Главная / Гуногун / Зиндагии Абуалии Сино шаҳри Ҳамадон

Зиндагии Абуалии Сино шаҳри Ҳамадон

РУҶӮИ ЧОРУМ

Таърихи пайдоиши шаҳри Ҳамадон дар зулмоти ҳазорсолаҳо нопадид мегардад. Ҳамадоние, ки як замон Экботон номида шудани Ҳамадонро медониста бошад, ба қудрат дарёфт мешавад. Шаҳри Экботон пойтахти мамлакати бузурги Мидиён буд. Шоҳ Дорои Аввал аробасавор дар ин шаҳри асосии худ бисёр сайругашт мекард. Искандари машҳур – сипаҳсолори беназири макдунӣ лашкари Дорои Савумро мағлуб намуда, зимни ҳамлае Экботонро тахти тасарруф даровард. Ба ин васила ганҷи ниҳону хазинаи гароне насиби Искандари Макдунӣ гардид. Ин вокеа соли 324-уми то эраи нав, ҳазору сесад сол мукаддам аз ҳаёти Абӯалӣ рух дода буд. Минбаъд Искандари Мақдунӣ охирҳои тобистон ва тамоми тирамоҳонро дар Экботон мегузаронд.

sinoМисгару кафшдузон ва хатибу қозиёни чаласавод ҳар рӯз аз канори харобазори азим – девораҳои фарох мегузаранд, аммо пай намебаранд, ки дар ин ҷой ибодатгоҳи муаззами Куҳандиз (Арк), ки муаррихи замони қадим Ҳеродот тасвираш намудааст, қомат афрохта буд.

Вале рахгузарон пеши пой зада гузаштани шери кавипайкари сангинро дуст медоранд. Ин шер ҳазор сол боз дар болои муҷассамапоя меистод. Аммо вакте ки бобову бобокалони Амир Шамс дар Ҳамадон салтанат меронданд, амр доданд, ки пайкара ҳамчун муҷассамаи нодаркори бутпарастӣ яксони замин карда шавад. Дар ҳамон ҷой ин пайкара ҳазор соли дигарро ҳам бидуни ғамхориву нигаҳбонй пушти сар мекунад. Ва он ҳама роҳгузару бачагоне, ки барои дилхушй пайкараи сангинро пеши пой мезананд, намедонанд, ки баъди ҳазор соли барзиёд аз ҳаёти онҳо Созмони муҳофизати муҷассамаҳои Эрон (соли 1909) ин шерро дар майдони махсусе бармегузорад.

Шамс боз ба юриш баромаданй буд.

у ба минтакаи кӯҳистон, ки дар он ҷой шаҳри Кирмоншоҳ вокеъ гардида буд, лашкар кашидан мехост. Ният дошт, ки ҳокими Кирмоншоҳро мағлуб намуда, хазинаашро ба даст оварад ва аз ҳисоби он хазинаи тамоман холигаштаи худро пур кунад.

Ба Абуалй фармон дода буд, ки ҳамроҳи Шамс озими сафар гардад.

– Ту табиби шахсии ман ҳастй ва то даме, ки зиндаам, дар ҳама ҷой ҳамроҳи ман хоҳй буд! – борҳо такрор менамуд Шамс.

Чанд рӯз пештар аз баромадани лашкар Шамс ба Абуалй гуфт:

– Дар ҳар ҷой гап аз донишмандии ту меравад. Шайхе аз Бағдод омада буд, пурсид: магар рост аст, ки дар шаҳри шумо худи Ибни Сино, – «Ҳамон файласуфи бузург зиндагй мекунад?!». Ман гуфтам, ки рост. у духтури шахсии ман аст. Навакак ишками маро муоина карда буд…

– Бале, ман аз уламои Бағдод чанд нома гирифтам ва худам низ ба онҳо мактуб навиштам. Онҳо навиштаҷоти маро хондаанд…

– Дар илми ҳайъат ҳам, албатта, соҳибмаълумот будагистй? – пурсид Шамс.

Абуалй номафҳумона сар ҷунбонд, зеро барои Шамсе, ки аз овони тифлй дар рӯҳияи боварй ба танҷим тарбият ёфтааст, беҳудагии толеъбиниро собит намудан амри муҳоле мебуд.

– Канй, як толеъро омода карда бибин, ки барои юриш вакти мусоид интихоб кардаам ё на?! Толеъбинони ман мегуянд, ки вакти беҳтаринеро интихоб намудаам. Вале, ба ҳар ҳол, онҳо ҳуккабозу кисабуронанд ва дар илми ҳайъат кам чизеро сарфахм мераванд! Акнун ману ту онҳоро месанҷем…

Шабона ҳамрохи Чурчонй суҳбаткунон Абуалй ба сохтани толеъ пардохт. Чурҷонй аз ин ба ҳайрат афтод, зеро медонист, ки устодаш ҳамеша ба ҳоли толеъбинон механдид.

– Берунй ҳам барои Амир Қобус толеъ месохт, – гуфт Абуалй, – агарчи фарзиёти ӯ доир ба ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб бо толеъбинй мувофиқате надоштанд!

Толеъбинони дарбор аз ри ситораҳо танҳо муваффакият, музаффарият ва сарватёбиро пеший мекарданд.

Аммо Абуалй баръакс – бемуваффакиятй ва мағлубиятро!

«Бидуни толеъбинй ҳам аён аст, ки Шамс муҳорибаро хоҳад бохт, – аз фикр гузаронд Абуалй. – Кишвари ношиноси кӯхитон. Мардумонаш бакувват. Ва ҳатто Шамс барои муддати кӯтоҳе ғалаба ба даст оварад ҳам, аз он ба кй фоида хоҳад расид – ба лашкаркашони ҳарис?! Оре, фақат ба ҳамонҳо! Ҳаракат мекунам, ки Шамсро аз юриш боздорам», – қарор дод Абуалй.

– Ту, албатта, табиби беҳамто ҳастй! – гуфт Шамс, вакте ки Абуалй бо толеъ назди вай омад. -Файласуфи машхур ҳам ҳастй! Дар шеъру шоирй ҳам мохирй, ман дар базмҳои худ инро нағз фахмидам. Аммо дар санъати танҷим чизеро намефахмй! Беҳуда маҷбурат кардам, ки ба ин кор машғул шавй. Ин дафъа ғалаба насиби ман хоҳад шуд! Толеъбинони ман ҳам ин дафъа рости гапро гуфтанд! Вакте ки ҳамрохи сипохиёни ман вориди Кирмоншоҳ мегардй, ту ҳам ба ин гуфтаҳо бовар ҳосил хохи кард!

Абуалй хомуш меистод.

– Чаро ту хомушй?! – изҳори тааҷҷуб намуд Шамс. – Наход ту фикр кунй, ки ман – сарлашкаре, ки дар боби санъати ҳарбузарбаш бар ақсои олам овозаҳо паҳн гардидааст, – дар ин маврид Шамс ишками сиҳҳатёфтаи худро мутакаббирона пеш баровард, – аз дасти кадом ҳокимчае шикаст хурам?! Ана, мебинй, вай дар пеши пойи ман сар хам хоҳад кард, ба зориву дуо раҳму шафқати маро пурсон хоҳад шуд!

Абуалй лаҷоми гуфтугуро ба дигар тараф кашиданй мешуд. Мегуфт, ки мардуми деҳот рудаву шикамба мехуранд. Заминҳо хушк мешаванд. Аз ин рӯ, шумораи сипоҳиёнро камтар карда, пули зиёдатиро барои обшори заминҳо харҷ намудан беҳтар мебуд. Боз мегуфт, ки ӯ – амир Шамс оқибат ғуломи ғуломони худ хоҳад шуд, зеро сипоҳиён ҳар қадар зиёд бошанд, барои маоши онҳо пули зиёдтар харч хоҳад гашт…

– Сарҳисобатро гум кардай! – гапи ӯро бурид Шамс. – Ту ба кори худ машғул шуда, маро табобат кунй, кифоят аст! Дар бораи маоши сипоҳиён бошад, ғами онҳоро ман мехурам!

Баъди муддати кӯтоҳе сипоҳиёни Шамсуддавла ба минтақаи кӯҳии Кирмоншоҳ лашкар кашиданд.

Пас аз якуним моҳ боқимондаҳои лашкараш шармандаву шармсор ақиб баргаштанд. Наздики Ҳамадон омада, Шамс тарсону ларзон ба дарвозаҳои пойтахти худ менигарист, зеро амири мағлубшударо рухсати вуруди шахр надода ҳам метавонистанд. Он гоҳ ба мусофири бечораву оворае мубаддал мегардид. Аммо ҳоло дарвозаҳои шахр кушода буданд.

Баъди муҳорибаҳои бохташуда Шамс аз нав ба майнушй сар кард. у риштаи корубори давлатии бе ин ҳам саргумшударо аз даст раҳо намуд.

«Мамлакатро ҳамин гуна роҳбарй кардан даркор аст!? – Бисёр вақтҳо аз фикр мегузаронд Абуалй. – Вакте ҳукумат дар дасти одам аст, ба ри ӯ ду роҳ кушода мешавад. Роҳи якум роҳи халқи худро ба рифоҳат овардан ва маърифатнок намудан аст. Роҳи якум роҳи баровардани канал ба заминҳои ташналаб ва аз боҷу хироҷ озод намудани деҳқонони қашшоқ гашта мебошад. Рохи якум рохи дониш аст. Мактабу мадрасаҳо кушодан, шифохонаҳо сохтан ва санъату косибиву савдоро ривоҷ додан лозим аст! Он гоҳ мамлакат гул-гулшукуфону мардуми он тавоно мегардад ва шаъну шухрати амир асрҳои аср бако мебинад. Тамоми мардуми пасоянд омоли чунин амирро омухтан ва аз он ибрат гирифтан мехоҳанд.

Роҳи дигаре ҳам аст. Ин роҳ роҳи ба ҳукумат дахл додани кундаклу ҳарисон аст. Ингунаҳо пораи нони охирини дехкононро кашида мегиранд. Барои онҳо на дониш лозим асту на хунар! Тамоми ғамхории онҳо барои лашкар аст. Чашми умеду боварии онҳо ба сипохиён банд аст, зеро халк аз дасташон ба дод омадааст. Ҳарисон амири худро таърифу тавсифҳо мекунанд, агарчи дар баҳои ваъдаи фоидаи зиёдтаре тайёранд дар ҳар лаҳза уро фурушанд. «Ватан он ҷост, к-озораш набошад!»       – онҳо чунин маколе бофта

баровардаанд. Наход ягон вакт ба сари ҳукумат ягон амири хирадманду сохибмаърифате наояд?! Наход ягон вакт давлати адолатноку шукуфоне пайдо нашавад?» – фикр мекард Абуали.

Рузе дар байни айшу нушҳо сари Шамс ба дард даромад. Вай Абуалиро даъват кард. Абуали бо нушдоруи махсусе уро табобат менамуд.

– Ман дар чашмони ту нисбат ба худ эхтироми даркориро намебинам! – гуфт ногаҳон Шамс.

– Чаро?! Ман аз шумо миннатдорам! Шумо барои ман хона чудо кардед. Ман акнун имконияту шароите дорам, ки ба илм, шогирдон, беморон машғул гардам…

– Гумон мекуни, ки ман толеи туро фаромуш кардаам?! Ҳама он вакт ба ман дуруғ гуфтанд, ягона ту, натарсида, рости гапро гуфти! Чи гуна аз юриш маро боздоштани шуданатро ҳам дар хотир дорам!

– Ман танҳо маслиҳат дода метавонам, боки ҳамаро худи амирам ҳал мекунанд… – Гирду пешро кисабуру аблаҳу ҳуккабозон фаро гирифтанд  «Амир чй гуна, тобеонаш – намуна!», – аз фикр гузаронд Абуалй, вале хомуш монд.

– Чаро ту пайваста хомушй? Ва ё ба фикри ман розй нестй?!

– Гушам ба шумост! – гуфт Абуалй.

– Ман чунин қарор додам, ки… – Шамс сонияе хомуш истод. – Модоме ки чунин олими беназирй, бояд ба корҳои давлатй ҳам хуб сарфаҳм биравй. Мегуянд, ки ту ҳоло дар илми фиқҳ ҳам чанд китоб навиштай… Ҳамин тавр не?!

– Дар ҷавонй муддате ба тафсири фиқҳ пардохта будам, – гуфт Абуалй мулоҳизакорона. у фаҳмидан мехост, ки ин ҳама фикрҳои таҳдори Шамс чй маънй доранд.

-Дар сурате ки фақҳро ба хубй медонй ва дар улуми дигар ҳам соҳибмаълумотй, бояд ба коре машғул гардй.

-Ман машғули корам. Саломатии амирамро муоина мекунам, – оғоз намуд Абуалй.

– Муоина намо, муоина намо! Бисёр хуб муоина мекунй! Аммо, ғайр аз ин, ба чй коре машғулй?! Китоб менависй?!

-Бале, китоб менависам. Ҳоло ҷузъи якуми «Қонун»-ро тамом мекунам. Дар хотир доред, иузе дар ин бора нақл карда будам. Боз ду китоби дигаре дар илми тиб менависам – яке доир ба муолиҷаи дил ва дигаре доир ба хала, қулинҷ…

-Доии ба қулинҷ бошад, бисёр хуб аст! – аз хурсандй ба ҷунбиш даромад Шамс. – Онро чунон бинавис, ки ҳар кас истифода бурда тавонад. Ва тамоми буду шуди корат ҳамин?!

-Боз беморонро муолиҷа мекунам, ҳамроҳи шогирдон машгулият мегузаронам…

-Беморону шогирдонат таваққуф карда метавонанд.

