Мақсади паст намудани таваккал ин паст намудани номудан дар сохтори беруна ва дохилии ташкилот, баланд бардоштани саҳеҳияти ояндабинии муҳимияти омилҳои миқдории таваккал ба ҳисоб меравад.
Барои ин аз як тараф, баланд бардоштани дақиқияти ояндабинии омилҳои таваккал бо роҳи такмили таъмини ахбори идоракунии таваккал зарур мебошад ва аз дигар тараф, истифода бурдани усулҳои маъмули иқтисодӣ ва ташкилии паст намудани таваккал. Диққатро ба он ҷалб менамояд, ки аввал бояд дараҷаи илмии идорашавии таваккал баланд бардошта шавад ва сипас истифода бурдани усулҳои иқтисодӣ ва ташкилии паст намудани таваккал. Усули тақсимнамоӣ (диверсификатсияи) таваккал бо роҳи тақсим намудани инвеститсия ба лоиҳаҳои гуногун.
Ин усул ҳангоми мавҷуд будани якчанд объектҳои аз ҷиҳати боварибахши сармоягузорӣ (инвеститсия) барои сармоягузор истифода мегардад. Диверсификатсия метавонад соҳаҳои гуногуни фаъолияти инноватсионӣи корхона ва ташкилотро халалдор созад.
Усули маҳдудсозии сарчашмаи таваккал дар ҳолатҳои алоҳида истифода мегардад, ки имконияти аниқ ва дақиқ маҳдуд ё ошкорсохтани сарчашмаи таваккал мавҷуд мебошад.
Марҳила ё қисмати хатарноки аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолияти инноватсионӣро муайян намуда, таваккалро назоратшаванда кардан мумкин мебошад ва ҳамин тавр сатҳи ниҳоии таваккали корхона паст мегардад.
Усули мутаҳидгардонӣ (диссипатсияи) таваккал ҳамчун воситаи мунъатифии идоракунии таваккал ба ҳисоб меравад. Яке аз усули асосии диссипатсия дар тақсимоти таваккали умумӣ бо роҳи муттаҳидгардонӣ дар байни аъзоёни барои кори умуми бомувафаққият анҷом додани лоиҳаҳои инноватсионӣ ҳавасманд, асос меёбад. Усули диссипатсия аз усули тақсимкунии таваккал бо он фарқ мекунад, ки дар ҳолати аввал таваккал (инвеститсия) байни шахсони бегонаи воқеъӣ ва ҳуқуқӣ тақсим мешавад ва дар ҳолати дуюм – бо иштирокчиёни як лоиҳа.
Усули ҷуброни таваккал ба усули пешгиркунандаи идоракунӣ бо роҳи банақшагирии стратегии фаъолияти ташкилот мансуб мебошад. Барои ин дар марҳилаи банақшагирии ташкилот бояд дар нишондиҳандаҳои нақшавӣ мушкилотҳои ояндаро ва номуайяниро бо роҳи ташкили захираҳо ҷуброн намояд.
Усули суғуртакунии таваккал дар таъсиси фонди махсуси суғуртавӣ, тақсимоти он ва истифодабарӣ барои бартараф намудани ҳар гунна талаф ва зарар бо роҳи пардохти маблағи суғуртавӣ асос меёбад. Суғуртакунанда маблағҳои суғуртавиро ба фонди суғурташаванда пардохт менамояд. Дар навбати худ суғурташаванда ба суғуртакунанда ҳангоми наздик шудани вазъияти хавфнок, ки дар шартнома пешакӣ қайд шудааст, маблағи суғуртавиро пардохт менамояд.
Усули хеджиракунонӣ дар суғуртакунӣ паст намудани таваккал аз талафотҳои вобаста бо тағйирёбии нархҳои бозорӣ ба молҳо нисбат бо он нархҳое, ки ҳангоми бастани шартнома ба инобат гирифташуда буд асос меёбад.