Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX Россия ба дараҷаи олии таравдиёти капитализм – империализм расид. Дар ин давра капитализми рус ба иктисодиёти Осиёи Миёна торафт бештар ворид гардида, муносибатҳои феодалиро вайрон мекард. Албатта дар шароити мустамликави хучуми капитал, ниҳоят суст ба амал омада буд. Ба ин нигоҳ накарда халкдои мустамлика, аз ҷумла, тоҷикон ба доираи нуфузи капитал кашида мешуданд. Чи дар Туркистон ва чи дар аморати Бухоро молҳои истеҳсоли саноати рус мавқеи маҳсулоти косибону хунармандони маҳаллиро танг карда, ҷои онро мегирифтанд.
Муносибатҳои капиталисти дар баробари ноҳияҳои марказ дар кисми зиёди каламрави аморати Бухоро низ пайдо шуданд. Хусусияти хоси муносибатҳои капиталисти дар он буд, ки воридшавии сармоя ба иктисодиёти ин ҷо суст гузошта, муносибатҳои феодали афзалияти худро дер боз нигоҳ медоштанд.
Истисмори милли – мустамликави, ки хукумати подшохи дар Осиёи Миёна мегузаронд, пешрафти тараққиёти кувваҳои истеҳсолкунандаи кишварро боз медоштанд. Илова аз он, сиесати мустамликави мутлакити подшохи сади рохи таравдиёти сиёсию иктисодии халкдои Осиёи Миёна гардид. Дар тамоми давраи мустамликави замини точикон аз чиҳати сиёси пароканда буд. Уезди Хучанд ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил шуда, ноҳияҳои Конибодом, Ашт ва Исфара тобеъи губернатори ҳарбии Фарона буданд. Нохияҳои Бухорои Шарки (Марказ ва Чануби Точикистони имруза) ва Помири Ғарби дар ҳайати аморати Бухоро, Помири Шарқи ба ҳайати вилояти Фарона дохил мешуданд.
Чунин тақсимоти маъмурии сарзамини точикон ба пешрафти иқтисоди, таравдиёти кувваҳои истеҳсолкунанда, худшиносии милли ва ягонагии халки точик халал мерасонд.
Дар арафаи инкилоби солҳои 1905-1907 ба монанди давраи пештара иқтисодиёти Осиёи Миёна ба манфиати капиталистони рус мувофиқгардонда шуда буд. Капиталистони рус барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба пахта барои таравдиёти ин соҳа дар Осиёи Миёна аҳамияти махсус медоданд. Соли 1895 чамъияти хочагии кишлок ва дар назди он комитети пахтакори ташкил дода шуд. Вазифаи ин комитет аз он иборат буд, ки майдони кишти пахта зиёд карда, сифати пахтаро беҳтар кунад. Сол то сол майдони кишти пахта васеъ гардида, ба чои пахтаи навъи маҳали, пахтаи навъи баландҳосили америкои кишт карда мешуд.
Агар соли 1884 дар Туркистон пахтаи навъи америкои дар 450 х. десятина замини кишт карда 7 х. пуд ҳосил дода бошад, соли 1887 ба микдори 200 х. пуд пахтаи навъи америкои истеҳсол карда шуд. (История таджикского народа. Кн 2.-С. 199-200).
Дар ноҳияҳои Шимолии Точикистон истеҳсоли пахта асосан дар ихтиёри фирмаҳои «Курдин ва К» ва мануфактураи калони Ярославск буд. Фирмаҳо
плантатсияҳои худро доштанд. Дар заминҳои плантатс ияви пахтаи навъи америкои кишт карда шуда, аз мехнати кироя истифода бурда мешуд. Барои ба Россия кашонидани пахта рохи оҳани Закаспий аҳамияти калон дошт.
Дар баробари ин, дар инкишофи хочагии қишлоқ ва аз ҷумла, пахтакори монеаҳои зиёд буданд. Қафомонии умумии иктисодии кишвар ба мавҷуд набудани рохи нақлиёт, таъмин набудани бехатарии рохдои савдои ва дигар душвориҳо вобаста буд. Аз сабаби набудани алоқаи бевоситаи байни истеҳсолкунандагони пахта ва муассисаҳое, ки пахтаро кор мекарданд, дар байни онҳо гури миёнаравон пайдо шуданд.
Фирмаҳои капиталисти пахтаро аз дехдонон бо ёрии агентҳои хурд, тарозудорон, аробакашон бо чандин фанду фиреб мегирифтанд. Миёнаравон аз фирмаҳо карзи дарозмуддат гирифта, онҳоро ҳамчун бунак дар байни дехдонон пахн мекарданд. Миёнаравон дехдононро бо ҳар баҳона фиреб медоданд. Дар бисёр мавридҳо дехдонон баъди «фурухтани» пахта ҷои хароҷоти сарфшударо пур карда наметавонистанд.
Дар баробари пахтакори дар хоҷагии молию пули нохияҳои Шимолии Тоҷикистон богдори ва токпарвари аҳамияти аввалиндараҷа доштанд. Масалан, соли 1890 дар 1310 десятина замин ток парвариш карда шуда бошад, соли 1909 барои токпарвари 5436 десятина замин ҷудо шуда буд. Соли 1890 дар Уезди Хучанд 655 ҳазор пуд кишмиш истеҳсол карда шуд. Соли 1899 ин рақам ба 16045 ҳазор пуд расонда шуд. (История таджикского народа.-Т.2, кн.2.-С.203).
Дар хоҷагии Тоҷикистон он давра чорводори низ мавқеи калон дошт. Дар ин ҷо микдори муайяни гусфандҳои киргизи маҳинпашм ва қарокули парвариш карда мешуд. Дар худи Уезди Хучанд ҳар сол то 20 ҳазор сар чорво ва чандин пуд пашм ба фурӯш бароварда мешуд.
Дар нохияҳои Шимолии Тоҷикистон кирпарвари таравди карда буд. Аз ноҳияҳои Шимолии Тоҷикистон танҳо дар соли 1908 ба Россия 13364 пуд шохи бурда шуд.
Инкишофи минбаъдаи муносибатҳои молию пули ба табақаҳо ҷудо шудани дехдононро тезонид. Қисми зиёди дехдонон хонавайрон шуда, сафи мардикоронро зиёд мекарданд. Қисми дигари девдонон бой шуданд. Масалан, соли 1908 дар Уезди Хучанд 2389 хонаводаи дехдонон тамоман замин надоштанд. 1000 хонавода аз 1 то 0, 25 таноб
замин доштанд. Чунин вазъият дар нохияҳои дигари
Тикистони Шимоли чой дошт.
Ҳамин тариқ дар арафаи Инкилоби солҳои 1905-1907 дар ноҳияҳои Шимоли Точикистон дар дохили муносибатҳои феодали муносибатҳои капиталисти пайдо шуданд, лекин асосҳои феодали бе тагйир монданд ва асосҳои капиталисти мавқеи устувор гирифта натавонистанд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …