Ҳамчунон ки аз суханҳои дар боло зикршуда ба мо маълум шуд, бандаи мусулмон бояд ҳар вақт ба воситаи намоз ва зикру дуо бо Парвардигори худ дар иртибот бошад, ҳар қадар ин амалҳои некро бештар анҷом дод, ҳамон қадар робитаи ӯ бо Офаридгораш мустаҳкамтар мешавад. Аммо аз бархе ривоятҳо чунин бармеояд, ки барои пазириши дуо вақтҳои махсусе низ ҳаст, ки ба тартиби зайланд:
⦁ Дуои баъди намозҳои панҷвақта
Дар ривояте аз ҳазрати Абӯумома (р) омадааст, ки мефармояд: Паёмбар (с) аз вақтҳое, ки бештар умеди қабули дуост, пурсида шуд. Паёмбар (с) фармуданд:
«Охири шаб ва баъд аз намозҳои фарзӣ».
Ҳазрати Каъб ибни Уҷра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Калимаҳое, ки гӯянда ва иҷрокунандаи он баъд аз ҳар намози фарз пушаймон (аз савоб маҳрум) намешавад: Сию се бор «субҳоналлоҳ», сию се бор «алҳамдулиллоҳ» ва сию чор бор «Аллоҳу акбар» мебошад.
⦁ Дуои шаб
Ҳазрати Ҷобир (р) дар ҳадисе ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Яқинан шаб вақти махсусе дорад, ки ҳар мусулмон дар он вақт хубиҳои дунёву охиратро аз Худованд бипурсад, ҳатман Худованд ба ӯ медиҳад. Он вақтест, ки дар тамоми шабҳо ёфт мешавад».
Дар ривояти мазкур вақти махсуси қабули дуо таъйин нашудааст, ҳикматаш дар он аст, ки бандаи мусалмон ҳар вақти шаб, ки бедор шуд онро ғанимат шуморида, ба дуо бипардозад ва бо Парвардигори худ розу ниёз кунад.
Дар ривояте фазилати охири шаб баён шудааст, ки вақти пурбаракат ва иҷобати дуост. Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Парвардигор ҳар шаб дар сеяки ахири шаб ба осмони дунё фуруд меояд (яъне раҳмати худро сарозер мекунад) ва мефармояд: Оё дуокунандае ҳаст, ки дуои ӯро қабул кунам? Оё касе ҳаст, ки аз Ман чизе металабад, ба ӯ ато кунам? Оё касе ҳаст, ки аз Ман мағфират мехоҳад, то ӯро мағфират кунам?».
⦁ Дуои рӯзи ҷумъа
Дар рӯзи ҷумъа низ вақтҳои муайян мавҷуд аст, ки дуо дар он иҷобат мешавад. Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Яқинан дар рӯзи ҷумъа вақтест, ки кадом бандаи мусалмоне дар он аз Худованд чӣ хайре талаб кунад, ба ӯ дода мешавад».
Аз ҳадиси мазкур фазилат ва ваъдаи қабули дуо дар рӯзи ҷумъа маълум мешавад ва ҳадисшиносон бо такя ба дигар ривоёт ду вақтро нишон медиҳанд.
а) Ҳангоми нишастани имом байни ду хутба то охири намоз, мутобиқи ривояти ҳазрати Абӯбурда ибни Абӯмусо (р).
б) Аз намози аср то ғуруби офтоб, мутобиқ ба ривояти ҳазрати Абӯҳурайра (р).
⦁ Дуои байни азон ва иқомат
Байни азон ва иқомат низ вақти қабули дуост. Ҳазрати Анас ибни Молик (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад:
«Байни азон ва иқомат дуо қабул мегардад, пас дуо кунед».
⦁ Дуо дар ҳолати саҷда
Саҷда ҳолатест, ки банда дар он ба фазлу раҳмати илоҳӣ наздиктар мешавад. Пас дар ҳолати саҷда дуо кардан яке аз вақтҳои қабулияти дуост. Ҳазрати Абӯҳурайра (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд:
«Банда дар ҳолати саҷда ба (раҳмати) Парвардигори хеш наздиктар мебошад, пас дар ҳолати саҷда дуоро бештар кунед».
Эзоҳ: Мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ намозгузор метавонад аз дуоҳое, ки дар ҳолати саҷда хонда мешаванд, дар суннатҳо ва намозҳои нафлӣ, инчунин дар намози фарз, агар онро танҳо бихонад, истифода кунад. Аммо намозе, ки бо ҷамоат адо мешавад, имом бояд ҳоли намозгузоронро риоя карда, онро сабук хонад.
⦁ Дуо дар вақти нӯшидани оби Замзам
Дар ҳолати нӯшидани оби Замзам дуо кардан низ аз вақтҳои иҷобати дуост. Ҳазрати Ҷобир (р) ривоят мекунад.
Tags Дин Илм Ислом Исмоилия Китоб Ҳаҷ
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …