Главная / Илм / Тақвову зуҳд ва беолоишии Имом Аҳмад (р)

Тақвову зуҳд ва беолоишии Имом Аҳмад (р)

Тақво ва зуҳди Имом Аҳмад ба ҳадде буд, ки забонзади омму хос будааст. Аз қабул кардани қазовати Яман, ҳамчунин аз қабул кардани ҳадя ба шиддат худдорӣ намуда, ба хотири ин ки дар зиндагӣ фақат аз ҳосили кору заҳмат истифода менамуд, дучори тангдастӣ шуда буд.
Писараш Абдуллоҳ мегўяд: «Дар замони хилофати Восиқ дар тангдастии шадиде будем. Шахсе мехост чаҳор ҳазор дирҳам ба унвони ҳадя ба падарам бидиҳад, ки онро аз падараш ба ирс бурда ва бино ба изҳори он шахс на аз садақа буд ва на аз закот. Бо вуҷуди исрори он шахс падарам аз қабул кардани он ҳадя худдорӣ намуд. Пас аз чанде дар ин маврид бо падарам суҳбат кардам, гуфтанд: «Агар онро қабул мекардем, ҳамаи онро масраф карда будем ва чизе аз он боқӣ намонда буд». Абўдовуд мегўяд: «Маҷлиси Имом Аҳмад маҷлиси охират буд, ки дар он аз лаззатҳо ва хушиҳои дунё ёде намешуд ва ҳеҷ гоҳ Имом Аҳмадро надидам, ки лаззатҳои дунёро зикр кунад».
Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Яъқуби Саффор мегўяд: «Ҳамроҳи Аҳмад ибни Ҳанбал дар Сомарро будем, аз ў талаби дуо кардем, гуфтанд: «Парвардигоро, Ту медонӣ, ки мо бештарин аъмолеро, ки дўст медорӣ, анҷом медиҳем, пас моро ҳамеша бар аъмоле, ки дўст медорӣ, қарор бидеҳ», сипас сукут карданд. Талаби дуои бештаре кардем, гуфтанд: «Парвардигоро, ба ростӣ мо аз Ту ба василаи он қудрате, ки барои осмонҳо ва замин гуфтӣ: «Биёед дар зери амру ҳукми Ман, чи бихоҳед ва чи нахоҳед, гуфтанд: Омадем итоаткунандагон», талаб мекунем, ки моро муваффақ ба анҷом додани аъмоле кунӣ, ки дар он ризояти Туст. Парвардигоро, мо аз фақр ба Ту паноҳ мебарем, магар аз фақирӣ ва муҳтоҷӣ ба Ту, паноҳ мебарем ба Ту аз хорию зиллат, магар аз хорию зиллат барои Ту, Парвардигоро, бар мо зиёд неъмат мадеҳ, ки саркашӣ мекунем ва неъматҳоятро бар мо кам макун, ки неъматро фаромўш мекунем ва барои мо аз раҳматат ва ризқат он чиро бубахш, ки моро муваффақ ба тоату ибодати Ту мекунад ва моро бо фазлу карамат бениёз кун»».
Ибни Касир (р) пас аз ин ки дар бораи зуҳду тақвои Имом Аҳмад сухан меронад, мегўяд: «Хабарҳои воридшуда аз ў дар мавриди зуҳду тақво бисёр зиёд аст ва Имом Аҳмад дар мавриди зуҳд китобе бисёр пурманфиат таълиф кардааст, ки ҳаммонанди он то кунун навишта нашудааст, ҳамеша дар ҳадди тавони худ зиндагӣ мекарданд».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222