Главная / Илм / АКИДАХОИ МАОРИФПАРВАРИИ АХМАДИ ДОНИШ.

АКИДАХОИ МАОРИФПАРВАРИИ АХМАДИ ДОНИШ.

Акидахои маорифпарварии Ахмади Дониш, ки дар хаёти маънавии он замон нихоят пешкадам хисоб меёфт, дар натичаи шиносоии у бо Россия ташаккул ёфта буданд. Ахмади Дониш баъди сафархои худ ба Петербург пасмондаги ва чахолати сохти ичтимои ва мадании кишвари худро фахмид. Вай пешрафти бузурги илму техники Россия ва тараккиёти саноати капиталистро дида, ба воситаи шахсони дигар аз пешрафтхои давлатхои таравдикардаи Аврупо хабардор шуд. Хамаи ин барои тагйироти бузурги чахонбинии Ахмади Дониш ахамияти калоне дошт.
Ахмади Дониш нагз мефахмид, ки барои ба оммаи васеи халк нишон додани пасмондагию харобии кишвар, пеш аз хама, чашми одамонро ба суи мамлакати таравдикардаи Россия кушодан лозим аст. Аз ин сабаб дар асархои у масъалаи таргиб ва ташвики хаёти ичтимои ва илмию мадании рус мавкеи хеле калоне дорад. А.Дониш дар ду боби махсуси «Наводир-ул-вакоеъ» ду сафари худ ба Россия (яке сафари 1869-1870, дигаре сафари 1873-1874) ботафсил накл мекунад. Дар ин чо вай аз санъати мусикию театрии халки рус, корхонахои илмию саноати, аз сохтмони киштихои укёнусгард ва пулу купрукхои бузурги дарёи Нева, аз тарзи зиндаги ва расму одоби мардуми рус, аз занхои озоду рукушода, аз кучахои тозаву озода ва ободу зебои Петербург ва ходисахои дигар хеле батафсил ва бо як хусни таваччуху хиссиёти гарму чушон хикоятхо кардааст. Албатта ин наклу хикоятхои муаллиф нафрати хонандаи он замонро нисбат ба разолату чахолат зиёд менамуданд.
Гайр аз ин, А. Дониш дар чойхои дигар низ ба ягон муносибат аз сафархои ба Россия кардааш хикоятхо меорад, ё аз забони кахрамонхои хикоятхояш дар бораи Россия ягон фикри хуб ва мусбатеро баён мекунад.
Чунончи, дар «Наводир-ул-вакоеъ» дар боби сафари марди Хочи дар бораи кадршиносии мардуми христиан ба олимон, сарфи назар аз дину оин сухан ронда, чунин як вокеаро аз сафари Петербург накл мекунад:
«Чамоаи насороро (яъне христианхоро)» турфа шафкати мухаббатдуст мархали исломро, ки чунин нармию мехрубони дар миёни худашон (яъне дар байни худи мусулмонон) нест. Масалан, яке аз ахли хунар.. .агар ду бор ба наздики аз арбоби давлат дарояд, ба нафрат ва дилтанги пеш оянд ва гуянд: «Хар руз пеши мо барои чи меояд ва мачлиси моро халалдор ва талх мегардонад». Бар хилофи насоро (бар акси христианхо), ки хар боре бехтар аз аввал мулокот кунанд, хосса агар хунаре дорад, ноумед намекунанд.
Баъд аз ин А.Дониш худаш хикоят мекунад, ки чи тавр дониши уро дида вазири русхо Стремоухов ба у глобуси (курраи) замину осмонро тухфа карда будааст. Дониш уро дар шеъраш чунин мадх кардааст:
Диданд халк шеъраму хечам надодаанд, у шеъри ман надид ато кард бекарон.
Яъне на дар дархури ту бувад накди мулку мол, Гуи замин ба дасти ту бодову осмон.
Ахмади Дониш бо воситаи таргиби маданияти рус мехост, дар хаёти илмию маънавии аморати Бухоро усули нави русию аврупои дохил намояд. Ин яке аз чихатхои мухимми афкори маорифпарварии А. Дониш буд. Вай дар асархои худ пасмондагии феодалиро сахт танкид мекард ва намояндагони табакахои хукмронро бо хачви чонсузаш ошкоро дар пеши чамъият фош менамуд. Вай менависад, ки «Аз шайххо хама фиребгар ва аз улламо хама ришватхор ба назар дар меомаданд. Агар мударрисро тафтиш куни, дарёби, ки хама барои мансаб ва маош ва манманию худситои ба ин кор даст задаст; козигию раис хеч коре халол ва мухабо надорад, айр аз хароми махз ва шубахот; муфтиён хама чашм бар дар ва дида ба зар доранд, то касе биёяд сар кафида…. Ва сикка ва хуччате диханд ва хиллахои шаръи биёмузанд ва дираме биситонанд». Дар «Рисолаи таърихи» ин табакахои муфтхурй чамъиятиро бо сардории амир аз ин хам сахттар танкид намудааст:
«Ин турфа хайвонот ба худ назорат ва аморатро лакаб нихода, ба зуру зулм худсарона рафтор карда, харчи хоханд бикунанд…. бас, агар холи султонро тафтиш куни, фосике, золиме, саффоке: ва кози марди ришвахори хароммкоре ва раис бедиёнате ва миршаб майзада ва киморбоз, саргурухи рохзанон ва саркардаи дуздон мебуд».
Ахмади Дониш дар Россия тарзи нави давлатдориро дид, ки дар он чо як тартиби муайяне чори аст. Гайр аз ин, аз вазъи мамлакатхои Аврупо хабардор шуд, ки дар бисёр мамлакатхои он чо инкилоб ба вучуд омада, хокимияти мутлаки подшохонро аз байн бардоштанд, ё ба воситаи перламент хукуки подшох махдуд карда шудааст. Вай дар фасли васияти фарзандон дар ин хусус менависад:
«Олимони Аврупо ва Юнон диданд, ки дар давлатхо зуд
– зуд инкилоб мешавад, аз китобхои таърихи сабаби инкилоби давлатхои гузаштаро хонда тахлил намудаанд, ки сабаби ин дар он будааст, ки подшохи бо фикри худашон чомеаро бардошта, тудаеро хабс ва мусодир ва катл мекунанд». Пас олимон ба маслихату машварат биншаста гуфтанд: «Хамаи одамон дар рохату мехнат ва бахту
бадбахтии баробаранд, чунки онхо фарзанди як падаранд. Набояд, ки бе ягон сабабе хамдигарро зери даст кунанд ва бе ягон хукуке зиёдталаби намоянд ва худи давлатро хамчун шахсе фарз карда, баандозахои хукук аз вай хак талаб кардан лозим аст».
Аз хамин чо Ахмади Дониш ба акидае меояд, ки дар сохти чамъияти ва давлатии Бухоро тагйирот ва ислохоти чидди дохил намудан лозим аст, то ки холи мамлакат ва ахволи мардум бехтар гардад. Вай ин фикрхои сиёсии худро дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» баён намудааст. Муаллиф дар сарсухани рисола менависад, ки вай дар пешниходхояшон тартиби давлатдории мамлакатхои мусулмони ва хам аврупоию русро ба хисоб гирифтааст.
Ахмади Дониш шарти аввалини салтанатро дар акл ва адл мебинад: «Адл аз камоли акл хезад», «Хар ки окил нест, одил нест». Барои ин Ахмади Дониш талаб мекунад, ки дар сари хокимият бояд хамеша шахси маърифатнок нишинад ва аз руи акл кор кунад. «Асл дар вилоятдорию хукумат, илму амал аст», менависад А.Дониш.
