Главная / Илм / ЗИНДАГИНОМАИ МУҲАММАД (с) – Паёмбари Ислом

ЗИНДАГИНОМАИ МУҲАММАД (с) – Паёмбари Ислом

Сарчашмаҳое, ки аз ҳаёту зиндагӣ ва корномаҳои Муҳаммад (с) хабар медиҳанд, пеш аз ҳама, Қуръон (бо тафсиру таъвилҳои он) ва сунна-ҳадисҳо мебошанд. Баъд аз инҳо дар мақоми дуюм китобҳое, ки бо номҳои «Сират-ун-набӣ» ва «Китоб -ул-мағозӣ» маъруф шудаанд, ҷой доранд. Аз ҷумла, «Сират»-и Ибни Ҳишом ва Ибни Исҳоқ, «Китоб-ул-мағози»-и Вақидӣ, «Табақоти»-и Ибни Саъд ва «Китоб ал-маъориф»-и Ибн Қутайба, «Китоб ал-ахбор ат-тавил»-и Диноварӣ, «Таърих»-и Яъқубӣ, «Таърих ар – расул вал- мулук»-и Табарӣ, «Футуҳот-ул-булдон»-и Балозуриро метавон ном бурд.

Дар мавриди шахси таърихӣ, асосгузор ва пайғамбари ислом будани Муҳаммад (с) шубҳа нест. Ҳарчанд, дар атрофи шахсияти ӯ баъдҳо аз тарафи мусалмонон нақлу ривоятҳои зиёди хусусияти асотириву афсонавӣ дошта низ дар қиссаҳо роҳ ёфтаанд.

Муҳаммад(с) аз қабилаи қурайш, авлоди Бани Ҳошим мебошад, ки аз ашрофони шаҳри Макка буданд. Вале авлоди Бани Ҳошим яке аз авлодҳои начандон сарватманди қурайш ба ҳисоб мерафт. Падари Муҳаммад(с) Абдулло савдогари камбизоъат буд ва пас аз марги худ ба Омина модари Муҳаммад, танҳо чанд сар гӯсфанд ва як ғулом боқӣ гузошт.\ Дар мавриди шаҷараи насаби Муҳаммад (с) маълумоти муфассал мавҷуд аст.\ Ниг.:18: 45\.

Муҳаммад 12 Рабиъ-ул-аввал ( рӯзи душанбе)-и соли 570 таваллуд ёфтааст. Ин таърих мувофиқи он ривояте гирифта шудааст, ки тибқи он Муҳаммад дар “соли фил”, яъне соле, ки ҳокими ҳабашия-Абраҳа ба Макка ҳуҷуми бемуваффақияте мекунад, таваллуд ёфтааст.\ 4: 1. 171\

Муҳаммад аввал аз падар, қабл аз таваллуд, ҳанӯз ҳангоми дар шиками модар будан ва сипас аз модар дар синни шашсолагӣ ятим мемонад.\ 4:1. 179\ Дар тарбия ва нигоҳубини Муҳаммади хурдсол нахуст бобояш Абдулмутталиб ва сипас амакаш Абитолиб нақши асоси бозидаанд. Авлоди бани ҳошим ҳофиз ва мутаваллии хонаи Каъба ва тамоми бутҳо, санги сиёҳ (ҳаҷар-ул-асвад), чашмаи Замзам ва тамоми амволу осори мутаалиқа ба он , инчунин масъули хизматрасонӣ, таъмини обу таъом, ҷои хоби ҳоҷиён буданд. Аз хурдсоли Муҳаммад(с) дар як чунин муҳити мазҳабӣ нашъунамо ёфтааст ва табиист, ки он ба сарнавишти баъдии ӯ бетаъсир намондааст. Мувофиқи ривоятҳо дар овони ҷавони Муҳаммад(с) аввал, ба чаронидани бузу гӯсфандони амакаш Абитолиб машғул буд ва сипас дар як сафари тиҷоратиаш ӯро ҳамроҳӣ кардааст. Дар ин сафар тибқи ривоятҳо як роҳиби насронӣ бо номи Буҳайро ба Абитолиб аз рисолати пайғамбарии Муҳаммад(с) хабар медиҳад ва ба вай тавсия мекунад, ки ӯро эҳтиёт кунад ва аз ӯ доимо бохабар бошад.

