Вазифаи ҳар як илм пеш аз ҳама
омӯзиши ҳамаҷонибаи предмети
илмиаш ва ба манфиати ҷамъият дар амалия татбиқ наму-
дани натиҷаҳои ин омӯзиш мебошад. Вазифаи аввалинда-
раҷаи психология низ омӯхтани қонунҳои фаъолияти пси-
хикӣ ба шумор меравад.
Илми психология ҳангоми тадқиқи предмети илмии
худ чунин вазифаҳои асосиро дар назди худ мегузорад:
Нақшаи 1. Намунаи натиҷаҳои аз тадқ,иқ,оти гендери бадастомада,
ки ночиз будани тафовути ҷинсиро нишон медиҳад.
– омӯзишу дарки моҳияти зуҳуроти психикӣ ва ошкор
сохтани қонуниятҳои онҳо;
– омӯзиш ва дарёфти имкониятҳои идоранамоии
протсессҳои психикӣ;
– дар амалия татбиқ намудани донишҳои илмии пси-
хологӣ бо мақсади тарбияи шахсияти комил ва баланд
бардоштани самаранокии истеҳсолот;
– ба вуҷуд овардани асоси илмию назариявии хада-
моти психологӣ.
Қонуниятҳои инкишоф ва зуҳуроти ҳодисаҳои пси-
хикиро омӯхта истода, психология моҳияти инъикоси
олами объективиро дар қишри мағзи сар ошкор месозанд,
муайян мекунанд, ки рафтору фаъолияти одам читавр
идора карда мешавад, фаъолияти психикӣ чӣ тавр ба амал
36
меояд ва хусусиятҳои психикӣ чӣ тавр шакл мегиранд. Аз
сабаби он, ки психика ва шуури одам инъикоси объекти-
вии олами воқеист, омӯзиши қонуниятҳои психологӣ пеш
аз ҳама маънои муайяннамоии алоқаи зуҳуроти психикӣ
бо шароитҳои объективии ҳаёт ва фаъолияти одамро до-
рад. Вале бо назардошти он, ки ҳар як фаъолияти одам
(таълимӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ) қонунан на танҳо аз шаро-
итҳои объективии ҳаёту фаъолияти одам, балки аз ҷан-
баҳои субъективӣ (муносибат, мақсадгузорӣ, таҷрибаи
шахсӣ) низ асос мегирад, пас дар назди психология вазифа
гузошта мешавад, ки хусусиятҳои амалигардии фаъолият
ва натиҷаҳои онро дар вобастагӣ аз таносуби шароитҳои
объективӣ ва ҷанбаҳои субъективӣ муайян намояд.
Ҳамин тавр, қонуниятҳои протсессҳои маърифатиро
барқарор намуда, психология имконият пайдо мекунад,
ки ҷараёни таълимро ба таври илман асоснок ташкил
намояд; қонуниятҳои ташаккули шахсиятро муайян наму-
да, дар ҳамкорӣ бо педагогика ташкили дурусти тарбияро
ба роҳ монад; қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи ҳо-
латҳои ногувори рӯҳро ошкор сохта ба пешгирии ихтило-
ли асабию рӯҳӣ мусоидат кунад; қонуниятҳои шаклгирии
тағйироти психикаи одами беморро муайян карда, ба ра-
ванди табобат таъсири мусбӣ расонад. Ҳамчунин қонуни-
ятҳои психологиро омӯхта, ҳалли масъалаҳои ташкили
меҳнат, азхуднамоии техникаи нав ва усулҳои пешқадами
кор, баландбардории самаранокии фаъолияти истеҳсолӣ,
ҷобаҷогузории кадрҳо, тақсими дурусти меҳнат ва қувваи
корӣ, ташкили муҳити мусоиди кору муносибат ва ғайра-
ро дарёфт намудан мумкин аст.
Психологҳо метавонанд бо назардошти қонуниятҳои
психологӣ баҳри такмили хусусиятҳои мусбат, барта-
рафсозии хислат ва одатҳои бад ва дигар масъалаҳои шах-
сию байнишахсӣ тавсия ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод
намоянд.
Доираи фарохи вазифаҳоро, ки дар асоси мушаххас-
намоии масъалаҳои психологӣ ба вуҷуд меоянд, психоло-
гия дар доираи таълиму тарбия, тиб, варзиш, саноат, суд
ва системаи ислоҳоти меҳнатӣ, хизмати ҳарбӣ, корҳои
идоракунӣ , ташвиқотӣ ва ғайра ҳал менамояд.
Масъалаи махсусе, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба
амал омада, ҳалли он иштироки ҳатмии психологро талаб
мекунад – ин вазъияти ихтилофнок аст. Психологҳо дар
ҳалли низоъҳои ботинию байнишахсӣ нақши асосиро ме-
бозанд.
Tags Психалогия
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …