Имрӯз бештари мардум шикоят мекунанд, ки дуо бисёр мекунем, вале асари қабули онро намебинем.
Ин гуна шахсонро мебояд ба ҳоли худ назаре кунанд, ки маблағи даромад, хӯрду нӯш ва сару либоси онҳо аз куҷост? Пас, агар аз роҳи нодуруст ва касби ҳаром бошад, парҳез аз он лозим аст, то ки дуо қабул шавад.