Главная / Илм / ВАЪЗИЯТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСОН ДАР СОЛҲОИ 30 -юм

ВАЪЗИЯТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСОН ДАР СОЛҲОИ 30 -юм

Ташкилёбии чумҳурии мухтор ва шӯравии Точикистон бо кӯшиш ва муборизаи бевоситаи Ш.Шоҳтемур тамали гардиданд. Ш.Шоҳтемур дар байни ходимони ҳизби ва давлатии он вақтаи точик ягона шахсе буд, ки ҳамчун точики асил то нафаси охирини ҳаёт ба муқобили пантуркизм ва панисломизми турк, миллатчиёну шовинистон ва сиёсатмадорони калаванда муборизаи беамон мебурд.
Гузоришномаи Ш.Шоҳтемур ба номи И.Сталин, ки аз манфиатҳои миллии халқи точик дифоъ мекард ва ҳаргиз гузориши зидди миллати ӯзбек набуд. Ин номаест, ки дар он намояндаи миллат аз кормандони алоҳидаи ташкилотҳои хизбии Узбекистон, ки нисбати миллати точик сиёсати шовининистонаро пеш гирифта буданд, дарди дилашро ошкор намуд. Мактуби Ш.Шотемур бенатича намонд. Он барои ба ҳайати Точикистон даровардани бисёр мавзеъҳои точикнишин кӯмак расонд. Хизматҳои арзандаи ду фарзанди номбардори точик Н.Махсум ва Ш.Шотемурро дар таърихи халқи точик ба инобат гирифта шуда, бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон ба онҳо номи «Каҳрамони Точикистон» дода шуд.
Мутаасифона, дар ин солҳо дар кори «фош» намудани «душманони халк» дӯстон ва рафиқони ҳамкор бевосита ширкат доштанд. Онҳо бехабар аз он буданд, ки фардо худи онҳо курбони ин дасисаҳо хоҳанд шуд. Раиси Шӯрои вазирон (нозирони) халкии чумҳури А.Раҳимбоев, ки ба чои А.Ҳочибоев таъин шуда буд, дар ҳақи А.Муҳиддинов чунин гуфта буд: «Ба ҳамаи шумо шахсияти Муҳиддинов… маълум аст. Дар масъалаи дигар кардани номи Душанбе ба Сталинобод. Муҳиддинов дар сӯҳбат бо ҳамкорони худ дар бораи иваз кардани номи Душанбе ба Сталинобод фикри мухталиф дошта ва далел овардаст, ки Рафиқ Сталин барои Шарк номафҳум аст.
Ин акидаи ӯ чунин маъно дорад, ки рафиқ Сталин байраки коммунизм, сарвари партияи пролетариати чаҳон барои Шарк кобили кабул нест». (Масов Р., Султонов Ш. Чонбахши адолат ва армони халк //Дарси хештаншиноси.- дафтари 2.-Душанбе, 1991.- С.63).
Дар ҷумҳури ҳар кас дар барои ҳамсоя ва рафиқ ба ОГПУ чосуси мекард.
Баробари аз байн бурдани як зумра роҳбарони чумҳури маъракаи таъкибу чазодиҳи ба табақаи зиёиёни эчодкор сар шуд. Ба муқобили устод С.Айни, Ч.Икроми, Х.Карим, Ғ.Абдулло, Зеҳни, Фитрат ва дигарон тӯҳмат бофта, онҳоро ҳабсу истинток мекарданд. Қисми зиёди онҳо бо карори сегонаи шӯъбаи идораи давлатии сиёси (ОГПУ) парронда шуданд. Агар як як нафар аъзои оила айбдор мешуд, тамоми аъзоёни дигари оила низ гунаҳкор ҳисобида мешуданд.
Дар баробари зиёиён дар ин солҳо бар зидди ходимони дини Тоҷикистон маъракаи васеи такибот амали мекард. Хонаҳои онҳо кофтуков карда тамоми китобҳоро мусодира намуда оташ мезаданд. Масҷидҳо баста шуда вайрон карда мешуданд. Соли 1925 дар Тоҷикистон созмони махсуси «Бехудоён» ташкил ёфта то соли 1928 зиёда аз ҳазор ячейкаҳои ин ташкилот амал мекард. Вазифаи асосии онҳо аз байн бурдани дин буд.
Ин ҳолат дар мамлакат тарсу вахмро ба вуҷуд овард. Дар ҳама ҷо ҷосусони органҳои ҷазодиҳанда амал мекарданд. Бо андак сухани бечо шахс метавонист, ки ба ҷазои сахттарин гирифтор шавад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222