Главная / Илм / АЗ ТАРАФИ АМОРАТИ БУХОРО ЗАПТ ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРКИ

АЗ ТАРАФИ АМОРАТИ БУХОРО ЗАПТ ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРКИ

Осиёи Миёна хамчун кишвари аз сарватхои зеризамини бой кайхо боз дивдати мамлакатхои капиталистиро ба худ чалб намуда буд. Дар навбати аввал барои ба мустамликаи худ табдил додани Осиёи Миёна Россияи подшохи ва Англия мубориза мебурданд. Хатто султонии Туркия ва шохи Эрон тайёр буданд, ки ягон порча замин аз Осиёи Миёна ба даст оранд. Ин давлатхо аз солхои 20-уми асри XIX сар карда, ба корхои дохилии хонигарихои Осиёи Миёна фаъолона дахолат мекарданд.
Аз миёнахои асри XIX дар бозорхои Осиёи Миёна молхои англиси дохил шудан гирифта, то ба танг карда баровардани молхои Россия аз бозор оварда расонд. Ин тахдиди Англия Росияро мачбур сохт, ки наши забти Осиёи Миёнаро кашад. Шикаст хурдани Россия дар Крим солхои 1853-1856 хукумати подшохиро водор месохт, ки забткории Осиёи Миёнаро тезонад. Инчунин, дар ин солхо Россияи подшохи ба рохи таравдиёти капиталисти дохил шуда, эхтиёчоти зиёд ба ашёи хом дошт. Ин манбаи ашёи хомро Россия дар бозорхои Осиёи Миёна медид.
Соли 1868 бошад, байни Россияю хонигарии Куканд сулхнма баста шуд, ки мувофики он Куканд худро тобеи Россия донист.
23 июли соли 1868 байни Россияи подшохи ва Бухоро сулх баста шуд. Мувофики шартхои сулхнома тамоми нохияхои аз тарафи кушуни Россия ишол шуда – Хучанд, Уротеппа, Пачакент, Самарканд, Каакургон то Зирабулок дар ихтиёри Россия гузашт.(Литвинов В.М. Через Бухару на Памир. Исторический вестник.- Т.9. -1904.- С. 406). Акнун вай бо давлатхои хоричи мустакилона муносибат карда наметавонист. Бухоро ба хукумати подшохи 500 хазор сум товони чанг дод. Савдогарони рус дар Бухоро озодона савдо кардан ва сохтани дуконхои савдои хукук пайдо карданд. Хукумати амир вазифадор буд, ки бехатари ва озодона амал кардани намояндагони Россияро химоя кунад.
Баъд аз ба даст даровардани Бухоро кушунхои рус бар зидди хонигарии Хива хучум карда, онро мачбур карданд, ки 12 августи соли 1873 бо Россия сулх банданд.
Дар натичаи шартномахое, ки солхои 1868 ва соли 1873 давлатхои феодалии Осиёи Миёна – хонигарии Куканд, аморати Бухоро ва хонигарии Хива бо Россия подшохи баста буданд, мустамликаи хукумати подшохии Рус гардиданд.
Хукумати подшохи барои идора кардани кисмати ишолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятхои Сирдарё ва Хафтруд генерал-губернатории Туркистонро таъсис намуд. Дар сари он генерал-адютант К.П.Кауфман карор гирифт. Вай хак дошт, ки бо давлатхои хамсоя музокироти дипломати барпо намояд, чанг эълон намояд, сулх бандад ва монанди инхо.
Баъд аз байн бурдани истиклолияти давлати хонии Куканд, 19 феврали соли 1876 хоки давлати хони ба номи вилояти Фарона ба хайати кишвари Туркистон дохил карда шуд.
Амири Бухоро Музаффар имконияти худро аз даст дода буд ва дар чустучуи ба даст овардани манфиатхои нав буд. Дар ин лахза амир амалиётхои чангии худро дар кисмати Чануби Шаркии Осиёи Миёна давом медод. «Амир Музаффар дар ин нохияхо кувваи зиёди худро чамъ намуда, дар охири соли 1866 – аввали соли 1867 ба Бойсун ва Дехнав хучум кард. Дар мукобили у дастахои ихтиёрии мулкхои махали ниммустакил бо сардории беки Хисор карор гирифта буданд». (Гафуров Б. Точикон.- С.174).
То истило шуданашон бекигарихои Бухорои Шарки худро мулкхои мустакил ва ниммустакили феодали медонистанд. (Кисляков Н.А. Очерки по истории Каратегина). «Хукумати подшохии Россия хост ба амири Бухоро ба тарзи чуброн барои хокимияти аз даст додааш истило намудани бекигарихои Бухорои Шарки, аз чумла, Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон ёри расонад». (Гафуров Б. Точикон.- С. 169).
Аз тирамохи соли 1868 сар карда амир лашкари
яккачини худро ба нохияхои Чанубу Шаркии Точикситон (Бухорои Шарки) фиристод. Чангхои аввалин дар атрофии бекигарии Бойсун ба вучуд омаданд. Баъди задухурд беки Бойсун гурехта, бекигари ба дасти одамони амир гузашт. Дар ин вакт феодалони кисмати Чанубу Шаркии Точикистон бо сардории беки Хисори Шодмон, беки Дехнав Абдулкаримдодхо ва бо ёрии беки Кулобу Балчувон Сарихон куввахои худро дар атрофии Хисор муттамарказ намуданд. «Табакаи хукмрони нохияхои Чанубу Шаркии Точикистон хостанд харакати кушуни амири Бухороро ба маркази хокимиятхои худ рох надиханд» (Искандаров Б. Из история проникновения капиталистических отношений в экономику дореволюционного Таджикистана. -Душанбе.- 1976.-С.12).
Дар аввал ин бекхо максади ташкил кардани дастахои махсусе доштанд, ки аз зиддияти писари амир Музаффар Абдулмалик бо падараш истифода баранд. Абдулмалик аз Гузор ва Шахрисабзу Карши кушун гирд оварда, Чирокчи ва Карширо ба даст овард. Абдулмалик хост ба Бухоро хучум намуда, амирро сарнагун созад. Вале аз баски хукумати подшохи аз бакои аморат ва дар сари он истодани амир Музаффар манфиатдор буд, хохиши у бечуну чаро ичро шуд. Бо розигии генерал-губернатории Туркистон сардори округи харбии Зарафшон генерал Абрамов бо кушуни худ ба Бухоро омада, ба амир ёри расонид. Хамин тарик, Абдулмалик шикаст хурда фирор намуд.
Хамин тавр, амир писари дуюми худ Абдулмуминтураро беки Карши таъин намуда, тамоми кушуни худро ба ин чо овард, ки сардории онро Якуббек-куибеги ба ухда дошт.
«Аз хучуми кушунхои амири Бухоро ба нохияхои Чанубу Шаркии Точикистон (ки то он вакт мулкхои мустакил буданд), табакаи хукмрону бекхо Абдулмаликро пуштибони намуда, мавкеъи худмухофизатиро гирифтанд.
Задурдхо дар атрофии бекигарии Хисор сар шуд. Тупхонахои харду тараф хам заиф буд. Хисорихо хамаги чор туп доштанд, ки 2 тояш чуяни ва 2 тояш миси буд. Дар онхо аслихахои оташфишон ба микдори лозими набуд. Бинобар ин, дастахо аксар вакт ба чанги тан ба тан мегузаштанд. Кушуни Бухоро дар натичаи харбу зарби сахт, хусусан, дар мавкеъи Амоксой Хисорихоро акиб нишонда, онхоро дар калъаи Дехнав ба мухосира гирифт. Сипас, шабохун зада калъаро ишгол намуд. Сарбозони Амир ба катли оммавии дахшатангез шуруъ карда, хар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд.
Ба чанде аз хисорихо ва иттифокчиёни онхо муяссар гардид, ки ба тарафи Каротегин, Дарвоз ва Кулоб гурехта, чон ба саломат баранд. Азон чумла, худи беки Хисор Абдукаримдодхох дар Кулоб панох бурд. Аммо беки он чо Сарахони сиёсатмадору маккор уро хамрохи чанд нафар рафиконаш дастгир намуда, ба амир Музаффар супорид. Сарахон ният дошт, ки бо ин васила таваччухи хукумати Бухороро ба худ чалб намуда хукумати беки Кулобро дар даст нигох дорад.
