Главная / Илм / Ташаккули афкори психологӣ дар

Ташаккули афкори психологӣ дар

Афкори психологии мутафак-
кирони тоҷику форс дорои
таърихи беш аз ду ҳазорсола
мебошад ва он дар баробари
ташаккулу инкишофи донишҳои фалсафӣ рушду нумӯъ
ёфтааст. Ақидаҳои зардуштия, монавия ва маздакия, ки
дар аҳди бостон ривоҷ доштанд, саршор аз маъниҳои фал-
сафиву психологӣ буданд.

Бояд қайд кард, ки афкори психологӣ дар мутафак-
кирони тоҷику форс махсусан дар асрҳои IX -XV – и ме-
лодӣ, яъне дар даврони ҷомеаи феодалӣ бештар имкони-
яти зиёд пайдо кард. Ислом ҳамчун дини ҳукмрон дар ин-
кишофи пуравҷи афкори фалсафию психологӣ нақши му-
айяни худро низ гузошта аст. Ин аст, ки як зумра олимону
файласуфони боистеъдод, монанди Ибни Сино, Аб-
дурайҳони Берунӣ, Носири Хисрав, Насриддини Тӯсӣ, За-
кариёи Розӣ, Абдуҳомид Ғазолӣ, Форобӣ ва дигарон ба
майдони илм омаданд ва бо омӯзиши масъалаҳои фалса-
фию психологӣ машғул шуданд.

Мактабҳои пешин сурат ва сирати тозаро меги-
рифтанд ва ба ташаккулу равияҳои нави фалсафӣ замина
мегузоштанд. Ба ин восита, мактабҳои машҳури илмии
даҳрия, фалсафаи асҳоби ҳаюло, машоия, калом, тасав-
вуф, ихвон-ус-сафо, исмоилия ва ғ. арзи вуҷуд намуданд.
Минбаъд, ривоҷу равнақи афкори фалсафиву психологии
тоҷику форс дар алоқмандии қавӣ бо назариёти фалсафии
Ҳиндустон, Хитой ва Юнон сурат мегирад. Дар нимаи
дуюми асри XIX мактаби нави маорифпарварӣ зуҳур
кард, ки дар ташаккули афкори психологӣ ва педагогии
он нақши фарҳанги мутараққии рис басо бузург буд.

Таърихи афкори психологии тоҷик пеш аз ҳама бо
дини зардуштия ва китоби муқаддаси он «Авесто»
алоқаманд аст. Зардуштия – динест, ки дар нимаи якуми
ҳазораи 1-и то мелод дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна ва
Афғонистони Шимолӣ пайдо шуда, сипас дар Эрон ва
Шарқи Наздик паҳн гардидааст.

Зардуштия дар тӯли асрҳо дар натиҷаи тағйири ша-
роити иҷтимоию сиёсӣ ба дигаргуниҳо дучор омад. Аз
асри 7 сар карда, ислом ҳамчун дини ҳукмрон эълон гар-
дид. Зардуштиён таъқиб карда мешуданд. Як қисми онҳо
ба Ҳиндустон фирор карда, ҳоло дар он ҷо бо номи
порсҳо ва қисми дигарашон (дар Эрон) бо номи габрҳо
машҳуранд.

«Авесто» ҳамчун шоҳасари муқаддаси Зардуштия,
иборат аст аз панҷ китоб: «Ясно» – маҷмӯи дуоҳои гуно-
гуни зардуштия; «Виспарад» – маҷмӯи дуоҳое, ки ҳангоми
ибодат хонда мешуданд; «Яштҳо» – маҷмӯи достонҳои си-
тоишӣ дар васфи эзиди зардуштия; «Вандидод» – маҷмӯи
қонунҳои динӣ ва ҳуқуқӣ зидди девон; «Хурд-Авесто» –
маҷмӯи дуоҳое, ки ҳар як зардуштӣ онҳоро дар намоз,
таҳорат ва умуман рӯзгори худ истифода мекард.

Ҷанбаи асосии ҷаҳонбинии зардуштияро муносибати
ахлоқӣ намудан ба олам ташкил медиҳад. Он дар мубори-
заи ду қувваи бо ҳам зидду оштинопазири некӣ ва бадӣ –
Ҳурмуз ва Аҳриман зоҳир мегардад. Мурод аз муборизаи
ин ду қувва бенёди оламе мебошад, ки инсони некандеш
дар он мақсади асосии офариниш маҳсуб меёбад. Дар
ниҳоди ҳар як фарди башар қувваи фоилае (нафс ё ақл)
мавҷуд аст, ки тавассути он инсон камолоти ҷисмониву
маънавӣ ёфта метавонад. Аз ин рӯ, ғояи асосӣ дар Зарду-
штия – ин Гуфтори нек, Рафтори нек ва Пиндори нек аст.
Бинобар ин, инсон бояд ҳамаи хислатҳои фосиду разилро
аз шахсияти худ дур намояд ва рӯй ба инсони некгуфтор,
некрафтор ва некпиндор шудан ниҳад. Аз ин ҷо барои ҳар
ду қувва симоҳои хос таъин шудааст, ки яке Аҳурамаздо
(симои некӣ) ва дигарӣ Аҳриман (симои бадӣ) мебошанд.

Зардушт дар «Ясно» бо забони шоирона мепурсад:
«Кист падари ростӣ?»; «Кист офарандаи рӯшноии суд-
бахш?»; «Кист офарандаи фариштаи меҳру муҳаббат?»,
«Кист, ки аз рӯи донишу хирад эҳтироми падар дар дили
писар ниҳод?». Дар ҷавоби ҳамаи ин номи Аҳурамаздо ба
забон гирифта мешавад.

Таълимоти фалсафии зардуштия хусусияти дигарро
дорад, зеро вуҷуди ду мабдаи мустақил (мабдаи рӯҳ, хайру
шар»-ро эътироф мекунад. Бо мурури замон, ҷаҳонбинии
дугонапарастӣ ба ҷаҳонбинии яктопарастӣ (монавия)
мубаддал гаштааст. Ҳамин тавр, ҷаҳонбинии монавия та-
шаккул ёфт.

Монавия – таълимоти динист, ки дар асри 3 дар
Шарқи Наздик ба вуҷуд омада, ба зудӣ дар бисёр мамла-
катҳо – аз Италия сар карда, то Хитой интишор ёфта буд.
Ин таълимот бо номи асосгузораш Монӣ (216-277)
машҳур гардидааст. Монавия синтези зардуштия ва ма-
сеҳият мебошад. Асоси монавия дугонапарстии зардуштӣ,
эътирофи ду қувваи азалии бо ҳам зид – нуру зулмот,
хайру шар мебошад. Муборизаи байни онҳо бо ғалабаи
олами нур ба анҷом расида, дар натиҷа рӯҳ аз ҷисм (мод-
да) ҷудо мешавад. Монӣ рӯҳро абадӣ медонист ва таълим
медод, ки вазифаи инсон рӯҳи рӯшноиро аз рӯҳи торикӣ
раҳо додан аст. Ин талаботро бо роҳи парҳезгорӣ, зоҳидӣ,
гӯшанишинӣ ва тарки дунё кардан ба даст овардан мум-
кин аст.

Дар таълимоти монавия масъалаи идрок ё худ
маърифат ҷойи муайянро дорад. Ӯ боварии комил дорад,
ки инсон фақат бо шарофати маърифат намудан покии
ботинашро таъмин намуда метавонад.

Монигӣ дар ташаккули афкори иҷтимоию психологӣ
ва фалсафаи халқҳои эронинажод нақши муҳиме бозид,
барои дар охири асри V ва аввали асри VI паҳн шудани
таълимоти маздакия замина гузошт.

Маздакия таълимоти динию фалсафӣ дар Эрон буда,
ҳамчун фирқаи монавия пайдо шуд ва бояд унсурҳои де-
мократии онро инкишоф дод. Ин таълимот бо номи идео-
лог ва роҳбари он Маздак Бомдод машҳур гардидааст.
Мояи таълимоти маздакия, ба монанди зардуштия ва мо-
навия робитаи хайру шарр мебошад. Мувофиқи таълимо-
ти маздакия, олам аз шоҳии нур ва шоҳии зулмот иборат
аст. Нур ба хайр ва зулмот ба шарр мувофиқат мекунад.
Нур (рӯшноӣ) аз рӯи ихтиёр ва ирода амал менамояд ва
дорои шууру эҳсос аст. Ҳаракати зулмот бошад, тасо-
дуфист. Дар маздакия роҳи ягонаи наҷот аз шарр – ин
некбинӣ, умед ва муборизаи фаъол аст. Ба андешаи Маз-
дак, чаҳор қувва (ақл, шуур, ҳофиза ва шодӣ) ҷаҳонро
идора мекунад. Ин чаҳор қувва ҳафт вазир доранд, ки дар
ботини 12 вуҷуди рӯҳонӣ дар ҳаракатанд. Ҳар кас, ки
ҳамаи ин омилҳоро дар вуҷуди худ гирд оварад, ба камо-
ли комил ноил хоҳад шуд. Илова ба ин, зарур аст, ки ӯ
фирефтаи неъматҳои моддӣ нашавад ва аз ҳама чизҳое, ки
ин дилбастагиро вусъат мебахшанд, ҳазар кунад. Дар
роҳи наҷоти рӯҳ аз маҳбаси нафс зарур аст, ки ҳавою
ҳавас ба куллӣ саркӯб карда шавад.

Хулосаи муҳимтарини таълимоти маздакия он аст, ки
ҷонибдорони он ғалабаи рӯҳи бадро тасодуфӣ, вале ғала-
баи рӯҳи рӯшноиро қонунӣ медонистанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222