Барои чи хоб вайрон мешвад ва хоб намебарад? Вайроншавии хоб ба беморӣ оварда мерасонад, ки ин хоси ними одамони дунё мебошад. Аз ҳамаи намудҳои маъмултарини ин бемориҳо «инсомнисӣ» ва «гипереомния» мебошанд.
Шахси бемори инсомнисӣ (бехобӣ) допгга хоб карда наметавонад ё хоб карда бошад ҳам аз хоб тез-тез бедор мешавад. Сабаби ин касалӣ стресс, невроз ва ғ. мебошад.
Яке аз сабабҳои бехобӣ ин стресс мебошад.Стресс яке аз ҳолатҳои эмотсионалии шахс ба шумор меравад. Стресе ин ҳолати равоние мебошад, ки шахс барои дар муддати маҳдуди вақт ва шароити номатлуб дар иҷрои амалу қабули қарор ва ҷавоб ба таъсироти хафнок ё вазнини беруоа очиз мемонад, ки дар натиҷа мувозинати равонии ӯ вайрон гардида сабаби ба бехобй дучоршавии ӯ мегардад.Роҳи дурусти халосй аз стресс ин аввало пайдо намудани сабаби он ва бартарфнамоии он ба воситаи усулҳои маъмули мавҷуда мебошад. Усули беҳтарини ин дучор нашудан ва ё худро ба стресс дучор накардан мебошад, ки бароин аз шахс тачрибаи зиндагӣ, фаҳмиши имконияти пайдошавии ҳолатҳи ногаҳокию тасодуфӣ ва ҳам шитоб накарда бо хиради тоза ба вазъият бахои дуруст додан ва ёфтани ҳалли дурусти проблема мебошад.
Шахси бемории гиперсомния допгга шабона хобаш нағз намебарад бинобар ин ҳамеша хоболуд менамояд.
Ҳасганд одамоне, ки 10-12 соат хоб мераванд. Вале ҳастанд шахсоне, ки чанд сол хоб намераванд, ки инро хобби летаргӣ меноманд.
Кӯдаке, ки пеш аз хоб бисёр гап мезанад хобаш дер меояд. Дар кӯдакистону лагерҳо, ки кӯдакон хоби якҷоя доранд, баъзе аз кӯдакон бо галзании беҳуда ва хандаю шӯхиҳояшон сабабгори бехобию вайроншавии асаби кӯдакони дигар шаванд, бинобар бояд то хобидани кӯдакон мебояд назди эшон буд то ки хобашон бе монеъа барад. Хабарҳои ногаҳонии гамангез ё фоҷианок низ сабаби вайроншавии хоб шуда метавонад. Бинобар ин шахсони бофаросат ин гуна хабарҳоро ба саҳар мемонанд ё ки онҳоро бо «дурӯги мувақатии оромибахш» иваз менамоянд, ки қобили қабул аст.
Ҳатто занги ногаҳонии телефон, тақ-тақи дари хона, садои баланди сигнали мошинҳо дар шаб, овози баланди ширфӯрушҳо саҳар, сабабгори вайроншавии хоб гарданд. Дар ин ҳолат ба гунаҳгорони вайронкунии хоб маслиҳат медиҳем, ки масали «аввал бахудат санҷ агар дард наёфтӣ баъд ба дигарон санҷ» истифода бурда худро асбоби заҳмати дигарон нанамоед ва боси ҳақорату норозигии атрофиён нагарданд.
Табобати бехобӣ кори ниҳоят мушки ласт ва барои ин солиёни зиёд дар назди хухтур бояд табобат гирӣ