Главная / Илм / ТАЪРИХИ СИЕСИ, АФКОРИ ҶАМЪИЯТИ ХАЛЦИ ТОЧИК дар охири асри XVI-ибтидои асри XIX

ТАЪРИХИ СИЕСИ, АФКОРИ ҶАМЪИЯТИ ХАЛЦИ ТОЧИК дар охири асри XVI-ибтидои асри XIX

Дар охири асри XVIII ибтидои асри XIX хамоно дар таърихи халки точик парокандагии сиёси давом мекард. Халки точик дар байни давлатхои феодалии Осиёи Миёна ва Афонистон тақсим шуда, дар холати чудои ва парокандагии сиёси хаёти дахшатангез аз сар мегузаронад.
Точикон қисми асосии ахолии Афонистонро ташкил дода, дар Кобул, Чалолобод, Кӯхистон, Панчшер, Никру, Кунгра, Хост ва дигар шахру вилоятхо зиндаги мекарданд.
Дар давлатхои феодалии Осиёи Миёна (хонигарихои Бухоро ва Қӯқанд) точикон ахолии асосии шахрхо ва вилоятхоро ташкил медоданд. Дар музофотхои кии хонигарихо низ танхо точин истиқомат мекарданд.
Парокандагии сиёсии феодали, ки дар таърихи халки точик аз охири асри Х, аз давраи пароканда шудани давлати Сомониён сар шуда буд дар нимаи дуюми асри XVIII боз хам вусъат ёфт. Мухаммадрахимби кӯшиш менамуд, ки Ҳисор, Кубодиён, Панчакент ва Уротеппаро ба зери тасарруфи худ дарорад. Дар давраи салтанати амир Шохмурод (ибтидои асри XIX) низ чунин киш карда шуд. Вилоятхои Ҳисор ва Уротеппа муваққатан ба каламрави Бухоро дохил шуда, дар даврахои минбаъда майдони муборизаи байни Бухоро ва Қуқанд гардиданд.
Вакте ки мангитиён дар талоши хокимият ба муборизахои дохили банд буданд, шохи афон Ахмадшох (1747-1773) дар аввали нимаи асри XVIII (1750-1752) Балх, Адхой, Маймана, Ахча, Шибирғон, Қундузро, ки аксарияти ахолии ин вилоятхо точикон буданд, ба тасарруфи худ даровард. Баъдтар (1873-1895) Бадахшон хам дар тахти нуфузи сиёсии Афонистон карор гирифт.
Дар асри XIX кисми зиёди заминхои сохили чапи Аму, ки точин дар ин минтақа бартарият доштанд, ба хайати давлати Афонистон дохил гардид.
Барои нохияхои Шимолии Точикистони имрӯза дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX байни Қуқанд ва Бухоро чангҳои тӯлони мерафтанд. Дар нимаи якуми асри XIX районҳои Конибодом, Исфара ва Ашт зери тасарруфи Қӯқанд буда, барои ба даст даровардани Хучанд, Уротеппа ва Нов хонҳои Бухоро ва Қуқанд муборизаҳои шадид мебурданд. Танҳо дар муддати 50-60 соли охир Уротеппа зиёда аз 40 дафъа тохтутози амирону хонҳоро аз сар гузаронид, 23 маротиба ҳокимонаш иваз шуданд.
Дар нимаи аввали асри XIX ноҳияҳои Маркази, Чануби ва Шаркии Точикистони ҳозира мулкҳои мустакил буда, аз тарафи ҳокимони чудогонаи феодали идора карда мешуданд. Вилоятҳои саргахи дарёи Аму аз хокимияти Бухоро рӯй гардонида ба ҳокимгариҳои мустакили Рушон, Шугнон ва Ваҳон тақсим шуданд. Бадахшон мустакил буда, мулкҳои феодалии Қаротегину Дарвоз дар ихтиёри мири Дарвоз муттахид шуданд. Ҳисору Кӯлоб низ мустакил буданд, аммо дар охири нимаи якуми асри XIX муносибатҳои байни онҳо тезу тунд гардид.
Аз солҳои 60-уми асри XIX парокандагии сиёсии халки точик дар натичаи истилои Россияи подшохи дар Осиёи Миёна боз ҳам пуркувваттар гардид, ки дар бораи он дар боби оянда маълумоти муфассал дода мешавад.
Дар нохиҳои очикнишин, дар баробари халки точик, боз бисёр кавму қабилаҳои туркзабон зиндаги мекарданд. Аз асри XVII сар карда дар нохияҳои Маркази ва Чанубии Точикистон қабилаҳои кунгурот, юз, марка, барлос, турк, қарлуғ, лақай, катаани ӯзбек баъди точикон аз чиҳати шумораи аҳоли чои дуюмро ишол менамуданд. Дар Қаротегин, Ҳисор ва Помири Шарки баъзе аз кабилаҳои киргиз сукунат доштанд. Дар водии Вахш дар нимаи асри XVIII аз Чорчӯй бодиянишинони туркман кӯчида омаданд. Дар ҳар ду хонигари забони точики забони давлати буд. Тамоми коргузори ба забони точики ичро карда мешуд.
Хони охирини чониён Абдулфайзхон, аз сабаби айшу тараби бепоён машгул шуданаш, аз ӯхдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ин буд, ки кори давлат рӯ ба инкироз ниҳод, ҳар кас тамаъи сардори ва ҳар фард арази роҳбари дошт. (Ғафуров Б. Точикон.- к. II. – С. 86).
Дар чунин вазъияти бесару сомони тохтутози ачнабиён ба мулкҳои Мовароуннаҳр сар шуд. Масалан: бодиянишинон дар солҳои 1723-1730 водии Зарафшонро ба харобазор табдил доданд. Шоҳи Эрон Нодиршохи Афшор дар соли 1740 аз рохи Балх ва Чорчуй ба Мовароуннахр дохил шуд.
Дар чунин вазъият табақаи ашрофи кабилаи манғит имтиёзи зиёд пайдо карда, ҳокимияти хониро торафт бештар ба эътибор намегирифт. Нодиршоҳ аз ин вазъият мохирона истифода бурда, барои пирӯзии худ шароит муҳайё намуд. Дар ин кор асосгузорони давлати ояндаи манғитиёни Бухоро -Мухаммадҳакими атолик ва писараш Мухаммадрахим ба Нодиршоҳ кӯмак мерасониданд.
Мухаммадҳаким, ки аз тарафи хони чониён Абдулфайзхон барои гуфтушунид ба назди Нодиршоҳ фиристода шуда буд, пас аз бозгашт бо ёрии ӯ хукмрони Бухоро таъин гардид.
Пас аз вафоти Мухаммадҳакимбии атолик писари ӯ Муҳаммадрахим ба кушуни пуркувват такя карда, исёни амирони мухолифро бартараф намуд ва дар дарбор мавқеи худро мустахкам кард. Бо ҳамин ба иваз шудани сулолаи ҳоким шароити мусоид фароҳам расид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222