Главная / Илм / Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив

бармеояд, ки ҳар қадаре, ки

гурӯҳ ба нуқтаи олии тарақи-
ёти худ наздик шавад, ҳамон қадар барои ҳар як аъзои худ
шароити мусоид фароҳам меоварад ва ҳамон қадар муҳи-
ти солими психологиро барпо месозад. Гурӯҳ дар асоси
чунин тарзи тараққиёт оҳиста- оҳиста ба коллективи
дӯсту тифоқ табдил меёбад. Масъалаи коллектив аз
масъалаҳое ба ҳисоб меравад, ки доир ба он олимони
соҳаи фалсафа, иқтисодиёт, ҳуқуқ, педагогика, сотсиоло-
гия ва психология тадқиқотҳои пурарзише анҷом додаанд.
Масъалаи коллектив ба таври умда аз ҷониби психолого-
ни барҷаста Л. И. Уманский ва А. В. Петровский муво-
фиқан дар назарияҳои тартибдодаи онҳо: «консепсияи па-
раметрометрии коллектив» ва «консепсияи стратометрии
коллектив», мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ҳардуи ин назарияҳо нимаи асри хх (солҳои 1970-
1980) эҷод шудаанд ва бегуфтугӯ инъикоскунандаи сиёса-
ти пешгирифтаи замони Шӯравӣ мебошанд. Сарфи назар

аз ин, ин назарияҳо ақидаҳои пурқиматеро фаро гирифта-
анд, ки то кунун моҳияти худро гум накардаанд.

Дар консепсияи пешниҳоднамудаи Л.И.Уманский –
консепсияи параметрометрии коллектив, диққати асосӣ ба
муташаккилӣ ва ягонагии дохилигурӯҳӣ равона шудааст.
Мувофиқи он, муташаккилӣ ва ягонагии аъзоёни гурӯҳ
омили асосии ба коллектив табдил ёфтани он мебошад.

Л.И.Уманский дар тадқиқотҳои худ дараҷаҳои та-
раққиёти гурӯҳро ҳамчун коллектив шарҳу эзоҳ дода, чу-
нин номгузорӣ мекунад: гурӯҳи

диффузӣ, кооператсия, корпоратсия ва коллектив.

Гурӯҳи диффузӣ – ин умумияти тасодуфии одамон,
дараҷаи пасти инкишофе аст, ки дар он аз рӯи тамоми
масъалаҳои мавҷудияти гурӯҳ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ
дида намешавад ва муташаккилии дохилӣ мавҷуд нест.
Муносибати байнишахсӣ ноустувор буда, муоширати
аъзоён мазмунан хароб аст ва ин намуди гурӯҳ бештар ба
тӯдаи одамоне монанд аст, ки ҳар яке барои қонеъ наму-
дани талаботи худ бе дарназардошти манфиати дигарон
ва меъёрҳои гурӯҳ дар як ҷо ҷамъ омадаанд.

Гурӯҳ — кооператсия таҷассумкунандаи хусусиятҳои
гурӯҳи хурдест, ки иштирокчиёни он бо ҳамдигар ҳамкорӣ
карданро оғоз намудаанд, вале ин ҳамкориҳо на ба таври
доимӣ, балки аз рӯи зарурат ҳангоми ба дастгирии
якдигар эҳтиёҷ пайдо кардани аъзоёни гурӯҳ амалӣ меша-
вад. Ҳанӯз ҳам аъзоёни гурӯҳ манфиатҳои худро аз ман-
фиатҳои ҷамъиятӣ боло мегузоранд.

