Главная / Илм / ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ВАХДАТ ВА БУНЁДКОРИ

ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ВАХДАТ ВА БУНЁДКОРИ

Ихтилофҳои дохили, бесалоҳияти, маҳалгарои ва кӯшишхои бар сари кудрат омадани сарварони минтақави ба он оварда расонд, ки Точикистон ба чанги дохили кашида шуд. Чанги шаҳрванди аз соли 1992 то соли 1997 давом карда
ба иктисодиёт ва маънавиёти халки точик таъсири калон расонд.
Чандин ҳазор мардум тарки ватан карда, ба хоричи кишвар гуреза шуданд. Боигарии чумҳури тороч, гардид. Иктисодиёт хароб гашт. Асоситаринаш он буд, ки маънавиёт коста гардида, обруи байналхалкии Точикистон паст гардид.
Дар хотима додани чанги бе маъни пеш аз ҳама саъю талошҳои хукумати ҷумхури хело калон буд. Бо ташаббуси Президенти ҷумхури Э.Раҳмон як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва ба Ватан баргаштани гурезагон мусоидат намуданд.
Сахми ташкилотҳои байналхалкии чаҳон, пеш аз ҳама Созмонҳои Миллали Муттахид дар таъмини сулхи байни точикон хело назаррас мебошад.
Созмони Миллали Муттахид аз як тараф ба аҳолии чумхури кӯмаки башардӯстона расонда бошад, аз тарафи дигар дарбарқарор намудани сулҳ ва гуфтушуниди байни точикон мусоидат намуд.
Саҳми ташкилотҳои дигари байналхалки, Созмони амният ва ҳамкори дар Европа (САХЕ), Созмони конфронси исломи, иттиҳоди давлатҳои мустакил (ИДМ) дар барқарор намудани сулҳ хело калон аст.
Бо кӯшиши ҳукумати чумхури аз мохи апрели соли 1994 гуфтушуниди байни точикон ооз ёфта, ки дар давлати Исломии Афонистон, Эрон (дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад), Покистон, Алма-ато, Ашқобод, Бишкек ва Москва идома ёфт.
Дар натичаи ин гуфтушунидҳо 17-сентябр соли 1994 дар Техрон тарафҳо дар бораи бас кардани амалиёти чанги дар давраи гуфтушунид созиш бастанд.
Дар нигоҳ доштани якпорчаги, вахдати милли ва якдигарфаҳми бо иштирок ва имзо аз тарафи 50 хизбу созмонҳо сахми калон бозид.
Ҳар ду тараф (Ҳукумати ҷумхури ва Иттиҳодияи Мухолифони Точик) ба хулоса омаданд, ки рохи ягонаи аз вазъияти ба амал омада баромадан ва нигоҳ доштани мустақилияти Точикистон имзои сулҳ ва вахдати милли аст. 23-декабри соли 1996 дар шаҳри Москва Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмон бо роҳбари Иттиҳодияи мухолифони точик С.Нури вохӯрда, бо ширкати намояндагони махсуси муншии умумии Созмони Миллали Муттахид дар бораи ташкил додани «Комиссияи оштии Милли» дар давраи гузариш созишнома имзо намуданд. Ба зиммаи комиссияи Оштии милли чунин вазифаҳо гузошта шуданд:
⦁ Ҳалли маҷмӯи проблемаҳо вобаста ба Оштии Милли;
⦁ Амали гардидани вазифаҳое, ки дар чараёни музокироти байни точикон ба даст оварданд;
⦁ Комиссия бояд ба фароҳам сохтани муҳити бовари ва бахшидани гунохдои ҳамдигар мусоидат намояд;
⦁ Комиссия гуфтушуниди васеъи қувваҳои гуногуни сиёсии мамлакатро барои истикрор ба тахкими созгори милли дар Точикистон таъмин намояд;
⦁ Комиссия мақомоти мувавдати буда, дар давраи
гузариш ташкил карда мешавад:
⦁ Комиссия баъди ташкили парламенти нав мақомоти роҳбарикунанда фаъолияти худро қатъ менамояд.
Тамоми чорабиниҳо имконият доданд, ки 27-июни соли 1997 дар шахри Москва созишномаи умумии байни Хукумат ва Иттиҳодияи мухолифони точик ба имзо расид.
Баъди ин воқеъаи таърихи дар Точикистон тадбирҳои муҳим аз қабили ба сохтори хукумат дохил кардани намояндагони мухолифин, баргардондани гурезаҳо, таъмин намудани фаъолияти озодонаи тамоми ҳизбҳо ва чараёнҳои сиёси андешида шуданд.
Ҳамин тавр, Точикистон бо рохи таравдиёти бунёдкорона ва созандаги ба бунёди давлати хукукбунёди дуняви дохил гардид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222