Аз ин чо А.Дониш ба он ишора мекунад, ки ба султонии мамлакат на аз руи мерос, балки аз руи аклу хирад ва кобилияти идоракуни интихоб кардан лозим аст. Дониш бар хилофи акидаи кухнаи шарк, ки султонро халифаи худо дар руи замин мегуфтанд, менависад: «Хукамо гуянд: подшох дехконро монад ва мамлакат бустонро». Бинобар ин, подшох бояд барои ободонии мамлакат мехнат кунад: «Муздури ва тофтани гулхан нангу ор нест, хидмате мекунад, музде мебарад. Ва дар хакикат халк аз шоху гадо хама муздуранд». Дар чамъият хама баробаранд ва хеч касро аз вакти таваллуд ба болои дигаре афзалияте дода нашудааст. Хол он ки дар чамъияти Бухоро чунин акидаи сусте пахн шудааст, ки хатто «чараёни такдири инсониро низ ба султон нисбат медиханд ва султонро худои руи замин эътикод карда, намедонанд, ки султон хам бандаи очиз аст». Ахмади Дониш хатто менависад, ки дар чамъият «бисёр касон хастанд, ки дар кори мамлакат аз подшох зиёда бошанд».
Пас чунин ки бошад, тамоми ихтиёри корхои мамлакатро билкул ва мутлакан ба дасти як шахси нодон додан тамоман нодуруст аст. Ахмади Дониш дар ин чо аз руи тартиби давлати Россия дар аморат чори намудани вазоратхоро таклиф мекунад. Ин вазоратхо бояд бо сохахои муаяйни кори мамлакат машгул шаванд. Вазирон аз давлат мувофики мансабу вазифаашон мохона гиранд, то ки ришва нахуранд ва халкро тороч накунанд.
Ахмади Дониш бо системаи вазоратдори махдуд нашуда, хатто ташкил намудани органи машваратиро (парламентро) ба миён мегузорад. Дар ин ташкилот бояд намояндагони тамоми табакахои чамъияти иштирок кунанд ва тамоми корхои мамлакат бояд дар хамин ташкилоти машварати хал шавад. у менависад: «Султон бояд, албатта аз хар табака намояндае дошта бошад, то ки дар корхои мухиму бузург бо хар кавм машварат кунад, балки дорул-машварат (хонаи машварат) таъин кунад ва бар он раисе мансуб гардонад ва ба он Раис мохона мукаррар намояд, то хар руз дар он чо намояндахои табакахои мардум чамъ оянд, дар бораи корхои мамлакат ва иктисоди он ва ободии вилоят мушоварат кунанд, манфиату зарари хар маслихатро шуморанд, то ки ба як фикр иттифок кунанд».
Ин фикри Ахмади Дониш дар он замон нихоят пешкадамона ва далерона буд. Дар ин таклифхои Дониш фикри демократикунонии идораи давлат ва мадуд намудани хукуки мутлакияти амир ифода ёфта буд.
Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вакоеъ» ва «Рисолаи таърихи» манфиатхои халки мехнаткаш, махсусан табакаи дехкононро бо як дилсузи ва хайрхохи химоя намудааст. Дар «Рисолаи таърихи» вай нишон медихад, ки амалдорону мансабдорони амир халкро чи гуна истисмор мекунанд ва молу мулки уро тороч менамояд. Аз ин сабаб вай дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ба мардуми мехнаткаш чабр накардани амирро шарти мухимми пешрафти мамлакат хисоб мекунад: «Аммо хукуки раият бар султон яке он, ки менависад у, бар хама мусулмонон ба тавочу бошад ва ба бечорагон махсусан…». «подшохон чун раиятро бикоханд ва нохуш доранд ва биёзоранд, душмани мулку давлати хеш бошанд».
