Главная / Маданият ва санъат / ЗИСТАН МАСЪУЛИЯТ АСТ

ЗИСТАН МАСЪУЛИЯТ АСТ

Оҳанги ҳамин ибораи батаъкидро, ки Гулчеҳра Муҳаммадиева дар як боби рамани худ «Чордодарон» ба гунаи зерсарлавҳа аз «Дурдонаҳои ҳазорсола» меорад, ман дар аксар навиштаҳои ӯ равшан эҳсос кардам. Воқиан ҳам зистан масъулият аст, алалхусус дар ҷомиаи демокраи Вале одамон мутаассифона ин ҳақиқати маҳзро зуд-зуд ба эътибор нагирифта, чи дар ҳаёти шахси худ ва чи дар рузгори дигарон боиси кинаву кудурат, ранҷу озор, хусумати руирост ва ҳатто бадбахтиҳои гӯш- ношунид мегарданд, ки чунин оқибати нопидром ҳар ин- сони хайрхоҳро албатта ба домани андеша мебарад. Аз боби он ки бани башар оё медонад ӯ дар асл кист, аз куҷо омадааст, роҳаш то ба кадом манзил идома меёбад. Ва ниҳоят агар вай одамизода аст, пас дар ин дунёи пуршебу фароз хабаре дорад аз мақоми одаму одамият? Лоақал гузоштаанд? Аз чумла ҳаким Фирдавси меорад:
Ҳар он к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ, Зидевон шумар, машмараш з-одамй.
Хулоса, тарбия мехоҳад фарзанди инсон, ки аз рузи азал хом аст. Ва ин хомиҳо фақат дар доираи баҳра бур- дан аз хирад ва гармии муҳаббат ба пухтаги мерасанд. Дар ташаккули ахлоқи шоиста таҷрибаи рузгор ва ошиқона ба мутолиа гирифтани китобҳои хуб низ таъси- ри беминнат доранд. Ба яқин Гулчеҳра Муҳаммадиева ҳам мураккабиҳои ҳаётро нек медонад, ҳам аз чашмаи меҳри одаму олам бархурдор аст, ҳам ба қадри сухани сабз мерасад. Ва чи тавре дар чандин таълифи ӯ дидем, ин сифатҳо агар тавассути қалами дардошно ифода гарданд, хонандаи оди, ҷавонони бепарво, наврасони ҳанӯз но- огаҳ, ба хусус касоне ки аз дарси зиндагӣ дур мондаанд, ҳатман сабақ меомузанд. Зеро ҳар чи адиб ба тасвир ме- кашад, гӯё аз мағз-маи ҳаёти мардум зуҳур мекунад. Ба ҳама неку бадаш…4и ба муҳаббат, чи ба разолат, чи ба садокат.
Дар ағлаб навиштаҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева ман- зари асоси меҳри поки инсонист. Ҳатто ашхоси пастфит- рат дар гирди ҳамин ҷойгаҳ ба сар бурда, аз карда окибат пушаймон, гоҳо ба дараҷаи одамигари мерасанд. Яъне муҳаббат кудрате дорад, ки на танҳо ба накли маъруф мисҳоро зар, балки нокасонро кас гардонад. Вобаста ба ин андеша лоик аст аз персонажҳои хотирпазири адиб монанди Хуршеда ва Мурод аз рамани «Чордодарон», Санавбар аз киссаи «Пушаймони» ёдовар шавем. Муал- лиф гуё дидаву дониста мехоҳад онҳоро дар шадидтарин ҳолатҳои зиндаги ба тасвир гирад; мехоҳад натиҷа бар- дорад, ки ин марду занони нексигол оё дар мукобили хи- ёнат ва бухлу ҳасади баъзе дустон ва ҳатто нафароне аз табори хеш исодагарй карда метавонанд, ё не… Лекин онҳо, азбаски дар дунёи садокат ба обу хоки диёр ва муҳаббат ба фарзанди инсон зиндаги карда, чароғи адлу инсофро дар дил пайваста фурузон медоранд, дар ба- робари ҳар гуна разолат шикастнопазиранд.
