Главная / Илм / ВАЗЪИЯТИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ ШӮРАВИ ВА ТОҶИКИСТОН ДАР ДАҲСОЛАИ БАЪДИ ҶАНГИ

ВАЗЪИЯТИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ ШӮРАВИ ВА ТОҶИКИСТОН ДАР ДАҲСОЛАИ БАЪДИ ҶАНГИ

Солҳои баъди чанг вазъи сиёсии мамлакат бо чараёни пештара идома меёфт. Дар солҳои чанг демократиякунонии чомеаи сотсиалисти маҳдуд шуда буд ва зарурияти инкишофи ин масъала аз нав ба миён омад. Вазъият талаб мекард, ки дар навбати аввал усули кори ташкилотҳо ва созмонҳои сиёси дигар карда шуда, фаъолияти онҳо баланд бардошта шавад. Ҳали ин масъалаҳо дар системаи ташаккулёфтаи он давра ғайриимкон буд. Дар ин чода дар Точикистон низ як қатор чораҳо андешида шуданд. Ба мақсади демократикунонии фаъолияти шӯроҳо моҳи феврали соли 1947 интихоботи Шӯрои Олии ЧШС Точикистон ва моҳи январи соли 1948 интихоботи Шуроҳои маҳали депутатҳои меҳнаткашон гузаронида шуд. Дар натича шӯроҳо аз ҷиҳати ташкили мустаҳкам шуда, саҳми онҳо дар
масъалаҳои хочаги, ичтимои ва фарҳанги афзуд.
Моҳи декабри соли 1948 анчумани VII ХК Точикистон дар асоси муҳокимаи маърӯзаи котиби Комитети Маркази Б.Ғафуров, вазифаҳои нави ҳизбро бо шаклу усулҳои нави роҳбари муайян намуд. Дар солҳои баъди чанги ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи чумҳури васеъ гардида, фаъолияти ташкилотҳои дигари чамъияти-сиёси беҳтар гардонида шуд.
Соли 1953 И.Сталин роҳбари ҳизби коммунисти ва давлати Шӯрави баъди фаъолияти тӯлони вафот кард. Яке аз иқдомҳое, ки пас аз вафоти И.Сталин дар анчумани ХХ ХКИШ (соли 1956) ба миён омад, муҳокимаи шахспарастии
Сталин буд.
Дар анчумани ХХ як қатор хулосаҳои назарияви бароварда шуданд. Реалияти объективи вазъияти байналхалқи ба назар гирифта шуда, анчуман хулоса баровард, ки дар байни мамлакатҳои сохти сиёсиашон гуногун, ҳамзистии осоишта имкон дорад. Ва имконият ҳаст, ки пеши чанги нав гирифта шавад.
Хулосаи дигар аз вазъияти ба амал омадаи байналхалқи дар он буд, ки дар бораи бо тарзи осоишта ба сари қудрат баромадани коммунистон имконият пайдо шудааст.
Дар соҳаи сиёсати дохили анчумани вазифаҳои такмили иқтисодиёт, чори намудани рӯзи кори 7-соата, гузаронидани ислоҳоти фонди нафақави, сохтмони манзил ва дигар масъалаҳоро барраси намуд. Дар ҳамин асос «вазифаи таърихи» аз чиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноати ба мамлакатҳои тараққикардаи капиталисти баробар шудан ва аз онҳо пеш гузаштан ба миён омад.
Дар мачлиси пӯшидаи анчан Хурушёв тамоми обрӯю шӯҳрати Сталинро ба зери шӯбҳа гузошт. Сохтмони чамъияти сотсиалисти дар як мамлакат ва хусусан дар ЧБВ обрӯ ва эътибори И.Сталинро боз ҳам баланд гардонд. Дастгоҳи идеологи бошад барои инкишофи шахспарасти мусоидат намуд. Тамоми муваффақиятҳои сохмони сотсиалисти ба номи Сталин вобаста карда мешуд. Тамоми атрофиёни Сталин, аз ҷумла Хурушёв пеш аз ҳама гунаҳкор буданд. Бесабаб набуд, ки Хурушёв дар маърузаи худ нисбати ин эҳтиёткорона муносиат карда, тамоми гуноҳро ба зиммаи Сталин гузошт. Ҳар кадоме аз роҳбарони баландпояи ҳизби ва давлати барои дар назди Сталин садоқатманд будани худ аз болои якдигар хабаркаши мекарданд. Ба ин восита дар мамлакат барои шахспарасти заминаҳо муҳайё гардида, тарзи идоракунии фармонфармои- маъмури ба ҳаёти сиёси, иктисоди, ичтимои ва мадани роҳ ёфт.
Оқибатҳои шахспарасти дар Точикистон низ ҳис карда мешуд. Дар солҳои 40-ум ва авали 50-ум як қисми шаҳрвандони бегуноҳи Точикистон ба чойҳои дурдаст ва ноободи Қазоқистон ва Сибир бадара гардиданд. Бо нишондоди дасисабозон ташкилотҳои кумитаи бехатари одамони зиёдро шахсони «хавфнок» эълон карда аз мансабҳои давлати дур карда, ба ҳабс кгирифта шуданд.
Дар чунин вазъият зарур буд, ки дар мамлакат ҳарчи зудтар ба қонун ва меъёрҳои муайяншудаи чомеаи шӯрави риоя карда шаванд. Тарзи коллективонии идоракунии мамлакат чори гардида, номи онҳое, ки беасос чазои сиёси гирифтанд, барқарор карда шавад.
Ҳуқуқҳои Чумҳуриҳои Иттифоқи васеъ гардонда шавад. Ба ин мақсад КМ ХКИШ дар асоси нишондодҳои анчумани ХХ ХКИШ доир ба шахспарасти ва оқибатҳои зарарноки он қарор қабул намуд. Дар ин ҳуҷчат сабабҳои бавучудоии шахспарастии Сталин таҳлил гардида, роҳҳои барҳам
додани оқибатҳои он пешниҳод шуда буд. Дар қарор қайд карда шуда буд, ки дар натичаи суистеъмол аз ҳокимият ва дағалона поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва усулҳои нодурусти роҳбарии ғайридемократи ҳаёти чамъияти ба вучуд омад. Пешниҳод карда шуд, ки барои демократигардонии чомеаи Шӯрави бояд мақомоти ХК баланд бардошта шавад ва назорати ҳизби аз болои сохторҳои ҳокимият пурзӯр гардад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222