Главная / Илм / Тибби виқоӣ дар Ислом дар бораи Рӯза

Тибби виқоӣ дар Ислом дар бораи Рӯза

Ҳифз ва нигаҳдошти инсон аз назари ҷисмӣ, рӯҳӣ, ақлӣ ва ахлоқӣ муҳимтарин асл ва яке аз ҳадафҳои бунёдии қонунгузориро дар маҷмуаи фиқҳи исломӣ ташкил медиҳад. Зеро ҳам аз дидгоҳи шаръ ва ҳам аз мавқеи илмӣ хуб собит шудааст, ки ҷисми инсон аз ҳар чиз ва ё олате мутаассир гардад, он дар маҷмӯи руҳиёти ӯ таъсир мегузорад ва ақли солим дар ҷисми солим парвариш меёбад ва шахси тавоно вазифаҳои шаръи ва аъмоли худро дар зиндагӣ аз одами заъиф беҳтар анҷом медиҳад.

Паёмбар (с) бо дарназардошти ҳамаи инҳо мефармояд:
«Мӯъмини тавоно дар назди Худо нисбат ба заиф  беҳтар ва хубтар аст ва дар ҳар кадоми онҳо хайр вуҷуд дорад»
Вақте мо ба амрҳо ва тавсияҳои Ислом дар бораи тани солим, ҳифзи покизагӣ ва риояи суннатҳои фитрат ва манъи пурхурӣ, манъи маводи мухаддир ва анвои мускирот, таҳрими гӯшти худмурда, хун ва гӯшти хук дақиқтар менигарем дар онҳо ҳадафҳои олии Ислом дар ҳифзи беҳдошти ҷисмонии инсон ва тадбирҳои пешгирикунанда (тибби виқоӣ)-ро ба хубӣ мушоҳида менамоем.

Вақте тавсияҳои муқаррари Исломро дар бораи покизагии ахлоқӣ, дурӣ аз муҳитҳои олуда ба фасод, худдорӣ аз зино ва тардоманӣ ва амрҳои қатъии онро дар бораи ҳифзи чашм аз нигоҳҳои шаҳватолуд, риояи сатри динӣ, худдорӣ аз намоиши ҳусну зебоии худ ва аз ҳар гуна ҳаракатҳои машбуҳ ва омезиши марду зани бегона (номаҳрам)-ро ва бо тааммул мавриди баррасӣ қарор медиҳем, эҳтироми дини Исломро ба ҳифзи покизагии ахлоқии ҷомеа, покизагии наслҳо, ҳимояи генофонди миллй ба таври равшан дарк менамоем ва дар онҳо тадбирҳои пешгирикунандаеро мушоҳида менамоем, ки ҷомеаи исломиро дар дарозмуддат аз бемориҳои фарогир ва он касалҳое, ки ба бемориҳои аср шинохта мешаванд ва имрӯз домангири ҷомеаҳои ахлоқан бебандубор гардидаанд, ҳифз намудаанд. Ҳатто намоз, ки болотарин мазҳари покизагӣ ва нуқтаи пайванди банда бо Худо аст, аз назари равоншиносии дини дар таскини асабҳо, бартараф сохтани дардҳо, изтироботи ботинӣ ва парешониҳо, зудудани ғамҳо ва рехтани оромиш бар қалби инсон василаи муассире ба шумор меравад. Расули Худо (с) мефармояд: «Эй Билол, намозро барпо дор ва моро бо он роҳат ва ороми. Рӯза яке аз паҳновартарин бобҳо дар ин замина буда, ба ҷисму рӯҳ ва ақли инсон нерӯи масуният ва ҳамзамон ба қалби ӯ тақво ва ҳештандори мебахшад, умри мавҷуди зиндаро дароз ва нашоту фаъолияти зеҳнӣ ва узви органикии онро афзун мегардонад. Рӯза ҳамин тавр дар таҷдид ва фаъол сохтани бофтаҳои бадан, ба хусус ғадудҳое, ки фаъолияти органикии онҳо нашъу намо ва бинои ҷисм ва ба танзим даровардани коркарди ҳазм аст, таъсири босазое дорад.
Барномаи ибодатҳо, тавсияҳои ахлоқӣ ва маҷмуаи гаронбаҳои фиқҳӣ дар Ислом илова бар он ки ибодат ва робитаи банда бо Худо, муносибатҳои мобайни мардум ва фаъолиятҳои иҷтимоии онҳоро ба танзим медароранд ва илова бар ҳикматҳои гуногуне, ки дар онҳо нуҳуфтааст, ба таври барҷастае хусусияти тиббиро низ доро мебошанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222