Вале харакати сарбозони амир ба тарафи Шарк хамоно давом мекард. Сарахон, ки мулкхои зиёдеро дар поёноби дарёхои Кофарнихон ва Вахш сохиб буд, барои муттахид кардани кабилахои ин нохияхо ва бо кувваи онхо гирифтани пеши рохи сарбозони амир мекушид. Беки нави Дехнав Улугбек ба кумаки у шитофт. Онхо якчоя дар аввали соли 1869 ахолии махаллиро барои муковимат намудан ба мукобили кушунхои амири Бухоро даъват карданд». Азбаски Сарахон дар байни мардум бо шиори муборизаи зидди андозхои чори кардаи амир вазъ мекард, ба зери байраки у ихтиёрони бешумор чамъ омаданд». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединение. – С.174)
Амири Бухоро ва наздикони сипохиёнаш ба набардхои нав хаматарафа тайёри медиданд. Аз чумла, бо сардории Якуббеккушбеги кушуни махсус ташкил дода шуд. Якуббек бо дастааш аз Сурхандарё гузашта, тамоми сарзамини Хисорро ба харобазор табдил дод ва сипас рохи Балчувону Кулобро пеш гирифт. «Хар як хамлаи сарбозони Бухоро ба горати шахру дехот ва катли мардуми бегунох тамом мешуд. Дар як худи Хисор 5 хазор кас ба катл расонида шуд. (История Таджикского народа.- С.171).
Ба максади комилан аз байн бурдани истиклолияти ин нохияхо амир Музаффар фармуд, ки хоким Абдулкаримро бо тамоми ахли оилааш нобуд созад. Сарахон бошад, аз хукми катл тарсида, ба воситаи дарёи Аму ба хоки Афонистон гузашт.
Сарони кабила ва ашрофи феодалии мулкхои забткардаи Бухоро бо одамоне, ки нисбат ба амир садокат доштанд, иваз карда шуданд. Якуббеккушбеги хокими тамоми ин вилоят таъин гардида, мулкхои Хисор ва Кулоб тахти каламравии у карор гирифт. Ба Якуббек дар хокимият ихтиёроти такрибан номахдуд дода шуд. Саидниёзи кипчок беки Балчувон ва Начмуддинхоча беки Кулоб таъин гардиданд. Ин хукмронони нав, корро аз зулму ситам ва ситонидани андозу хирочхои хонахаробкунанда сар карда, камтарин эътирози мардумро берахмона фуру
менишониданд.
Ахволи оммаи мехнаткаш боз хам табох гардид. Аз ин ру ба катлу кушторхои вахшиёна нигох накарда, норизогии ахолии дар шахру дехот беш аз беш кувват мегирифт, Ки баъзан ба ошубхои зидди истисмори феодали табдил меёфт.
Амалдороне, ки аз тарафи амир Музаффар ба вазифахои баланд таъин мегардиданд, дар андак вакт бо зулму истибдод дар байни мардум норозигихо ба вучуд меоварданд. Дар байни мардуми Балчувон, Кулоб ва Куронтеппа Сарахони фирори шухрати калонеро сохиб гардида буд. Вай барои ба сари хокимият баргаштан ва пеш кардани Бухориён аз Кулобу Балчувон лахзаи мусоид мекофт. Амир Музаффар Абдукаримро дар Балчувон бек таъин кард. Абдукарим дар Балчувон худсарона хачми закот ва хирочро зиёд намуд, ки боиси сар задании ошуб гардид. Зиёда аз 2000 ошубгарон калъаи Балчувонро мухосира намуданд. Абдукарим тарсида ба Хисор гурехт. Ошубгарон калъаи Бекро ишгол намуда, дохили он гардиданд. Молу мулки бек ва амалдоронро мусодира намуданд. «Абдукарим аз беки Кулобу Хисор бо воситаи мактуб ёри пурсид, то ки дар пахши ин ошуб ба вай ёри расонанд. Беки Хисору Кулоб ба вай як гурух фиристоданд, ки дар пахши ин шуриш ба Абдукарим мусоидат намуданд. Баъди задухурд як кисми иштироккунандагони шуриш ба тарафи Дарвоз, ки тобеи хеч хонигарию аморат набуд, гурехтанд. Кушунхои Хисору Кулоб як кисми шуришгаронро дастгир намуда, ба катл расониданд. Баъд аз ин Абдукарим ба Балчувон баргашт». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России.- С.53).