Баъдтар, амакаш ӯро ба бевазани бой Хадича муъаррифӣ мекунад, ки вай ба намояндагӣ аз ӯ корвони тиҷоратии ӯро ба Шом (Сурия) барад. Муҳаммад(с), ки ҳанӯз қабл аз хидматгорӣ ба Хадича бо лақаби ” амин” -ростгӯву ростқавл шӯҳрат ёфта буд, баъди аз ин сафари бомуваффақияти тиҷоратӣ, ки Майсара ғуломи Хадича, ҳамсафари ӯ буд, аз мушоҳидоти худ, аз рафтор ва ҳаводиси бо Паёмбар(с) ҳангоми сафар рӯй дода, нақл мекунад. Пас аз ин ҳодиса Паёмбар(с) ба чашму дили Хадича маҳбубият пайдо кард ва саранҷом ин зани порсо бо ӯ издивоҷ кард. Хадича ҳам пеш аз баъсат ва ҳам баъд аз баъсати рисолати паёмбарӣ метавон гуфт, дар пуштубонӣ ва дастгирии Паёмбар (с) ва ташаккули итминон ба нафси ӯ нақши муассир ва ҳалкунандае бозид. Аз як тараф Хадича, ки аз Муҳаммад(с) понздаҳ сол калон буд, ба ақидаҳои мазҳабии ӯ ҷиддӣ ва хайрхоҳона менигарист ва ин худ ба Муҳаммад(с) рӯҳи тоза ва субот мебахшид, аз тарафи дигар дар натиҷаи ин издивоҷ ӯ фурсат ва имкониятҳои бештаре пайдо карда буд, то дар боби масоили динӣ тафаккур ва андеша кунад. Алалхусус, шояд сафари тиҷоратии ӯ бо корвони Хадича ба Шом (Сурия) имконият доданд, ки ӯ бо намояндагони дину мазҳабҳои дигар ва бо ахлоқу одоби онҳо ошно гардад ва онҳоро ба эътиқодот ва парастишҳои қавми худ муқоиса кунад, вале дар ин боб далоили таърихии боварибахш вуҷуд надорад.

Муҳаммад(с) чун аз кӯдакӣ бо парастишҳо ва ақоиди динии арабҳои бутпараст аз наздики шинос буд, ҳар рӯз он бутҳои беҷону берӯҳро медид ва гузашта аз ин мушоҳида мекард, ки чи гуна риҷоли қурайш дар сари манофеъи молӣ аз парастишҳои ҷоҳилия суиистифода мекарданд, этиқодаш ба дини аҷдодонии худ то рафт суст мешуд. Ривоҷи фисқу фасод, мастӣ, судхӯрӣ, қасосҳои хунин, одати куштани фарзанди духтари навзод аз ҷумлаи он одот ва русуме буданд, ки шароити иҷтимоии онрӯзаи арабро муташанниҷ, вазъияти маънавиро хароб карда буданд. Муҳаммади ҷавонро ин вазъияти иҷтимоӣ ва одатҳои хурофотиву соддалавҳонаи бадавӣ қонеъ карда наметавонист. Ин аст, ки ӯ шояд дар ҷусту ҷӯи арзишҳои волотар ва ғояву эътиқоди аълотар мегашта аст.

Дуруст аст, ки бӯҳрони мафкураи бутпарастӣ ҳамзамон бо инқирози сохти қабилавию авлодӣ ва беэътибор гардидани арзишҳо ва эътиқодоти он ба пайдоиши ислом замина омода карданд. Вале ба ҳар сурат ин замина бидуни эъҷози шахсияти Муҳаммад(с), илҳомоти хориқулъодаи ӯ, мардонагӣ, истиқомат, сабру шаҳомати ӯ гумон буд, ки ба пайдоиши дине чун ислом анҷомад. Гузашта аз ин барои пайдоиши дини ислом омилу ниёзмандиҳои зиёде берун аз сарзамини Арабистон низ мавҷуд буданд. Инқирози дохилии дини насронӣ, ба дини ҳукмрони давлатӣ табдил ёфтани он, пайдоиши фирқаҳои мухолиф чун: настурия, монофизития ва ғайра; ҳамчунин инқирози дохилии зардуштия дар давраи сосониён, аз оини тавҳидии Зардушт дур шудан ва ба дини табақаи ашроф табдил ёфтани он ва ғайра як ниёзи ҳамагонро ба андешаву ғояи нави ормонӣ ба вуҷуд оварда буд.

