Тамоми шароите, ки барпо намудани намози ҷумъа ба онҳо ба-
стаги дошт, барои баргузории намози идайн ҳам лозим мебошанд, ба
ғайр аз хутба, ки он дар намози идайн суннат буда ва баъд аз адои ду
ракъат намоз хонда мешавад.
Намози иди Фитр ва Қурбон ду ракъат аст ва тарзи адои он ба ин
тариқ аст, ки аввал имом такбири таҳрима – «Аллоху акбар» гуфта, ба
намоз сар мекунад. Аввал, ба мисли дигар намозҳо, сано мехонад ва
баъд аз он се бор бо садои баланд такбир – «Аллоху акбар» гуфта, дар
ҳар такбир дастҳояшро баробари гӯшҳояш мебардорад. Пас аз он
«Аъузу биллох,…» ва «Бисмиллох,…»-ро паст ва сураи «Фотиха»-ро
ҳамроҳ бо сураи дигаре баланд мехонад. Сипас ба рукуъ ва сучуд раф-
та, ракъати аввали намозро ба ҷо меоварад.
Он гоҳ барои ракъати дуюм бармехезад ва бо садои паст «Бисмил-
лох,…» гуфта, сураи «Фотиха» ва сураи дигареро бо садои баланд ме-
хонад. Пас аз он се бор бо садои баланд такбир мегуяд ва дар ҳар так-
бир дастҳои худро мебардорад. Ҳоло дигар такбирун ба рукуъ ва
пас аз он ба сучуд рафта, монанди дигар намозҳо ракъати дуюмашро
ҳам анҷом медиҳад.
Расули Худо (с) дар намозҳои идайн – иди Рамазон ва Курбон су-
раҳои «Аъло» ва «Ғошия» – ро мехонд, ҳатто агар ид дар рузи чумъа
меомад, ҳам дар намози ид ва ҳам дар намози чумъа ҳамин ду сураро
мехонд. Аммо гоҳе дар намозҳои ҳар ду ид сураи «Қоф» ва «Вакта-
рабати-с-соъату» – ро кироат мекард.
Хондани ду хутба барои намозгузорон баъд аз анчоми намоз сун-
нат аст ва имом дар он бояд ахкоми идайнро барои мардум баён со-
зад, дар иди Фитр масоили садакаи Фитрро ва дар иди Курбон масои-
ли курбонй ва такбироти ташрикро баён намояд.
Ҳамчунин зарур аст матолиберо, ки дар хутбаҳои чумъа барои
мардум баён медошт, дар хутбаҳои намози идайн низ бигуяд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …