Главная / Илм / Вазъи иқтисоди ва иҷтимои.

Вазъи иқтисоди ва иҷтимои.

Вазъи иктисоди ва ичтимоии мардуми Осиёи Миёна дар давоми асри XIX умуман пеш аз ҳамроҳшавии осиёи Миёна ба Руссия хело мураккаб буд. Хусусан мушкилоти иқтисоди дар ноҳияҳои дурдасти аморати Бухоро, яъне ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон мушоҳида мешуд. То давраи ба Аморат ҳамроҳшудани ин ноҳияҳо ва ба Руссия ҳамроҳ шудани осиёи Миёна дар ин минтақа ягон давлати ягонаи мутамарказ вучуд надошт. Дар Осиёи Миёна монанди асрҳои пеш якчанд давлатҳои феодали вучуд дошт, аз қабилаи хонигарии Бухоро, хонигарии Хева ва хонигарии Куканд. Ба ғайр аз ин хонигариҳо боз якчанд бекигари вучуд дошт, ки дар байни онхо доимо чангҳои байниҳамдигари мерафт.
Дар кисми марказии Точикистон, бекигариҳои Кулоб, Ҳисор, Дарвоз ва Қаротегин вучуд доштанд, ки гоҳо ба Бухоро ва гоҳо ба Куканд тобеъ гардонида мешуданд. Аз руи ин нишододи муаррихон, «на давлатҳои дуруст, на ҳокимиятҳои мустаҳкам ва на ҳудуду сарҳад доштанд. Онҳо дар ҳар холат тағир меёфтанд. Гоҳо ҳудуди онҳо васеъ мешуд ва онҳо гоҳо доираи онҳо маҳдуд мегардид.Дур будан аз роҳҳои байналхалки ин ноҳияҳоро аз нестшави нигоҳ медошт.»
Дар ин минтақа ба монанди дигар чамъиятҳои феодали ҳокимият ба манфиати руҳониҳо ва феодалон хизмат мекард. Замин бошад бар худи ҳокиму феодалон ва руҳониён таалук дошт. Дар ин чойҳо дар авали асри XYIII ва то нимаи дуюми асри XIX нишонаҳои чамъияти то феодали ва ҳатто нишонаҳои обшинаи ибтидои мушоҳида мешуд.
Дар минтақае, ки точикону узбекон бо ҳам мезистанд муносибатҳои феодали ҳукмрон буд, аммо дар баъзеи дигар минтақаҳо бошад нишонаҳои муносибатҳои авлодии патриархали, хусусан дар ноҳияҳои куҳистонии Кулобу Ғарм боки монда буданд. Қисми зиёди заминҳо дар таҳти назорати руҳониёни мусулмонон, ки онҳоро «заминҳои вакфи» меномиданд, буданд.
Қисми зиёди аҳолии бо заминдори, чорводори ва ҳунарманди машгул буд. Дар давоми асри XIX олоти асосии коркарди замин омоч ва кедман буд. Бо ёрии ин олотҳои сода ва кафомондаи деҳқонон заминро кишт мекарданд. Дар
вакти кишту кор ва дигар корҳои хочагидории аз аспу барзагов истифода мебурданд. Дар заминҳои кухистон ва заминҳои кухдоман заминро бо даст кор мекарданд. Аз ҳама олоти одди, ҳатто ДОС он қадар маълум набуд. Дар хирманҳо баъд аз он ки ғалларо медаравиданд онро оварда ба воситаи барзаговҳо, ки аз пасашон чапар баста шуда буд, мекуфтанд.
Дар замин асосан дехдонони чоряккор ва мардикор кор мекарданд. Аз чор се хиссаи ҳосилро баъзе вакт аз ҳам зиёдашро руҳониён ва феодалон сохиб мешуданд. Дар ин бекигариҳо заминҳои оби нисбат ба заминҳои лалми хело кам буданд ва ҳамаи заминҳои оби дар дасти заминдорон ва руҳониёни мусулмон буданд.
Девдононе, ки дар заминҳои айлоки ва вақфи кор мекарданд аз руи зиндагии худ ба дехдонони крепостнои монанд буданд. Барои истифода бурдан аз замин бо тарзҳои гуногун аз онҳо андозҳо ситонида мешуд. Дар ноҳияҳои кухистони Точикистон асосани Қаротегину Ҳисор шакли ба тарики ичора коркарди замин пахн гардида буд. Дар ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон андозҳои гуногун вучуд дошт, ки кариб шумораи онҳо ба 50 – то мерасид. Андоз аз аҳолии маҳали, савдогарон ва хунармандони руёнида мешуд. Аҳоли андозро аз ҳосил, ҳайвони кори, бог ва ҳавли медод.
Ба айр аз андоз боз як қатор корҳои бепул вучуд доштанд, ки мардум кор карда музд немегирифтанд. Ба ин корҳо асосан сохтани масчидҳо, калъаҳо, рохдо, купрукҳо ва сохтани обанборю кандани каналхо дохил мешуд.
Дар нохияҳои марказии Точикистон феодалон вучуд доштанд, ки 100 десятин ва аз ин ҳам зиёд замин доштанд.
Ғайр аз замин чуйҳо, табақаи ҳукмрон дар зери дасти худ рамаҳои зиёди чорво нигох, медошт.
Аз сабаби кам будани замин дехдонон мачбур буданд, ки заминҳоро ба таври «шарикона» киштукор намоянд ва ҳама супоришоти соҳиби заминро бегуфтугу ичро намоянд. Ба тарзи «шарикона» кор кардан дар замнҳо аз он сабаб буд, ки хамаи дехдонон сохиби чуфти гов буданд. Аксарияти дехдонон олоти кишоварзи ҳам надоштанд. Ҳиссаи замини «шарикона»дар байни ширкаткунандагони он аз руи саҳми моли тақсим карда мешуд. Дар натичаи узви бенавотари он, ки араки чабин рехта кор мекард, кути лоямутеро сохиб мегардид.
Дар катори дехдонони безамин мардикорон ҳам буданд, ки мавриди истисмори сахт карор гирифта буданд ва музди ночизе ба даст меоварданд. Дехдонон бисёр андозҳои иловаги низ мепардохтанд. Монанди «миробона» ( барои обери замин), «алафпули» (барои юнучқазор), «кушпули» (барои сари чорво, аз қабили асп, хар, барзагов) ва ғайра вучуд доштанд. Дар мулкҳои кухистони Бухорои Шарки аҳолиро мачбур месохтанд, ки барои ҳокимон ва амалдорон ҳезум тайёр намоянд. Дар бораи ҳайати аҳолии Бухорои Шарки маълумоти аниқ нест. Вале аз руи нишондодҳои сарчашмаҳо аҳолии Бухорои Шаркиро асосан точин ташкил медоданд. Ба ноҳияҳое, ки асоси аҳолишонро точикон ташкил медоданд кисмати чанубии Ҳисор ( дараҳои Ширкент, Каратог, Хонако, Лучоб, Варзоб, Семиганч), Файзобод,
Дашти Бедона, районҳои Кулоб, Каротегин ва Дарвоз дохил мешуданд.
Чои дуюмро аз чиҳати аҳолии узбекон мегирифтанд, ки аз қабилаҳои гуногун иборат буданд. Асосан онҳо дар Ҳисор, Ёвон, Кулоб, Вахш ва бишкент зиндаги мекарданд. Дар Ҳисор юзҳо, маркаҳо, барлосҳо, туркҳо, дар Ёвон ва Кулоб – калми лақайҳо дар Вахш ва Кофарниҳон узбекҳои қатаганиҳо зиндаги мекарданд.
Ғайр аз ин узбекон ва точин дар Бухорои Шарки боз қириҳо зиндаги мекарданд. Асосан онҳо дар Ҳисор ва қаротегин зиндаги мекарданд.
Ҳамин тариқ дар як катор нохияҳои маркази ва чанубии Точикистони имрӯза точикон бо ҳамроҳии узбекон мезистанд, дар Қаротегин ва Хисор бошад бо ҳамрохии қирғизҳо.
Аз ҷиҳати маъмури бошад Бухорои Шарки ба вилоятҳо тақсим мешуд. Вилоятҳо дар навбати худ ба туманҳо, яъне ба амлокдориҳо тақсим мешуданд. Амлокдориҳо бошад ба мири ҳазора тақсим мешуданд, ки аз якчанд қишлоқҳо иборат буданд. Дар сари амлокдори арбобҳо меистоданд.
Дар нимаи авали асри XIX сарзамини пахновар аз Шахрисабз то Помир ба ҳокимияти марказии хонигариҳо суст алоқаманд буд. Хар яке аз ин ҳокимиятҳои феодали аз чумла Хисор, Кулоб ва Қаротегину Дарвоз ҳокими худро доштанд, ки онҳо вилоятхоро мустакилона идора мекарданд. Ин ҳокимони феодали то унвони фахрии атоликро сохиб мешуданду халос. Албатта бо рухсатии Хонҳо.
Дар сари ҳокимияти феодалии Хисор ҳоким меистод. Дар Қаротегину Дарвоз бошад шоҳ. Дар ҳамаи ин ҳокимиятҳо дафтари молия вучуд дошт, ки онро амалдоре бо унвони девонбеги идора мекард. Боз амали дигар аз қабили Мирзо – котиби шахсии ҳоким ё ин ки шоҳ вучуд доштанд.
Дар назди шохи Қаротегин маслиҳатчиҳо вучуд доштанд, ки шоҳ онҳоро аз арбобони наздики худ интихоб менамуд.Дар миёнаи асри XIX дар Қаротегин кариб 400 қишлоқ вучуд дошт. Ин кишлокдо ба 22 гуруҳ муттахид гардида буданд ва ҳар яке аз ин 22 гуруҳ беки худро дошт.
Амалдороне, ки нисбатан вазифаи пастро доро буданд ба воситаи тобеъони худ, яъне оксаколону арбобони худ андозҳои давлатиро мегузоштанд. Вазифаи мироб ва доруга дар системаи ҳокимият нисбатан пастар буд.
Дар давраи ҳокимияти феодали мансаби закотчи чамъкунандаи андозҳои чори аз ҳайвонот низ вучуд дошт. Хамаи ин амалдорон аз давлат маош мегирифтанд ва аз хисоби аҳолии руз мегузарониданд. Хамаи ин ба он оварда расонид, ки дехдонону хунармандон боз ҳам шоктару
камбагалтар мешуданд.
Дар давраи ҳокимияти феодали мансаби закотчи чамъкунандаи андозҳои чори аз ҳайвонот низ вуд дошт. Ҳамаи ин амалдорон аз давлат маош мегирифтанд ва аз хисоби аҳолии руз мегузарониданд. Хамаи ин ба он оварда расонид, ки дехдонону ҳунармандон боз ҳам шоктару
камбаалтар мешуданд.
Дар солҳои хукумронии амир Дониёлби (1758 – 1785) ва баъд аз у дар давраи хукумронии амири дигари манғити Шохмурод (1785 -1800) корҳои обёркуни на танҳо дар
нохияҳои марказии Аморати
Бухоро, балки дар бухорои Шархи низ ривочу равнақ ёфтанд. Пеш аз сар кардани корҳои обёри бо фармони амир Шохмурод кисмати шаркии Аморати Бухоро ба воситаи намояндагони махсус – танобчиҳо (заминченкунҳо) ба округҳо ва округҳоро ба туманҳо тақсим карда шуд.
Чунин корҳои обиёркуниро пешгирифтан дар нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон аҳамияти хеле калон дошт. Чунки барои парвариш кардани зироатҳои техники, сабзавоткорию богдори таъсири мусби мерасонид.
Дар бекигариҳои Хиор, Кулоб ва Қаротегину Дарвоз асосан намудҳои гуногун ба монанди: гандум, биринч,, загир , нахуд, чав, чуворимакка, кунчит ва дигар намуди зироату ғалларо парвариш мекарданд.
Ба ғайр аз корҳои дехдони – заминдори дар ин нохияҳо боз ба чорводори низ машғул буданд. Дар бекигарии Хиору Қаротегин ба парвариши чорвои калони шохдор, гусфанд, буз диққат медоданд. Дар ин нҳияҳо айлокдое вучуд доштанд, ки тамоми фасли сол рамаҳои онхо дар ин чойҳо мечарид.
Дар як катор нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар тимаи авали қарни XIX ба истеҳсоли оҳан шуруъ карда буданд. Асосан оҳанро аз кухдои Шаҳрисабз, Байсун ва Қаратог мегирифтанд. Оҳан дар ванч, низ исеҳсол карда мешуд.
Тарзи гудохтани оҳан хело одди буд. Арчаро сузонида лахчаи онро мегирифтанд. Хноми гудохтани оҳан аз ҳамин лахча истифода мебурданд.
Онҳоеро, ки ба гудохтани оҳан сару кор доштанд худашон оҳанро ба корхонаҳои оҳангари мебурданд. Масалан: аз Дарвоз оҳанро ба Гарм оварда ба корхонаҳо оҳангари месупориданд. Дар як қатор ноҳияҳои дигари Бухорои Шарки бошад оҳангароне, ки ба ин ашё эҳтиёҷ доштан ба он ҷойҳое, ки оҳан истеҳсол мешуд мерафтанд ва дар ҳамон ҷойҳо аз оҳан маҳсулоти гуногун месохтанд. Аз Хиор устоҳои оҳангар дар тобистон ба Каратог мерафтанд. Онҳо дар соҳили рости дарёи Қаратог ҷой гирифта аз оҳани дар ин ҷо буда, маҳсулоти оҳангари тайёр мекарданд.
Дар нимаи аввали асри XIX дар бисёр ноҳияҳои Чанубу Шаркии Тоҷикистон метали ранга истеҳсол карда мешуд. Намаки куҳи Хоҷамуъмини назди Кулоб, яке аз конҳое буд, ки тамоми аҳолии Бухорои Шарҳиро метавонист аз намак таъмин намояд.
Дар охири асри XYIII ва ибтидои асри XIX аҳолии хонигариҳои Бухоро ва Қуқанд асосан ба ҳунарманди ва савдо машгул буданд. Албатта ин ба дигар ноҳияҳо таъсири худро мерасонад, яъне ба воситаи алоқаи байниҳамдигарии савдогарону ҳунармандон на танҳо дар шаҳрҳои маркази, балки дар ноҳияҳои дурдасти Аморати Бухоро савдою ҳунарманди ривоҷ меёфт.
Пеш аз ҳама дар шаҳру деҳот ҳунари бофандаги паҳн гардида буд. Хусусан ҳунари бофандаги дар бекигарии Хиор нисбатан пеш рафта буд. Дар дигар бекигариҳои Бухорои Шарқи аз ҷумла дар Дарвозу Каротегин ҳам ҳунармандони зиёде буданд. Аз пахта матоҳои зиёде мебароварданд, ки онро пеш аз ҳама барои духтани либосҳои мардонаю занона истифода мебурданд. Дастгоҳи дузандаги дар бекигарии Дарвоз, умуман дар тамоми Осиёи Миёна ниҳоятдараҷа соддаю кафомонда буданд.Дар Каратог матоъҳои абрешими шоҳи ва атласи мебофтанд, ки онҳо нисбатан хушсифат буданд.
«Занону мардон бофанда буданд, деҳқонон дар зимистон аз сабаби бекор монданашон дар бекигариҳои Ҳисору Қаротегин ва Кулоб ба кори бофандаги даст мезаданд. »12
Дар бекигарии Дарвоз матоҳои аз пашм тайёркардашуда ба сифати хуб бофта мешуданд. Дар Ҳисор бештар ба истеҳсоли олча ва бекасаби рахдор, ки онҳоро аз пахта тайёр мекарданд, равнақёфта буд. Ҳунармандон маҳсулоти худро пеш аз ҳама дар деҳаҳою бозорҳои наздик ба фуруш мебароварданд. Фақат як кисми ками маҳсулоти худро берун аз маҳала ба дигар кишлоку деҳкадаҳо бурда мефурухтанд.
Ба айр аз бофандаҳо дар байни аҳолии нохияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон дигар намуди ҳунарҳо мавчуд буд. Оҳангари яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумии ин сарзамин мебошад.
«Оҳангарони Ҳисору Қаротегин бо маҳсулоти истеҳсолкардаи оҳании худ, аз қабили корду шамшер, ки дар дигар бекигарию ноҳияҳо шуҳрат ёфта буданд фахр менамуданд» . Дар байни мардум боз ба дигар ҳунарҳо аз қабили заргари, кулолгари, чубкокуни, ярокистеҳсолкуни, чармгари, музадузи ва ғайра вучуд дошт. На фақат дар кисмати Шарки, балки дар кисмати Ғарбии Бухоро ягон заводу фабрика вучуд надошт.
Ба пешравии ҳунарманди тартиботи феодали ва тарзикори цехи ҳунармандон халал мерасонид. Дар ҳама намуди ҳунарманди устоҳо ва шогирдон вучуд доштанд. Усто шогирдону коркунони цехро истисмор менамуд, бе ичозати усто ягон фармоишро надошт. Фармони усто барои шогирдон конун ба шумор мерафт. Дар чунин цехҳо усули дуузва (усто шогирд) ва ё худ сеузваи ташкили кор (усто халифа, усто шогирд) мавчуд буд. Шогирд аввалҳо барои ичрои кор ба сифати музд танҳо хӯрок мегирифт, баъдтар андак музд ҳам мегирифтаги шуд; аслан усули шогирди яке аз тарзҳои истимор ба шумор мерафт. Пайдоиши усули сеузва (аксаран дар истеҳсолот бештар ривоч, ёфта бофандаги, кашфдузи) аз вусъати зиёди истеҳсолоти моди шаҳодат медод.
Дар бекигарихои Хисор ва Қаротегину Дарвоз косиби низ паҳн гардида буд. Тараққиёти косиби ба пешрафти иктисодии ин минтақаҳо ёри мерасонад. Асоси даромади косибонро маҳсулоти истеҳсолкардаашон ташкил медод. Аз сабаби дағал будани дастгохи ҳунарманди сифати маҳсулоти косибон паст буд. Ба ин нигоҳ накарда аз сабаби камчини маҳсулот дар бозорҳо мефурухтанд ва аз хисоби даромади ба даст омада рӯз мегузарониданд.
Вазъи ҳунармандон аз вазъи дехдонон кам фарқ мекард. Даромади онҳо на фақат барои харидани ашёи хом ва таъминоти оила мерасониду халос. Хунармандон ҳунари худро ба меросхуронашон ба таври авлоди меомузониданд. «Хар як ҳунар оиннамои цехии худро дошт, ки онро «рисола» меномиданд. Дар «рисола» истеҳсоли маҳсулот ва ҳаҷми истеҳсолии он нишон дода мешуд. Хунарманд ин қоидаро ҳуқуқи вайрон кардан надошт. Аз ҳамин сабаб дар корхонаҳо ягон навигариро чори кардан айри имкон буд. Нишондоди оиннамои асримиёнаги ва муҳобилияти руҳониён сади роҳинавовари мегардиданд.»
Дар нимаи аввали асри XIX дар қисмати шарқии Чанубу Шарқии Точикистон ҳунари оҳангарии махсусгар- донидашуда ба тарққию пешрафт ноил гардида буд. Як қисми оҳангарон занчирҳо барои дар, наъл, мех ва айраҳо истеҳсол менамуданд. Қисми дигарашон бошад, асбобҳои гуногун барои масолеҳи оҳангари ва деҳқони аз қабили каланд, бел ва гайраҳо месохтанд.Қисми сеюм бошад, ба сохтани сузан, кайчи, тег барои риштароши ва кордҳои гуногун машғул буданд. Як қатор мутахассисоне буданд, ки онҳо ба истеҳсоли яроқи оташфишон сару кор доштанд. Онҳо хеле кам буданд ва фақат фармоиши ҳокимону амалдоронро ичро мекарданд. Дар миёнаҳои асри XY «ҳокими Ҳисор дорои яроқи оташфишон буд. Мумкин, ки чунин яроқро дар худи Хисор тайёр мекарданд, чунки дар ин чо охангари хуб ривоҷёфта буд». Ғайр аз ярок боз онҳо (дар Хисор) ба истеҳсоли корду шамшер аҳамият медоданд. Шамшерҳое, ки дар Хисор истеҳсол мешуд, ниҳоят хушсифат буданд. У стоҳои оҳангар бо чунин маҳсулоташон фахр мекарданд.
Дар бекигарии Дарвоз бошад устоҳои мохири оҳангар ба истеҳсоли асбобҳои гуногуни оҳани сару кор доштанд. Оҳангарони Дарвози оҳанро асосоан аз Ванҷ дастрас менамуданд, чунки дар Ванҷ оҳан истеҳсол мешуд. Хар як устои оҳангар корхонаи худро дошт, дар он ҷо дамгоҳ, ки аз пусти буз тайёр карда мешуд, вуҷуд дошт. Дар Ғарм маркази бекигарии Қаротегин зиёда аз 100 хоҷагии ҳунармандон ба коркарди оҳан сару кор доштанд. Дар нимаи авали асри XIX дар Ғарм, ки аз се гузари калон бо масҷидҳояш иборат буд, ба ғайр аз хоҷагиҳое, ки ба коркарди оҳан сару кор доштанд, боз зиёда аз 100 хоҷагии ҳунармандон вуҷуд дошт, ки ба коркарди чарм машғул буданд.
Дар ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Тоҷикистон дар авали асри XIX умуман пеш аз истило шуданашон аз тарафи аморати Бухоро ҳунари бофандаги, ки мардону занон дар ин кор машғул буданд, ривоҷу равнак ёфта буд.
Олоти асосии истеҳсоли дастгоҳ барои коркарди пахта буд. Хамаи корхои бофандаги дасти ичро мегардиданд.
Кулолгари дар ҳаёти мардуми Хисору Қаротегин накши бузургеро мебозид. Маводе, ки барои истеҳсоли зарфҳои гуногун истифода мебурданд, гили махсус буд. Асосан кулолгарон зарфҳои гуногун аз кабили Куза, Офтоба ва дигар зарфҳое, ки барои хоҷаги зарур буд, истеҳсол мекарданд.
Хунари ҷубкоркуни низ дар ин минтақаҳо ривоҷ ёфта буд. Аз чубҳои сахт устоҳо асосан маҳсулоти гуногун, аз қабили испор,шоҳин, белҳои чубин, кафш, кулфи дар дастгоҳи бофандаги ва асбобҳои мусики истеҳсол менамуданд. Асосан ҳунари чубкоркуни дар Дарвозу Қаротегин паҳн гардида буд. Масалан аҳолии яке аз кишлокҳои Дарвоз ҳама устои чуб буданд ва маҳсулоти гуногун месохтанд. Хунари зинтароши мақоми хосро дошт, чунки талабот ба ин зиёд буд.
Дар байни ҳунармандон инчунин устоҳои сохтмончи, аз кабили деворзанон, андовагарон, накшон зиёд буданд. Ин кабил мардум, ки аксарияташон дар Каротегину Дарвоз мезистанд, барои кути лоямут пайдо кардан аксар вақт ба Қуқанду Фарона барои кор кардан роҳ пеш мегирифтанд.
Дар нимаи аввал ва хусусан дар миёнаҳои асри XIX дар кимати Маркази ва Чанубу Шаркии Точикистон савдои дохилию хоричи вучуд дошт. Савдо инкишофу вусъат меёфт. Маҳсулоти асосие,ки ба савдо бароварда мешуд асосан маҳсулоти хочагии қишлоқ аз қабили гандум, биринч,, пахта буд. Аз сабаи он, ки дар ин ноҳияҳо чорвои зиёд парвариш меёфт чорводорон гов, гусфанд, буз, асп ва ғайраро ба савдо мебароварданд. ҳунармандон низ дар савдо фаъолона иштирок мекарданд.
Харидорони асосии ғалла асосан кабилаҳои кучи ва кучиёни чорводор буданд, ки онҳо бо замин сару кор надоштанд. Асосан маҳсулоти галлагиро бекигарии Хисор бо дигар минтақаҳо (ба Қарши, Чорсу, Керки) ба фуруш мебароварданд. Ба айр аз маҳсулоти номбаршуда боз маҳсулоти дигар – меваи хушкардашуда бароварда мешуд, ки он ҳат то аз каламрави кишвар берун бароварда мешуд. Хамин тариқ дар солҳои 1837 то 1847 ба дигар минтақаҳои осиёи Миёна ба маблаги 171 898 сум меваи хушкардашуда фурухта шуд.
Дар ҳаёти иқтисоди ичтимоии ноҳияҳои Бухорои Шарки роҳҳо аҳамияти муҳим доштанд. Дар минтақаҳое, ки роҳҳои нагз доштанд, барои вусъат ёфтани муносибатҳои савдои ёри мерасониданд. Асосан савдогарон ҳангоми сафар аз уштурҳо истифода мекарданд, чунки нақлиёти чархдор дар аксари
ноҳияҳои Бухорои Шарҳи дида намешуд. Дар рохдои куҳии ин ноҳияҳо аз хару асп ва уштур истифода мебурданд. Тамоми аҳолии ноҳияҳои Каротегину Дарвоз аз сабаби вучуд надоштани роҳҳо азоб мекашиданд ва баъзе аз кисматҳои аҳолии ин ноҳияҳо тамоми сол аз сабаби набудани роҳҳо аз олам беруна канда мешуд. Аз кисмати Маркази ва Чанубу Шаркии Точикистони имруза савдогарон молҳои худро дар бозорҳои Уротеппа, Қуқанд, карши ва Бухоро бурда мефурухтанд. Дар Ғузор бозори калони чорво вучуд дошт, ки савдогарони Бухорои Шарки асосан рама – рама
гусфандҳоро бурда, дар он чо мефурухтанд. Дар навбати худ савдогарони Қуқанду Уротеппа ба ноҳияҳои баландкуҳ аз кабили каротегин рафта, молҳои савдо мекарданд. Асосан савдои онҳо ба таври ивази мол сурат мегирифт. Аввал савдогар нархи моли худро ба тангаи нукраги гардонида, баъд ба ҳамин восита молашонро иваз мекарданд. Дар нимаи авали асри XIX дар Хисор савдогарон моли худро ба пул иваз карда метавонистанд. Вале савдо ба кучманчиҳо ва қишлоқҳои дурдасти куҳистон ба таври ивази мол сурат мегирифт.
Чи хеле, ки дар боло зикр ёфт, савдогарон аввал арзиши моли худро бо пул муайян мекарданд ва баъд онро бо дигар молҳое, ки арзиши онҳо ҳам бо пул муайян шуд, иваз менамуданд. Пули асоси дар аморати Бухоро ва дигар ноҳияҳои гирду атрофии он, аз чумла дар Бухорои Шарки ҳам тангаи нукраги ба шумор мерафт, ки арзиши вай 20 тин (20 кп) – ро ташкил медод. Дар Қаротегин 1 пул гандум 9 тин, 1 фут равғани гов аз 3 то 8 сумро ташкил медод. Дар ин минтақа пашму пуст ҳам арзон буд. Савдогароне, ки молашонро ба Қаротагину Дарвоз мебароварданд, онро се баробар зиёд аз нархаш мефурухтанд. Мисол: матои олачаро аз Хисор бурда, дар Қаротегин як порчаашро, ки ҳамаги 60 тин арзиш дошт, бо як гусфанд иваз мекард. Халки кашшоку камбаал пул надошт. Фақат табақаи болои аз худи шоҳону бекон сар карда, то заминдорону наздикони онҳо пул, яъне тангаҳои нукрагиро дастрас карда метавонистанду халос. Дар Хиор каму беш савдогарону ҳунармандон пудро дастрас карда метавонистанд., вале дар Қаротегину Дарвоз дастрас кардани пуд хеле мушкил меафтод.
Хулоса вазъи иқтисоди – ичтимоии нохияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар давраҳои пеш аз истилошуданашон аз тарафи Аморати Бухоро, хело кам ногувор буд. Сабаби ин ҳама зиндагии кишлоқонаю факиронаи ин мардум, дур будани онҳо аз марказҳои савдою таравдикардаи онвакта, инчунин набудани рохдои дурусти алоқа, вазъи нотинчи сиёси дар минтақаи Осиёи Миёна буд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222