Табиист, ки бархӯрд бо адёни дигар низ ҳанифҳо- динҷуён, мубаллиғони яктопарастиро ба тарғиби дини нав водор мекард. Муҳаққиқони исломшиносро ақда бар он аст, ки таъсири дини насронӣ, махсусан дар оятҳои бахшида ба рӯзи қиёмат, дӯзах, ва азобу ҷазоҳои он зиёд аст. Умуман таълимот дар бораи маъод- растохез пас саз марг, дар он дунё, бозҷӯӣ ва мукофоти амал, тасвири ҷаннат ва дӯзах муассиртарин нақшеро дар пайдоиши ислом бозидаанд.

ОҒОЗИ НУБУВВАТ. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Муҳаммад (с) соли 610 ба тарғиби дини нав оғоз кардааст. То Муҳаммад (с) дигарон ҳам будаанд, ки тарғиби дини нав мекарданд, шояд маҳз дини ислом набошад, вале тарғиби яктопарастӣ- тавҳид дар он ҷой дошт ва онҳоро, чунон ки ишора шуд, “ҳаниф” меномидаанд. Муҳаммад(с) низ, дар аввал дини худро “дини ҳаниф” меномид ва ин сифат баъдҳо низ ҳамрадифи “ислом”, “мубин” ва ғайра ба кор рафтааст. Номи баъзе аз онҳое, ки ҳанифгаро ё тавҳидгаро буданд чун: Мусайлима; Саҷҷоҳ, бародари Хадича Варақа ибни Навфал то мо боқӣ мондаанд .

Хулоса, дар синни чиҳилсолагӣ аввалин бор ваҳйи илоҳӣ ба Муҳаммад(с) нозил гардид. Дар ин даврон Муҳаммад (с) зуд-зуд дар гӯшаи ғоре(ғори Ҳиро) берун аз Макка дар доманаи кӯҳе гӯшанишин гашта ба ибодат машғул мешудааст. Дар мавриди аз куҷо ва ба кадом ангеза ба гӯшанишинӣ иқдом намудани Паёмбари Ислом(с), қабл аз баъсат (дарёфти рисолати паёмбарӣ) хабари зиёде дар даст нест. Ибни Исҳоқ бо иснод ба ҳадисе овардааст, ки Расули Худо(с) аз рӯи одати қурайш дар ҷоҳилия соле як моҳ иқдом ба гӯшанишинӣ дар ғори Ҳиро мекард ( 4: Ҷ.1. с.253) Ҳамчунин маълум, ки баъзе пайравони дини яҳудӣ ва насронӣ, ки зоҳидӣ пеша карда буданд, чунин тарзи зиндагӣ доштанд. Хулоса, дар яке аз рӯзҳои моҳи Рамазон ҳангоми гӯшанишиниаш дар ғори Ҳиро ба ӯ аввалин ояти Қуръон аз сураи 96-“ал- Алақа” -нозил мешавад ва пас аз чанде таваққуф оёти дигар низ дарёфт гардиданд .

Таблиғ ва даъват ба ислом се соли аввал сиррӣ (пинҳонӣ) буда аст. Пас аз эълон ва ошкоро шудани даъват низ, пайравони Паёмбар (с) дар аввал зиёд набудаанд. Тибқи Қуръон ва ривоёт фариштаи худо Ҷабраил оётро нозил менамуд. Дар мавриди чигунагии нозил шудани оёт ва ҳолати рӯҳии Муҳаммад(с) пас аз он, ба тафсил ривоёт зиёд аст. Нахуст, таълимоти Муҳаммад(с)-ро хешовандонаш: аввал зани вафодораш Хадича, духтарҳояш (Руқия, Уммул-Қулсум, Фотима), Алӣ ибн Абутолиб (р) (амакбача ва баъдтар домодаш- шавҳари Фотима) қабул мекунанд. Каме баъдтар ғуломи озодшуда ва писархондаш Зайд ибн Ҳориса, савдогари бой Абӯбакр (баъдтар падарарӯсаш ва баъд аз вафоти ӯ халифи аввал),Усмон писари Аффон марди сарватманд (баъдтар сеюмин аз хулафои рошидин гардид), ва аз- Зубайр (баъдтар сарлашкари машҳур, ки бар форсҳо дар муҳорибаи Қодисия с. 673 ғалаба ба даст овард), савдогар Талҳа ва Абдураҳмон ибн Авф ва дигарон ба ӯ пайвастанд, вале ба ҳар ҳол қабули даъвати Муҳаммад(с) ба кундӣ пеш мерафт, ҳатто дар муддати чаҳор сол адади асҳоби Паёмбар бо занон ва ғуломони эшон аз чиҳил тан бештар набуд.