Абуалй аз нав хомуш монд.

Шамс ногаҳон ба ханда даромад.

– Ман туро зирактар меҳисобидам. Ним соат боз ҳамроҳат суҳбат мекунам, аммо мақсади маро пай намебарй. Ҳол он ки ҳар кадом ходими дарбор чй хостани маро кайҳо мефаҳмид! Барои Тулмулк як калима ҳам кифоят менамуд!

Абӯалй ҳамон хомушй мегузид.

– Ё аз пешниҳоди ман хурсанд нестй?! Ман туро вазири худ, одами дувуми ҳукумат таъйин карданй ҳастам, аммо маро таҳсине ҳам намехонй…

-Ии унвони беҳад олист, – баъди таваккуфи тулоние чавоб дод Абуалй. – Ин кор қувваи зиёдеро талаб мекунад, аммо ман умед доштам, ки якумрй машгули илму дониш гардам…

– Бас аст! – сухани ӯро бурид Шамс. – Охир, чаро ин хел бошад?! Вакте аз одами дуруст дархост менамой, ки ба корҳои давлатй машғул гардад, албатта, рад мекунад. Аммо ҳуккабозон аз ҳар тарафу ба ҳар василае мансабро ба даст медароранд ва сонитар кас мефаҳмад, ки мамлакатро дуруст идора карда наметавонанд. Фикри ту ҳам ҳамин тавр нест?! Росташро гӯй!

– Ҳамин тавр аст, – гуфт Абуалй.

-Пас, чй хеле ки мехохй, ҳамон хел идора карданро сар кун! Барои шахсе, ки соҳиби мансаби олй мегардад, аз ри қонун хилъат инъом кардан лозим аст. Пагоҳ саҳарй ботантана хилъатро ба ту мепушонанд ва ту ба кор сар мекунй.

– Ман розй, – гуфт Абуалй. – Вале ҳамон тавр амал мекунам, ки худам онро мувофиқ донам. Албатта, маслиҳати шуморо фаромуш нахоҳам кард, – илова намуд ӯ. – Бисёриҳо норизо ҳам мешаванд…

– Норозиёнро ман бар увдаи худ мегирам, – қоҳ- қох, зада хандид Шамс. – Бирав, бирав, дарди сари ман аз доруҳоят монд! Ба тантанаи рузи оянда тайёрй бин!

Дар майдончаи саҳни масҷид Абуалй ба ду нафар хатиби оворагард дучор омад. Хост аз онҳо гузашта равад, аммо якбора пеши роҳи аспро гирифтанд.

– Ин ҳамон аст! Ҳамон! – Дод зад хатиби қаддароз, бо ангушт Абуалиро нишон дода. Чашмони хатиб аз ояти бадбинй ҷаста баромаданд. – Ин ҳамонест, ки Амир Шамси моро ҷоду кардааст! Ин ҳамонест, ки бо китобҳояш тухми куфру бидъат мекорад! Ин ҳамонест, ки ба шогирдонаш човидонии олам ва аз хости Илохй вобаста набудани такдири одамонро талкин мекунад! Китобҳои ӯро сузонед, сузонед! Худашро ба зиндон андозед, ба зиндон андозед! Вагарна ба сари мо бадбахтиҳо хоҳад овард! Уро дастгир кунед!

Хатиб аз ояти доду фарёд нафасгардон мешуд.

Роҳгузарон аз роҳ бозмеистоданд. Баъзеи роҳгузаронро Абуалй хуб медонист, зеро қаблан муолиҷаашон карда буд.

– Уро дастгир намоед, вагарна ба саратон бадбахтиҳо хоҳад рехт! – дод мегуфт хатиб.

Абуалй хомушона аз назди ӯ гузашта, рохи хонаи худро пеш гирифт.

Вазирии Абуалй ибни Сино дер давом накард.

Дар рузи нахустин ӯ ба Амир Шамс чанд ислоҳот пешниҳод намуд:

  1. Девдононе, ки тамоман қашшоқ шудаанд, аз бочу хироҷ озод карда шаванд.
  2. Аз ду як хиссаи лашкар кам карда, сипохиёни озодшуда ба сохтмони каналҳо фиристода шаванд.
  3. Нахустин мадраса ва шифохонаҳо бунёд карда шаванд.

Шамс сархуш набуд ва кӯшиш менамуд, ки ба назарҳо бодабдаба намояд.

– Хазина холист, нобарориҳои ҷанги охирин онро тамоман хароб кардаанд, – исбот менамуд Абуалй. – Барои сарфи маоши сипохиён маблағе намондааст.

– Боке надорад, ман аз тоҷирон қарз мегирам. Сонй ба юриш баромада, Торам – шаҳри пурсарвати назди Кирмоншохро зери даст медарорам. Он гоҳ сипохиён конеъ ва хазина пур хоҳад шуд, – мукобилат нишон медод Шамс.

– Он гоҳ дар сарзамини шумо девдоне намемонад, ҳамаашон мемиранд. Тирон ҳам дигар карз намедиҳанд. Агар ҳозир ними сипохиёнро чавоб дода, пулро барои обёрй истифода баред, ин пулҳо соли оянда ба хазинаатон бармегарданд. Он гоҳ ҳам хазина пур мешаваду ҳам аҳолй сер!

-Хазииа аник пур мешавад мегуй?! – мепурсид Шамс нобоварона.

-Бидуни ягон лашкаркашй ҳатман пур мешавад. Ва он сарлашкаронеро, ки норозй мешаванд, ба ягон кори дигар гузарондан лозим меояд…

-Ии корро ман анҷом медиҳам! – мутакаббирона изҳор дошт Шамс.

Рузи дигар сипохиён шуриш бардоштанд.

Онҳо    канал кофтан намехостанд, ба чангу

ғоратгарй сахт одат карда буданд.

Амир маоши нимсолаи сипохиёнро надода, карздор шуда буд.

-Ба ҳамаи ин вазири нав гунахкор аст! – дод мезаданд лашкаркашон. – Амир ӯро барои он вазир таъйин намуд, ки маоши моро диҳад, аммо вай пулҳоро аз худ кард!

-Фахмидед, дар бораи ӯ чиҳо мегуянд?! у кофир аст ва дар атрофи худ тухми куфру бидъат мекорад! Ана ҳамин вазир амири моёнро аз роҳ баровардааст!

Амирро аз роҳ бароварду маоши моро аз они худ намуд!

-Рааед, равед, хонаи ӯро кофтуков кунед! – пинҳонй ба лашкариёни худ мефармуданд лашкаркашон.

Абуалй дониби дарбор, ба ҳузури Шамс мерафт.

«Ҳозир ин заминҳо шабехи бемори вазнинанд, аммо дорую давои нахустин аллакай дер шудааст, – аз фикр мегузаронд Абуалй раҳораҳ. – Касалиҳои сахт ба осонй муолида намеёбанд, ба муқобили онҳо муборизаи дурударозе бурдан лозим меояд. Аммо танҳо баъди гузаштани солиёни зиёде ҳама мефахманд, ки мамлакат рӯ ба сиҳҳат оварда истодааст».

Аммо дар ин маврид сипохиён ба хонаи Абуалй зада даромада буданд. Онҳо гилемҳои колиро бардошта мебурданд, аз барои хилъату ҷомаҳо кашмакаш мекарданд.

«Кош онҳо китобҳои устодро нагиранд!» – илтиҷо менамуд дар дил Чурчонй.

-Худатон дида истодаед, ки мо чандон давлатманд нестем, – кӯшиш мекард ӯ, ки ба сипохиён фахмонад.Тамоми пулҳои зиёдатиро устод ба беморон медиҳад, барои хурду хурок ва давою доруи онҳо сарф мекунад.

Сипохиён ӯро бовар намекарданд.

-Замини таги дарахтон кофта шудааст! – ногаҳон дод зад яке аз онҳо.

Ҳама ба даруни боғ давиданд.

Чурҷонй аз фурсат истифода бурда, китобҳои шабонгоҳон офаридаи устодашро зуд ба халтаҳои кухна андохту халтаҳоро ба танаи девор рост карда монд.

Саворагон   асптозон   ҷониби  Абуалй мешитофтанд. Онҳо такрибан даҳ нафар буданд.

– Ана ӯ! – фарёд заданд онҳо. – Ба куҷо меравй?!

Абуалй ба таҳайюр афтод, зеро ба вазир, одатан, эхтиромдорона муносибат кардан мебоист.

– Ман ба дарбор, назди амир рафта истодаам.

– Мо туро ёрй мерасонем. Назорат мебарем, ки мабодо дар роҳ нагурезй.

Дар гирду атрофи дарбор баъзе сипохиён пиёдаву баъзе савора мегаштанд ва баъзе руйи замин нишаста буданд.

Хонаи хоби Шамс аз сарлашкарон пур буд.

– Оқибат овардед! – фарёд заданд онҳо, вакте ки Абуалй даромад.

Шамси сарсону ларзон дар байни сарлашкарон нишаста буд. Атрофиёнаш доду фарёд мезаданд, даст меафшонданд, мушт гиреҳ мекарданд, баланд-баланд тарактуруки яровдояшонро мебароварданд.

– Уро ба ихтиёри мо гузор, худамон ба қатлаш мерасонем! – Талаб мекарданд сарлашкарон. – Вагарна мо ба такдири лашкари худ ва дарбори туву ҳаёти ту ҷавобгар нахоҳем буд!

– Уро ба катл расонед! Ба қатл расонед!

– Амирро аз макру ҷоду раҳо мекунем! Кофирро ба қатл мерасонем!

Ва ҳамин лаҳза Шамс баногоҳ пайдо шуд.

– Барои саловдиди шумоён аллакай дер шуд, – гуфт ӯ ба сарлашкарон. – Худи ман ҳанӯз аз сари субҳ қарор дода будам, ки вазирро аз вазифааш озод намоям. Вай одами донишманд бошад ҳам, ба корҳои давлати хуб сарфахм намеравад. Бо хотири ҷамъ назди сипохиёнаон равед ва бигуед, ки вазир аз кор холи шудааст.

– Оё мо дар вазифаҳои пештараамон мемонем, тамоми фармонҳои вазир бекор карда мешаванд?!

– Бале! Ҳамаи корҳо мувофики хохиши шумо ва хохиши ман анҷом меёбанд! Равед, тобеонатонро таскин диҳед!

– Ба юриши навбати ҳам мебароем?

– Ман аллакай дар бораи юриши навбати фикр кардам, аммо алҳол ин ҳама бояд махфи нигоҳ дошта шавад.

Сарлашкарон боз андаке ғалоғула карда, ниҳоят аз ҳам чудо шуданд.

– Ана, дида истодаи, ки маслиҳатҳоят ба чи ҳол оварда расонданд! – гуфт Шамс, вакте ки ҳар ду танҳо монданд. – Акнун, бидуни таваккуф, паноҳ бурданат лозим! Дустони зиёде дори, то дами басанда шудани ғавғоҳо дар хонаи онҳо зиндаги бикун! Худат дида истодаи, ки на танҳо ҳаёти ту, балки ҳаёти ман ҳам зери хавфу хатар мондааст…

Дар даромадгоҳи дарбор Чурҷонй мунтазири устодаш буд. Вай Абуалиро ба хонаи шахси давлатманд Абусаид ибни Давдук бурд.

Як вақтҳо Абуалй Абусаидро аз вараҷа наҷот дода буд. Ин воқеа ба ҳамон вақтҳое рост омада буд, ки Абуаливу Чурчонй навакак Ҳамадон омада, дар корвонсарой истиқомат мекарданд. Абусаид одами соҳибмаълумоте буд. Овозае мерафт, ки Абусаид авлоди яке аз халифаҳои ҳақ, яъне саҳобагони Паёмбар мебошад.

Худи Абусаид ба хонаи оратёфтаи Абуалй омада, аз Чурчонй хоҳиш карда буд, ки ба ҳавлии ӯ паноҳ оваранд.

  • Одатан мегуянд: «Якеро гум карда, дигареро меёбй», – гуфт Абуалй хонаву китобҳои худро аз назар гузаронда. – Мансаби вазорату гирифториҳои давлатиро аз даст дода бошад ҳам, акнун озодона машгули илму дониш шуда метавонам.

Чурчонй аллакай китобҳои устодашро дар хонаи Абусаид, ба ҳамон тартибе, ки дар хонаи пештара меистоданд, рахт чида буд.

Абуалй дар ҳавлии Абусаид чил рузи расо зиндагй кард. Абусаид дар хона оромона қадам зада, аҳли хонадонро барои ҳар як гапи баландашон зери лаб сарзаниш мекард.

Абуалй боре ҳам аз хона берун намебаромад.

Тез-тез аз  часипоҳиён гузашта меистоданд.

Эҳтимол, онҳо ӯро мекофтанд.

Абуалй тамоми рӯз аз навиштан фориғ намегардид.

Дар муддати чиҳил рӯз ӯ китоби дорую давоҳои дарди дилро навишта ба анҷом расонд. Ба китоби нахустини «ал-Қонун фй-т-тиб» иловаҳо дохил намуд.

Рузе Абусаид гуфт:

  • Ҳамсояи ман одами бадбахтест. Имрузҳо чашмаш хира шуда истодааст. Мо ҳамроҳ калон шудаем. Бечора бино буд, акнун кӯр мешавад…
  • Ҳамсояатонро ба ин ҷо биёред, – таклиф намуд Абуалй.

