Главная / Гуногун / ТАЪЛИМОТИ МАЗДАК

ТАЪЛИМОТИ МАЗДАК

Монӣ таълим медод, ки ҷаҳон натиҷаи асорати нур /равон/ дар зиндони зулмат /модда/ ба вуҷуд омада ва зулмат боиси ин омезиш шудааст. Ин ба ақидаи Зардушт, ки нурро омили пайдоиши олам медонист, зиддият дошт. Ва баҳс ҳам рӯи он буд, ки оё чунин омезиш имконпазир аст?

Маздак, дар ин баҳс бар акси Монӣ, далел пеш меоварад, ки зулмат на ҳуш дорад ва на ирода, қодир нест дар қаламрави нур рахна кунад. Бояд яқин кард, ки нур бар зулмат рахна карда.

mazdakЧун зиндагии дунёвӣ аксаран нопок ва ғайри рӯҳонӣ аст ва ҷанбаи нуронӣ /маънави/-и одамӣ заъифтар аз ҷанбаи зулмонӣ /модди/-и ӯ мебошад. Бинобар ин Маздак фарз карда, ки зиндагии дунёвӣ усулан зулмонӣ аст ва омезиш бо нур, он чунон ки Монӣ мепиндорад, ихтиёрӣ набудааст. Нуре, ки дар зулмат маҳбус аст, аз ҳуш ва ирода бархурдор аст. Бинобар ин ӯ бояд ба вазъу ҳолати ғайри табиии худ пай бурда , саъй кунад, то худро озод намуда, ба асли худ бипайвандад.

Хулоса:

  • Монӣ нурро бе ирода ва ғайри фаъол мешуморид, вале ақидаи Маздак дар ин масъала ба куллӣ дигар аст. Тибқи таълимоти Маздак баръакс нур огоҳ, вале зулмат кӯр, ҳаракати нур иродӣ ва ҳаракати зулмат ғайри иродӣ аст. Аз ин рӯ, ғалабаи нур зарурӣ ва қатъӣ ва пирӯзии зулмат тасодуфӣ ва муваққатӣ аст.
  • Маздак омезиши нур ва зулмат ва пайдоиши ҷаҳони моддиро дар асоси ин муқаддима тасодуфӣ мешуморад ва ин баҳамомезиро иборат аз се марҳала медонад. Дар марҳалаи аввал нур ва зулмат аз ҳам ҷудо ва мустақил буданд, марҳалаи дуюм марҳалаи ба ҳам омехтани унсурҳои нуру зулмат ва ниҳоят, марҳалаи сеюм, марҳалаи ҷудошавии нур аз зулмат. Ба вуқӯъ пайвастани ин кор ҳатмист ва таҳаққуқи он аз роҳи мусоидату ёрии мардум ба нур ва набарду мубориза бо нерӯҳои зулмонӣ муяссар аст.
  • Вазифаи одамӣ он аст, ки нур- рӯшноиро аз чанги зулмот-торикӣ бираҳонад ва бо ин ба марҳалаи тасодуфии омезиш хотима диҳад ва нурро бар маснади қудрат ва исолати худ бинишонад.
  • Асоси таълимоти динии маздакия ба равшанӣ дугароӣ аст. Офаридгори олам, дар Маздакия аз оғоз ду асл аст. Яздон, ки нур аст, офаридгори хайр ва Аҳриман, ки он зулмат аст, офаридгори шар.

Тамоми сифат, хулқу хӯй ва мавҷудоти хубу бади олам, тавассути ин ду асли аввалин офарида шудаанд. Аъмол ва ҳаводиси нек (хайр) дар асари ангезаи Яздон аст ва аъмолу ҳаводиси бад (шарир) дар асари ангезиши Аҳриман. Масалан, оташе, ки сармозадаро гарм кунад, вазидани бод, ки ҳарорати гарморо паст кунад ва об, ки ташнаро сероб кунад ва тамоми ҳайвоноту маъодини судманд ба инсон- ҳама офаридаи Яздонанд ва аммо сӯзондани оташ ҷонваронро ё масалан, сӯхтори ҷангал, куштани боди самум ҷондоронро, ғарқ гардидани киштӣ дар об ва ҳамчунин ҳайвону хазандаву ҳашароти муззир- офаридаи Аҳриман мебошанд. Ниҳоят, эзид ҳаётро офарид, Аҳриман марг /мамот/-ро ва ғ-ра.

Таълимоти ӯ мисли таълимоти Монӣ бар пояи зуҳд ва порсоӣ қарор гирифтааст. Маздак парҳезгорӣ ва риёзат меомӯхт, хӯрдани гӯшт, куштани ҷондор, ҷангу хунрезиро манъ мекард.

Муҳимтар аз ҳама дар таълимоти Маздак масъалаи иҷтимоист.Муҳаммад Иқбол Маздакро «пайғамбари мардумгарой ва ҷомеъагаро \социалист\»[1] номидааст. Ғояи адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ аз муҳимтарин пояҳои таълимоти иҷтимоии Маздак мебошанд. Ӯ ақида дошт, ки неъматҳои моддиро Аҳуромаздо ба ҳамаи мардум додааст, нобаробарӣ аз он ҷо бархоста, ки касоне аз тариқи зӯрӣ ва ҷабр молҳои дигаронро аз худ кардаанд.

Маздакия дар таълимолти худ, зиддиятҳо ва нобаробариҳои замони худро инъикос кардааст. Вай замоне зуҳур кард, ки шароити зиндагии мардум алалхусус табақаи заҳматкаши ҷомеаи сосонӣ ниҳоят тоқатфарсо буд. Ин вазъият дар аҳди салтанати шоҳ Қуббод \сал. аз с. 488-498\ боз ҳам бадтар мегардад. Аз ҷумла, дар замони шоҳ Қуббод қаҳтии бузурге ба Эронзамин рӯй оварда буд. Садҳо нафар аз асари груснагӣ ҷон месупориданд, дар ҳоле, ки заминдорон ғаллотро дар анборҳои худ пинҳон намуда буданд, то онро бо қиммати гарон ба мардум бифрӯшанд. Ҳеҷ кас эътиное ба ранҷу машаққати фуқаро надошт. Ин аст, ки маздакия дар аввал ҳамчун таълимоти динию ахлоқӣ зуҳур намуда, минбаъд ба шуришу исёни васеи фуқаро табдил ёфт. Наҳзати маздакия, аз с. 493м. то 524 м. идома дошт. Подшоҳи сосонӣ Куббод дар аввал маҷбур ба созиш кардан бо маздакиён шуд.

Яке аз хусусиятҳои ҷомеаи сосонӣ , иборат аз он буд, ки муқаррароте мисли сохтори каставии ҷомеа дар он ҳукмрон буд. Каста, яъне дар муносибатҳои иҷтимоии нобаробар, ҷудоӣ, бастагӣ, яъне ғайри қобили нуфуз аз яке табақа ба табақаи дигар аст. Дар чунин сохтор инсонҳо аз насл ба насл, то охири умр маҳкум ба як муҳит ва вазъи иҷтимоӣ, ҳатто ба як шуғлу мартабаи ҷамъиятӣ буда, ҳаққи гузаштан ба дигар табақа, имкони доду гирифт, издивоҷ ва ғ-ро надоштанд.

Ин аст, ки аз густариши шӯриши пайравони Маздак ашрофу рӯҳониён ба ҳарос омада, бо воситаи писари Қуббод Хусрави Анӯшервон бо ҳиллае Маздакро бо тамоми сарварони ҷунбишаш ба дарбор даъват намуда, ҳамаи онҳоро ба қатл мерасонанд. Вале ин куштори Маздак ва сарони ҷунбиши маздакия натавонистааст ин дину ҷаҳонбинӣ ва ҳаракати сиёсиро билкул аз байн барад. Маздакия таъсири амиқе дар таърихи баъдии халқҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон гузоштааст.

Ҳамин ба тариқи фоҷиавӣ кушта шудани Монӣ, Маздак ва пайравони ӯ гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷомеаи сосонии Эрони бостон озодии ақида вуҷуд надоштааст, балки баръакс таассуби мазҳабии сахти мӯъбадони зардуштӣ дар Эрон ҳукмрон будааст. Ин ҷо таъкид бояд кард, ки дар Осиёи Марказӣ, ки ҷуъе аз Эрони Бузург буда, таърихан сарзамини ниёгони мост, баракси Эрони Ҷанубу Ғарбӣ озодии ақида ва адён риоя мешуда, аз ин рӯ монавиён ва маздакиён аз Эрон фирор карда, дар ин ҷо паноҳ меёфтаанд.

Дар охир, ногуфта намонад, ки маҳз ҳамин шароити иҷтимоию сиёсии давраи сосонӣ: вазъияти асафбори табақаи заҳматкаш, табъизоти иҷтимоию мазҳабӣ, ба дини ашрофу аъён табдил ёфтани зардуштия шикасти импературии шоҳаншоҳии Эронро дар муқобили ҳуҷуми низомии арабҳо ва шикасти зардуштияро дар бархӯрд бо ислом таъмин кард.

Бо чунин вазъият дар Осиёи Марказӣ, дар сурати ба миён наомадани ислом, хатари интишори саросарии мазҳаби настурии дини насронӣ ва дар қисмати ҷанубии Тоҷикисто ва Афғонистон дини буддоия ва ҳамчунин имкони аз оташи зери хокистар аз нав аланга гирифтани шӯришҳои маздакия ва фурӯ рафтани қасри шоҳаншоҳии Эрон яқин буд.

Баъд аз барқарор гардидани дини ислом низ маздакиён ду се қарн вуҷуд доштанд ва наҳзатҳои мардумии Осиёи Марказӣ алайҳи хилофати арабро раҳбарӣ мекарданд. Ниҳоят дар хотима бояд гуфт, ки бо вуҷуди муқобилияти шадиди халқҳои эронӣ, алалхусус, мардуми Мовароуннаҳру Хуросон чун усули ақоиди ислом бо дини асосии халқҳои эронӣ- зардуштияи ибтидоӣ ва ормонҳои маздакия хеле наздик ва метавон гуфт, содда ва ба шуури таърихии мазҳабию динии мардуми эронзамин ошно буд, он дар ин сарзамин қабул ва мондагор гардид.[2] Аз ин рӯ, ҳарчанд мардуми ин сарзамин баъд аз ду аср истиқлоли миллӣ ва эҳёи фарҳангӣ ба даст оварданд, масъалаи баргашт ба дини қадимаи худро ба миён наоварданд.

[1]  Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Сайри фалсафа дар Эрон.- С. 16.

[2]      Ниг. Ш. Абдуллозода. Ташаккули тамаддуни исломии тоҷик дар аҳди Сомониён.\\ Дар маҷ. Фалсафа дар аҳди сомониён. Душанбе: Дониш, 1999.-С. 141. Ва ҳамчунин аз ӯ дар Маҷ. Фарҳангу фароғат. Наш.1. Душанбе: 1999.- С.11-30.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222