Ахмади Дониш таклиф мекунад, ки одамони пир ва шахсони барчомонда, бояд аз тарафи давлат таъмин шаванд. Ба ин максад у ташкил намудани як муассисаеро, монанди хонаи маъюбон ба миён мегузорад: «Барчомондагонро дар махаллате чамъ оварад ва хаки онхоро аз хазинаи давлат бирасонад, то ки онхо бо гадоиву тамаъ халкро дар ташвиш намонанд».
Дар асархои Ахмади Дониш мавзуи таргиби илму маърифат, омухтани фанхои табиию дуняви, мавкеи хеле калон доранд. Дониш хануз аз кудаки усули тахсили мактабро дида, бовари хосил кард, ки дар мадрасахо илмхое омухта мешаванд, ки ба зиндагии амалии чамъият хеч манфиате надоранд. Аз ин сабаб вай барномаи омухтани забони арабиро танкид кард.
Ин чунин Ахмади Дониш барномаи тахсили мадрасахои Бухоро тахлил намуда, омухтани илмхои техникию табии ва физикию кимёиро, (ки дар мамлакатхои тараккикарда
омухта мешуд) ба миён гузошт. Барои пуркувват намудани ин фикр, у аз хаёти илми ва кашфиётхои халкирусва аврупоён дар асархои худ мисолхои хеле боварибахш овардааст. Вай менависад, ки дар Аврупо олимон кахри укёнусхо, ситораву сайёрахоро меомузанд ва хатто фикри ба мох парвоз кардан дар байни олимон пайдо шудааст. Дар бораи кори тадкикотии олимону инженерони рус чунин маълумот медихад: – «Ва дар тарафи гарбии арк кучаи бузург аст, ки он тарафаш мухандисхона (яъне муассисаи илми, монанди бюрои конструктори, инженери) аст ва дар он хар хел мардони донишвар барои илм чамъ мешаванд ва дар хусуси салохияти мамлакату давлат бо хам маслихат мекунанд ва баъд аз имтихону тачриба (илмхои худро) ба амал чори мекунанд».
Ахмади Дониш дар шароити Бухоро зарур буданд, махсусан ба хонандагони худро ба омухтани забони руси хидоят мекард. Вай дар якчанд чойи «Наводир-ул-вакоеъ» изхори таассуф мекунад, ки ба омухтани забони руси имконият надошт.
Хамин тарика, акидахои маорифпарваронаи Ахмади Донишро, чунин хулоса кардан мункин аст:
.Муборизаи у ба мукобили сохти пусидаи феодалии аморати
Бухоро ва сохахои гуногуни хаёти сиёсиву иктисодии он.
.Таргиби илму маърифат ва тарзи зиндагии аврупоию руси.
. Химояти манфиати оммаи мехнаткаш, махсусан, дехдонон.
Ахмади Дониш дар аввал фикр мекард, ки агар амиру вазир аз мансаб барканор шаванд, шароити зиндагии халки мехнаткаш бехтар мешавад. Аммо дар охир ба чунин акидае омад, ки агар хокимияти мутлак тамоман нест карда нашавад ва як инкилоби бузурге ба миён наояд, дигаргуни ва бехбуди дар ахволи халк ва мамлакат номумкин аст. Аз ин чост, ки у дар охири рисолаи таърихиаш мардумро ба сарнагун намудани хокимияти зулмбунёди амирон даъват мекунад: – «Ва ин фармон фармоён, ки холо мо хазрати амир ва чониби вазираш мехонем, онхо монанди хайвонанд, балки аз хайвон хам бадтаранд. Аз руи шариат аз мансаб дур карда шудани онхо хар руз зохир мешавад ва хеч касро ба хукми онхо итоат кардан лозим хам нест, дар сурати итоат накардан гунахкор хам нахохад шуд». (Ахмади Дониш. Наводир-ул-вакоеъ.- Душанбе; Дониш, 1988.-283 с.)
Ин фикрхои Ахмади Дониш дар он замон нихоят далерона ва часурона буданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222