-Мебиёрам, аммо дар куҷо пинҳон будани шуморо ҳама мефахманд. Ҳамсоя худдорй карда натавониста, лоф хоҳад зад, ки худи Абуалй табобаташ кардааст. Шумо фаромуш кардаед, ки сипоҳиён аз шумо касос гирифтан мехоҳанд…

  • Бо вуҷуди ин, ҳамсояи шумо хавфи куршавй дорад. Уро биёред, шояд имкони баркарор намудани кувваи босирааш пайдо шавад.

Абуалй чашми беморро дурудароз аз назар гузаронда, ба воситаи ойиначае нури тези Офтобро рост ба айнаки ӯ равона кард.

-Хайрияя, ки ман касалиатонро сари вакт фахмидам, – гуфт Абуалй ба ҳамсоя. – Шумо ба дарди нохуна гирифтор шадаед. Дар ибтидо нохунаро табобат кардан мумкин аст. Ман чандин маротиба машғули табобати чунин касалй шуда будам ва ҳама бомуваффакият анҷомид. Холо барои шумо дорухати равғанеро навишта медиҳам, ки онро равяани хиндй ва ё, ба таъбири дигар, амирй меноманд. Онро табиби кадимаи хиндй Чаракй ба кор мебурд. Шумо ба ягон аттори хубе муроҷиат кунед, ӯ ба шумо ин равяанро тайёр карда медиҳад. Баъди як моҳ кӯшиш кунед, ки маро ёбед, ман аз нав шуморо муоина мекунам ва имон дорам, ки то он дам аллакай кувваи босираи шумо бехтар хоҳад шуд.

Дар рузи чихилум худи Тулмулк ба дари хонаи Абусаид омад. Маълум мешавад, ки ҷойи паноҳбурдаи Абуалиро касе ба вай хабар кашидааст. Тулмулк ҳамрохи муҳофизони Шамс омада буд. Як аспи муҷахдази зебо бесавор меистод.

  • Амир Шамсуддавла мепурсанд, ки узри эшонро ба хирадмандтарини уламо Абуалй бирасонем. Амир, инчунин, талаб доранд, ки Абуалй фавран ба дарбор ҳозир шавад.
  • Устод, илтиҷо дорам, ки наравед, – оромона гуфт Чурчонй. – Онҳо, бахусус ин Тулмулк, шуморо нобуд мекунанд. Худатон чй қадар айёру бадкор будани ӯро медонед…
  • Ба амир чй шудааст?! – пурсид Абуалй.
  • Амир сахт беморанд. Ҳамон касалии кухнаи кулиншон аз нав хурӯҷ кардааст.
  • Ман дорувориҳоро ба ихтиёри табибони дарбор монда будам, – мутаҳаййир гашт Абуалй. – Ғайр аз ин, тарзи табобати амирро ҳам муфассал фахмонда будам.
  • Амир мехоҳанд, ки худи шумо табобаташон кунед, – гуфт Тулмулк чашмонашро ба тарафи дигаре духта.

Шамс бистарй мехобид. Абуалиро дида, ҳатто сурфазаниро бас кард.

  • Зудтар доруе тайёр бикун, ки пеши рохи ин дарди сабилмондаро бигирад!
  • Доруи тайёр дар дасти табибони шумост!
  • Ман аз хурдани он доруҳо метарсам. Ба он заҳр андохтанашон мумкин аст… – чунин гуфт Шамс

оромона. – Ман туро барои ҳамин даъват кардам.

Абуалй дарҳол доруи нав тайёр кард.

  • Ман гуфта будам-ку, – фахмонд ӯ ба Шамс, – меъдаро эхтиёт намудан, камтар шароб нушидан ва ба гуфтаҳои табибони худ гӯш кардан лозим аст!

-Чй хел онҳоро гӯш мекунй! Ҳама ҷоро фиребгару маккорон – ҳам табибон, ҳам ходимон, ҳам сарлашкарон гирифтаанд! Акнун фахмидан душвор шудааст, ки кй бар кй ҳукумат меронад – ман бар онҳо ва ё онҳо бар манн! – Шамс бодиккат ба тарафи Абуалй чашм медухт. – Ана акнун аз ту як илтимос дорам. Пештар фармон медодам, маҷбурат мекардам, аммо ҳозир илтимосу хохиш дорам. Ягона шахси покизавичдон ту ҳастй! Агар ту ба ман дасти ёрй дароз накунй, хкмат аз байн меравад, онро орат мекунанд. Ҳатто худи Тулмулк дузду оратгар аст. Ба ман ёрй расон, аз нав вазирии маро бар увда бигир!

  • Сарлашкаронатонро фаромуш кардед?! Онҳо рузи дигар боз ба шуриш бармехезанд…
  • Норозитаринҳояшонро ман аллакай аз сари кор гирифтам. Илоҷи боқимондаҳоро ҳам меёбам. Ту ҳам андаке боэхтиёттар бояд бошй!

Шамс дурудароз илтимос карда, Абуалиро розй мекунонд.

Ниҳоят Абуалй розй шуд.

Вай аз дарбор ба хонаи пештараи худ омад.

Аз нав ӯро дар вазъияти ботантана хилъат пшонданд.

Аз нав орзуҳои беҳбуди давлат ба миён омаданд.

Вале Шамс акнун дар сари ҳар қарораш андешаву таҳаммул ба кор мебурд. Ягона коре, ки алҳол иҷозаташ дод, сохтани мадраса буд.

Донишманди Юнони Қадим Арасту китобҳои худро танҳо дар асоси фарзиёт ва тасаввурот таълиф менамуд. Олимони он давраҳо ҳанӯз аз хусуси замину осмон чизи камеро медонистанд. Фарзиёти оқилонаи Арастуро тасдиккунон ҳазорҳо сол олимони дигари руйи замин кашфиёт менамуданд.

Ҳар олим аз китобҳои ин файласуфи кадим чизи меҷустаашро пайдо мекард. Обиду порсоён ҳам аз пайи ин кор мекушиданд. Онҳо зӯр зада ҳамон ибораву калимаҳоеро меҷустанд, ки ҳастии Худоро тасдиқ намояд. Аз сабаби он ки Арасту дар бораи Худо фикрҳои тира ва пурихтилоф баён мекард, обиду порсоён аз ин зиддиятҳо бо камоли майлу рағбат истифода мебурданд. Онҳо ба китобҳои файласуфи нобиға шарху тафсироти худро навишта, ҷойҳои бе ин ҳам номафхуми осори ӯро боз ҳам чигилтар менамуданд.

Рузе Чурчонй аз Абуалй хохиш кард, ки шарху тафсироти худро ба китобҳои Арасту нависад ва ё, ҳеч набошад, баён кунад, ки ӯ навишта гирад.

  • Дида истодай, – ҷавоб дод Абуалй, – гирифториҳои зиёде дорам. Аммо фикри китоберо ба накша гирифтаам, ки барои ҳама фоиданок хоҳад буд. Вакте надорам, ки ҳамрохи мухолифон баҳс ороям ва ба радду бадали кори онҳо пардозам. Ба китоби худ танҳо ҳамон чизҳоеро дохил хоҳам кард, ки ба назарам ҳаққонӣ ва боварибахш намоянд. Кӯшиш мекунам, ки тамоми донишҳои илмй ва фалсафии худро дар он дарч созам. Дар он ҷо ман аз Арасту ҳам ёдовар хоҳам шуд.

