Ин китоб ҳамон тавре ки яке аз уламо дар бораи он гуфта, беҳтарин китоби таълифшуда дар даврони худ мебошад. Имом Шофеъӣ мегўяд: «Баъд аз Қуръон китобе саҳеҳтар аз китоби Молик ба рўи замин вуҷуд надорад». Ҳамчунин Имом Шофеъӣ мегўянд: «Дар миёни китобҳое, ки таълиф шуда, китоберо беҳтар аз «Муваттаъ»-и Имом …
Муфассал »Дурдонаҳое аз суханон ва ҳикматҳои Имом Молик (р)
Сухани ҳар касе қобили қабул ва рад кардан мебошад, магар сухани соҳиби ин қабр, яъне Расул (с). Тавозуъ тарки риё ва шаҳватталабӣ аст. Ҳеҷ шахсе солеҳ ва парҳезгор намегардад, магар замоне ки аз ақвол ва афъоле, ки ба дарди ў намехўрад, иҷтиноб кунад, дар ин сурат Худованд даричаи қалбашро барояш …
Муфассал »Ақволи уламо дар мавриди Имом Молик
Имом Шофеъӣ (р) мегўяд: «Ҳангоме ки ҳадисе аз Расулуллоҳ (с) ва асҳобаш нақл шавад, пас Молик ҳам монанди ситорае медурахшид». Ҳамчунин мегўяд: «Молик ҳуҷҷату далели Худованд бар халқаш баъд аз тобеъин аст». Яҳё ибни Саъид ва Яҳё ибни Маъин мегўянд: «Молик амирулмуъминин дар ҳадис аст». Аҳмад ибни Ҳанбал (р) мегўяд: …
Муфассал »Ҳайбат ва виқори Имом Молик (р)
Аз сифоте, ки Худованд ба Имом Молик бахшида буданд ва дар ахбору ривоёт нақл шуда, ҳайбат ва виқори вай мебошад. Халифа Ҳорунуррашид мегўяд: «Дар байни уламо ҳеҷ кас боҳайбаттар аз Молик ва бо тақвотар аз Фузайл ибни Иёз надидаам». Саъид ибни Марям мегўяд: «Боҳайбаттар аз Молик надидаам, то он ҷое, …
Муфассал »Пайравии Имом аз суннати Паёмбар (р) ва мухолифат кардан бо бидъат
Аз Имом Молик (р) ривоят шудааст, ки ў дар пайравӣ аз суннати Паёмбар (с) ва зиндагии саҳоба ҳирси зиёд дошта, бо бидъат мухолифат ва кароҳияти шадид нишон медод ва бештари авқот ин шеърро мехондаанд: «Ва хайру умурид-дини мо кона суннатан, Ва шаррул-умирил-муҳдасотул-бадоиъу». Имом Шотибӣ дар китоби «Эътисом» аз Ибни Моҷишун …
Муфассал »Шогирдони Имом Молик (р)
Ибни Касир мегўяд: «Имом Молик аз бисёре аз тобеъин ҳадис ривоят мекунад ва уламои бузург, аз он ҷумла Суфёни Саврӣ, Суфён ибни Унайна, Шуъба, Абдуллоҳ ибни Муборак, Авзоъӣ, Ибни Маҳдӣ, Ибни Ҷурайҷ, Лайс, Шофеъӣ, Яҳё ибни Саъиди Қаттон ва устодонаш Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ, Яҳё ибни Саъиди Ансорӣ аз Имом Молик …
Муфассал »Таҳқиқ ва баррасии Имом дар бораи ровиёни ҳадис ва уламо
Ибни Абдулбар дар китоби «Ал-интиқо» аз Имом Молик ривоят мекунад, ки мефармояд: «Ин илм(-и ҳадиси Расулуллоҳ (с)) дин аст, пас бингаред аз чӣ касоне динатонро мегиред. Ман аз ҳафтод нафар аз касоне, ки ҳадисро ривоят мекарданд, ҳадис ривоят накардаам ва ин ба хотири ин нест, ки онҳо мавриди эътимод ва …
Муфассал »Шиддати ҳифзи Имом Молик (р)
Имом Молик (р) мегўяд: Яҳё ибни Саъид мегўяд: Имом Молик ҳофиз буданд. Яҳё ибни Маъин мегўянд: Ҳеҷ касеро ҳофизтар аз Имом Молик ва Суфёни Саврӣ ба аҳодисе, ки худ ривоят мекунанд, надидаам. Суфёни Саврӣ мегўяд: Молик аз ҳофизтарин уламои асри худ мебошад.
Муфассал »Даврони таҳсили Имом Молик ва кўшиши вай дар ёдгирӣ
Имом Молик (р) дар мавридашон мегўянд: Бародаре доштам дар синни Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ. Рўзе падарам аз мо саволе кард, ки бародарам ҷавоби саҳеҳ дод. Падарам ба ман гуфт: «Кабўтарҳо туро аз талаби илм боз доштаанд». Аз ин қавли падарам нороҳат шудам ва муддати ҳафт сол дар мазҳари Ибни Ҳурмуз ба …
Муфассал »Имоми Дорул-ҳиҷрат Молик ибни Анас (р) Насаб ва маҳалли таваллуди Имом Молик (р)
Ў Абўабдуллоҳ Молик ибни Анас ибни Абўомири Аздии Асбаҳӣ аз қабилаи Ҳимяр ва модараш Олия духтари Шарик ибни Абдурраҳмони Аздӣ мебошад. Дар соли 93 ҳиҷрии қамарӣ бинобар саҳеҳтарин ақвол дар Мадинатур-Расул – ҳиҷратгоҳи Паёмбар (с) ва маҳалли тарбияти беҳтарин насле, ки ба дасти Паёмбар (с) тарбият шуда буданд ва башарият …
Муфассал »