Главная / Илм / ТАСБЕҲИ ТАРОВЕҲ

ТАСБЕҲИ ТАРОВЕҲ

Дар манобеъ ва сарчашмаҳои шаръ – Қуръон ва суннат дар бораи он чизе, ки имрӯз бо номи тасбеҳи таровеҳ шинохта мешавад, ривояте собит нашудааст. Аз амалкарди саҳобагони киром танҳо ҳамин қадар бармеояд, ки онҳо пас аз ҳар чор ракъат намоз, ки бо ду салом баргузор мегардид, таваққуфи нисбие менамуданд. Зеро онҳо намози таровеҳро низ хеле дароз ва бо тааммул мехондаанд.

Дар Муваттаи имом Молик ривоят шудааст, Бақараро дар ҳашт ракъат (намозӣ таровеҳ) мехонд. Агар онро дар дувоздаҳ ракъат мехонд, мардум онро сабук мепиндоштанд» . Бинобар ин, онҳо пас аз ҳар чор ракъат каме дам мегирифтанд ва ҳар кас дар нафси худ такбир, тасбех,, таҳлил ва салавот мегуфт.

Баъдҳо ҳамон такбиру тасбеҳ, ва таҳлили онҳо ба сурати тасбеҳи таровеҳ даромадааст, ки имрӯз дар сарзамини мо навъи хоссе аз он маъмул мебошад. Ба ҳар ҳол, вақте он бо садои дилангези кориён бо овози баланд хонда мешавад, рӯҳу қалби намозгузоронро ҳаловат мебахшад ва дар онҳо таассуроти маънави ва руҳиёти некеро ба вуҷуд меоварад. Дар даҳаи ахир ва ё чанд шаби охири моҳи Рамазон бошад, мардум бо сузу гудоз ва бо шавқу шури имони ба ин моҳи баракат ва ҳамчунин бо намози таровеҳ ва барномаи хатми Куръони карим дар ин мох, хайру хуш менамоянд.

Тасбеҳи таровеҳ дар моҳи Шарифи Рамазон

Субхона зилмулки валмалакут, субхона зилиззати валъазамати валқудрати валкибриёи валҷабарут, субхоналмаликилхаййиллазй ло яному вало ямут.

Суббуҳун куддусун раббуно ва раббулмалоикати варрӯх,. Ло илохаиллаллоху, настағфируллоҳ ха ва насъалукал ҷанната ва наъузу бика минаннор.

Эълоуссунан, бахши сеюм, Тасбеҳи таровеҳи даҳаи ахири моҳи Рамазон Тасбеҳи таровеҳи даҳаи ахир

Субҳонал ҳаннонил маннон, субҳонал маликил ддайён, алмаъруфи билэҳсон валмавсуфи би-лғуфрон. Алвадоъ, алвадоъ, ё шаҳра Рамазон, алвадоъ, алвадоъ ё шаҳрал баракати валэҳсон!.Алфироқ, алфироқ, ё шаҳра таровиҳи ваттасобиҳи ва хатми Қуръон!.

Аввалуҳу рахматун ва авсатуху мағфиратун ва охируҳу ъитқум минаннирон. Ло илоха иллал-лоху настағфируллоҳ ва насъалукал ҷанната ва наъузубика минаннор.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222