Ин асар «Китоб-уш-шифо» номида мешуд.

Абуалй карор дод, ки «Киоб-уш-шифо»-ро дар ҳабдаҳ чилд анҷом диҳад. Тамоми дастовардҳои тафаккури илмии замон: маъданшиносй, ҷуғрофияи табий, ҷаввшиносй, ҳандаса ва мароё, кимиё, наботшиносй ва ҷонваршиносиро ба он китоб ворид кардан мехост. Қонуну коидаҳои хисоб ва назарияи мусикиро ба таври алохида дида баромаданй буд.

Крҳои давлатй вакти зиёдеро мегирифтанд.

у пештар аз сапедадамон бархоста, ду вараки «Китоб уш-шифо»-ро менавишт. Баъди дамидани субҳ ба кабули шогирдонаш мепардохт.

Сахни хурдакаки ри ҳавлии Абуалиро одамон пур мекарданд. Ашхоси маъруфу машҳур ҳам меомаданд. Аммо шумори бемороне, ки мунтазиру хостгори давои дастони эъҷозофарини табиби номй Абуалй ибни Сино буданд, бештару зиёдтар буд. Шумори       девдонони     камбағал ва хунармандону

савдогароне, ки аз болои андозгирон ва амлокдорони хурди гуногун шикваю шикоят доштанд, аз ҳама бештар буд. Абуалй ҳамрохи шогирдонаш беморонро аз назар гузаронда, ба онҳо дорую даво мефармуд. Баъд аспашро савор мешуд, то ба девон шитобад. Он гоҳ одамони лоғару ҷандапуш хоки рохи ӯро мебусиданд. Ва дар орзуву нияти ҳалли дурусти шикоятномаҳои худ аз қафои ӯ медавиданд. Абуалй ба кадри тавон адолату ҳақиқатро баркарор месохт. Вале рӯз аз рӯз боварй ҳосил мекард, ки камтар коре аз дасташ меояд. Ҳар рӯз ошпази Абуалй дар деги калоне барои беморону гуруснагон хурок мепухт. Баъди намози пешин Абуалй аз девон бармегашту чоштхурии умумй сар мешуд.

Бегоҳй боз шогирдон меомаданд.

Чурчонй бобҳои наверо аз «Китоб-уш-шифо» кироат менамуд. Сонй шогирди дигаре бобҳои «ал- Қонун»-ро мехонд.

«Ягон вакт окибат, мадраса ҳам сохта мешудагист», – изҳори таманно менамуд Абуалй.

Ба ҳар ҳол, Амир Шамс қарор дод, ки ба сарзамини Кирмоншох,, ба шахри Торам лашкар кашад, вагарна сарлашкарон метавонистанд аз нав исёну фитна барангезанд.

  • Бори нахуст аз шахр бо дили пур берун меравам, зеро медонам, ки шахр дар ихтиёри шахси муътамад аст, – мегуфт Шамс.
  • Хуб мешуд, агар ин юриши охирин мебуд, – ҷавоб дод Абуалй.
  • Ба ту ваъда медиҳам, ки охирин хоҳад буд, – гуфташ Шамс.
  • Ҳангоме ки сипохиёни Шамс наздики Торам омаданд, ногаҳон ахволи амир бад шуд, зеро дар рафти юриш маслиҳатҳои Абуалиро ба инобат намегирифт. Эхтимол, мукаррабонаш низ барои тезондани марги ӯ мадад расонда бошанд. Беҳуда вактҳои охир Шамс аз онҳо ин кадар наметарсид…

Мурдаи амирро руйи тахти равоне гузошта, лашкар ба Ҳамадон баргашт.

Акнун ҳукумат ба дасти бачаяки хурдсол, яъне писар ва вориси Шамс гузашт. Ба ҷойи ӯ муваккатан Тулмулки маккор хукумат меронд.

  • Ман фикр мекунам, ки марди хирадмандтарини замон Абуалй минбаъд ҳам мансаби вазоратро бар увда хоҳад дошт,- мегуфт Тулмулк ва мисли ҳамешагй табассуми ширадоре менамуд.

у, гӯё, фаромуш карда буд, ки ҳамагй чанд сол пеш Абуалиро ноумед аз дарбор ронда, маслиҳаташ дода буд, то дами холй шудани ҷойи котибе нигарон истад.

  • Агар инро эҳтиёҷоту манфиатҳои давлатй талаб кунанд, ман меистам, – ҷавоб дод Абуалй.
  • Талаб мекунанд, бисёр сахт талаб мекунанд, – гуфт Тулмулк. – Ба фикрам, вакти ба девдонон андози иловагй бастан расидааст. Хоҷагии онҳо мустаҳкам шудааст. Хазинаро пур кардан, ҳамчунин, хоҷагии шахсии худамонро низ мустахкамтар намудан лозим
  • Ман чй тарзе ки пештар амал мекардам, оянда ҳам ҳамон тавр амал хоҳам кард, – ҷавоб дод Абуалй.
  • Аммо ман намедонам, ки ба сарлашкарон чй гуям! Баъди юриши бемуваффакият онҳо сахт ба ғазаб омада истодаанд. Танҳо амири марҳум забони онҳоро ёфта метавонист. Ба ҳар ҳол, лозим меояд, ки андози нав эълон кунем.
  • Дар ин ҳол ман аз вазирй даст мекашам.

Абуалй кайҳо аз имкони хукмрони давлатй умедашро канда буд, зеро ҳар фармони барои некй ва беҳбудии халк равонашуда боиси бадбахтиву шури ҳамон халк мегашт. Ҳатто, мадрасапушонй ҳам!

Садҳо девдононро ба сохтмони мадраса меронданд. Дар натиҷа девдонон барои ҳосилғундорй фурсат намеёфтанд. Фарзандони онҳо гуруснаву ташна дар кӯчаҳо овора мегаштанд, саркути дигаронро мехурданд, ҷон медоданд.

«Чунин илму дониш, чунин некие, ки дар баҳои ранҷу машаккати вазнине дастрас гардад, барои кй лозим!?» – беш аз пеш андеша менамуд Абуалй.

Дар давлати ҳамсоя, яъне дар Исфаҳон, Амир Алоуддавла ҳукумат меронд.

Чандин маротиба Ҳамадон омада, донишмандони исфаҳонй даъватномаҳои амирашонро ба Абуалй мерасонданд.

Минбаъд одамони            Тулмулк         ҳар      кадами

Абуалиро зери назорат мегирифтанд. «Одаме, ки дар таксими даромади андози нав ҳамдастии маро нахост, бояд айёри гузарое бошад. Ба назари вай, эҳтимол, ҳакки худаш камй карда бошад, ки дар фикри гирифтани ҳакки ман афтодааст. Аммо ман аз ӯ зирактарам ва барои халосй ёфтан аз вай кӯшиш мекунам» – чунин андешаҳо дошт Тулмулк.

Абӯалй пинҳонй ба Алоуддавла нома фиристода, хоҳиш намуд, ки рухсати ба Исфаҳон омаданаш бидиҳад.

Худи ҳамон шаб Абӯаливу Чурчонй ноаён аз хонаи худ ба ҳавлии Абӯолиби Аттор ном дӯсташон рафтанд.

  • Ана, боз аз гирифтудори давлатй фориғам ва метавонам, окибат, «Киоб-уш-шифо»-ро ба анҷом расонам! – гуфт Абӯалй ба шогирди вафодораш Чурҷонй.

Чурчонй аз хусуси корубори устодаш дар он рӯзҳо чунин накл мекунад: «Шайх Абӯғолибро назди худ бихонду аз ӯ оазу каламу давот пурсид. Вай онҳоро оварду Шайх ҳамоно ҳаштяки асоси масъалаҳоро навишт ва дар зарфи ду рӯзи бокимонда раъси тамоми масоилро таълиф намуд. Ва китобе назди ӯ набуду сарчашмае надошт, ки бад-он руҷӯъ кунад, балки ҳамаро аз ёду дили худ менавишт. Сипас ин ҷузваҳоро пеши назар гузошта, пайиҳам барои ҳар яки мавзӯъу масъалаҳо шарҳ навиштан гирифт. Ва ҳар рӯзе панҷоҳ варака навишта, ғайри китоби «ал-Ҳайвон в-ан-набот» тамоми табииёту илоҳиётро фароҳам овард ва таълифи мантикро сар карда, ду чузъи онро навишт».

  • Дар умрам ин гуна пурмаҳсул кор накарда будам, – мегуфт Абӯалй. – Ба кароре омадам, ки ҳамон рисолаи бахшида ба пайдоиши кӯҳҳо вакте дар Гурганҷ навиштаамро ба китоби ҳозира дохил намоям.

Шабона шогирдони дигари Абӯалй ҳам махфй дар ҳамон хона ҷамъ омада, саҳифаҳои нави «Китоб-уш- шифо»-ро мехонданд.

Баъзан Абуалй ба онҳо дар бораи айёми ҷавонии худ хикоя мекард. Мубохисаҳо бо Берунй… Шабнишиниҳои якҷояашон бо Арроку Масехй… Такдир ҳамаро ба ҳар тарафе ҳавола намуд. Масеҳии куҳансол кайҳо аз миён рафтааст. Берунй ё дар зиндони Султон Маҳмуд мехобад, ё ба Ҳиндустон фиристода шудааст. Дар бораи Аррок тамоман хатту хабаре нест! Гурганҷ аз тарафи саворагони Султон Маҳмуд забту ғорат шудааст! Сокинони бисёреаш ба банд оварда шудаанд. Дар бораи ҳолу ахволи шиносу наздикон бехтараш фикре накунй! Аз хусуси Ширину додарчаи хурдсоли ӯ низ фаромушй ҷустан бехтар аст, зеро ягон вакт аз онҳо хабаре шунидан амри муҳол мебошад. Ҳатто, бародари ҳамхуни худро Абуалй гум кардааст! Танҳо Чурчониву шогирдони дигар, китобҳову номаҳои шахсони машхуру мардони донишманд бокй мондаанду бас!

Рузе дар карибиҳои ҳавлй садои ғалоғулае баланд гардид. Абуалй аз миёни онҳо дарҳол овози Тулмулкро шинохт.

  • Дар ҳамин ҷой ӯ пинҳон шудааст! Дар ҳамин ҳавлй… Шогирдони мисли худаш кофире ба ҳамин ҷо назди ӯ меоянд, – чунин мегуфт хатиби масҷид.

Ҳамон лаҳза тамоми ахли хона хомуш шуда, ба пой хестанд.

  • Устод, гурезед, ман онҳоро каме андармон медорам! – гуфт Чурҷонй.
  • Ман аз дасти онҳо ба куҷо мегурезам?! Бехтараш, рубаруйи онҳо мебароям!

Аввал ғуломон даромаданд. Аз паси онҳо Тулмулк. Хатиб аз ҳама кафо даромад.

  • Ман ҳанӯз ба амири мархум шикоят карда будам, – гуфт хатиб. – Аз шунидани наклҳои ба шогирдонаш мекардаи ӯ кас ба дахшат меафтад! Вах,, дар китобҳояш ҷиҳо менависад?!

Тулмулк гуфтаҳои хатибро базур мешунид. у дигар табассум намекард. Аз киёфааш чизеро фахмидан душвор буд.

  • Абуалй, туро амири навамон ба дарбор мехонанд!

Абуалй ботамкин аз хона баромад.

  • Устод, ман бо шумо меравам! – аз кафои ӯ давид Чурчонй.

– Ту дар ҳамин ҷой бош! Дар назди китобҳои ман буданат заруртар аст! – гуфт Абуалй.

Дар дарбор амири ҷавон менишаст. Чанд нафар аъёну ашрофе ҳам, ки Шамс онҳоро беҳад дашномҳо додаву аз онҳо сахт метарсид, дар ҳамон ҷой буданд. Акнун онҳо боз сари ҳокимият омада буданд.

– Мо шахсеро дастгир намудем, ки ба душманамон, яъне амири Исфаҳон Алоуддавла нома мебурд! – гуфт Тулмулк. – Ана, барои чй ту аз маснади вазорат даст кашидай! Бо як овоз аз хусуси кофирии ту гап задани тамоми ахли шариат кам набуд, ки бар замима рохи хиёнатро пеш гирифтй?!

Аъёну ашроф абрувонашонро чин менамуданд. Онҳо аз нигохи ханҷаросои Абуалй чашм мегурезонданд.

– Боре мархум Амир Шамс аз Султон Махмуд номае гирифта буд. Аз он воқеа тахминан дувоздаҳ сол гузашт! Ба нома сурати ту илова шуда буд. Султон хохиш мекард, ки агар дар худуди мамлакати мо пайдо шавй, туро ба назди ӯ фиристем. Амири мархум он номаро беҷавоб гузошта, ба ман фармон дода буд, ки ӯро аз гумоштагон пинҳон дорам. Амир чунин мехисобид, ки аз хидмати ту ба давлатамон фоидае мерасад. Вале ҳоло, ки номаи бадастафтода аз хиёнати ту шаҳодат медиҳад, носипосиву курнамакият ба моён аён гардид! Ту муносибатҳои неки амири мархумро нисбат ба худ, аз тарафи ӯ то дараҷаи табиби хоса ва, баъдтар, то мансаби вазорат бардошта шуданатро фаромуш кардай. Мо, ҳамаи дар ин ҷо ҷамъомадагон, иродаю фармони амири навро ба ҷой оварда, қарор додем, ки муддате дар қалъа зиндагй кунй! Баъд такдири туро дар маҳкама ҳал хоҳанд кард!

