Главная / Теги: Дин (страница 3)

Теги: Дин

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим Муқаддима

1388677530_arab

Алҳамду лиллоҳи Раббил-ъоламин, вас-салоту вас-салому ъало Саййидил-мурсалин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин. Саросари зиндагии Паёмбар (с) нуҳуфта аз розҳо ва рамзҳое аст, ки ҳеҷ кас, ҳатто наздиктарин ёрону асҳобаш ва фаротар аз он, ҳамсаронаш низ натавонистанд ба он розҳои дарунӣ пай бибаранд ва онро ба таври комил бишиносанд. Ҳамзамон …

Муфассал »

Вафоти Имом Аҳмад ибни Ҳанбал

images-4

Солеҳ писари Имом Аҳмад мегўяд: «Падарам дар аввали моҳи Рабеъул-аввали соли 241-уми ҳиҷрии қамарӣ мариз шуданд. Дар рўзи чаҳоршанбе дувуми Рабеъул-аввал ба аёдати падарам рафтам, дар ҳоле ки заиф шуда буд ва нафасҳои баланд мекашид, пурсидам: «Эй падар, пешин чӣ хўрдаӣ?». Гуфтанд: «Оби боқило». Сипас Солеҳ издиҳоми ҷамъият аз бузургон …

Муфассал »

Ақволи уламо дар бораи Имом Аҳмад

images-3

Имом Шофеъӣ мегўяд: «Аз Ироқ берун омадам ва касе беҳтару донотар ва зоҳидтару ботақвотар аз Аҳмад ибни Ҳанбал дар он набуд». Қутайба ибни Саид мегўяд: «Бо марги Суфёни Саврӣ зуҳду беолоишӣ аз байн рафт, бо марги Шофеъӣ суннатҳои Расулуллоҳ (с) аз байн рафтанд ва бо мурдани Аҳмад ибни Ҳанбал бидъатҳо …

Муфассал »

Имом Аҳмад ва фитнаи хилқати Қуръон

images-2

Байҳақӣ (р) мегўяд: «Баёни машаққатҳо ва сахтиҳое, ки Абўабдуллоҳ Аҳмад ибни Ҳанбал дар замони хилофати Маъмун, Муътасим ва Восиқ ба хотири Қуръон таҳаммул намуд ва баёни зиндонҳои дарозмуддат ва шаллоқҳои зиёд, таҳдид ба қатл, шиканҷаҳои бисёри Имом Аҳмад ва бетаваҷҷуҳ будани ў ба ин машаққатҳо, сабру пойдорӣ бар дини Худо …

Муфассал »

Пайравии Имом Аҳмад аз суннати Расулуллоҳ (с) ва эҳтиром ба аҳли ҳадис

images-1

Абдулмалики Маймунӣ мегўяд: «Чашми ман касеро беҳтар аз Аҳмад ибни Ҳанбал надидааст, ба дастуроти Худованду суннати Расулуллоҳ (с) ва пайравӣ аз он арзиши бас бузург мегузошт, ки ҳаммонанди ў касеро аз муҳадддисин надидаам. Мегуфтанд: «Касе ҳадиси Расулуллоҳ (с)-ро рад намояд, наздик аст, ки ҳалок шавад». Имом Аҳмад мегўяд: «Тааҷҷуб мекунам …

Муфассал »

Тақвову зуҳд ва беолоишии Имом Аҳмад (р)

1110838

Тақво ва зуҳди Имом Аҳмад ба ҳадде буд, ки забонзади омму хос будааст. Аз қабул кардани қазовати Яман, ҳамчунин аз қабул кардани ҳадя ба шиддат худдорӣ намуда, ба хотири ин ки дар зиндагӣ фақат аз ҳосили кору заҳмат истифода менамуд, дучори тангдастӣ шуда буд. Писараш Абдуллоҳ мегўяд: «Дар замони хилофати …

Муфассал »

Маҳалли таваллуд ва вафоти Имом Аҳмад (р)

39825_original

Имом Аҳмад (р) дар моҳи Рабиъул-аввали соли 164-уми ҳиҷрии қамарӣ дар Бағдод ба дунё омадааст. Дар синни cесолагӣ падарашро аз даст дод ва модараш сарпарастии вайро ба уҳда гирифт. Ҳангоме ки навҷавоне беш набуд, дар маҷлисҳои дарси Абўюсуфи Қозӣ ҳузур пайдо мекард. Пас дар синни 16-солагӣ ба ҳадис руй овард. …

Муфассал »

Имоми аҳли суннат Аҳмад ибни Ҳанбал (р) Насаби Имом Аҳмад (р)

0823-001

Ў Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал ибни Ҳилол ибни Асад ибни Идриси Шайбонии Марвазии Бағдодӣ аст, ки насабаш арабӣ ва куняаш Абўабдуллоҳ мебошад. Ҳофизи бузург Абўбакри Байҳақӣ насаби Имом Аҳмадро ба Иброҳими Халил расонидааст.

Муфассал »

Вафоти Имом Шофеъӣ (р)

images

Имом Шофеъӣ дар Миср мариз шуданд ва бемории ў бисёр шадид буд, то ҳадде, ки Юнус ибни Аъло мегўяд: «Касеро надидаам, ки мисли Шофеъӣ мариз шуда бошад». Музанӣ, ки яке аз шогирдони ў мебошад, ба аёдати вай рафта ва суол мекунад: «Чӣ гуна шабро ба субҳ расонидаед?». Имом Шофеъӣ гуфтанд: …

Муфассал »

Калимоте дар бораи илм

images-10

Талаби илм беҳтар аз намози суннат аст. Касе, ки хоҳони дунё аст, пас илм биомўзад ва касе ҳам, ки хоҳони охират аст, илм биомўзад. Ҳеҷ чиз баъд аз анҷом додани фароиз, бандаро беҳтар аз илм ба Худованд наздик намекунад. Касе, ки илмро бидуни далел ва мадрак талаб мекунад, монанди касе …

Муфассал »