Сарбозони амир касеро амон надода, хатто ахолии шахру дехахои мукобилат накардаро хам несту нобуд мекарданд. Аз мулкхои истилошуда, бо номи «Амонпули» хироч хам меситонданд. Маблаги аз хад зиёде, ки ба ин рох ба даст омада буд, барои афзудани сарвати саркардахои феодалии Бухоро сарф гардида, кисми зиёди он ба амир фиристода шуд.
Баъд аз задухурд, бахори соли 1869 бекигарихои Хисору Кулоб ва водии Вахш аз тарафи кушуни амири Бухоро бо сардории Якуббек-Кушбеги шикаст хурданд, ки дар ин кор сахми хукумати подшохии рус низ буд. Дар охири соли 1869 аморати Бухоро мавкеъи худро дар кисмати бекигарихои хамвор – Хисор, Кулобу Балчувон мустахкам намуд.
Хабари забт намудани нохияхои Чанубу Шаркии Точикистон аз тарафи амири Бухоро ба Хива расид. Дар мохи январи соли 1870 сафири Бухоро ба Хива омад.
Дар айни хол аморати Бухоро амалиёти истилокоронаи худро дар кисмати Чанубу Шаркии Осиёи Миёна идома медод. Акнун навбати зарба задан ба Дарвозу Каротегин расида буд. Ин мулкхо дар ин вакт тахти нуфузи давлати хонии Куканд вокеъ гардида буданд.
«Рахимшо аз задухурдхои дохили истифода бурда, хокимияти Каротегинро ба даст гирифт ва бо нияти устувор гардонидани мавкеъи худ хар гох тобеъияти худро ба аморати Бухоро эътироф менамуд». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России. -С.173).
Ин холат боиси ба вучуд омадани боз як ихтилофи байни Бухорову Куканд гардид. Харчанд хукумати он вактаи Куканд Худоёрхонро амири Бухоро Музаффархон ба тахт шинонда буд, муносибати ин ду давлати Осиёи Миёна беш аз пеш тезу тунд шуда, ошкоро ранги душманона мегирифт. Дар сархади Каротегин задухурдхои сахт ба амал омад, ки дар он куввахои аморати Бухоро ва давлати хонии Куканд иштирок намуданд.
Бо вучуди ин, вазъият назар ба 10-15 соли пеш то як андоза дигар гардида буд. Пештар чангхои байни Бухорову Куканд солхои дароз давом мекард. Аммо дар солхои 60-ум ва ибтидои соли 70-уми асри XIX дар Осиёи Миёна Россияи подшохи сохибихтиёр гардида, Бухорову Куканд, ба валади у табдил ёфта буданд. Хар як чангу чидоли байни аморат ва давлати хони ба эътибори империяи Россия зарар мерасонид. Илова бар ин, доирахои хукмрони Петербург ва Тошкент, ки Туркистонро ба тасарруфи худ дароварда буданд, ба инкишофи робитахои тичоративу иктисодии байни вилоятхои хонии ин сарзамин аз руи манфиати худ таваччух зохир менамуд. Ба ин вачх соли 1870 генерал-губернатори Туркистон Кауфман ба амир мурочиат намуд, ки аз чанги зидди хонии Куканд даст кашад.
Соли 1875 хони Куканд бо фармони генерал-губернатори Туркистон аз Каротегин даст кашид. Вазъият як муддат ба ороми ру овард. Хокими Каротегин Саид Мухаммадиншо харакат мекард, ки истиклолияти мулки худро таъмин намояд, вале ин майли у мавриди писанди маъмурияти Туркистон карор нагирифт.