Ашрофи Макка аз савдогарон ва судхӯрони ғуломдор иборат буданд. Онҳо дар аввал ба даъватҳои Муҳаммад(с) эътибор надода бошанд ҳам, баъд аз афзудани сафи ӯ ва алалхусус баъди ҳамлаҳо ва даргирии ӯ ба дину оин ва худоёни онҳо роҳи душманӣ ва таъқибро пеш гирифтанд чунки амали ӯро барои субот ва манофеъ сиёсии Макка хавфнок мешумориданд.

Воқеан, ашроф ва сарватмандони Макка даъвату таблиғоти Муҳаммадро барои манфиатҳои худ хеле хавфнок меҳисобиданд, чунки дину ойини онҳо ва мақами Макка ва хонаи Каъба ҳамчун маркази мазҳабӣ дар маърази хутар буд аз ин рӯ бо ӯ ба мубориза бархостанд. Душманони сарсахт ва хавфноки Муҳаммад(с) савдогари сарватманд, сардори авлоди уммавиён Абусуфиён бо занаш Ҳинда, Амр ибн Ҳошим, ки онро худи Муҳаммад(с) Абуҷаҳл (падари ҷоҳолат) номида буд ва инчунин амакаш Абд-ал-Уззал ибн Абдулмутталиб буданд, ки охиринро Муҳаммад (с) Абулаҳаб (яъне дӯзахӣ) номида аст.

Хулоса, даъват ба дини ислом хеле ба мушкили пеш мерафт, пайравони Муҳаммад(с) ҳанӯз хеле ночиз ва аксарият аз табақоти поёнӣ: фақирону ғуломон ва оилаҳои камбизоат буданд. Таъқиб ва шиканҷаи мусулмонон рӯз аз рӯз бештар мешуд ва онҳо маҷбӯр шуданд, ки ба кишвари Ҳабашия ҳиҷрат кунанд.\4: 1. 343-364\ Ин ҳиҷрати аввал дар соли чаҳоруми баъсат-пайғамбарӣ ба вуқӯъ пайваст.

Даъвати Муҳаммад асосан мабнӣ ба яктопарастӣ (тавҳид) ва қабули рисолати пайғамбарии худаш буд. Аз матнҳои Қуръон бармеояд, ки бутпарастон ба ӯ бовар намекарданд. Аз ӯ барои исботи пайғамбариаш тақозои ғйбгӯӣ ва мӯъҷиза мекарданд. Чунки шунида буданд, ки пайғамбарони бани Исроил (яҳудия) ва насронӣ мӯъҷизаҳое нишон додаанд. Муҳаммад бошад, худро ҳамчун як инсон, мисли ҳамаи одамон муъаррифӣ мекард, донандаи ғайбро танҳо Худо мегуфт. Вазифаи худро фақат аз эъломи хатар ва огоҳонидан аз азоби рӯзи вопасин ва наҷоти инсоният бо даъвату ҳидоят онҳо ба роҳ рост “сирот-ул-мустақим” медонист. Мӯҷизаи ӯро аксари уламои ислом танҳо Қуръон меҳисобанд. Худи Паёмбар(с) барои исботи ҳаққонияти гуфтаҳояш одамонро ба истифодаи ақл ва андеша даъват мекард.