Дар таххона пойҳои Абуалиро занҷирбанд карданд.

Шабона саворагони ношиносе ӯро ба калъа бурданд. Абуалй калъаро шинохт. Аз Қалъаи Фардиҷон гурехтани кас амри муҳол буд!

Ҳамон рузи аз тарафи сипоҳиёни Тулмулк дастгир шудани Абуалй шахсе вориди Ҳамадон шуд. у такрибан сй-сивупанҷсола буд. Дар корвонсаройи миёнаҳоле карор гирифта, аз саройбон дар бораи Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Алй ибни Сино дарак пурсид.

– Дар шахри мо фақат як Ибни Сино, Абуалй номе буд, – гуфт саройбон. – Одами бисёр доное буд. Мегуянд, ки файласуфону табибони зиёди шахрҳои дигар аз ӯ маслиҳат мегирифтаанд. Ҳатто аз Бағдод ба номи ӯ номаҳо менавиштаанд. Баъдтар амири мархум уро вазир таъйин намуд. Пас аз фавти амир ӯ ғайб зад. у барои шумо чй даркор аст, ё шумо ҳам барои маслиҳатгирй ва ё кори дигаре омадаед?!

– Ман бародари уям, – ҷавоб дод он мард.

Агар гӯши сардори посбонони калъа вазнин намебуд, ҳоли Абуалй хеле бад мешуд.

Сардори посбонон солҳои дурударозе ҷанговари содики Амир Шамс буд. Аммо кувваи шунавоиаш рӯз аз рӯз сусттар мешуд. Аз ин сабаб, ҳоло хидмати сабуку оромтареро адо менамуд.

Дар рузи савуми маҳбусй Абуалй гӯшҳои сардори посбононро муоина карда, онҳоро шуст ва лӯндаҳои чиркашонро кашида гирифт. Аллакай баъди шустани гшояш сарпосбон овозҳои муқаррариро фарк мекардагй шуд. Абуалй доруи муътамаде пешниҳод кард.

Сарпосбон фармуд, ки поҳои Абуалиро аз занҷир озод кунанд. Барои ин некияш Абуалй дар назди сарпосбон савганд ёд намуд, ки ҳаргиз ихтиёри гурез намекунад.

Ҳатто сарпосбон аз идораи худ оазу давоту калам овард. Шабонгоҳон ӯ дар бораи зиндагии дурударози худ, дар бораи даврони ҷавонии дар деҳа гузарондааш, ки ҳоло ҳам дар айёми пирй, хуб дар хотир дошт, накл карданро дуст медошт.

Дар давоми чаҳор мохи маҳбусй Абуалй «Китоб- ул-:х,идоёт»-ро навишта хотима бахшид: «Китоб-ал- кулинҷ>>-ро аз нав тахриру такмил намуд. Дар ҳамон ҷой, дар маҳбас, ӯ боз як китоби дигар – киссаи фалсафии «Ҳай ибни Якзон»-ро навишт.

Ҳай ибни Якзон номи ҳамон сардори посбонони маҳбас буд, ки маънои «Зиндаи писари Бедор»-ро дорад.

Ин аввалин киссаи Абуалй буд. Карамони кисса ба пирамарди хоксору накукор ва ҳамеша бедоре вомехурад. Ва пирамард аз хусуси ҷаҳонгардй ва тарзи асрори олами атрофро донистани худ барои ӯ наклҳо мекунад. Рузи неки пирамард ҳама ҷоро фаро мегирад: ҳам ба ҷаҳаннам мефурояду ҳам ба арши аъло мебурояд.

Минбаъда бисёр одамон ғарки хондани ин китоб мешаванд. Онҳо мегуянд, ки ҳар сахифаи китоб аз андешаҳои хирадмандона ва афкори фалсафй моломол аст. Баъди дусад соли ҳаёти Ибни Сино нависанда Ибни Туфайл романи ҳамноми худро меофарад, ки аз бисёр ҷиҳат асари Ибни Синоро такрор мекунад. Ахли адаб чунин мехисобанд, ки Дантеи ҷовидонй ҳам «Мазҳакаи илоҳй»-и худро дар зери таъсири Абуалй ибни Сино офаридааст.

Баъди чаҳор моҳ худи Тулмулк ҳамрохи амири чавон дар ҳамон маҳбас рахти икомат партофтанд.

Лашкариёни амири Исфаҳон, ҳамон амире, ки Абуалй номааш навишта буд, шахри Ҳамадонро зери даст оварданд.

Тулмулк карор дод, ки ба калъа паноҳ барад.

  • Акнун, Абуалй, барои бехатарии ту чй кадар ғамхориҳо кардани маро мефахмй! – гуфт Тулмулк. – Сари вакт агар ман туро дар қалъа пинҳон намекардам, сокинони Ҳамадон аз мукотибаи миёни туву ҳокими Исфаҳон вокиф гардида, туро куштанашон аз имкон дур набуд.

Амири Исфаҳон Алоуддавла барои дар сари ҳукумат мондани писари Шамс қарор баровард. Амири ҷавону Тулмулк акнун ба тобеияти ҳоким даромаданд. Алоуддавла онҳоро рухсати ба шахр баргаштан дод.

Баъди муддати кӯтоҳе Абуалй ҳам ба Ҳамадон баргашт. Тулмулк табассуми ширине карда, аз ӯ хохиш ва илтимос намуд:

  • Агар ба Алоуддавла нома нависй, албатта, дар бораи садоқату вафодории ман хабар расон…

Дар даромадгохи шахр Абуалиро Чурҷонй ва марди номаълуме пешвоз гирифтанд…

Абуалй ба ри он одам нигариста, дақиқае моту мабхут монд, баъд бародарон худро ба бусу канори ҳамдигар партофтанд.

  • Барои аз ин шахр фирор намудан ҳамаи чизҳоро тайёр кардам, – гуфт худи ҳамон рӯз Чурҷонй. – Аз ин Тулмулк ҳар номаъкулиро чашм доштан мумкин аст! Ҳокими Исфаҳон ҳам хохиши ба хузури ӯ рафтани шуморо медонад ва аз истиқболатон шоду мамнун хоҳад гашт. Хурҷини китобҳоятон аллакай ҳамрохи одамони муътамаде ба Исфаҳон фиристода шуданд.

Субхи бармаҳал зери хирқаи сиёхи суфй Абуалй, Чурчонй, бародари Абуалй – Маҳмуд ва ду нафар хидматгор аз дарвозаи Ҳамадон баромаданд.

Го сипохиёни Тулмулк аз рубаруйи онҳо мебаромаданд.

Хидматгорон эхтиётан Абуалиро бо пайкари худ аз чашми сипохиён панаҳ медоштанд. Худи Абуалй дасту руяшро дар хирқаи сиёҳи сӯфиён маҳкамтар мепечонд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222