Хукумати подшохи бо максади мустахкам кардани мавкеъи худ дар махалхои рохи Помир ва аз чихати маънавию сиёси таъсир расонидан ба хокими Каротегин ба води Олой экспедитсия фиристод. Дар охири июл ва августи соли 1876 генерал Скобелев, ки нахустин губернатори харбии Фаргона таъин шуда буд, бо як дастаи калон, ки ба хайати он харбиён, донишмандони чугрофия, табиатшиноси ва нучум (Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Банидора ва диграрон) дохил мешуданд, ба самти кухдоманхои Помир рахсипор гардиданд. (Гафуров Б. Точикон.- С. 175).
Ин экспедитсия мебоист тахкик мекард, ки
хукумати подшохи идомадихандаи хаки хонии Куканд ба нохияхои кухитони Помир мебошад. Гайр аз ин, вай ба хокими ниммустакили мулки феодалии Каротегин Саид Мухаммадиншо бояд хотирнишон менамуд, ки каламрави у барои аскарони Россия комилан дастрас аст. «Дере нагузашта Саид Мухаммадиншо барои «гарданкаши» аз хокимият махрум гардид ва ба чои у Рахимшо, ки то ин вакт дар Бухоро мезист таъин шуд. Дар нимаи дуюми солхои 70- ум амири Бухоро ба тарафи Каротегин кушунхои худро фиристод». (Гафуров Б. Точикон.- С.175). Амир Музаффар баъди муваффакиятхои чанги дар бекигарихои Дехнав, Хисор, Кулоб, тирамохи соли 1877 тахти сарварии Худойназар – додхох ба тарафи Каротегин хучум овард. Дар натича Каротегинро (соли 1877) пурра тобеи худ гардониданд. (Кисляков Н.А. Очерки по истории Каротегина.-1941.- С.151). Рахимхон бо фиреб дар Бухоро кушта шуд, ба чои вай Худойназар Атолик беки Каротегин таъин карда мешавад.
Хамин тарик Каротегинро ба катори мулкхои худ дохил намуда, барои забт намудани Дарвоз тайёри медид. Агар мулкхои кухистони Помири Гарбиро ба назар нагирем, Дарвоз охирин мулки сохили рости дарёи Панч, ба шумор мерафт.
Бо супориши генерал-губернатори Туркистон ба Дарвоз кувваи харби равон карда шуд. Вале ба тези забт кардани Дарвоз хом баромад.
«Амир Музаффар бо хиллаю найранг шохи Дарвоз Сирочиддинро барои мулокот ба Шахрисабз оварда, уро фавран ба хабс гирифт» (Искандаров Б.И. Из истории проникновения капиталистических отношений…-Душанбе, 1976.- С.13).
Вале ин хиёнат иродаи мардуми Дарвозро шикастан натавонист. Онхо ба мукобили истилогарон мардонавор чангида, аввал як дастаи начандон калон ва баъд кушуни якунимхазораро бо сардории Худойназар додхох торумор намуданд. Дар ин чанг Худойназар додхох ва чанде аз саркардахои у ярадор шуданд. Кисми зиёди аскарони фиристодаи амир нобуд гардиданд.
Муковимати кахрамононаи мардуми Дарвоз хамаи нохияхои аз тарафи аморати Бухоро истилошудаи Чанубу Шаркии Осиёи Миёнаро ба чунбиш овард. Амир Музаффар бо максади пешгири намудани шуришхои умуми фавран дар ибтидои соли 1878 ба ин махалхо аскарони зиёд фиристода, худи амир шахсан ба он сардори мекард. Ин кувваи аскари дар навоихои Кулоб, Балчувон ва Каротегин чой гирифта, як дастаи сершумор ба калъаи Гарм фиристода шуд, то ки бо расидани бахор ва аз барф тоза шудани агбахо ба Дарвоз хамла намояд.
Барои истило намудани Дарвоз аз аморат бо сардории Муллодавлатдодхох кувваи зиёди харби фиристода шуд, ки он ба куввахои Худойназар – додхох муттахид карда шуд. Бахори соли 1879 хучум ба Дарвоз сар шуд.