Аз мубоҳисоти қръонӣ маълум мешавад, ки аъроб аз парастиши дини падарони худ даст кашидан намехостанд ва боварӣ ҳам надоштанд, ки як марди оддие мисли Муҳаммад(с) дар муқобили он ҳама аъёну ашрофи Макка мавриди инояти худо қарор гирифта, ба симати паёмбарӣ интихоб шуда бошад. Арабҳо баъзе таълимоти ӯро масалан, қиёмат- растохез ё эҳёи дубора, рӯзи ҳисобу довариро асотир ва афсонае беш намешумориданд. Ҳамчунин мегуфтанд, моро ба ҷуз даҳр чизе намекушад.\ Қ.45: 24\. Муҳаммад(с)пайваста онҳоро аз азобҳои охират, саҳнаҳи ҳавлноки дӯзах, ки барои кофирон аст огоҳ мекард. Ҳадафи асосии Паёмбар(с) ба тавҳид хондани бутпарастон ва беэътибор сохтани худоёни онҳо, бутпарастӣ буд. Қурайшиён бо ҳар роҳ хостанд Муҳаммадро аз ин роҳ боз доранд, ҳам мансабу мартаба ва ҳам молу сарват пешниҳод карданд, то ӯ аз ин амал даст кашад, натиҷа надод. Даст ба фишору зӯрӣ, ҳабсу муҳосираи иқтисодӣ ва манъи равобит бо авлоди Бани Ҳошим дар маҳаллаашонро низ озмуданд ва паймоне бо номи “Паймони саҳифа” имзо карданд, ки тибқи он бо хонаводаи Бани Ҳошим издивоҷ ва хариду фурӯш маън ва авлоди бани Ҳошим ҳуқуқи аз шиъаб \дара\-и худ берун омаданро надоштанд. Ин муҳосира се сол давом кард вале бенатиҷа буд. Хулоса бо ҳеҷ воситае иродаи Муҳаммад(с)-ро шикаста натавонистанд. \ 14. с.90\

Душманони Муҳаммад(с) дар ибтидо ба куштани ӯ ҷуръат накарданд, чунки аввалан Абутолиб ва амакони дигари ӯ мардони обрӯманд буданд ва ӯро ҳимоя мекарданд, занаш Хадича низ пуштибони ӯ буд. Сониян, мувофиқи одати арабҳои ҷоҳилия агар чунин коре мекарданд, бо авлоди бани Ҳошим дар ҳолати қассоси хунин қарор мегирифтанд. Ин аст, ки бо вуҷуди фишору ихтор ва пешгириҳо даъват ва фаъолиятҳои таблиғотии Муҳаммад(с) рӯзафзун буд. Қурайшиён низ бо тамоми роҳу воситаҳое, ки дар ихтиёр доштанд фаъолияти Паёмбар(с)-ро маҳдуд ва аз густариши он ҷилавгирӣ мекарданд. Аз ҷумла Паёмбар(с) наметавонист ба ҷуз дар атрофи хонаи Абутолиб ва беруни аз шаҳр, дар теппаи Сафо таблиғу даъват кунад. Аввалҳо ибодат ва таблиғ пинҳонӣ дар хонаи яке аз мусалмонон бо номи ал-Акрама баргузор мешуд. Баъдан даъват ошкоро гардид. Аммо дар соли дувоздаҳуми баъсат Муҳаммад(с) дар муддати кутоҳ аз ҳар ду пуштибони асосиаш маҳрум мешавад. Аввал, амакаш Абутолиб ва баъди як моҳ зани меҳрубонаш Хадича вафот мекунанд. Баъди ин воқиъа вазъияти Муҳаммад(с) ва пайравонаш сахт мушкил гардид. Амакаш Абулаҳаб, ки сардори авлод гардида буд аз пуштибонии ӯ даст мекашад. Аз ин рӯ роҳи чораеро андешидан лозим шуд.

Дар чунин вазъияти вазнин ногаҳ, дари умед ба рӯи ӯ кушода мешавад. Ҳанӯз дар мавсими ҳаҷҷи соли 620 м. дар бозори Укоз иттифоқан Муҳаммад бо шаш тан мардони Ясриби сӯҳбат мекунад ва онҳо ба чунин андеша афтода буданд, ки ӯро ба пешвои ё ҳаками худ баргузинанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222