Главная / Маданият ва санъат / Вазири ободкор – ҳикоя

Вазири ободкор – ҳикоя

Як шоҳи Форс аз вазираш хашмгин шуда, ӯро аз вазифа озод кард ва гуфт:
– Барои худ ҷоеро интихоб кун, ки ба ту диҳам. Он Ҷ0 бо аҳли хонаво- даат зиндагӣ ба сар барӣ.
Вазир гуфт:
vazir

– Ба ман чизе лозим нест. Ҷойи обод ҳам намехоҳам. Агар лутф кунед, ба ман деҳи вайронеро диҳед, ки обод карда, ҷойи зиндагиро барои худ созам.
Шоҳ фармуд, ки чанд деҳи вайрон бошад, ба ӯ нишон диҳанд, то ки интихоб кунад. Дар мамлакат ягон деҳи вайрон пайдо карда натавонистанд, ки ба ӯ бидиҳанд. Ин хабарро ба шоҳ расонданд
Вазир гуфт:
– Шоҳо, ман медонистам, ки дар ин қаламрав деҳи вайрон нест. Акнун, ки вилоятро аз ман гирифтй, ба касе деҳ, ки ба вақти рафтанаш ҳамон тавре ба ту супорад, ки ман супоридам.
Шоҳ ба хизмати арзандаву шоистаи вазир офарин хонду аз ӯ узр хосту вазоратро аз нав ба вай супорид.

Панд

Вазир бояд ба ободии мамлакат машғул шавад, то ки забонаш ҳамеша дар назди шоҳу гадо дароз бошад ва аз чизе бим надошта бошад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pur9rblnc00

ФАРИДУДДИНИ АТТОР

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт, Мо ҳанӯз андар хами як чаем. Мавлонои Руми Фаридаддин ибни …

222222222222222