Худойназар -додхоо аз руи накша амал намуда, мудофиакунандагони Дарвозро ба акибнишини мачбур сохт ва калъаи хеле мустахками Кафтархонаро ба мухосира гирифт. Бухорихо дар чангхои сахт талафоти зиёде дода, нихоят Кафтархонаро ишгол намуданд ва пас аз он ба карияи асосии Дарвоз Калъаи – хумб ва водии Ванч, равона шуда, он чойхоро хам забт намуданд. Мукобилияти дарвозихоро бархам зада, миригарии Дарвозро шикаст дода, муборизаи асорат нописандонаи мардуми ин диёр бо хамин катъ нагардид. Ба сарлашкарон ва сарбозони амир барои фуру нишондани муковимати сокинони баъзе махаллахои Дарвоз боз чидду чахд ва захмату ранчи зиёде лозим шуд.
Ба Худойназар – додхох муяссар нагардид, ки рохбарони вокеахои Дарвоз писарон ва бародарони Сирочиддинро дастгир намоянд. Онхо бо хамрохии наздиконашон, ки кариб 100 нафарро ташкил медоданд, ба воситаи Шнон ба води Фаргона ба Уч-Кургон гурехтанд.
Ба хамаи ин нигох накарда, ахолии води Ванч, ба мукобили истилогарон бебокона мубориза мебурданд. Онхо дар калъаи дастнораси Рошорв ба камин нишаста, ба душман зарбахои сахт мерасониданд. Факат, пас аз он ки озука ва мухимоти калъанишинон ба охир расид ва хиёнати саркардахои феодали ба таслимшави карор доданд. Рошорв дарвозаи худро ба бухорихо боз кард. Аксари чанговарону мухофизатчиёни кухистон ба таслим сар нафароварда, бо рохдои ба сохили чапи дарёи Панч, ба Афнистон гузаштанд. Сарбозони амир хам бо нияти дастгир кардани онхо ба он суи дарё гузашта дар канори чанубии он мавкеъ гирифтанд. Ба ин сабаб он махалхое, ки сарбозони амир дар он суи дарё карор гирифта буданд, «Дарвози паси Панч» номида шуд.
«Хукумати амири муковимати дарвозихоро тамоман бартараф карда, заминхои онхоро ба каламрави худ давровард ва Рахмонбеккулро хоким таъин кард. Табиати озодихохи ва истиклолталаби ахолии махаллиро ба эътибор гирифта, дар ихтиёри хоким дастаи сершумори сарбозон, ки шумораи онхо ба 1300-1500 мерасид гузошта мешуд». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России. – С. 174).
Ин сарзамини ишголкардаи аморат, ки акнун номи «Бухорои Шарки»-ро гирифт, дар давоми чангхои истилокорона чунон зарар дид, ки то дер гох ба худ омада натавонист.
Чунин манзараи хузнангезро дар бисёр шахру дехахо дидан мумкин буд. Шахру дехахое, ки баъди чангу чидолхо солим монда буданд ва усули фалокатбори идораи хукумати феодалии аморати Бухоро ба таназзул ру оварда, хамрохи сокинонаш курбони хамлахои харобкоронаи хокимони харису вичдонфуруш ва торочгарихои амалдорону чамъкунандагони хироч, гардиданд.
Баъди истилои нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон тамоми вазнинии сохти давлатдории кухнаи аморат ба души мардуми кашшоку камбаали кухистони Каротегину Дарвоз, умуман Бухорои Шарки афтид.
Хулоса, Бухорои Шарки аз чихати омодаги ба муковимат, вахдат ва тачхизоти модди хануз ба дарачаи лозима кувват накарда буданд. Феодалону намояндагони табакаи болои бошад, мисли одати хамешагии худ, барои нигох доштани мавкеи имтиёзнокашон дар айни сахтии мубориза ба тарафи истилогарон гузашта, ба кори умум хиёнат мекарданд. Гаразхои синфии онхо нисбат ба эхсосоти миллию ватандустиашон кавитар буд. Хукуматдорони амир ин заифии бекхоро истифода бурда, онхоро ба тарафи худ моил сохтанд. Хамчунин тарафдори ва дастгирие, ки аморати Бухоро аз империяи Россия медид, дар баробари истилокорихои он, аз ахамият холи набуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222