Гурӯҳ — корпоратсия бо муташаккилии худ ва яго-
нагию муттаҳидии

ба худ хос аз гурӯҳҳои дигар фарқ мекунад. Камбу-
дии ин гурӯҳ дар он аст, ки ин намуди гурӯҳ барои «бего-
нагон» дастнорас аст. Вай фақат манфиатҳои аъзоёни
худро пуштибонӣ намуда, манфиатҳои гурӯҳҳои дигарро
рад менамояд. Аз нигоҳи меъёрҳои коллектив корпорат-
сия хусусиятҳои коллективро дорад, вале ба ақидаи
Л.И.Уманский, вай коллектив шуда наметавонад, зеро
манфиатҳои гурӯҳи алоҳидаро пуштибонӣ намуда, ман-
фиатҳои ҷамъиятиро сарфи назар менамояд. Коллектив –
ин умумияти одамон буда, аъзоёни он дорои мақсади яго-
на мебошанд, муташаккилона фаъолият менамоянд ва
маҳсули фаъолияти онҳо ба манфиати умуми ҷамъиятӣ
равона шудааст.

Г УРӮҲ — коллектив аз корпоратсия бо он фарқ меку-
над, ки вай аллакай «рӯ ба ҷониби ҷамъият» оварда, на
танҳо манфиатҳои худ, балки манфиатҳои аҳли ҷамъиятро
низ пайгирӣ менамояд. Коллектив як навъ организми зин-
даву фаъоли иҷтимоӣ аст, ки дар ташаккули хусусиятҳои
муҳими афкори ҷамъият нақши муҳим мебозад. Коллек-
тив ифодакунандаи сифатҳои наҷиби инсонӣ: сарҷамъӣ,
иттифоқӣ, бонизомӣ, масъулиятнокӣ, муташаккилӣ,
фаъолӣ, ташаббускорӣ, ҳамҳиссӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ё ёри-
расонӣ ба ҳамдигар ва ғ. мебошад.

Консепсияи                 стратометрии                 колективи

А.В.Петровский бо аломатҳои ба худ хос аз консепсияи
Л.И.Уманский фарқ мекунад. Ин консепсия дар ҷараёни
тараққиёти гурӯҳҳо ба коллектив се зинаи (стратаҳо) му-
носибатҳоро қайд менамояд: муносибати бевоситаи эмот-
сионалӣ, муносибати бавосита бо дарназардошти мазму-
ни фаъолият ва муносибати аъзоёни гурӯҳ ба худи мазму-
ни фаъолияти иҷрокардаистодаи онҳо.

Дар консепсияи мазкур рафти тараққиёти гурӯҳ ва
ба коллектив табдил ёфтани он чунин сурат мегирад. Дар
зинаи аввал одамон дар асоси ҳисси таваҷҷӯҳ ё нафрат бо
ҳам омада, гурӯҳро ташкил мекунанд. Дар зинаи дуюми
гурӯҳи ташкилшуда мақсад ва фаъолияти умумии ба ҳам
муттаҳидкунандаи онҳо муайян карда мешавад. Дар зинаи
мазкур ҳамчунин маҷмӯи муносибатҳои ба нигоҳодошти
фаъолияти умумӣ равонашуда шакл мегирад. Бо вуҷуди
ин, муносибати байниҳамдигарии аъзоён чун пештара дар
асоси ҳисси таваҷҷӯҳ ё нафрат сурат гирифта, бо мазмуни
фаъолияти умумӣ алоқаманд нест. Дар зинаи охирину
ҷамъбастии тараққиёти гурӯҳ муносибатҳое шакл меги-
ранд, ки онҳо таҷассумгари мазмуни фаъолияти якҷояи
аъзоёни мебошанд. Яъне, муносибати байнишахсии аъзо-
ёни гурӯҳ аз чигунагии муносибати онҳо ба мақсад ва
фаъолият вобаста мешавад. Дар зинаи мазкур гурӯҳ ба та-
ври пурра ба коллективи ҳамаҷониба инкишофёфта таб-
дил меёбад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-27

Сохти гурӯҳҳои хурд

Зери мафҳуми сохти гурӯҳи хурд, сохт ва хусусиятҳои мавҷудаи му- носибатҳои байниҳамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222