Главная / Илм / Ҳукми назр

Ҳукми назр

Вафо ба назр агар аз корҳои қурбат бошад, бинобар қавли роҷеҳ дар мазҳаб фарз ва ба қавле воҷиб аст, вале агар аз корҳои маъсият бошад, он вафое надорад ва анҷом додани он шаръан ҳаром мебошад. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Касе назр намояб, ки Худоро итоат менамояб, яас Уро итоат ва касе намояб, ки Худоро ва нофармонй мекунад,Ӯро накунад». Яъне агар кори маъсиятеро назр карда бошад, он назрашро тарк намояд.Ҳамчунин ривоят шудааст, ки: «Ҳангоме Паёмбар (с) хутба мехонд, ба ногоу мардеро дид, ки дар офтоб рост истодааст. Дар бораи вай пурсиб, гуфтанд: Вай назр кардаас ки дар офтоб рост биистад ва (уаргиз) нанишинад ва (бачизе) соя нагирад ва сухан нагуяд ва рӯза дорад. Паёмбар (с) фармуд: Уро бифармоед, ки сухан бигуяд, соя бигирад, бинишинад ва рузаашро ба итмом расонад».218 Дар ривояти дигар омадааст, ки: «Расули Худо (с) мардеро дид, ки дар такяи ду роҳ мерафт: Ин мардро чй шудааст? Гуфтанд: Назр кардааст, ки пиёда ба хонаи Каъба биравад – ва дар ривояте – кунад. Гуфт: Худо аз азоб додани ин мард худро бениёз аст ва 219.« ӯро кард, ки Назр бояд бо корҳои ибодатй ва амалҳое, ки шаръан бо анҷоми онҳо ба Худо такарруб ва наздикй ҷуста мешавад, ба монанди намоз, рӯза,ҳаҷ, забҳи чорво, садака ва ғайра сурат гирад. Вафо ба назр пас аз таҳаққуқи шартҳои зерин воҷиб мегардад: а) Аз ҷумлаи корҳое бошад, ки дар шариат аз навъи онҳо ибодати фарзй ва амалҳои қурбатан илаллоҳ вуҷуд дошта бошанд, ба монанди намоз, рӯза, ҳаҷ ва ғайра . Пас шахс метавонад, масалан, ду ракъат намоз ё ду рӯз рӯза ва ё ҳаҷҷеро бар худ воҷиб гардонад;
б) Назр ба вақтҳо ва рӯзҳое, ки намозу рӯза дар онҳо макрӯҳ ва мамнуъ аст, рост наояд. Масалан, агар назр намояд, ки рӯзҳои идайн ва ё айёми ташриқро рӯза медорад, назраш дуруст мегардад, вале аз он ҷо ки рӯза доштан дар ин рӯзҳо ҳаром аст, онро дар рӯзҳои дигар
ба ҷой меоварад; в) Назр аз ҷумлаи амалҳое набошад, ки аз сӯи Худованд бар бандагонаш фарз гардонида шудаанд, ба монанди намозҳои панҷгона, намози витр, рӯзаи моҳи Рамазон ва ғайра . Зеро ин корҳо бе он ҳам бар вай воҷиб мебошанд; г) Назр аз ҷумлаи корҳои муҳол набошад, ба монанди рӯзаи рӯзи гузашта; д) Назр амал ва ибодати мустақил бошад, на заминаи амри дигар, ба монанди вузу, ки ибодати мустақил ба шумор намеравад, балки он
омодабоше барои намоз аст. Пас он назре, ки дар он муҳтавои бандҳои номбурда таҳаққуқ
наёфта бошад, шаръан нодуруст буда, ҳеҷ гуна вафое надорад. Бинобар ин, шахс метавонад намоз (ғайри намозҳои фарзй), руза (ғайр аз рузаи фарзи), садақа ғайр аз закот), эътиқоф, забҳ ғайр аз қурбони) ва корҳои дигарро назр намояд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222