Главная / Илм / Вафоти Имом Шофеъӣ (р)

Вафоти Имом Шофеъӣ (р)

Имом Шофеъӣ дар Миср мариз шуданд ва бемории ў бисёр шадид буд, то ҳадде, ки Юнус ибни Аъло мегўяд: «Касеро надидаам, ки мисли Шофеъӣ мариз шуда бошад».
Музанӣ, ки яке аз шогирдони ў мебошад, ба аёдати вай рафта ва суол мекунад: «Чӣ гуна шабро ба субҳ расонидаед?». Имом Шофеъӣ гуфтанд: «Дар ҳоле шабро ба субҳ расонидаам, ки тарккунандаи дунё ва дўстон, чашанда аз ҷоми марг ва раванда ба дидори Худованд ҷалла зикруҳу мебошам. Савганд ба Худованд, намедонам оё рўҳам ба сўи биҳишт парвоз мекунад то ўро табрик бигўям, ё ба сўи ҷаҳаннам то ўро азо гўям». Пас гиря карданд ва ин шеърро суруданд:
Ва ламмо касо қалбӣ ва зоқат мазоҳибӣ,
Таъозаманӣ занбӣ, фаламмо қарантуҳу.
Ва мо зилта зо ъафвин аниз-занби лам тазал,
Ҷаъалтур-раҷо миннӣ лиъафвика сулламо.
Биъафвика Раббӣ кона ъафвука аъзамо,
Таҷўду ва таъфў миннатан ва такаррумо.
Рабиъ ибни Сулаймон мегўяд: «Имом Шофеъӣ дар шаби ҷумъа баъд аз намози хуфтан дар охирин рўз аз моҳи Раҷаби соли 204-уми ҳиҷрии қамарӣ дар синни 54-солагӣ вафот ёфт ва дар рўзи ҷумъа дафн карда шуд».
Худованд аз ин имоми бузургвор розӣ бод ва ўро дар биҳишт ҳамроҳ бо паёмбарону сиддиқин ва шуҳадову солиҳин қарор диҳад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222