Главная / Илм / Танзими рушди бозори инноватсияҳо

Танзими рушди бозори инноватсияҳо

  • Танзими миллии рушди бозори инноватсияҳо
  • Таҷрибаи танзими давлатии бозори инноватсияҳо
  • Сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ ва технологияҳои пешқадам ҳамчун омили рушди бозори инноватсияҳо
  • Танзими миллии бозори инноватсияҳо

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди инноватсионӣ амал мекунад, ки ғайр аз мақсадҳои асосии гузошташуда, ҳадаф ва самтҳои муайянкардашуда, танзими рушди бозори инноватсияҳои миллиро низ фарогиранда аст.  Дар ин замина Низоми миллии инноватсионӣе созмон дода мешавад, ки он шароитро барои татбиқи самарабахши дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, маҳсулоти хом ва сармоягузори, муваффақ шудан ба амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ, ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ, афзоиши некӯаҳволӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин менамояд.

Татбиқи Барнома дар ду марҳила пешбинӣ гардидааст:

  • марҳилаи якум (2011-2014) – марҳилаи омодасозию ташкилӣ;
  • марҳилаи дуюм (2015-2020) – марҳилаи рушди инноватсионӣ.

Дар назар дошта шудааст, ки дар марҳилаи якум заминаи зарурӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ омода карда мешавад: санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣҳамчун асоси фаъолияти инноватсионӣ таҳия ва қабул карда мешаванд; чораҳои иқтисодӣ ва ташкилӣ оид ба дастгирии фаъолияти инноватсионӣ қабул карда мешаванд; корҳо оид ба таъсиси инфрасохтори инноватсионӣ анҷом додамешаванд; замина барои рушди минбаъдаи он гузошта мешавад, низоми тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи инноватсия ташаккул дода мешавад, ҳамчунин як қатор чорабиниҳои дигар амалӣ карда мешаванд.

idifМарҳилаи якуми татбиқи Барнома бо таъсиси ҷузъҳои зарурии сохтори Низоми миллии инноватсионӣ анҷом меёбад. Низоми миллии инноватсионӣ аз маҷмӯи ҷузъҳои қонунгузорӣ, сохторӣ, ташкилӣ ва функсионалие иборат хоҳад буд, ки рушди фаъолияти инноватсионӣро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд.

Низоми миллии инноватсионӣ саъйу кӯшиши мақомоти давлатии идоракунии ҳамаи сатҳҳо, ташкилотҳои соҳаи илмию техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши соҳибкории иқтисодиётро, ки ба такмили механизмҳои ҳамкориҳои байни иштирокчиёни равандҳои инноватсионӣ, истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва технологияҳо барои татбиқи афзалиятҳои миллии стратегии мамлакат равона карда шудаанд, муттаҳид менамояд.

Дар марҳилаи дуюми Барнома дар заминаи Низоми миллии инноватсионӣи таъсисдодашуда бояд корҳои зиёде доир ба амалисозии Барнома анҷом дода шаванд, то ҳар сол дар иқтисодиёти кишвар ҷузъи инноватсионӣ бемайлон инкишоф ёбад. Дар рафти татбиқи Барнома оид ба такмили минбаъдаи Низоми миллии инноватсионӣ бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ, технологияҳои пешқадам ва таҷрибаи ташкили фаъолияти инноватсионӣ чӣ дар мамлакати мо ва чӣ дар хориҷи он тадбирҳо андешида мешаванд.

Яке аз самтҳои асосии татбиқи Барнома, ин ин тадбирҳое, ки ҷиҳати ноилшавӣ ба мақсад ва ҳалли вазифаҳои Барнома нигаронида шудаанд. Таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқие, ки барои фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам меоваранд.

Яке аз вазифаҳои асосии давлат дар самти сиёсати инноватсионӣ ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздик зарур аст то дар эҷоди заминаи ҳуқуқии гузариш бо роҳи ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи рушди инноватсионӣ, ки асоси онро бояд принсип ва стандартҳои эътирофшудаи танзими қонунгузории фаъолияти инноватсионӣ ташкил диҳанд, бояд корҳои зиёде анҷом дода шавад.

Дар марҳилаи якуми татбиқи Барнома (марҳилаи омодагирӣ ва ташкилӣ, солҳои 2011-2014) зарур меояд, ки асоси танзими қонунгузории фаъолияти инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шавад. Ҳамин тариқ, соли 2012-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» қабул гардид, ки боби 4-уми он танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣи миллиро фарогир аст.

Шаклҳои танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар Тоҷикистон чунин аст:

  1. Мақомоти давлатӣ шаклҳои зерини танзими фаъолияти инноватсионӣро истифода менамоянд:
  • муайян намудани афзалиятҳои рушди инноватсия;
  • таҳия, татбиқ ва маблағгузории барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ ва дигар барномаҳо, аз ҷумла дар самти ҳавасмандгардонии рушди фаъолият ва инфрасохтори инноватсионӣ;
  • пешбинии маблағҳои буҷетӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ доир ба самарабахшии натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ, ҷойгиронии фармоишҳо ба таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҷойгир намудани фармоиши давлатӣ барои хариди маҳсулоти дар натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ истеҳсолшуда дар доираи барномаҳое, ки мутобиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ тасдиқ шудаанд;
  • таъсиси фондҳои инноватсионӣ ва венчурӣ, сармоягузории таъсис ва рушди дигар субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ, саҳмгузорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ бо мақсади таъсиси субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ, ки барои рушди равандҳои инноватсионӣ муҳиманд;
  • андешидани чораҳои зарурӣ оид ба тарғиби фаъолияти илмию техникӣ дар воситаҳои ахбори омма ва баланд бардоштани сатҳи ҷалби сармоя ба фаъолияти инноватсионӣ.

Танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи дигар шаклҳо амалӣ гардад. Яке аз механизмҳои асосии танзими давлатии инноватсияҳо ин дастгирии давлатӣ ба шумор меравад. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣдар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

  • маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амалӣ таъин шудаанд;
  • ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар;
  • муқаррар намудани имтиёзҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мусоидат ба рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд;
  • дастгирии истеҳсолию технологии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ;
  • расонидани хизматҳои махсусгардонидашуда ва машваратӣ;
  • маблағгузории корҳо оид ба тайёр намудан ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;
  • фароҳам овардани шароити зарурии ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, ки сармоягузориро барои татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ таъмин менамояд;
  • ташаккули инфрасохтори инноватсионӣи илм, истеҳсолот ва хизматрасонӣ;
  • иштирок дар ташкили истеҳсолоти рақобатпазир; – таъмини бозори кафолатноки фурӯши маҳсулоти инноватсионӣ дар асоси фармоиши давлатӣ;
  • пешбарии инноватсияҳои ватанӣ ба бозори хориҷӣ;
  • дигар шаклҳои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар мӯҳлати талофияти лоиҳаи инноватсионӣ, вале на зиёда аз панҷ соли баъди татбиқи амалии он таъмин карда мешавад.Дастгирии давлатии азхудкунӣ ва паҳнкунии маҳсулоти инноватсионӣ дар давраи муқарраршуда пешниҳод гардида, дар ин мӯҳлат он маҳсулоти инноватсионӣ ҳисобида мешавад.

Фаъолияти инноватсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, грантҳо ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

  • дар асоси стратегияи рушди инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ таҳия намудани барномаҳои мақсадноки инноватсионӣи маҳал ва пешниҳод намудани онҳо ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор;
  • ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигар дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд чунин санадҳои қонунгузорие таҳия ва қабул карда шаванд, ки тамоми маҷмӯи танзима (регулятор)-ҳои иқтисодии фаъолияти инноватсионӣ, аз ҷумла танзимаҳои молиявӣ, зиддиинҳисорӣ, андозӣ, гумрукӣ ва ғайраро фаро гирад. Қонунгузорӣ бояд шароити зарурии ҳуқуқиро барои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ даристеҳсолот, таҳияи тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии соҳибкории хурди инноватсионӣ, ба гардиши иқтисодӣ (хоҷагӣ) ҷалб намудани объектҳои моликияти зеҳнӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, танзими шароити тиҷоратикунонии технологияҳои коркардшаванда, муқаррар ва татбиқ намудани меъёрҳои муайянкунии маҳсулот ва хизматрасонии инноватсионӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ таъмин намояд.

Ҳамчунин, таҳияи заминаи меъёрии таъсис ва татбиқи низоми фондҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар соҳаи инноватсия лозим меояд.

Қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти инноватсионӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани иловаҳои дахлдорро тақозо мекунад. Ҳамчунин зарур аст, ки ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ оид ба кам кардани пардохтҳои гумрукӣ барои аз хориҷи кишвар ворид намудани таҷҳизоти махсуси илмӣ ва истеҳсоливу технологие, ки шабеҳ (аналог)-ҳои ватанӣ надоранд, таҳия ва қабул карда шавад.

Ба мақсади таъминоти қонунгузорӣҷиҳати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти инноватсионӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ қабули санади махсуси қонунгузорӣ зарур аст, ки он барои ба тартиб даровардани муносибатҳо дар ин самт, мувофиқасозии мақсаду вазифаҳое, ки ба сиёсати инноватсионӣ ва танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ равона шудаанд, имкон диҳад. Дар ин ҳуҷҷат бояд равишҳои махсуси ба вуҷуд овардани механизмҳои мушаххаси ҳавасмандгардонии рушди инноватсионӣ мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ инъикос карда шаванд. Чунин санади қонунгузорӣ, ки ба мӯътадилгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ имкон медиҳад ва тамоми ҷиҳатҳои рушдиинноватсионӣро дар давлатҳои аъзои ИДМ фаро мегирад, метавонад Кодекси инноватсионӣи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Қабули Кодекси инноватсионӣро дар ҳар яке аз давлатҳои аъзои ИДМ Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ тавсия намудааст.

Фаъолияти инноватсионӣ ба такмили доимии заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин соҳа эҳтиёҷ дорад. Дар марҳилаи дуюми татбиқи Барнома (марҳилаи рушди инноватсионӣ, солҳои 2015-2020) санадҳои нави қонунгузорӣ таҳия гардида, ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳое ворид карда мешаванд, ки ба танзими равандҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёт бо дарназардошти таҷрибаи амали низоми меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили таҷриба ва анъанаҳои рушди қонунгузориҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакатҳои мутараққии иқтисодӣ нигаронида шудаанд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222