорони хориҷӣ аз тарафи сохторҳои дахлдори давлатӣ, ки ташаккули хазинаи маълумот аз рӯи маълумотҳои танҳо сармоягузарони хориҷӣ, олимон ва корхонаҳо ҳангоми гузаронидани тадқиқот ва татбиқи лоиҳаҳо зарур аст.

Барои бунёди низоми дахлдори татбиқи сиёсати давлатии илмӣ- техникӣ ва инноватсионӣ дар кишварҳои ИДМ бояд маҷмӯи тадбирҳои дорои моҳияти такмилдиҳӣ ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимои дошта таҳия гарданд.

Бо мақсади вусъати робитаҳои илмӣ-техникӣ дар байни кишварҳои ИДМ бояд хазинаи мусоиди меъёрию ҳуқуқиро дар ҳар як давлат ва заминаи шартномавии байнидавлатиро бунёд намуда, барномаю лоиҳаҳои муштаракро тартиб диҳанд. Инчунин механизми маблағгузориҳои онҳоро муайян намуда, марказонидани саъю кӯшиши муштарак баҳри ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои баланд, баҳри ҳифзи бозорҳои дохилии худиро созмон додан зарур аст.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222