Банда, масалан, аз тарзи ҳаёт, пайванди мудом ба хо- наву дари бобои ва сабру таҳаммули беинтиҳои Мурод дар пеши мушкилиҳо, инчунин аз назари умедбахши ӯ ба печутоби зиндаги мутаассир шудам. Вай ҳамон мардест, ки фақат як бародари ризои буд ба писарони модари худ ва падандараш амаки Раҳим. Аммо ба васияти муйсафед ҳамеша содик монда, на танҳо се кудаки ятимро хор накард, балки пайваста заҳмат кашида, онҳоро бе ҳеҷ миннат гул хуронд, покиза пушонд, табъи дил ба воя ра- сонд; ягон бор аз нафси хеш наандешида, ҳатто нахустин ишкашро бераҳмона пушти по зада, ба кавле охирин ти- нашро ҳам сарф карда, дар беҳтарин мактабҳои оли хо- нонд; ба сафи одамони шоён даровард. Дар роҳи тарбияи додарони худ Мурод то андозае ҷоннисор буд, ки муд- датҳои дароз ба сари танҳо зистанро афзал дониста, ба кулли ранҷҳои равони токат оварда, ҷурми яке аз онҳоро ба гардан гирифт ва панҷ соли ҳаёти ҷавониашро боз ҳам ба умеди ояндаи нек дар маҳбас гузаронд. Лекин ҳангоме озод шуд, додари гунахкораш, ки акнун прафессор буд, на фақат аз кирдори бадаш сархам узр напурсид, балки як рӯи гарму ду сухани нармро низ арзони надошт. Дигар ҳам аз вай бех, набуд. Ҳарчанд аз рафтори онҳо хонаи ди- лаш зеру забар мешуд, Мурод тавонист ёди падару мо- дарро муттасил азиз дониста, мехрашро ба пайвандон ко- ста нагардонад. Пас ин марди дар ҳақиқат муъмин , ки доим аз даргоҳи худованд мадад мечуст, аз нав бахту ба- рор ёфт. Ба висоли ишки аввал расид, хонаву дари дигар бунёд кард, сохиби зану фарзандони солеҳ шуд. Ва баро- дарон тадриҷан аз пасту баланди рузгор ибрат гирифта, боз ба ҳам омаданд, ки ин гуна хушиҳои ҳаёт бе шубҳа ҳосили сабр ва муҳаббати софи инсонианд.
Дар таълифи Гулчеҳра Муҳаммадиева хусусан симои занон, чи пир ва чи ҷавон, равшан таҷассум мегардад. Аз чумла рафтору кирдор, насаки зиндаги, иродаи махкам ва дили гарми Хуршеда, Санавбар ва ира мисли онҳо мо- дарону хоҳарон ҳатман дар ёди хонанда мемонанд. Фикр мекунам ин ҷозиба вобаста ба тарзи баён, тасвири муътамади неку бад дар ҳаёти одамон, нашъаи ишки поку захри хиёнат, ҳамчунин мехри азали ба фарзандон ва обу хоки диёр аз сирати худи муаллиф низ сар мекашад. Зеро аз тартиби қалам рондани Гулчехра Муҳаммадиева возеҳ ба назар меояд, ки ӯ диёри пурбаракати хешро ба кулли мардумаш, ба замину осмонаш, ба ҳама дашту саҳро ва кӯҳу камараш дуст медорад. Ҳатто ҳар сангу реги вата- нашро ноёб медонад. Дар баробари ин ҳеҷ гоҳ аз лавхи хотир намебарад: ҳам хонадон ва ҳам меҳани кас ба ин- сонҳои садокатпешаву вафодор мунаввар мемонанд. Дурӯғ бефуруғ аст, дузди ахир фош мегардад, зино наҳсӣ меорад, умри кинакаш дароз нест; боғи бахил сабз наме- шавад, сабз шавад ҳам, мева намедиҳад; дуруя окибат рахгум зада, ғаммоз ҳаргиз рузи хуш намебинад. Танҳо пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек муҷиби саодати бани одаманд.
Гулчехра Муҳаммадиева чандест дар жанрҳои гуногу- ни наср кувва озмуда, дар ин арсаи сангин мекушад ахо ли ростини ҷомиа ва пахлуҳои пуртазоди табиати инсон- ро, ки дар боло зикр намудем, то ҳадди имкон мусаллам ба калам диҳад. Ва гоҳо ба талаботи ҳаққонии адабиёти муосир каробат гирифта, дар кори ниҳоят мушкил муваффак ҳам мешавад. Азбаски забонаш бадарду сода ва услубиу баёнаш сарчамъ, бехалал ва самимианд, муно- сиби захмати бахиммат хонандаи сипосгузор низ дорад. Ҳатто китоби публитсистии ӯ «Бонувони Фархор», ки аз фаъолияти созандаи зиёда занони ин нохияи қадим камо- беш дар бадали сад соли ахир муҷаз хикоят мекунад, да- лели ошкор аст аз пуркориву садоқати Гулчеҳра Муҳам- мадиева ба миллат ва кишвари куҳанбунёди худ. Мухим- маш адиб марохили насри бадеиро сахл надониста, дар шебу фарози ин паҳнои ранҷ ва нишот кадамҳои торафт устувор мегузорад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222