Главная / Илм / ВАЗЪИЯТИ СИЁСИ- ИЧТИМОИИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

ВАЗЪИЯТИ СИЁСИ- ИЧТИМОИИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

Баъд аз сари Шоҳмурод писараш Ҳайдар (1800-1826) ба тахти салтанати Бухоро нишаст. Мувофики маълумоти сарчашмаҳо, Ҳайдар аксарияти вакти худро ба мутолиаи асарҳои фикҳ ва муношаҳо сарф мекард. у худро «уламои замон» пиндошт, дар мадрасаи арк ба дарсгӯи машғул шуд. Албатта муллобачаҳоро ба дарси «амири донишманд» бо зарбаи чуб ҷамъ менамуданд. (Семёнов А.А. К вопросу о происхождении и составе узбеков Шайбонихана – Материалы по истории таджиков и узбеков Средней Азии «Сб. статей.» вып. 1.-Сталинабад, 1954.- С.3).
Амир Ҳайдар Куръонро сар то по аз ёд карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ, зоҳиди риёзаткаш набуд. Аз сад канизи харамсарои худ якеро интихоб намуда, ҳар моҳ ҳамсарашро иваз мекард. Аз ҷумла пиразанҳои кордида ба ҳар гаву канори мамлакат фиристода мешуданд, то ки духтарони соҳибҷамолро пайдо карда, ба хидмати амир оваранд. (Ғафуров Б. Тоҷикон.-Ч.п. -С. 94).
Дар ҷодаи сиёсати хориҷи амир Ҳайдар дар солҳои аввали салтанати худ ба баъзе комёбиҳо ноил гардид. Ба Хева зарба зада, аз ин ҷониб хавфи ҳуҷум бартараф карда шуд. Мубориза бо хони Қуқанд ва ҳокими Шаҳрисабз хеле тулони буд. Дар мубориза барои Уротеппа ғалаба карда, Чиззах ва саргаҳи Зарафшон ба қаламрави Бухоро ҳамроҳ карда шуданд. Ба тарафи Ҳисор лашкар кашида, дар ин ҷо падараруси худро ҳоким таъин кард.
Бо ҳамаи ин кушишҳо амир Ҳайдар натавонист, ки ҳокимияти худро мустаҳкам намояд. Уламо ва ашроф нисбат ба амир муносибати душманона доштанд. у сиёсати падарашро дар роҳи марказонидани давлат идома дода натавонист. Лашкаркашиҳои зиёд ба мукобили феодалони исёнкор ва ҳамсояҳои хусуматпарвар хароҷоти давлатиро зиёд карданд. Хароҷоти хазина нисбат ба даромади давлат ду баробар зиёдтар шуд. Норозигии табақахои гуногуни ҷамъият торафт меафзуд. Шӯриши Хитой – Қипчокхо
(солхои 1821-1825) дар водии Минғол аломати зиёд шудани норозигии чамъияти буд.
Баъд аз вафоти амир Ҳайдар писараш Насрулло (18261860) ба тахти аморати Бухоро сохиб гардид. Насрулло бародари худро ба қатл расонида ба тахт нишаст. Дар як мохи салтанаташ рӯзе аз 50 то 100 нафаро ба қатл мерасонид. (Семенов А. А. К вопросу происхождение и составе узбеков.-С. 3).
Дар давраи амир Насарулло бо мақсади мустахкам кардани ҳокимияти давлати як катор ислоҳотҳо гузаронида шуданд. Шахсоне, ки андаке норозигни мекарданд онҳоро ё мекуштандваё бадарга мекарданд. ДаринбораН. К. Хаников менависад: Рахмонберди махсуми туркман аз тарафи амир ба мансаби Раис (муофии расму одат ва ба тартиб дароварандаи низоми тарозу) таъин шуда буд, ки дар решакан кардани феодализми Бухоро ёвари амир буд. ӯ авомро бо зарби чубу чазо ва дуову ибодат мачбур мекард, ки сипохиён ё тобеъ шаванд ё гурехта чон ба саломат баранд. (Хаников Н.В. Описание Бухарского ханства.- СПб.-С.231).
Ислоҳоти соҳаи ҳарби дар мустахкм намудани ҳокимияти давлати ва баланд гаштанн қобилияти мудофиавии мамлакат сахми босазо бозид.
Ислоҳот соли 1837 гузаронида шуд. То ислоҳот кушун аз ду кисм: нукарҳо, ки бидуни мухлат хизмат мекарданд ва карачирикдо-фавчи ғайри мунтазам иборат буд.
Навкарон аз ҳисоби худ ярокнок шуда, барои хизматашон аз давлат музди пули ва моли мегирифтанд. Шумораи онҳо кам буд. қарачирикдо дар вақти зарури аз байни аҳоли даъват карда мешуданд.
Баъд аз ислоҳот лашкари доими ташкил дода шуд ва кисмҳои пиёдагард ба вучуд омаданд. Қисмҳои ҳарбии аморат пуркувват гаштанд. Либоси махсуси низоми чори карда шуд. Сарбозони амир куртаи сурх, шимми сафед ва телпаки эрони мепӯшиданд. Ҳар як сарбоз милтики найзадор, шамшер ва тапонча дошт. Ба сифати мушовирон дар кушуни амир, асирони рус хизмат мекарданд. Дар баробари ин кисмҳои тупчиён низ дар аморат ташкил карда шуданд.
Сарбозон бо оилаҳояшон дар хонаҳои махсус (казармаҳо) зиндаги мекарданд. Моҳе се суми нукра аз хазина маош мегирифтанд. Саворагон дар хонаҳои худ мезистанд ва дар вакти зарури ба ихтиёри лашкарбоши ҳозир мешуданд. Соли 1856 амир Бухоро 13 ҳазор сарбоз дошт. (Шукуров С., Раҳматуллоев А. Таърихи халки точик.- С.192- 193); Тухтаметов Т.Т. История таджикского народа в первой половине в XVIII (Учебное пособие).- Душанбе, 1991.- С.17- 20).
Амир Насрулло кисмҳои калони ҳарбии мунтазам амалкунандаро ташкил дод. Асоси кушунро асирони рус, форсҳо ва ғайра ташкил медоданд. Микдори сарбозон ба 800 нафар, кисмҳои тӯпчийн ба 150 нафар расонида шуд. Либоси махсуси низоми чори карда шуд. Сарбозон бо туфангҳо ва тӯпчиён бошанд бо тапончаҳо ва шамшери руси мусаллаҳ буданд. Сарбозон дар хонаҳои махсус зиндаги карда, ҳамеша омодаи чанг буданд. Сарбозон ва афсарон аз давлат моҳона мегирифтанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222