Главная / Илм / Вақти пардохти садақаи Фитр

Вақти пардохти садақаи Фитр

Садақаи Фитр бо дамидани субҳи рӯзи иди Фитр воҷиб мегардад ва мустаҳаб аст, ки пеш аз рафтан ба намозгоҳ пардохта шавад. Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки: «Расули Худо (с) моро ба пардохтани закоти Фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз амр намуд. Ва худи Абдуллоҳ як ё ду руз пеш аз ид онро пардохт мекард». Агар кабл аз рузи иди Фитр онро пардохт намояд, ҷоиз аст ва агар онро аз рӯзи ид ба таъхир андозад, аз зиммааш соқит намешавад.  Ҳатман, онро бояд пардохт намояд. Садақаи Фитр бар ҳама, хоҳ рӯза гирифта бошад, ё нагирифта бошад, воҷиб аст. Мустаҳиққони садақаи Фитр ҳамон шахсони мустаҳиққи закот ҳастанд. Яъне ба ҳар касе закот дода мешуд, садақаи Фитр низ ба ҳамонҳо дода мешавад. Садақаи Фитр дар ҳамон ҷое, ки худи инсон дар рузи ид буда бошад, бароварда мешавад. Аз Муҳаммад ибни Ҳасан (рҳ) ривоят шудааст, ки закоти мол дар он ҷое, ки мол аст, бароварда мешавад ва закоти Фитр дар он ҷое, ки соҳиби мол аст. Зеро садақаи Фитр аксаран ба сурати ғаллагӣ ва маводи хурокворӣ бароварда мешавад ва интиқоли он ба ҷои дигар хароҷот ва вақти зиёдро талаб мекунад ва шояд боиси фавт гардидани он аз вақташ шавад. Ба ҷуз мавридҳои истисноие, ки дар боби интиқоли закот ба ҷои дигар зикр шудаанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222