Асоси баҳодиҳии самаранокии лоиҳаро таҳлили қиёсии ҳаҷми сармоягузориҳои пешниҳодшаванда ташкил медиҳад.
Вобаста ба давраҳои гуногуни амалигардонии лоиҳа, бузургиҳои муқоисашаванда метавонанд ҳархела бошанд. Аз ин сабаб масъалаи муҳими муайянкунии самаранокии лоиҳа низ чун муайянкунии самаранокии техника ва технологияи нав – масъалаи муқоисаи (таносуби) даромаду хароҷот ба ҳисоб меравад. Сабаби ҳисобкунии муқоисавӣ дар чунин ҳолат асосан беқурбшавии пул, динамикаи манфии сармоягузориҳо, пастшавии истеҳсолоти саноатӣ, ҳудудҳои гуногуни ояндабинӣ, тағйирот дар низоми андозситонӣ ва ғайра мебошанд.
Умуман усулҳои баҳодиҳиии самаранокии лоиҳаро ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:
- Усулҳои бо баҳодиҳии муқоисавӣ асосёфта;
- Усулҳои баҳисобгирӣ.
Усулҳои баҳодиҳии самаранокии лоиҳа, ки тавассути баҳисобгирӣ сурат мегиранд, давраи худхароҷотбарорӣ, коэффитсиенти самаранокии сармоягузорӣ ва коэффитсиенти пардохти қарзро нишон медиҳанд.
Усулҳои баҳодиҳии лоиҳа, ки тавассути баҳодиҳии муқоисвӣ сурат мегиранд, афзалтар ҳисобида мешаванд, чунки онҳо намудҳои гуногуни беқурбшавӣ, тағйирёбии меъёри фоизӣ ва меъёри
даромаднокиро ба ҳисоб мегиранд. Ба ин гурӯҳи нишондиҳандаҳо дохил мешаванд: индекси даромаднокӣ даромади софи дисконтӣ ва меъёри дохилии даромаднокӣ.
Усули маъмултарини ҳисобкунии самаранокии сармоягузорӣ – усули худхаридкунии маблағгузориҳо ба ҳисоб меравад. Аммо норасоии ин усул дар он аст, ки вай арзиши пулро бо ҳисобгирии даромад дар давраҳои оянда ба назар нагирифта, принсипҳои муқоисавиро эътироф намекунад.
Азбаски дар иқтисодиёти кишвари мо имрӯз беқурбшавии пул, коҳишёбии меъёрҳои фоизӣ ва меъёрҳои пасти андухти дохилии корхонаҳо мушоҳида мегардад, танҳо истифодабарии усули худхаридкунии сармоягузориҳо кофӣ нест. Аз ин сабаб истифодабарии дигар усулҳои баҳодиҳии лоиҳаҳо низ тавсия дода мешаванд.