Главная / Илм / Устураи худоёни сегона: Осирис, Изис ва Хорус

Устураи худоёни сегона: Осирис, Изис ва Хорус

Устураи Изис ва Осирис, ки дар байни мисриёни қадим маъруф буда, нишон медиҳад, ки тасаввуроти мисриён дар бораи худоён ва зиндагии онҳо сад дар сад мисли зиндагии инсонҳост. Онҳо зану фарзанд доранд, кинаву душманӣ мепарваранд, меҷанганд ва ғайра.

Осирис (ё Озирус) аввал дар Шом ҳамчун худои зироату кишт парастида мешуд ба Миср нақли макон карда. Вале мисриён эътиқод доштаанд, ки Осирис аз омезиши худои мардинаҶеб бо олиҳа-занхудои замин Нут зоида шуд ва пас аз он Осирис бо хоҳари худ Изис хонадор шуда аст. Изис ҳанӯз 1500 т.м. назди мисриён маъруф буда, мавриди эҳтиром ва парастиши хосу омм будааст. Зиндагии бофароғати Изис ва Осирис вақте тира шуд, ки Осирис мавриди хашму ғазаби бародараш Сет қарор гирифт. Сет бо ҳиллаву найрангҳо бародарашро мекӯшад ва ҷасадашро дар тобуте аз чуб дар рӯди Нил меафканад. Аммо зани Осирис Изис ба ҷустуҷӯи ҷасади шавҳараш баромад ва он тобутро дар соҳилҳои Шом пайдо карда, ба Миср бозгардонида онро пинҳон мекунад.

osirisДар ҳамин муддат аз вай писаре таваллуд мешавад, бо номи Ҳорус. Дар ин байн Сет бори дигар тобути бародараш Осирисро пайдо карда, ҷасади онро аз рӯи қаҳр ва ғазаб пора-пора карда, ҳар қитъаашро дар яке аз чаҳордаҳ қитъаи кишвари Миср пароканда, дафн кард. Мисриён аз ин ҷиҳат боварӣ доштанд, ки сабаби рӯидани тухмии ғаллаҳо аз хок ва борваршудани онҳо дар асари ҳамин қитъаҳо мебошад.

Фарзанди Осирис Ҳорис чун бузург шуд, ба талаби хуни падар ва интиқоми вай баромад ва бо амаки худ биҷангид ва дар як муҳорибаи ҳамосӣ ӯро мағлуб сохт ва дастбаста назди модараш овард. Модараш аз хуни шавҳараш гузашт ва Сетро бахшид.

Пас аз ин Ҳорус дар фикри ҷамъ овардани қитъаҳои ҷасади падараш ва зинда кардани он мешавад, ба ин кор ба ӯ худои ҳикмат Тот (Тко1к) кӯмак мекунад ва ӯ ба ин мақсадаш ноил мешавад. Як чашми Ҳорус дар ҳангоми муҳориба бо амакаш Сет кӯр шуда буд. Падарашро, ки зинда сохт, падараш (яъне Осирис) ба ӯ биноӣ бахшид. Дар ин ҷо мазҳар-рамзи худои Офтоб аст ва чашми ӯ ҳамеша равшан шуд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222